1 НАМОЗ ЊОТАМОВ ТАЪРИХИ ХАЛЌИ ТОЉИК Китоби дарсї барои синфи 9-уми муассисањои тањсилоти умумї Нашри III (бо таѓйиру иловањо) Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тавсия кардааст ДУШАНБЕ «МАОРИФ» 2015 2 ББК 63.3 (2тољик) Я 72 Њ-83 Њ-83. Намоз Њотамов. Таърихи халќи тољик. Китоби дарсї барои синфи 9. Душанбе: «Маориф», 2015, 336 сањ. Муњаррир: Ќиёмиддин Сатторї Љадвали истифодаи китоб № Ному насаб Синф Соли тањсил Њолати китоб (бањои китобдор) Аввали соли тањсил Охири соли тањсил 1 2 3 4 5 ISBN 978-99947 -1-000-0 «МАОРИФ», 2015 3 МУЌАДДИМА Хонандагони азиз! Дар синфи 8-ум њангоми омўзиши таъ- рихи халќи тољик огоњ гаштед, ки ба тољикони Осиёи Марказї ва Афѓонистон аз охири асри XIV, яъне бо бунёди давлати Те- муриён ва аз тарафи онњо барњам дода шудани давлати Куртњо (1245–1389), то миёнаи асри XIX муяссар нагардид, ки (ба љуз мулкњои кўчаки алоњида) дигар давлатдории худро ба вуљуд оваранд. Барои амалї гардидани ин маќсад парокандагию нотифоќї, мањалгарої, мансабталошї, ки дар байнашон дида ме- шуд, монеаи љиддие ба њисоб мерафт. Мањз њамин омилњо боиси парокандагї ва нињоят, мањви давлати Темуриён гардиданд. Чу- нин вазъият ба ќабилањои бодиянишини ўзбекони Дашти Ќипчоќ имкон фароњам овард, ки ќисми бузурги Осиёи Марказиро зери тасарруфи худ дароварда, дар ин сарзамин давлатдории худро бо номи Шайбониён бунёд кунанд. Онњо якљоя бо Аштархони- ён (ё худ Љонињо) дар ин сарзамин ќариб 250 сол (солњои 1501 – 1747) њукмронї карданд, вале пайињам боло гирифтани љанљоли мансабхоњї пояи ин давлатњоро низ заиф кард. Ин ба шоњи Эрон – Нодиршоњ имкон дод, ки ќисми бузурги Осиёи Марказиро як муддати кўтоњ ба њайати империяи худ дохил намояд, аммо худи ў њам њадафи чунин љанљолњо гардид. Дар Осиёи Марказї парокандагии феодалї давра ба дав- ра вусъат меёфт. Дар ќатори аморати Бухоро, хонињои Хеваю Ќўќанд, инчунин мулкњои гуногуни нисбатан хурд низ худро мустаќил мењисобиданд. Онњо дар асл мулкњои ниммустаќил буда, тез-тез њадафи њуљуми давлатњои нисбатан калони ин сар- замин, махсусан, аморати Бухоро ва хонии Ќўќанд мегардиданд. Чунин вазъият ба рушди иќтисод, тиљорат ва илму фарњанг халал расонида, зиндагии мардумро вазнин мегардонид. Дар натиљаи кашфиёти бузурги љуѓрофї Роњи бузурги абре- шим, ки њанўз дар асри II то милод ташаккул ёфта, аз ќаламрави Осиёи Марказї ва Афѓонистону Эрон гузашта, давлати Чинро бо давлатњои Аврупою Африќои Шимолї мепайваст, моњияти пеш- тараи худро гум кард. Акнун тољирони чинї ва њиндї бештар аз роњњои обї истифода мекарданд. Чунин њолат вазъи тољирони Осиёи Марказиро, ки дар замони Роњи бузурги абрешим асосан наќши миёнаравро мебозиданд, душвор гардонид, вале дар асри XVI (замони њукмронии Шайбониён) онњо роњи наљотро пайдо 4 намуданд. Минбаъд тиљорати мулкњои Осиёи Марказї бо давла- ти Русия васеъ шуда, сол то сол тараќќї ёфт. Тиљорат на танњо мардуми мулкњои гуногунро ба њам наздик мекард, балки барои рушди касбу корњои гуногун имкон ба вуљуд меовард. Аз ибтидои асри XIX вазъи љањон хеле таѓйир ёфт. Давлатњои бузурги замон – Англия, Фаронса ва Русия мехостанд, ки њар ка- дом дар миќёси љањон нуфузи њарчи бештар дошта бошанд. Дар натиљаи раќобати байни онњо љангњои мухталиф ба амал ома- да, бисёре аз давлатњои нисбатан хурд ва сусттараќќї мутеи давлатњои абарќудрати давр мегаштанд. Мањз парокандагии феодалї, ќафомондагии иќтисодию сиёсї, љангњои беохири байнихудии мулкњои Осиёи Марказї, раќобати байни Русияю Англия амалиёти љангии ќўшунњои Ру- сияро барои забти Осиёи Марказї тезонид. Дар натиља мулкњои ин сарзамин ба мустамликаи Русия табдил ёфтанд. Аз тарафи њукумати подшоњї дар он минтаќањое, ки бевосита ба њайати им- перияи Русия дохил карда шуданд (яъне ќаламрави генерал – гу- бернатории Туркистон) тартиботи сахти мустамликавї љорї кар- да шуд. Њукумати подшоњии Русия хонии Ќўќандро барњам дода бо- шад њам, барояш ба таври расмї нигоњ доштани аморати Бухо- ро ва хонии Хева аз љињати сиёсию иќтисодї манфиатнок буд. Дар амал њукумати подшоњии Русия дар тамоми сарзамини Оси- ёи Марказї назорати ќатъї љорї намуда, ба парокандагии иќти- содї ва раќобати мансабталошии амалдорони он то андозае хо- тима гузошт. Русия Осиёи Марказиро ба макони ашёи хом ва бозори молфурўшии сармоядорони худ табдил дод. Дар муд- дати кўтоњ дар ќаламрави ин сарзамин роњњои оњан сохта шуд, ташкилотњои бонкию заводњо ба вуљуд омаданд. Нињоят, Осиёи Марказї на танњо ба бозори умумирусиягї, балки тавассути он ба бозори умумиљањонї кашида шуд. Ин боис гардид. ки дар шањру ноњияњои кишвар муносибатњои феодалї оњиста-оњиста маќоми худро ба муносибатњои молию пулї иваз намоянд. Љамъият њам аз љињати иљтимої пеш рафт. Ташаккулёбии синфњои нави љамъиятї – буржуазияи миллї ва синфи коргари мањаллї оѓоз ёфт. Чунин дигаргунињо як ќисми зиёиёни миллиро низ ба њаёти нав бедор намуд. Бо ташаббуси онњо њаракатњои маорифпарварї ва љадидї ташаккул ёфт, ки маќсади асосии онњо бењтар намуда- ни зиндагии мардум, рушди иќтисод, тиљорат, фарњанг ва ѓайра буд. 5 Тартиботи њамондавраи мустамликавии империяи Русия дар худи Русия муборизаи синфї, дар кишвари Туркистон муборизаи зиддимустамликавиро тезонид. Махсусан, Љанги якуми љањонї ба ин муборизањо суръати тоза бахшид. Нињоят, ин боиси сар- нагун гардидани тартиботи подшоњї ва ташкилёбии њукумати буржуазї, минбаъд боиси сарнагунии њукумати буржуазї ва бар- по гардидани Њокимияти Шўравї дар Русия гардид. Њамаи он воќеањо ва таѓйироте, ки дар Русия ба амал мео- маданд, ба Осиёи Марказї низ таъсир мерасонданд. Махсусан, дигаргунињои сиёсию инќилобї дар њудуди кишвари Туркистон ва дар ќаламрави аморати Бухоро ба зудї амалї мешуданд. Дар натиља, аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1921 ќариб дар тамо- ми ќаламрави Осиёи Марказї бо роњу воситањои гуногун тарти- боти шўравї љорї карда шуд. Тољикони Афѓонистон низ, њарчанд дар тасарруфи империяи Англия буданд, аз таѓйироту дигаргунињои љиддї дар канор на- монданд. Дар нимаи дуюми асри XIX ќафомондагии иќтисодї, парокандагию раќобатњои дохилї ин сарзаминро ба кишвари то- беи Англия табдил дода бошад њам, муборизањои дуру дарози тољикони Афѓонистон якљо бо дигар халќњои ин мулк нињоят бо пирўзї анљом ёфт ва Афѓонистон аз истибдоди мустамликавї ха- лос гардида, истиќлол ба даст овард. 6 ФАСЛИ I ВАЗЪИ ТОЉИКОНИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА ИБТИДОИ АСРИ XX БОБИ I ОСИЁИ МАРКАЗЇ ДАР АРАФАИ ЊУЉУМИ РУСИЯ §1. ВАЗЪИ МУЛКЊОИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ Вазъи сиёсї. Дар миёнаи асри XIX сарзамини Осиёи Марказї яке аз гўшањои ќафомондаи Авруосиё ба њисоб мерафт. Дар ин сарзамин њанўз њам муносибатњои феодалї хукмфармо буд. Ак- сари ањолиро дењќонон ташкил медоданд. Замин ва фаъолияти кишоварзї ягона сарчашмаи зиндагии онњо буд. Аксари дењќонон њиссаи ночизи замин доштанд ё аз он тамоман мањрум буданд. Аз ин рў, дењќонони камзамину безамин аксарияти ањолиро ташкил менамуданд. Замини корам асосан дар ихтиёри амирон, хонњо, амалдорон, рўњониён ва феодалон буд. Тахминан нисфи чунин заминњоро заминњои амлокї ё худ давлатї, чорякашро заминњои ваќфї ва боќимондаашро заминњои мулкї ташкил медоданд. Ќариб њамаи ин заминњо аз тарафи дењќонони камзамину беза- мин бо шартњои гуногун, аз љумла супоридани андози хирољ, кор карда мешуданд. Давлатњои мављудаи он давр њама давлатњои феодалии монархиявї (салтанатї) њисоб мешуданд. Њукуматдорон – хонњо ва амирон њуќуќњои номањдуд доштанд. Онњо ба заминдорони ка- лон – феодалњо ва рўњониёни соњибмулк ва бонуфуз такя намуда, ба дењќонон, косибон ва њунармандон њар гуна зулму истибдодро раво медиданд. Дар Осиёи Марказї, дар арафаи њуљуми ќўшунњои Руси- яи подшоњї дар ќатори се давлати мустаќил: аморати Бухоро, хонињои Ќўќанд ва Хева, боз якчанд мулкњои ниммустаќил, ба монанди Шањрисабз, Китоб, Њисор, Ќаротегин, Дарвоз, Кўлоб ва ѓайра вуљуд доштанд. Халќи тољик дар он давр дар њайати амо- рати Бухорою хонии Ќўќанд ва мулкњои ниммустаќили номбур- да бо халќњои ўзбек, туркман, ќазоќ, ќирѓиз ва ѓайра пањлуи њам зиндагї карда, талхию ширинии њаётро бо њам мечашиданд. 7 Дар аморати Бухоро аз соли 1753 ќабилаи манѓитњои ўзбек њукуматдорї мекарданд, ки онњо њанўз соли 1740 тавас- сути шоњи Эрон – Нодиршоњ ба идоракунии ин мулкњо соњиб шуда буданд. Хонии Ќўќанд њанўз соли 1710 дар замони заифгардии давлати Аштар- хонињо (Љонињо) бунёд ёфт ва дар он ќабилаи мингњои ўзбек салтанат меронданд. Бояд зикр кард, ки дар арафаи њуљуми ќўшунњои рус вазъияти хонии Ќўќанд хеле ногувор буд. Махсусан, байни хонњои Ќўќанд Худоёрхон (солњои 1845 – 1858 ва 1862 – 1873) ва Маллахон (солњои 1858 – 1862, яъне њангоми гурехтани Худоёрхон) барои тољу тахт раќобат сахт буд ва њар кадоме аз амирони Бухоро ба фоидаи худ имдод металабид. Амири Бухоро Музаффархон (1860 – 1885) Ху- доёрхонро пуштибонї намуда, соли 1862 ба Ќўќанд њуљум кард ва салтанати Худоёрхонро аз нав барќарор намуд. Ин њама на танњо аз ќафомондагии иќтисодии мулкњои Осиёи Марказї, балки аз нооромињои сиёсии онњо њам дарак медињанд. Муносибатњои байнињамдигарии мулкњо. Дар арафаи њуљуми ќўшунњои Русияи подшоњї дар байни давлатњои мустаќил ва ниммустаќили Осиёи Марказї бештар муносибатњои душманї њукмфармо буд. Махсусан, љангњои беохири байни аморати Бу- хорою хонии Ќўќанд боиси харобињои зиёди мулкњои њар ду та- раф гардиданд. Аз љумла, амири Бухоро Насрулло (1826 – 1860) солњои 1840 ва 1842 ба Ќўќанд њуљум карда, шањрро як њафта (с. 1842) дар њолати муњосира нигоњ дошт ва баъд ба аскарони худ торољ кардани онро фармуд. Писари ў – амир Музаффархон низ ба сўйи Ќўќанд ду дафъа (солњои 1862 ва 1865) њуљум карда, та- моми водии Фарѓонаро (њангоми хуљуми аввал) хароб намуда, то Кошѓар расид. Дар натиљаи љангњои беохири байни аморати Бухоро ва хо- нии Ќўќанд, Ўротеппаю Хуљанд, Нову Љиззах зарари љиддї ди- данд. Танњо дар зарфи 65 соли аввали асри XIX онњо ба Ўротеппа (Истаравшани имрўза) беш аз 50 дафъа лашкар кашидаанд. Њамон солњо амирони Бухоро ва хонњои Ќўќанд бо маќсади Арки Бухоро ќасри хонњо ва амирон ба њисоб мерафт 8 ба тасарруфи худ даровардани мулкњои ниммустаќил ба муќобили онњо борњо њуљум кардаанд. Масалан, амир Насрулло дар мудда- ти 20 сол ба Шањрисабз 32 дафъа њуљум карда, нињоят, соли 1856 онро ба даст даровард ва тамоми ашхоси намоёни ќабилаи ке- нагаси ўзбекро, ки он љо њукмронї мекарданд, аз дами теѓ гуза- ронид. Баъди ин фољиа амир Насрулло дар Шањрисабз ва Китоб шахсони ба худ содиќро њоким таъйин кард, вале баъди марги ў, даќиќтараш, дар соли дуюми њукмронии Музаффархон, мар- думи ќабилаи кенагаси Шањрисабз ва музофоти он боз исён бар- доштанд. Онњо њокимони таъйинкардаи амирро њабс карда, аз ав- лоди худ Њакимбекро дар Шањрисабз ва Љўрабекро дар Китоб њоким таъйин намуданд. Ё худ лањзањое, ки ќўшунњои рус ба хоки Осиёи Марказї зада даромаданд, амир Музаффар ба муќобили њокимони Бойсун ва Дењнав лашкар кашида, мардуми зиёди бегуноњро ба ќатл расонид. Дар Бухорои Шарќї (њудуди имрўзаи Тољикистони Марказї ва Љанубї) њам вазъ чандон муътадил набуд. Байни њокимони ниммустаќили он њусни тафоњум вуљуд надошт. Масалан, мулкњои водии Вахш бисёр ваќт боиси тохтутозњои лашкари њокимони Њисору Кўлоб мегардиданд. Мулкњои Ќаротегин аксаран дар зери хавфи њуљуми хонњои Ќўќанд буданд. Муносибати душманонаи мутаќобилаи мулкњо ба пешраф- ти иќтисод, тиљорат ва фарњанг таъсири манфї мерасонид. Зин- дагии бе он њам вазнини мардумро боз њам вазнинтар мекард. Дуздию ѓоратгарї ављ мегирифт. Амалдо- рон ба душворињои мављуда ања- мият надода, нисбат ба дењќонон, косибон ва њунармандон бештар берањмї зоњир менамуданд. Андо- зу уњдадорињо њадду њудуд надош- танд. Мардум ба зулму истибдо- ди истисморгарони худ тавассути шўришњо љавоб мегардониданд. С.Айнї дар асоси сарчашмањо натиљаи њуљуми соли 1842-и амири Бухоро – Насруллоро ба Хўќанд чунин тасвир кардааст: «Амир баъд аз тасарруфи шањр ќўшунњои худро ба торољ амр Ќасри хонњои охирини Ќўќанд Сарчашма: 9 кард. Ќўшун аз њељ беномусї ва беинтизомї бознаистод. Тамо- ми ашёи ањли шањри Хўќанд (Ќўќанд) ба яѓмо рафт. Мардон ва занон дар кўчањо девонавор барањна мегаштанд. Њатто палоси масљид ва асбоби мадорис бо китобњо ба торољ рафт... Хуни рао- ёи бегуноњро низ мисли об рехт». (Ниг.: Айнї С. Таърихи амиро- ни манѓитияи Бухоро. Куллиёт. Љилди 10. Душанбе, 1966, -с.34- 35). 1710 – 1876 – мављудияти хонии Ќўќанд. 1753 – 1920 – њукуматдории ўзбекони манѓит дар Бухоро. 1826 – 1860 – солњои њукмронии амир Насрулло дар Бухоро. 1860 – 1885 – солњои њукмронии амир Музаффар дар Бухоро. §2. САБАБЊОИ ЉАНГИ РУСИЯ БО ДАВЛАТЊОИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ Муносибати давлатњои Осиёи Марказї бо Русия. Муноси- бати тиљоратию дипломатии давлатњои Осиёи Марказї бо Ру- сия таърихи дуру дароз дорад, вале он махсусан, шурўъ аз асри XVI давра ба давра рушд меёфт. Њукуматдорони њар ду тараф ба- рои идома ва тараќќии чунин муносибатњо манфиатдор буданд. Онњо бо роњи гуфтушунид монеањои тиљоратиро бартараф ме- намуданд. Масалан, солњои 1841 – 1842 њайати дипломатии Ру- Санањои муњим: Савол ва супоришњо: 1) Дар арафаи њуљуми ќўшунњои Русия ба Осиёи Марказї дар ќаламрави он кадом давлатњои мустаќил вуљуд доштанд? 2) Тољикон дар кадом давлатњои муста- ќил ва ниммустаќил зиндагї мекарданд? 3) Муносиба- ти байни давлатњои мустаќил ва ниммустаќили Осиёи Марказї чї тавр буд? 4) Оид ба оќибати љангњои байни- худии мулкњои Осиёи Марказї мисолњо биёред. 5) Аз ки- тоби дарсии синфи 8 мавзўъњои ба сари ќудрат омадани хонадон (сулола)-и манѓития дар Бухоро, ташкилёбии хо- нии Ќўќанд ва вазъи мулкњои Осиёи Марказї дар нимаи якуми асри XIX-ро ба хотир оред. 10 сия бо хони Хева гуфтушунид карда, ба он муваффаќ шуд, ки њукумати хонї дар баробари пеш гирифтани муносибати дўстии байнињамдигарї, барои рушди тиљорат дар њудуди хонии худ аз молњои тиљоратии Русия аз 5%-и арзиши воќеии мол зиёд бољ на- мегирифт ва корвонњои «убуркунанда» (транзит)-ро, ки аз њудуди хонї мегузаштанд, тамоман аз бољ озод мекард. Чунин иќдом ба- рои рушди минбаъдаи тиљорати на танњо Русияю Хева, балки дар пешрафти тиљорати Русия бо аморати Бухоро ва хонии Ќўќанд низ ањамияти махсус дошт. Зеро дар њамин давр дар њудуди Оси- ёи Марказї байни тољирони рус ва англис раќобати сахт вуљуд дошт. Зикр бояд кард, ки аксари сафирон, намояндањо, тољирон ва сайёњони људогонаи Русия, ки ба Осиёи Марказї сафар мекар- данд, одамони фозил ва донишманд буда, баъзеи онњо забонњои мардуми мањаллї, аз љумла форсии тољикиро хуб медонистанд. Дар байни онњо олимони соњањои гуногун: шарќшиносон, та- биатшиносон, љуѓрофњо, бостоншиносон ва ѓайра буданд, ки дар омўзиши мулкњои људогонаи Осиёи Марказї сањми боса- зое гузоштаанд. Масалан, шарќшиноси номии рус Н.В. Хаников њангоми сафар ба Бухоро синнаш њанўз ба 22 нарасида буд. Аса- ри соли 1843 нашрнамудаи ў «Тавсифи давлати хонии Бухоро» аз бењтарин таълифоти давр оид ба ин мавзўъ мебошад. To оѓози амалиёти васеи забт кардани Русия дар Оси- ёи Марказї охирин њайати сафорати њукумати рус бо сарварии полковник Н.П.Игнатев ба њисоб меравад, ки ин њайат (ба он шарќшиноси номии рус П.И.Лерх њам шомил буд) соли аввал ба Хева, сипас ба Бухоро ташриф овард. Гуфтушуниди Н.П.Игнатев дар Хева натиљаи дилхоњ надода бошад њам, дар Бухоро ба баъ- зе муваффаќиятњо ноил шуд. Амири Бухоро Насрулло, ки бо хони Ќўќанд мељангид, мехост бо Русия наздикшавиашро ба муќобили он истифода намояд. Муносибати байни Русияю Ќўќанд бо са- баби аз тарафи ќўшунњои рус дар соњилњои бањри Арал ва дарёи Сир забт гардидани баъзе мулкњои хонї чандон хайрхоњона на- буд. Бинобар ин, амир Насрулло на танњо њайати сафорати Ру- сияро хуш ќабул кард, балки ба тољирони рус имтиёзњои муайян низ ваъда дод. Оид ба рушди тиљорати давлатњои Осиёи Марказї бо Русия чунин раќамњо далолат мекунанд. Солњои 1840–1850 танњо бо роњи Оренбург аз Русия ба Осиёи Марказї беш аз 40 њазор пуд 11 чўян, 25 њазор пуд пўлод, ба миќдори зиёд матоъњо, сиккањои тил- ло ва нуќра кашонда шудаанд. Аз Осиёи Марказї ба Русия асо- сан пахта, пўст, пашм, меваи хушк ва ѓайра мебурданд. Агар соли 1818 аз Осиёи Марказї ба Русия 10 њазор пуд пахта кашонда бо- шанд, пас, соли 1858 он 180 баробар зиёд шуд. Наќлиёти асосї дар аввал уштурњо ба њисоб мерафтанд. Дар ибтидои асри XIX њар сол аз Бухоро ба Русия корвонњои пурбор иборат аз 4–5 ња- зор уштур фиристода мешуд ва њамон миќдор уштурњои пурбор аз Русия ба Бухоро меомад. Соли 1853 роњи обии Русия ба Осиёи Марказї кушода шуд. Киштињои рус аз бањри Арал ба самти саргањи дарёњои Сир ва Ому шино намуданд. Пас аз ин ќад-ќади соњилњои дарёи Сир як ќатор нуќтањои муќовимат сохта, хатти истењкомоти Сирдарё ба вуљуд оварда шуд. Дар замони оѓози амалиёти ишѓолгаронаи Русия дар Осиёи Марказї њам тиљорат ќатъ нагардидааст. Дар ин давра, махсусан, дар натиљаи аз ИМА мањдуд гардидани воридоти пахта, талабо- ти саноати бофандагии Русия ба пахтаи Осиёи Марказї афзуд ва боиси боло рафтани нархи он њам шудаасг. Масалан, то соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижний Новгороди Русия 4-5 сўм (пули њамонваќтаи русї) арзиш дошта бошад, пас соли 1862 ба 7 сўму 50 тин ва соли 1864 то ба 23–24 сўм расидааст. Умуман, то солњои 60-уми асри XIX, яъне то оѓози амалиёти васеи љангї, муносибатњои дипломатї, махсусан, тиљоратии Ру- сия ба давлатњои Осиёи Марказї вуљуд дошт. Сабабњои ба Осиёи Марказї лашкар кашидани Русия. Аввали солњои 60-уми асри XIX ба мулкњои Осиёи Марказї њуљуми васеи ќўшунњои Русияи подшоњї оѓоз ёфт ва он чунин сабабњо дошт: Якум, подшоњони Русия (аз замони Пётри I) ният доштанд, ки Осиёи Марказиро ба тасарруфи худ дароранд. Зеро онњо барои абадќудратии империяи Русия аз љануб ба воситаи бањри Арал ба уќёнуси Њинд, яъне ба роњи мунтазами обї баромаданро за- рур мењисобиданд. Мањз бо њамин маќсад, њанўз соли 1717 Пётри I ба муќобили хонии Хева нахустин њуљуми њарбї, вале бебарор ташкил карда буд. Минбаъд Русия то нимаи дуюми асри XIX аз сабаби хуб набудани муносибаташ бо мамлакатњои Ѓарб имкони ѓасби Осиёи Марказиро надошт. Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани њуќуќи крепост- нойї (19-уми феврали соли 1861) барои рушди муносибатњои 12 капиталистї имкони васеъ фароњам омад. Махсусан, саноа- ти бофандагї тараќќї кард, ки он вобастаи ашёи хом – пахтаи амрикої буд. Вале аз сабаби љангњои дохилї дар ИМА (солњои 1861–1865) барои Русия аз ин кишвар овардани пахта мураккаб гардид. Дар натиља ќисме аз фабрикањои бофандагии Русия аз на- будани пахта кори худро боздоштанд. Аз ин рў њукуматдорони Русия барои ба вуљуд овардани вазъияти муътадил мехостанд Осиёи Марказиро ба зери таъсири худ дароварда, онро ба мако- ни ашёи хом, яъне пахта табдил дињанд. Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурўшї за- рур буд. Ин гуна бозорро онњо дар Аврупои Ѓарбї ба даст даро- варда наметавонистанд, зеро мањсулоти саноатии Русия дар бо- зори мамлакатњои Ѓарб раќобат карда наметавонист. Аз ин рў, њомиёни саноати бофандагї ният доштанд, ки њарчи зудтар Оси- ёи Марказиро ба бозори фурўши молњои худ табдил дињанд. Чањорум, њукумати подшоњии Русия дар љанги Ќрим (солњои 1853 – 1856) шармандавор шикаст хўрд ва сулњи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартњои вазнини он (аз љумла назорати соњилњои шимолии Бањри Сиёњ) намоян- дагии дипломатияи рус њарчанд љонбозињо кард (азбаски ќувваи Русия дар Ѓарб хеле заиф буд) он кўшишњо натиљаи дилхоњ на- доданд. Бинобар ин њукуматдорони Русия (бо тавсияи њарбиён) мехостанд, ки дар Шарќ, дар сарњади Њиндустон ќуввањои зиёди њарбии худро љамъ намуда, бо ин яке аз аъзои асосии иттињодияи зиддирусї, даќиќтараш, сарвари он – Англияро ба бекор карда- ни шартњои вазнини сулњи Париж моил кунанд. Мањз њамин омил аввали солњои 60-уми асри XIX њуљуми васеи ќўшунњои русро ба муќобили Осиёи Марказї тезонид. Панљум, њукумати подшоњии Русия, ки бо шикаст хўрдан дар љанги Ќрим на ин ки дар миќёси байналмилалї, балки дар байни синфи њукмрони мамлакати худ низ беобрў шуда буд, ният дошт, ки бо забт кардани Осиёи Марказї обрўяшро дар дохили мамла- кат, дар назди табаќањои боло аз нав барќарор намояд. Чунин омилњо боиси ба Осиёи Марказї лашкар кашидани Русия гардиданд. Сайёњи рус П.И. Неболсин дар бораи кўшишњои англисњо оид ба мањдуд намудани тиљорати молњои русї дар Бухоро чунин на- Сарчашма: 13 виштааст: «...англисњо бо ќасди тамоман касод кардани молњои рус дар соли 1841 ва хусусан, дар соли 1842 ба Бухоро чунон ба миќдори зиёд маснуоти худро оварда, онњоро бо чунон нархи ар- зон (тавре ки мегўянд, њатто ба зиёни худ) ба фурўш гузоштанд, ки тамоми мардум ба ин молњои нав дарафтода, дигар ба читу чалвору моњути мо эътиборе надоданд. Англисњо бо ин васила тољирони моро дур карда, пас аз як-ду сол нархи молњои худро якбора беш аз ду баробар боло бардоштанд...». (Иќтибос аз кит.: Ѓафуров Б. Тољикон. Охирњои асри миёна ва давраи нав. Китоби 2. - Душанбе, 1985. – С.142). 1841 – 1842 – гуфтушуниди њайати дипломатии Русия бо хо- нии Хева. 1853 – ба самти Осиёи Марказї кушода шудани роњи обии Ру- сия. 1853 – 1856 –љанги Ќрим (љанги байни Русия ва Туркия) 1858 – сафорати Русия бо сарварии Н.П. Игнатев дар Хева ва Бухоро. Санањои муњим: Савол ва супоришњо: 1) Солњои 1841 – 1842 њайати дипломатии Русия њангоми гуфтушунид бо хони Хева ба чї муваффаќ шуд? 2) Натиљаи гуфтушуниди њайати сафорати Н.П. Игна- тев дар Хева ва Бухоро чї тавр буд? 3) Роњи обии Русия бо Осиёи Марказї аз куљо ва кай кушода шуд? 4) Оид ба рушди тиљорат байни мулкњои Осиёи Марказї ва Русия мисол оред. 5) Сабабњои асосии аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Марказиро номбар кунед ва ба андешаи шумо кадоме аз сабабњо њуљуми васеи ќўшунњои Русияро тезонид? 6) Аз китоби дарсии синфи 8-ум мавзўъњои руш- ди муносибатњои дипломатию тиљоратии давлатњои Оси- ёи Марказї бо Русияро ба хотир оред. 14 БОБИ 2 ЉАНГИ РУСИЯ БО ХОНИИ ЌЎЌАНД ВА АМОРАТИ БУХОРО §3. ОЃОЗИ ЉАНГ Амалиёти љангї аз охири солњои 30-юм то миёнаи солњои 50- уми асри XIX. Зимистони соли 1839 Русия бар зидди хонии Хева амалиёти њарбї оѓоз кард. Ба лашкари 4-њазорнафараи русњо генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский сарварї менамуд. Вале ин њуљуми њарбї барор нагирифт. Сарбозони рус ба хуну- кии 30-дараљагии биёбони Манќишлоќ тоб оварда натавонис- та, аќибнишинї намуданд. 4-уми феврали соли 1840, ваќте ки ќисмњои сарбозони рус аз шањри Оренбург баромада, ќариб 650 км роњро тай намуданд, фармон расид, ки њаракат сўйи Хеваро ќать намуда, ба ќафо гарданд. Бо њамин, иѓвои њарбї, ки бо номи «њуљуми хевагї» шуњрат дошт, зимистони соли 1840 барбод рафт. Њукумати подшоњї охири солњои 40-ум ва аввали 50-уми асри XIX ба муќобили Осиёи Марказї дубора њуљуми њарбиро дар до- ираи нисбатан васеъ cap карданї шуд. Аскарони рус барои њуљум ба ин кишвар асосан дар ду самт: љануб (аз Оренбург) ва љанубу шарќ (аз Семипалатинск) омодагї медиданд. Аз самти Оренбург ќўшунњои рус соли 1847 ба соњилњои бањри Арал расида, дар резишгоњи дарёи Сир истењкоми Раим (ќалъаи Арали имрўза)-ро бино карданд. Дар натиља самти њарбии Орен- бург то соњили бањри Арал давом дода шуд. Соли 1852 отряди 469-нафараи ќўшунњои рус бо ду тўп аз самти Оренбург ба ќалъаи Оќмачит (Ќизилўрдаи њозира), ки мулки хонии Ќўќанд мањсуб мешуд, њуљум карданд ва 72 нафарро талаф дода, ќафо гаштанд. Соли 1853 генерал-губернатори Оренбург В.А. Перовский бо от- ряди 2-њазорнафара, бо 12 тўпу 5 мортира (тўпи кўтоњмил) ба Оќмачит бори дуюм њуљум кард. Он лањза Оќмачитро, ки нуќтаи муњими стратегї ба њисоб мерафт, њамагї 250 нафар сарбозони ќўќандї муњофизат мекарданд. Муњосираи ќалъа 22 рўз давом кард. 28-уми июли соли 1853 ќалъа аз тарафи ќўшунњои рус забт карда шуд. Аз муњофизони он танњо 74 нафар зинда монданд, ки 35 нафари онњо захмдор буданд. Ќалъаи Оќмачит баъди забт аз тарафи ќўшунњои рус ба 15 ќалъаи њарбии Перовский табдил дода шуд. Ѓайр аз ин, онњо ба зудї дар соњилњои дарёи Сир панљ истењкоми нави њарбї бунёд карданд. Дар натиља хатти њарбии дарёи Сир (ё худ Сирдарё) ба вуљуд омад, ки он идомаи хатти њарбии Оренбург ба њисоб ме- рафт. Аз тарафи хони Ќўќанд борњо кўшиши баргардонидани ин истењком карда шуд, вале њамаи онњо бебарор анљомиданд. Солњои 1850 – 1854 ќисми дигари ќўшунњои рус аз љанубу шарќ (аз Семипалатинск) њаракат карда, водии Залийро ишѓол намуда, соли 1854 ба шањри Верний (Алма-атои имрўза) асос гу- зоштанд. Дар натиљаи ин амалиёт аз Семипалатинск то ба Верний хатти дигари нави њарбї ба вуљуд омад. Умуман, љангњои баамаломада аз тарафи ќўшунњои рус њуљумњои тактикї буда, бо гирифтани ин ё он нуќтаи муњим муваќќатан ќатъ мегардид. Вале бо сабаби саршавии љанги Ќрим амалиёти њарбї солњои 50-уми асри XIX дар Осиёи Марказї аз тарафи њарбиёни рус дар њар ду самт њам мавќуф гузошта шуд. Оѓози њуљуми ишѓолгаронаи лашкари рус ба Осиёи Марказї. Ибтидои солњои 60-уми асри XIX ќўшунњои Русия барои идо- маи амалиёти љангї дар Осиёи Марказї аз нав омода гардиданд. Ќўшунњои дар самти Сибир буда ба њуљум гузашта, моњи августи соли 1860 ќалъаи Токмак ва 4-уми сентябр ќалъаи Пишпек, соли 1861 Чулек ва Янгиќўрѓонро забт карданд. Соли 1861 генерал- губернатори нави Оренбург А.П.Безак таклиф ва лоињањои бо њам пайвастани хатти њарбии дарёи Сир (Сирдарё) ва Сибирро пешнињод кард, ки мувофиќи он, шањрњои Туркистон ва Тошканд бояд забт карда мешуданд. Генерал-губернатори Сибири Ѓарбї А.О. Дюгамел таклифи забти пурраи водии Зачуйро ба миён гу- зошт, вале ин таклиф аз тарафи мутасаддиёни молиявї дастгирї наёфт. Аз њамин сабаб, њукумати подшоњї ба њар ду генерал- губернатор иљозат дод, ки яке ба самти Туркистон (А.П.Безак) ва дигаре ба самти Пишпек (Бишкеки њозира) (А.П.Дюгамел) ва Ав- лиёота (Љамбули њозира) гўё корњои тадќиќотиро давом дињанд. Ин пешнињод барои амалдорони њарбї бањри оѓози амалиёти љангї асос гардид. Минбаъд ќўшунњои барои забти Осиёи Марказї равоншуда аз самти Шарќ бо сарварии генерал Верёвкин ва аз самти Ѓарб бо сарварии генерал М.Г.Черняев њаракат карда, ба њам торафт наз- дик мешуданд. Моњи майи соли 1864 аз тарафи Верёвкин Авлиёо- та, 12-уми июн ќалъаи Туркистон, 21-уми сентябр аз тарафи Чер- 16 няев Чимкент ишѓол карда шуданд. Њар ду лашкар дар Чимкент амалан бо њам пайвастанд. Дар натиља, соли 1864 барои фатњи Тошканд, ки мулки хонии Ќўќанд ба њисоб мерафт, ќўшунњои зи- ёди подшоњї љамъ шуданд. Ин далелњо аз хусуси оѓози њуљуми васеи ишѓолгаронаи лашкари рус дар њудуди Осиёи Марказї шањодат медињанд. Б.Ѓ.Ѓафуров дар бораи маќсади аз тарафи Русия дар њудуди Осиёи Марказї бунёд карда шудани аввалин истењкомњо ва ба- рои онњо чї ањамият доштани забти Оќмачит навиштааст: Аз та- рафи Русия «... истењком ва дигар ќалъањои соњили бањри Арал барои он сохта шуда буданд, ки њаракати бемонеаи корвонњои тиљоратї ба дарунтари Осиёи Миёна таъмин гардад... Ишѓоли ќалъаи Оќмачити Хўќанд (Ќўќанд – Н.Њ.) истењкоми Перовский (Ќизилўрдаи њозира), ки соли 1853 пас аз муњосира ва њамлаи дас- таи љанговарони рус тањти фармондењии генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский ба вуќўъ мепайваст, дар роњи њаракати минбаъдаи ќўшунњои њукумати подшоњї марњалаи муњимме гар- дид». (Ниг.:Ѓафуров Б.ЃАЙРА Тољикон. Китоби 2. - С.163-164). Санањои муњим: 1839 – 1840 – «њуљуми хевагї»-и ќўшунњои рус. 1847 – сохтани истењкоми Раим (ќалъаи Арали имрўза). 1853, 28-уми июл – забти Оќмачит (Ќизилўрдаи имрўза). 1854 – ба шањри Верний (Алма-атои имрўза) асос гузошта шуд. 1860, 4-уми сентябр – забти ќалъаи Пишпек (Бишкеки њозира). 1864, 12 -уми июн – забти ќалъаи Туркистон. 1864, 21 - уми сентябр – забти Чимкент. 1864 – дар Чимкент муттањид гардидани лашкари Черняев ва Верёвкин. Сарчашма: 17 §§4-5. AMАЛИЁТИ ЉАНГЇ ДАР СОЛЊОИ 1864 – 1866 Забти Тошканд. Диќќати Черняевро махсусан, Тошканд ба худ љалб карда буд. Аз рўйи баъзе маълумот, њукумати марка- зии Русия ба ў њукуќи забти Тошкандро надода буд, яъне он умед дошт, ки ин шањр ихтиёран ба њайати Русия дохил мешавад. Аммо таъкид шуда буд, ки агар хавфи аз тарафи ќўшунњои Бухоро забт карда шудани Тошканд ба вуљуд ояд, он гоњ Черняев ба сўйи ин шањр лашкар кашад. Њадафи асосии тохтутозњои амири Бухоро Музаффархон дар он солњо Ќўќанд буд. Ин воќеа барои Черня- ев кофї буд, ки ихтиёран ба Тошканд њуљум кунад. 1-уми октяб- ри соли 1864 ќўшунњои рус бо сарварии Черняев ба Тошканд ав- валин бор њуљум карданд, вале бебарор ба Чимкент баргаштанд. Ин бебарорї њарбиёни русро водор сохт, ки барои фатњи Тошканд љиддитар омода гарданд. 28-уми апрели соли 1865 Черняев ба Тошканд бори дуюм њуљум кард. Ў дар аввал сарбанди дарёи Чирчиќро вайрон кар- да, канали Анњорро хушк намуд ва шањрро аз об мањрум сохт. Љангњои шадид ба вуљуд омаданд. Нињоят, шаби 15-уми июни соли 1865 ба Черняев муяссар гардид, ки лашкараш вориди шањр шавад. Дар натиља, љанги сахти кўчагї оѓоз ёфт, ки он се рўз да- вом кард. Нињоят, 17-уми июн Тошканд аз тарафи Черняев забт Савол ва супоришњо: 1) Дар бораи «њуљуми хевагї»-и ќўшунњои рус чї ме- донед? 2) Ќўшунњои рус ќалъаи Оќмачитро чї тавр забт намуданд? 3) Ба шањри Верний (Алмаатои њозира) кай асос гузошта шуд? 4) Чаро солњои 1854 – 1860 дар њудуди Осиёи Марказї амалиёти љангї аз тарафи ќўшунњои Русия ќатъ гардид? 5) Соли 1860 ќўшунњои рус кадом нуќтањоро ишѓол кардаанд? 6) Мањалњои соли 1864 ишѓолкардаи ќўшунњои русро номбар кунед. 7) Лашка- ри генерал Верёвкин ва Черняев дар куљо, кадом сол бо њам муттањид гардиданд? 8) Амалиёти љангии ин давра- ро аз рўйи харита муайян кунед. 9) § 2-ро такрор намоед. 18 карда шуд. Байни намояндагони шањр ва Черняев шартнома ба имзо расид. Моњи сентябр генерал-губернатори Оренбург њангоми дар Тошканд буданаш ин шањрро бо маќсади аз таъсири Ќўќанду Бу- хоро озод нигоњ доштан мулки мустаќил эълон кард, вале он ваќт љангњои байни Бухорою Ќўќанд (яъне бо мухолифони Худоёрхон) давом мекард. Амири Бухоро баъди забти Хуљанд ба сўйи шањри Ќўќанд њаракат карда, њамзамон аз сарварони ќўшунњои рус та- лаб кард, ки Тошкандро ба ихтиёри ў гузошта, худ аз шањр бе- рун раванд. Њукумати подшоњї чунин тањдиди Музаффархонро ба эътибор нагирифта, моњи октябри соли 1865 расман ба њайати Русия дохил шудани Тошкандро эълон кард. Муњорибањои нахустини байни Русия ва Бухоро. Барои ама- лиёти минбаъдаи ќўшунњои рус дар пеши роњи он истењкоми нис- батан мустањкам – Љиззах меистод, ки мулки Бухоро ба њисоб ме- рафт. Дар Бухоро воќеаи аз тарафи ќўшунњои рус забт гардидани Тошканд мардумро ба њаракат оварда буд. Баъзе гурўњњо амир- ро барои дар љангњои муќобили Русия иштирок накарданаш на танњо сарзаниши сахт, балки ќасди љон карданд. Аз њамин сабаб ў маљбур шуд, ки ба љанги муќобили Русия омодагї бинад. Дар Бухоро омодагии амир ба љанг њанўз давом дошт, вале охири январи соли 1866 як гурўњи нисбатан хурди ќўшунњои рус бо сарварии генерал Черняев ба Љиззах расид. Дар ќалъаи Љиззах аскарони бухорої хеле кам буданд. Бинобар ин мудофиаи ќалъаро худи љиззахиён ба уњда гирифта, ба Черняев зарба заданд. Дар натиља, љанги аввали Љиззах бо ѓалабаи бухороиён, даќиќтараш, љиззахиён ва бо маѓлубияти Черняев анљом ёфт. Ѓалаба дар љанги якуми Љиззах бухороиёнро хеле рўњбаланд кард. Амир Музаффар низ бо маќсади идомаи ѓалаба бо ќувваи зиёд ба Љиззах њозир шуда, дар Сасиќкўл ном маконе (соњили чапи дарёи Сир) ман- зил гирифт. Аз ин љо як ќисми сарбозони амир ба сўйи Чирчиќ, ќисми дигар ба сўйи ќалъаи Чордара фиристода шуданд. Сарва- рии умумии ин амалиётро Музаффархон ба уњда гирифт. Вале вай ба љойи сарварї ва назорати омодагии амалиёти љангї дар њамон лањза њам бо базму шатранљбозї машѓул буда, на танњо ба ѓалабааш комилан бовар дошт, балки њатто дар фикри мусоди- раи хазинаи петербургии њукумати Русия ва роњњои минбаъд ис- тифода кардани «асирон»-и њарбии рус буд. 19 Х А РИ ТА И З А БТ И О С И ЁИ М А РК А Зї А З ТА РА Ф И Р У С И Я 20 Баъди шикаст дар Љиззах Черняев аз Осиёи Марказї боз- хонд шуд ва ба љояш генерал Д.И.Романовский таъйин гардид. Вай нисбат ба амири Бухоро ба љанги навбатї аз њар љињат омода буд. 8-уми майи соли 1866 дар Майдаюлѓун ё худ Эрљор (дар роњи Љиззах ва Хуљанд) байни ќўшунњои русу бухорої љангњои шади- де ба вуќўъ омад ва он бо ѓалабаи русњою маѓлубияти бухороиён анљом ёфт. Дар асл ин љанги нахустини байни ќўшунњои Бухоро ва Русия ба њисоб меравад. Амир Музаффар бо наздикон ва пос- бонони худ аз майдони љанг ба сўйи Самарќанд гурехт. Забти Хуљанд ва Ўротеппа. Баъди ѓалаба дар муњорибаи Майдаюлѓун маќсади фармондењони њарбии рус роњ надодан ба муттањидшавии ќўшунњои амири Бухоро ва хони Ќўќанд буд. Бо њамин маќсад онњо ба сўйи Хуљанд њаракат карданд. Шаби 19-ум ба 20-уми майи соли 1866 ќўшунњои рус ба ин шањр наздик шуда, аз 18 тўп ва 8 мортир (тўпи кўтоњмил) шањрро тирборон карданд. Сањарии 21-уми май муњосираи шањр оѓоз ёфт, вале аз сабаби муќобилати сахти муњофизони шањр аскарони рус ба шањр дохил шуда натавонистанд. Барои мудофиаи шањр на танњо мардуми бумии он – тољикон, балки ўзбекњо низ мардонагї нишон доданд. Артиши баѓазабомадаи подшоњї шањрро се шабонарўз гулўлаборон кард. 24-уми май ќўшунњои рус шањри вайрону ва- лангоршударо соњиб шуданд. Аз рўйи баъзе маълумот, шумораи њалокшудагон аз њисоби муњофизони шањри Хуљанд ба 2,5 њазор нафар расидааст, ки маросими дафни љасади онњо як њафта давом кардааст. Аз тарафи истилогарон њамагї 5 нафар њалок шудааст. 28-уми май Нов аз љониби ќўшунњои рус забт гардид. Баъди муњорибаи Майдаюлѓун ва забти Хуљанду Нов њайати фармондењии ќўшунњои рус умед доштанд, ки амири Бухоро аз љангњои нав даст кашида, худро маѓлуб мењисобад, аммо чунин умеди онњо хом баромад. Музаффархон ба љангњои нав омодагї медид. Њарбиёни рус аз ин воќиф гардида, тирамоњи њамон сол амалиёти ишѓолгаронаи худро идома доданд. 1-уми октябр аз тарафи онњо Ўротеппа муњосира гардид, ки онро 4 њазор нафар муњофизат мекарданд. 2-юми октябр шањр аз тарафи ишѓолгарон забт карда шуд. Талафоти љонии муњофизон хеле бузург буд. Забти Љиззах. 11-уми октябри соли 1866 аз тарафи ќўшунњои рус муњосираи нав ё худ љанги дуюми Љиззах оѓоз ёфт. Ба онњо дар ин муњориба генерал-адъютант Н.А. Крижановский сарварї мекард. Љиззах аз њар љињат ба истењкоми ќавї табдил ёфта буд. 21 Онро се ќатор деворњои баланд ва канали жарф ињота мекард. Ба- рои мустањкам намудани он дар муддати њашт моњ њазорњо нафар мардуми тољику ўзбек кор кардаанд. Њангоми љангњо шумораи муњофизони ќалъаи Љиззах 10 њазор нафарро ташкил додааст. Аз њамин сабаб, барои забти ин ќалъа љангњои шадид 7 шабонарўз давом кард. Муњофизон, ки асосан тољикону ўзбекон буданд, матонату далерї нишон доданд, вале дар рафти љангњои шадид ќўшунњои рус пеши роњи обро баста, бо ин муњофизонро аз таъ- миноти об мањрум намуданд. Чунин амалиёт муњофизонро дар њолати мураккаб гузошт. Нињоят, 18-уми октябр шањри вайрона бо 2,5 њазор нафар ќурбоншудагон ва маљрўњони бисёр тањти на- зорати аскарони рус ќарор гирифт. Баъди маѓлубияти Љиззах ќуввањои зиёди зиддирусї дар Янгиќўрѓон љамъ шуда буданд, ки дар байни онњо на танњо сар- бозони амир, балки дастањои собиќ бекњои Ўротеппа, Љиззах, дастањои туркманњо, афѓонњо ва дигарон низ буданд. Дар байни онњо ќисми асосиро сарбозони амири Бухоро ташкил медоданд, вале дар муњорибаи Янгиќўрѓон њам ѓалаба насиби ќўшунњои рус гардид, ки ба онњо генерал А. К. Абрамов сарварї мекард. Ќўшунњои рус баъди забти Љиззах ва Янгиќўрѓон аз идомаи ама- лиёти љангї муваќќатан худдорї намуда, ба муњорибањои мин- баъда омодагї медиданд. Њукумати подшоњї дар ин муддат масъалањои идоракунии мулкњои забтшударо њал менамуд. Сарчашма: Ањмади Дониш дар бораи маѓрурии амир Музаффар, дараљаи омодагии аскарони ў ба љанг ва натиљаи муњорибаи Майдаюлѓун ё худ Эрљор навиштааст: «Пеш аз њамроњ шудани Тошканд ба дав- лати Русия, дар айёме, ки амир азимати сафари Хўќанд (Ќўќанд – Н.Њ.) дошт, муњаррири сутур бинобар муњимї дар ўрдуи султонї буд. Умаро барои маслињат ба њузури амир мерафтанд. Баъд аз итмоми маљлис яке аз вузаро берун шуд. Ман аз муњовароти маљлис пурсидам, гуфт: Баъзе аз умаро савории болои Тошканд- ро тарљењ намуда, арз карданд. Марзои амир наяфтод, фармуд, ки болои Тошканд, он ки ѓалаба овардааст, навкаре аз асокири Ру- сия аст. Маро ору нанг меояд, ки ба як навкари ў муќобала ша- вам. Ман агар саворї кунам, рост болои Масков меравам». «Ва њам дар он овон Русия њанўз ба болои Диззах (Љиззах– Н.Њ.) юриш наёварда буд, ки дар шањри Бухоро миёни толибилму 22 уламои мутабањњир ошўбу ѓавѓо бунёд шуд, ки љињод фарз шуда саѓиру кабир ва вазеу шарифро фарз аст, ки ба болои куффор бе- рун оянд. Амир аз сунўњи ин ѓавѓо мутањаййир шуда, чору ночор илти- зоми лашкаркашї намуда, ба тањияи асбоби љињод машѓул шуд ва дурустии асбоби сафарро карда, бо аскари фаровон саросема аз шањр баромада, миќдори сию шаш адад тўпу чанд шутур ќўрхона кашида баромаданд. Ваќте ки муќобили душман мешуданд, њанўз дору ва фишангу гулўла дар Бухоро буд ва њама асбоб ноќису но- тамом ва доруи милтиќ ба нањље часпон, ки як ташт оташ дар- кор, то ў шуъла дињад бе овоз. Ва баъд аз баромадани аскар на- фари ом дар шањр афтод, ки ба ѓазо берун оянд ва ба дари њар хо- нае чўбакзанї, ки зуд барояд. Мардуми шањр, ки гоње овози тўпу туфангро нашунида буданд ва ба маъракаи корзор нарасида, гу- мон мекарданд, ки ѓазо низ чун маъракаи гўштигирї будагист ё майдони пойгатозї бошад. Њар кадом чўбе сегазї бардоштанд ва баъзе ба сари он чўб миќдоре аз оњан њалќа баста, то агар хасм чўбе андозад, онњо низ он чўб ба сари ў фуруд оранд... Ва билљумла аскари зиёда аз њадду њаср бад-ин насќ љамъ шуда, баъзе ба шавќу баъзе ба карањ, аз њар табаќаи мардум ба нияти ѓазо мерафтанд, баъзе дањрўза озуќа бардошта ва баъзе якмоња. Љаноби амир низ чун ин љамъиятро мулоњиза намуд, ба худ љазм фармуд, ки ба њамин юриш Фитирбурх (Санкт-Петербург – Н.Њ.) – пойтахти импиротур фатњ хоњад шуд, чи медид, ки тўлу арзи ќўшун ба ду фарсах меравад... Дар муддати ду моњи камобеш ба лаби дарёи Сир рафтанд, дар соњате мусаммо ба Сасиќкўл нузул фармуд. Ѓозиёни муаска- ри њумоюн, пеш аз он ки ба манзил фуруд оянд, аз ѓазо пушаймон гашта, дар тараддуди гурезу махласї уфтоданд... Ва он љое ки амир нузул фармуда, саропардаи иљлол аф- рошта дошт, то маъракаи ќотил ним санг камобеш буд, ки ово- зи наќораи аскария мерасид ва амир дар сояи шомиёна ба лаъ- би шатранљ машѓул буд ва љамоае аз ќавволон ќавлу ѓазал мегуф- танд... Ба њамон юриш (ќўшун)-и Русия омада, тўпњоро соњибї кард ва ду-се сочмаи тўпча ба сўйи ѓозиёни ислом ба њадя фиристод. Њама мунтазири фирор буданд, якбора фирори барќвор ихтиёр карданд... Он гоњ хабар оварданд ба љаноби амир, ки асокир бевафої 23 карданду пушт доданд, амир низ саросема ба болои асби ќанталї ва зинхолие нишаста, фурсат наёфт, ки аммома бар cap кунад ё љома бипўшад. Њамчунон аз сари шатранљ бархоста болои зин (бар) нишаст ва асб меронд... Ва дар он гуреза амир низ фурсати наќси њољат наёфта, њам ба болои зини асб бавл карда, эзорро мулаффас гардонида, назди- ки ишоъ ба ќишлоќе Хавос ном расида фуромад... то пагоњ ваќти ишроќ (субњ) баъзе аз умарои давлат ба даври ў таниданд. Боз ба либоси тоза оройиш дода, њамчунон то ба Самарќанд мурољиат намуданд...». (Ањмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хо- надони манѓития. - Душанбе, 1992, с.22 – 27) Санањои муњим: 1865, 17-уми июн – забти Тошканд. 1864, охири моњи январ – муњорибаи якуми Љиззах. 1866, 8-уми май – муњорибаи Майдаюлѓун ё худ Эрљор, нахус- тин муњорибаи байни ќўшунњои Бухоро ва Русия. 1866 , 24-уми май – забти Хуљанд. 29 - 2 юми октябр – забти Ўротеппа. 1866, 11 – 18-уми октябр – муњорибаи дуюми Љиззах. Савол ва супоришњо: 1) Ќўшунњои рус шањри Тошкандро кай ва чї тавр забт намуданд? 2) Љанги якуми Љиззах бо ѓалабаи кї анљомид? 3) Чаро муњорибаи Майдаюлѓун ё худ Эрљорро муњорибаи аввалини байни ќўшунњои Бухоро ва Русия њисоб мекунанд ва он чї гуна анљом ёфт? 4) Муњорибаи Майдаюлѓун ё худ Эрљорро дар асоси њуљљат – гуфтањои Ањмади Дониш муфассалтар наќл кунед. 5) Муњорибаи Хуљанд кай ба амал омад ва чї натиља дод? 6) Љиззах аз тарафи ќўшунњои Русия кай забт гардид? 7) Амалиёти љангиро аз рўйи харита муайян кунед. 8) §§ 2 ва 3-ро так- рор намоед. 24 § 6.ТАЪСИСЁБИИ ГЕНЕРАЛ-ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН Ташкил карда шудани генерал–губернатории Туркистон. Ав- вали соли 1865 аз њисоби заминњои аз хонии Ќўќанд ишѓолкардаи ќўшунњои рус вилояти Туркистон дар њайати генерал–губернато- рии Оренбург ташкил ёфт. Сарвари ин вилояти навбунёд генерал Черняев таъйин гардид. Соли 1867 њукуматдорони подшоњї натиљаи амалиёти љангии худро дар сарзамини Осиёи Марказї гўё љамъбаст намуданд. Бо марказ дар Тошканд генерал–губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминњои аз соли 1847 то он лањза аз мулкњои хонии Ќўќанд ва аморати Бухоро забтнамудаи ќўшунњои русро дар бар мегирифт. Дар ибтидо генерал-губернаторї аз ду вилоят: Сирдарё (марказаш Тошканд) ва Њафтрўд (марказаш Верний) иборат буд. Мувофиќи ин таќсимот, мулкњои Хуљанд, Нов, Ўротеппа, Љиззах ва ѓайра ба њайати вилояти Сирдарё дохил шуданд. Соли 1875 таќсимоти нави маъмурии кишвари Туркистон анљом дода шуд, ки мувофиќи он, уезди Хуљанд (ба он Нов ва Ўротеппа низ дохил мешуданд) ба њайати вилояти Самарќанд дохил гардид. Њудуди генерал-губернаторї ва микдори вилоятњои он минбаъд аз њисоби мулкњои тозаишѓоли ќўшунњои рус меафзуд. Баробари бунёди генерал-губернаторї округи њарбии Туркистон низ ташкил ёфт. К.П. Кауфман – аввалин генерал-губернатори Туркистон. 14-уми июли соли 1867 аввалин генерал-губернатори Туркис- тон генерал-адъютант барон фон К.П.Кауфман таъйин гардид. Подшоњи Русия Александри II дар асоси «Ярлиќи заррин»-и худ ба Кауфман њуќуќи васеъ дода буд, ки мувофиќи он, ў бо давлатњои њамсоя масъалањои сиёсї, тиљоратї, сарњадї, ташки- ли сафоратњо, имзои шартномањо ва ѓайраро мустаќилона њал ме- намуд. Кауфман дар асоси он њуљљат минбаъд ваколат дошт, ки ба давлатњои њамсоя, аз он љумла аморати Бухоро, хонињои Хе- ваю Ќўќанд ва ѓайра мустаќилона љанг эълон кунад ва ё бо онњо сулњ имзо намояд. Ў мањз тавассути чунин њуќуќи номахдудаш дар байни халќ њамчун «нимподшоњ» ном баровард. Кауфман эњсос намуд, ки хони Ќўќанд – Худоёрхон дигар ќудрати љанг кардан надорад, аммо амири Бухоро – Музаффар- хон њанўз тавоност. Ў комилан бовар дошт, ки Бухорою Ќўќанд дигар муташаккилона ба муќобили ќўшунњои рус баромада 25 намета-вонанд, зеро баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Хуљанду Ўротеппа ва Љиззах амиру хон аз робитаи байнињамдигарї мањрум гардиданд. Бинобар ин Кауфман соли 1868 бо Худоёрхон шартно- маи барои Русия мувофиќеро имзо кард. Мувофиќи он, њуќуќи муста- ќилии хон аз даст рафт. Акнун сав- догарони рус њуќуќи дар сарзами- ни хонї озодона амал карданро ба даст оварданд. Яъне, мувофиќи ин шартнома хонии Ќўќанд то- беи Русия гардид. Њамин тавр, дар сарзамине, ки аз тарафи ќўшунњои Русияи подшоњї забт гарди- да буд, генерал–губернатории Туркистон ташкил ёфт. Њарчанд вилоятњои он номњои таърихии худро соњиб шуданд, яъне Сир- дарё, Њафтрўд, минбаъд Самарќанд, Фарѓона ва њатто Моварои Хазар (Закаспий), вале Туркистон ном гирифтани ин кишвари бу- зург њаќиќати њолро ифода намекард. Аввалан, мулкњое, ки ба њайати генерал-губернаторї дохил гардиданд, ѓайр аз як њиссаи сарзамини вилояти Њафтрўд, боќї ба Туркистони таърихї њељ алоќа надоштанд. Сониян, дар њудуде, ки соли 1867 генерал–гу- бернатории Туркистон ташкил ёфт, мардуми туркнажод нисбат ба мардуми эронинажод аз љињати шумора бартарии зиёд надо- штанд. Идораи генерал-губернаторї. Маъмурияти кишвари Туркис- тон аз љињати идоракунї ба мисли дигар губернияњои Русия на ин ки ба вазорати корњои дохилї, балки ба вазорати њарбии он итоат мекард. Аз љињати маъмурї генерал–губернатории Туркистон ба вилоятњо, вилоятњо ба уездњо, уездњо ба волостњо таќсим мешу- данд. Генерал-губернатор дар ихтиёри худ идоракунии маъмурї ва њарбиро муттањид мекард. Дар назди ў муовин ва шўрои мах- сус аз амалдорони њарбї ва граждании кишвар вуљуд доштанд. Органи иљроия канселярияи ў ба њисоб мерафт, ки он аз се шуъ- ба иборат буд: шуъбаи аввал бо масъалањои маъмурї ва њайати шахсии маъмурияти кишвар; шуъбаи дуюм бо масъалањои замину андоз, сохтмон, алоќа ва масъалањои молия, воридоту содирот, К.П. Кауфман 26 назорат ба моликияти ваќфї, назорат ба хориљиёни дар кишвар буда ва ѓайра машѓул буданд; шуъбаи сеюм шуъбаи махсуси дар назди канселярия буда, ќисми дипломатї ба њисоб мерафт, ки он аз соли 1899 амалдори дипломатии намояндаи вазорати корњои хориљї шуморида мешуд ва ба воситаи он сиёсати мустамлика- дории њукумати подшоњї бар аморати Бухорою хонии Хева низ амалї мегардид. Дар вилоятњо губернаторњои њарбї ва дар уездњо сарваро- ни уездњо роњбарї мекарданд. Њамаи онњо шахси њарбї ва якљоя маъмурияти њарбии кишварро ташкил мекарданд. Бояд зикр кард, ки ќисме аз онњо дар ќатори рутбаи њарбї доштан, аз таъри- ху фарњанги кишвар хабардор буданд, забонњои мањаллиро медо- нистанд, баъзеашон шарќшиносони номї (ба монанди Н.С. Ли- кошин – губернатори њарбии вилояти Самарќанд) ба њисоб ме- рафтанд. Сарварони вилоятњо њокимияти мањаллї – оќсаќолони дењањо ва авулњоро аз њисоби сарватмандони мањаллї интихоб мекар- данд. Аз њамин сабаб њокимияти мањаллиро «њокимияти халќї» мегўянд. Ин њокимияти халќї якљо бо маъмурияти њарбї номи «идоракунии њарбию халќї»-ро гирифтааст. Сарчашма: Дар ахбори иљрокунандаи вазифаи губернатори њарбї Ман- тейфел ба фармондењи ќўшунњои округи њарбии Оренбург дар хусуси ташкил кардани округи Пасидарё (аз 13-уми декабри соли 1866) гуфта шудааст: «Бо маќсади зудтар ташкил кардан ва њарчи бењтар таъмин намудани кишвар зарур мешуморам, ки аз мањалњои њамин сол забтнамудаамон дар соњили чапи Сирдарё, Хуљанд, Нов, Ўротеппа, Зомин ва Љиззах як округи Пасидарё бо 5 шуъбааш: Хуљанд, Ўротеппа, Зомин, Љиззах, Ирљор (Эрљор) таш- кил карда шавад. Идоракунии умумии округи Пасидарё ва сардории ќўшунњои он љо ба иљрокунандаи вазифаи коменданти шањри Хуљанд пол- ковник Фавитский супорида шавад. Командирии отряди дар наз- ди Љиззах љамъовардашуда ба полковник Абрамов, бо шарти итоат кардан ба полковник Фавитский, супорида шавад». (Ниг.: Хрестоматияи таърихи РСС Тољикистон. Нашри 2. – Душанбе, 1963. - С.124). 27 Санањои муњим: 1865 – ташкили вилояти Туркистон дар њайати генерал – гу- бернатории Оренбург. 1866 – ташкил карда шудани генерал–губернатории Туркис- тон. 1867 – 1882 – солњои генерал-губернатори Туркистон будани К.П. Кауфман. 1875 – таќсимоти нави маъмурии кишвари Туркистон Савол ва супоришњо: Вилояти Туркистон кай ташкил ёфт ва он кадом мулк-њоро дар бар мегирифт? 2) Генерал – губернато- рии Туркистон кадом сол таъсис дода шуд ва он аз кадом вилоятњо иборат буд? 3) Аввалин генерал-губернатори Туркистон кї буд ва чї њуќуќ дошт? 4) Оё «Туркистон» ном гирифтани ќисми бузурги ќаламрави Осиёи Марказї бо њаќиќати таърихї мувофиќат мекунад? 5) Сохти идо- ракунии генерал – губернатории Туркистонро аз боло ба поён шарњ дињед. 7) Њудуди генерал – губернатории Тур- кистон ва вилоятњои аввали онро аз рўйи харита муайян кунед. 8) §§ 3,4 ва 5-ро такрор намоед. §§7-8. ШИКАСТ ХЎРДАНИ АМОРАТИ БУХОРО ДАР МУЊОРИБА БО РУСИЯ Муњорибаи Чўпонато. К.П.Кауфман баробари генерал- губернатори Туркистон таъйин гардиданаш амалиёти ишѓолгаронаи пешовандони худро давом дод. Маќсади асосии ў таслим намудани аморати Бухоро буд. Дар ибтидо таваљљуњи ўро вазъи мураккаби Самарќанд ба худ љалб кард. Баъди аз даст раф- тани Љиззах, ба ин бохт гурўњњои гуногун якдигарро муттањам ме- карданд. Ихтилофи байни онњо то ба дараљаи хунрезї расид. Чу- нин њолат, аз як тараф, ќувваи муњофизони шањрро заиф намуда бошад, аз тарафи дигар, сарварони ќўшунњои дар Осиёи Марказї доштаи Русияро хурсанд намуд. 1-уми майи соли 1868 дар баландии Чўпонато (наздикии 28 Самарќанд) муњорибаи сахттарин байни ќўшунњои рус ва сарбо- зони амир, ки бо ихтиёриён муштарак амал мекарданд, ба вуќўъ омад. Дар ин муњориба њокими Њисор Рањмонќулбї парвоначии манѓит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мир- зо Азими Сомї воќеанигори ў буд. Бухориён, њарчанд аз љињати шумора нисбат ба аскарони подшоњї, ки ба онњо бевосита худи К.П.Кауфман сарварї мекард, бартарї дошта бошанд њам (аз рўйи баъзе маълумот шумораи онњо ба 100 њазор нафар мерасид), аз љињати таљрибаи њарбї ва таъмини силоњ хеле заиф буданд. Дар натиља ин муњориба њам боиси маѓлубият ва талафоти бузур- ги бухориён, аз љумла сарбозони амир гардид. Забти Самарќанд. Маѓлубият дар муњорибаи Чўпонато таќдири Самарќандро низ њал намуд. Зеро сарварони ин шањри бостонї муќобилати минбаъдаро нисбат ба ќўшунњои истил- логари Русияи подшоњї бефоида ва ба зарари шањру шањриён (яъне боиси талафоти бешумор ва вайронињои зиёд) њисобида, бе муќобилат дарвозаи шањрро ба ќўшунњои рус кушоданд. Њамин тавр, 2-юми май ќўшунњои рус вориди Самарќанд гардиданд. 3-юми май ин хабар ба амир Музаффар расид, ки ў он лањза дар Кармина буд. Вай њатто аз изтироб ќосидеро, ки хабари аз даст рафтани Самарќандро барояш расонид, ќатл намуд. Дар чунин вазъият гуфтушуниди намояндагии Русия ва Бухо- ро оид ба масъалаи тиљорат давом дошт ва он 11-уми майи соли Лањзаи вориди шањри Самарќаид гардидани аскарони рус дap соли 1868 (аз рўйи амали рассом В.В. Верешагин) 29 1868 бо имзои шартномае, ки иборат аз 6 банд аст, анљом ёфт. Мувофиќи он, дар ќаламрави аморати Бухоро барои тољирони Русия имкони васеи амалиёт дода шуд. Муњорибаи Зирабулоќ. Имзои шартномаи тиљоратии 11-уми майи соли 1868 идомаи љангро дар байни Русия ва Бухоро боз- надошт. 12-уми май Ургут ва 18-уми май Каттаќўрѓон аз тарафи ќисмњои аскарони рус ишѓол карда шуд. Умуман, муњорибањои минбаъда исботи он буданд, ки ќўшунњои амир имкони муќобилатро аз даст додаанд. Амир Музаффар чунин вазъро эњсос намуда, маљбур шуд, ки ба имзои шартномаи пешнињодкардаи Кауфман розї шавад. Њанўз шартнома дар байни Бухорою Русия имзо нагардида, хабари он, яъне ба имзои он майл кардани амир ѓазаби як ќисми мардуми Бухороро ба вуљуд овард. Як њиссаи чунин мардуми башўромада, ки ба сўйи Самарќанд роњ пеш гирифта буданд, дар Чўли Малик (байни Ѓиждувону Самарќанд) аз тарафи сарбозони амир пароканда карда шуданд. Яке аз сардорони ќабилањои ќазоќ – Сиддиќтўра, ки баъди аз тарафи ќўшунњои рус забт гардидани мулкаш – Туркистон гу- рехта ба Бухоро паноњ бурда буд, сар бардошта, Ѓиждувонро ѓорат намуд, Карминаро забт кард ва худро «хони чингизнажод» ном нињод. Олимаќомони худи Бухоро њам аз амир талаб мекар- данд, ки бо «кофирњо», яъне русњо љангро давом дињад. Бинобар ин, амир маљбур шуд, ки боз майли љанг намояд. Ў дар наздикии Зирабулоќ бо сарварии Њољї Тўќсабо ва Усмон Тўќсабо15 њазор сарбози савора, 6 њазор сарбози пиёда ва 14 тўп љамъ намуд. Аз рўйи маълумоти дигар, шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он љо ба муќобили аскарони рус љамъ шуда буданд, ба 50 њазор нафар мерасид. 1-уми июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоќ муњорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуќўъ омад, вале боз сарбозони амир маѓлуб гардида, 1500 нафарро талаф доданд. Ќўшунњои рус баъди ѓалаба дар Зирабулоќ боз ба сўйи Самарќанд равон шуданд, зеро дар он љо њанўз 1-уми июн шўриши зиддирусї ба амал омада буд. Шўришгарон шањрро ишѓол карда, намояндагони Русия ва мањаллиёни бо онњо њамкорикардаро ба ќатл расониданд. Њокимони Китоб – Љўрабек ва Шањрисабз – Бо- бобек (писари Њакимбек) њам бо дастањои худ ба Самарќанд, ба ку- маки шўришгарон омаданд. Вале онњо баробари шунидани хаба- 30 ри њаракати ќўшунњои рус бо сардории Кауфман, шўришгаронро ба њолашон гузошта, аз Самарќанд берун рафтанд. Шўришгарон ба чунин вазъият нигоњ накарда, њафт рўз шањрро муњофизат кар- данд ва ба ќўшунњои рус муќобилати сахт нишон доданд. 8-уми июни соли 1968 шўриши Самарќанд вањшиёна саркўб карда шуд. Шартномаи 23-юми июни соли 1868. Барои амир Музаффар баъди маѓлубият дар муњорибаи Зирабулоќ ва саркўб карда шу- дани шўриши июни соли 1868 Самарќанд ѓайр аз ќабули таклифи Кауфман оид ба имзои шартномаи пешнињод кардааш чораи ди- гаре набуд. Бинобар ин, ў намояндаи худро барои имзои шартно- ма ба Самарќанд фиристод. 23-юми июни соли 1868 шартномаи байни Русия ва Бухоро имзо гардид, ки мувофиќи он, амир вази- фадор шуд: аз заминњои забткардаи ќўшунњои рус дар Хуљанд, Ўротеппа, Љиззах, Самарќанд ва Каттаќўрѓон ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи њукумати подшоњї чун товони љанг 125 њазор тилло (500 њазор сўми русї) фиристад; аз хоки Бухоро хат- ти телеграф гузаронад; ба тољирони Русия имкони дар сарзамини аморат озодона амал карданро дињад; дар дарёи Ому ба рафтуо- мади киштињои Русия мамониат накунад; ѓуломдориро манъ на- мояд ва њоказо. Мувофиќи ин шартнома, амир аз њуќуќи муноси- бати мустаќилона бо дигар давлатњои њамсоя мањрум мегардид. Яъне дар асоси ин банди шартнома аморати Бухоро дар њаќиќат аз љињати њуќуќї бояд тобеи Русия мешуд. Шартномаи номбурда баъди имзои тарафайн барои тасдиќ ба подшоњи Русия Александри II фиристода шуд, вале подшоњ бо сабабњои сиёсию иќтисодї шартномаро тасдиќ накард. Аз ин рў он шартнома эътибори ќонунї нагирифт. Соли 1869 њукумати амир, ки аз ин њолат хабар надошт, бо сафирони худ як ќисми то- вони љанг (50 њазор тангаи тилло ва 19 њазор тангаи нуќра)-ро ба хазинаи њукумати подшоњї фиристод. Ганљурони подшоњ њам он ѓаниматро бе њељ дудилагї ќабул карданд. Исёни Абдумаликтўра. Баъди имзои шартнома вазъият дар Бу- хоро боз њам мураккабтар гардид. Шахсони аз шартнома норозї дар атрофи писари калонии амир Музаффар – Абдумаликтўра (Каттатўра), ки њокими Ѓузор буд, љамъ омада, ўро амир эъ- лон карданд. Њокимони Китобу Шањрисабз – Љўрабеку Бобобек њам бо дастањои худ ба тарафи Абдумаликтўра гузаштанд. Дар натиља, дар худи Бухоро ба муќобили Музаффархон ќувваи бу- зурге ташкил ёфт. Аз рўйи баъзе маълумот, тирамоњи соли 1868 31 дар ихтиёри Абдумаликтўра ќариб 8 њазор нафар аскар буд. Сиддиќтўраи ќазоќ низ ба тарафи ў гузашт. Дар њамон лањза ќуввањои Абдумаликтўра, ки Ќарширо ба маркази худ табдил дода буданд ва Музаффархон бо њам бархўрданд, маѓлубияти амир аз эњтимол дур набуд. Инро худи амир њам эњсос наму- да, барои имдод ба К.П. Кауфман мурољиат кард. Кауфман хуб мефањмид, ки њаракати Абдумаликтўра пеш аз њама, мухолифи манфиати Русия аст, аз њамин сабаб, ба пешнињоди Музаффархон розї шуд. Ў барои саркўб намудани шўриш бо сарварии генерал А.К. Абрамов ќўшун фиристод. Тирамоњи соли 1870 ба ќўшунњои Абдумаликтўра, ки дар наз- дикии Ќаршї омодаи љанг буданд, сарбозони амир ва аскарони рус якбора њуљум карданд. Аскарони рус махсусан, ба ќисмњои исён- гар зарбаи ќатъї зада, ба онњо, ки аксар љангнодидаю бетаљриба буданд, талафоти зиёди љонї расониданд. 27-уми октябр Ќаршї аз тарафи аскарони рус забт карда шуд. Пас аз он сарбозони амир њам вориди шањр гардида, онро торољ намуданд. Як ќисми бу- зурги сарбозони амиру аскарони рус ба сўйи Шањрисабзу Ки- тоб њаракат карда, он мулкњоро низ тобеи амир Музаффар гар- дониданд. Абдумаликтўра баъд аз њамаи ин нобарорињо аввал ба Ќўќанд, баъд ба Кошѓар гурехт. Эъзомияи Искандаркўл. Баробари ба ихтиёри Русия гузашта- ни Самарќанд болооби Зарафшон – кўњистони Фалѓар, Мастчоњ, Фон, Киштут ва Моѓиён, ки мулкњои ниммустаќил буданд, худ аз худ ба Русия тобеъ шуданд. Њукумати подшоњї аз њисоби Самарќанд, Каттаќўрѓон ва дигар мулкњои зарафшонии аз амора- ти Бухоро забтнамудааш музофоти Зарафшонро бунёд карда, ге- нерал А.К.Абрамовро сарвари он таъйин намуд. Яке аз маќсадњои асосии Абрамов тобеи худ гардонидани мулкњои номбурдаи кўњистони Зарафшон буд. Њокимони он мулкњо, агарчи њама тољик буданд, байни худ љангида, ќувваи мудофиавии Кўњистонро хеле заиф гардониданд. Чунин вазъият муваффаќияти ќўшунњои русро осон гардонид, вале Абрамов намехост, ки кўшиши ў ба- рои таслими болооби Зарафшон лашкаркашї (поход)-и њарбї ном бурда шавад. Бо њамин маќсад, ў зарур шуморид, ки амалиё- ти њарбиро бо эъзомия (экспедитсия)-и илмї рўпўш намояд, зеро он ваќт марказњои илмию љуѓрофии Русия ба омўзиши табиату набототи Осиёи Марказї раѓбати зиёд пайдо карда буданд. Дар натиља, бањори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов Эъзоми- 32 яи Искандаркўл ташкил карда шуд. Ба њайати эъзомияи номбурда 200 нафар казаки мусаллањ, ро- таи пиёдагард ва взводи пулемётчиёни кўњгард дохил мешуданд. Аз Ўротеппа тањти фармондењии Деннет дастаи дигари њарбиёни мусаллањ дар роњ ба дастаи Абрамов пайвастанд. Сафари эъзо- мия 25-уми апрели соли 1870 аз Самарќанд оѓоз ёфт. Моњи ав- густ шањри Панљакент бе муњориба ба ихтиёри ќўшунњои рус гу- зашт, вале дар дењањои Артуч, Панљрўд, Дашти Ќозї, Фалѓар, Мастчоњ ва ѓайра љангњои шадид ба амал омаданд. Дар ин ама- лиёт бисёр дењањо бо њукми Абрамов ба хок яксон карда шуданд. Моњи июни соли 1870 эъзомия амалиёти њарбии худро ба охир ра- сонид. Аз њисоби мулкњои ниммустаќили кўњистонии болооби За- рафшон тумани Кўњистон ташкил ёфт ва он ба музофоти Зараф- шон њамроњ карда шуд. Дар Эъзомияи Искандаркўл як ќатор олимон: табиатшинос А.Ф.Федченко, геолог Д.К.Мишенко, наќшабардор (баъдтар ар- боби намоёни њарбию сиёсї) Л.H.Соболев ва дигарон ширкат дош- танд. Бо ташаббуси ин донишмандон барои тањќиќи захирањои та- биии болооби Зарафшон ќадамњои аввалин ва муњими илмї гу- зошта шуд. Шартномаи 28-уми сентябри с. 1873. То моњи сентябри соли 1873 дар байни Русияю Бухоро, ѓайр аз шартномаи тиљоратии 11-уми майи соли 1868, дигар ягон њуљљати њуќуќї, ки муноси- бати ин ду давлатро муайян намоянд, вуљуд надошт. Бинобар ин дар доираи њукумати Русияи подшоњї боз масъалаи муайян наму- дани муносибат бо Бухоро ба миён омад. 28-уми сентябри соли 1873 дар Шањрисабз байни Русия ва Бухоро шартномаи нав имзо гардид, ки он бо номи Шартномаи дўстї маълум буда, аз 18 банд иборат аст. Ин шартнома аз тара- фи подшоњ тасдиќ гардид ва дар ќатори шартномаи тиљоратї, ки дар боло ба он ишора рафт, њамчун њуљљати асосии њуќуќии бай- ни Бухоро ва Русия то Инќилоби октябри соли 1917 амал кард. Шартномаи дўстии соли 1873 сарњади онваќтаи байни Руси- яю Бухороро тасдиќ намуда, сарњади байни Бухорою Хеваро низ муайян мекард. Дар асоси он њар ду тараф, яъне тарафњои Руси- яю Бухоро вазифадор мешуданд, ки дар Осиёи Марказї рушди муносибатњои тиљоратї ва озодона шино кардани киштињоро дар дарёи Ому таъмин кунанд; тољирони рус на танњо барои дар тамо- ми шањру ноњияњои аморати Бухоро озодона амал намудан њуќуќ 33 пайдо карданд, балки дар зери њимояи махсуси њукумати амирї низ буданд; аз молњои тарафайн бояд на бештар аз 2,5% андоз – за- кот гирифта мешуд; молњои русї ба воситаи сарзамини Бухоро ба дигар давлатњо бебољ гузаронида мешуданд; тољирони њар ду та- раф метавонистанд дар доираи Осиёи Марказї корвонсарой до- шта бошанд. Ѓайр аз ин, тољирони рус дар соњилњои дарёи Ому истгоњ (бандар) ва анборњо сохта метавонистанд; ба раиятњои та- рафайн, аз рўйи ќонунњои мављуда, њуќуќи дар љойи дилхоњ бо ягон касбу њунар машѓул шудан дода мешуд. Инчунин, онњо мета- вонистанд мулки ѓайриманќул, яъне хона, боѓ, замини корам дош- та бошанд: тарафайн дар ќаламрави њамдигар (яъне њукумати амирї дар Тошканд ва њукумати Русия дар Бухоро) метавонис- танд намояндагї дошта бошанд; тарафи њукумати амирї вазифа- дор карда мешуд, ки дар сарзамини аморат хариду фурўши одам, яъне ѓуломдориро манъ намояд. Њамин тавр, дар шартномањои тиљоратии соли 1868 ва Шартномаи дўстии соли 1873, ѓайр аз баъзе бартарињо барои тољирони рус дар сарзамини Бухоро, дигар ишорае нест, ки дар асоси он аморати Бухоро мутеи Русияи подшоњї гардад. Дар бай- ни Русия ва Бухоро дигар шартномаи тасдиќгардидае, ки тобеия- ти њукумати амириро ба њукумати подшоњї ба расмият дарорад, вуљуд надошт. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки аморати Бу- хоро аз љињати њуќуќї давлати мустаќил будааст. Вале амиро- ни Бухоро, ки дар назди иќтидори њарбии Русия нотавон будана- шонро ба хубї эњсос мекарданд, худро «ихтиёран» ба оѓўши тобе- ият андохта, нисбат ба њукумати подшоњї сиёсати содиќона пеш бурда, аморатро ба мустамликаи њаќиќии Русия табдил доданд. Сарчашма: Порањо аз шартномаи 28-уми сентябри соли 1873, ки дар бай- ни Русия ва Бухоро имзо гардидааст: Моддаи 1 Хатти сарњадии байни мулкњои тобеи љаноби Аълоњазрат им- ператори тамоми Русия ва љаноби њокими олї Амири Бухоро бе таѓйир мемонад. Дар баробари ба тобеияти Русия гузаштани тамоми заминњои Хева, ки дар соњили рости Омударё воќеанд, сарњади пештараи њокимии Бухоро бо хонии Хева, ки аз Холота ба воситаи тўќай 34 ба Гугертлї, соњили рости Ому меравад, барњам дода мешавад. Ба тобеияти амири Бухоро заминњое, ки сарњади пештараи байни Бухорою Хеваро дар бар мегиранд, бо соњили рости Омударё аз Гугертлї то тўќайи Мешеклї пурра ва хатти аз Мешеклї то нуќ- таи пайвастшавандаи сарњади пештараи Бухорою Хева бо хатти сарњадии империяи Русия, дохил мешаванд... Моддаи 5 Тамоми шањру дењоти хонии Бухоро барои савдои тољирони рус кушодаанд. Тољирон ва корвонњои рус дар тамоми сарзами- ни хонї бемалол рафтуой карда метавонанд ва аз пушту паноњи њокимияти мањаллї имтиёзманд мегарданд. Барои бехатарии корвонњои рус дар дохили мулкњои Бухоро њукумати Бухоро љавобгар аст. Моддаи 6 Бе истисно аз тамоми молњое, ки ба тољирони рус тааллуќ до- ранд ва аз њудуди Русия ба Бухоро фиристода шуда ё аз Бухоро ба Русия оварда мешаванд, дар Бухоро, ба монанди он, ки дар киш- вари Туркистон аз чил як њиссаашро меситонанд, дувуним дарса- ди арзиши мол ситонида мешавад. Ѓайр аз ин, дигар њељ гуна за- коти иловагї гирифта намешавад. Моддаи 7 Ба тољирони рус њуќуќ дода мешавад, ки молњои худро ба во- ситаи мулкњои Бухоро бе закот ба тамоми заминњои њамсоя ба- ранд. Моддаи 15 Барои он ки бо њокимияти олї дар Осиёи Миёна муносибати доимї ва бевосита барпо карда шавад, амири Бухоро аз љумлаи одамони наздики худ шахси боэътимодро сафир ва намояндаи до- имии худ дар Тошканд таъйин мекунад. Ин намоянда дар Тош- канд дар хонаи амир ва аз њисоби амир зиндагї мекунад. Моддаи 16 Њукумати подшоњї низ метавонад намояндаи доимии худ- ро дар Бухоро дар њузури Аълоњазрат нигоњ дорад. Намояндаи њокимияти рус дар Бухоро монанди намояндаи амир дар Тош- канд дар сафоратхона ва аз њисоби њукумати рус зиндагї меку- над... Моддаи 18 Олимаќом Сайид Музаффар муносибатњои дўстї ва њамсоягиро, ки ба манфиати Бухоро њанўз панљ сол инљониб вуљуд 35 дорад, аз самими ќалб инкишоф медињад ва мустањкам менамояд ва 17 моддаи дар боло зикршударо, ки шартномаи нави дўстии Ру- сияю Бухоро мебошад, ба роњбарї мегирад». (Ниг.:Хрестоматияи таърихи РСС Тољикистон. - Душанбе, 1962, С. 143 – 146). Тасвири ба шањри Самарќанд дохил шудани ќўшунњои Ру- сияро Мирзо Азими Сомї чунин шарњ медињад, ки онро С.Айнї дар китоби худ овардааст: 2-юми майи соли 1868, пагоњии рўзи панљшанбе, Мирзо Камолиддини муфтї «бо шаш нафар оќсаќолони Самарќанд гов ва тухми мурѓ гирифта, барои изњори инќиёд ба истиќболи генерал-губернатор Кауфман, ки сараскари рус буд, ба Чўпонато омада, ўро дида, дам аз итоат заданд. Гу- бернатор низ ба онњо рифќу мудоро карда, вилояти Самарќандро тархон кард (яъне бахшид). Баъд аз ин губернатор оќсаќолонро њамроњ гирифта, аз дарвозаи Шоњи Зинда дохили шањр шуда, ба Кўктош (арки Самарќанд) ќарор гирифт». Дар рўзи дигар губер- натор муфтї Камолиддинро ба мансаби ќозикалони Самарќанд бардошт. (Ниг.: Айнї С. Таърихи амирони манѓитияи Бухоро. Куллиёт. Љилди 10, – с.61). Санањои муњим: 1868, 1-уми май – муњорибаи Чўпонато. 1868, 2-юми май – забти Самарќанд. 1868, 11-уми май – имзои шартномаи тиљоратї дар байни Бу- хоро ва Русия. 1868, 1-8-уми июн – шўриш дар Самарќанд. 1868, 2-юми июн – муњорибаи Зирабулоќ. 1868, 23-юми июн – шартнома дар байни Русия ва Бухоро (подшоњи Русия ин шартномаро тасдиќ накард). 1870 – исёни Абдумаликтўра. 1870 – Эъзомияи Искандаркўл. 1873, 28-уми сентябр – имзои шартнома дар байни Русия ва Бухоро. 36 Савол ва супоришњо: 1) Дар бораи муњорибаи Чўпонато чї медонед? 2) Шањри Самарќанд чї тавр тањти назорати ќўшунњои Русия гузашт? 3) Муњорибаи Зирабулоќ кай, дар байни кадом ќуввањо ба амал омад ва бо кадом натиља анљом ёфт? 4) Шартномаи 23- юми июни соли 1868 дар байни Бухоро ва Русия чї гуна буд ва чаро аз тарафи подшоњи Русия тасдиќ нагардид? 5) Шўриши Абдумаликтўра бо чї маќсад оѓоз гардид ва бо кадом натиља анљом ёфт? 6) Дар бораи Эъзомияи Искандаркўл муфассалтар наќл кунед. 7) Мазмуни шартномаи 28-уми сентябри соли 1873 байни Русия ва Бухороро муфассалтар шарњ дињед. 8) Амалиё- ти љангии байни ќўшунњои Бухоро ва Русияро аз рўйи харита муайян кунед. 9) §§ 4, 5 ва 6-ро такрор намоед. 37 БОБИ З БА АМОРАТИ БУХОРО ЊАМРОЊ КАРДА ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРЌЇ §9. ЊУЉУМИ АВВАЛИ ЌЎШУНЊОИ АМИРИ БУХОРО Чаро Бухорои Шарќї мегўянд? Дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ ќаламрави имрўзаи Тољикистони Марказї ва Љанубї, яъне водињои Њисору Вахш, мулкњои Кўлобу Балљувон ва Ќаротегину Дарвоз ба њайати аморати Бухоро дохил мешу- данд. Бо сабаби дар ќисми шимолу шарќии Бухоро љойгир бу- дани мулкњои номбурда, онњоро дар ќатори мулкњои Ќаршї, Шањрисабз, Ѓузор, Китоб, Шеробод, Бойсун ва Дењнав дар ада- биёти илмї ба таври умумї Бухорои Шарќї меноманд. Баъзењо тањти ибораи Бухорои Шарќї танњо водии Њисору Вахш, мулкњои Кўлобу Балљувон ва Ќаротегину Дарвозро дар назар доранд. Ин мулкњо дар њайати давлатдории Бухоро на танњо то сарнагун шудани тартиботи амирї, балки дар њайати Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро њам монданд. Онњо танњо дар натиљаи таќсимоти њудуди миллии соли 1924 аз њайати давлатдории Бухо- ро баромада, ба ќисми таркибии Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Тољикистон дохил шуданд. Вазъи Бухорои Шарќї. Чунонки дар боло ишора шуд, дар сарзамини аморати Бухоро мулкњое ба монанди: Шањрисабз, Ки- тоб, Бойсун, Дењнав, Њисор, Ќаротегин, Дарвоз, Кўлоб ва ѓайра буданд, ки њокимони онњо худро мустаќил њисобида, ба њукумати амирї cap намефуроварданд. Мулки Ќўрѓонтеппа макони каш- макаш гардида, гоњ тобеи хони Ќундуз, гоњ Кўлобу Балљувон ва гоњ тобеи Њисор мешуд. Амирони манѓитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин сарзамин ба муќобили Шањрисабзу Китоб борњо њуљум карда, хуни зиёде рехтанд. Ин љангњои дуру дароз њуљуми ќўшунњои амири Бухоро – Насруллоро ба водињои Њисору Вахш ва дигар мулкњои канортари Бухорои Шарќї ба таъхир гузошт. Хони Ќўќанд Муњаммадалї (Мадалї) аз ин исти- фода карда, ба мулкњои Дарвозу Ќаротегин ва Кўлоб лашкар ка- шида, муддате Ќаротегину Файзободро зери итоати худ нигоњ дошт. Дар њамин давр њатто Обигарм њам худро мулки мустаќил мењисобид ва њокими он баъзан бо њокими Њисор мељангид. Ин 38 њама воќеањо аз он гувоњї медињанд, ки дар Бухорои Шарќї оромї вуљуд надоштааст. Мардум дар Бухорои Шарќї бештар бо кишоварзию чорводорї, дар нуќтањои калонтарини ањолинишин, ба монанди Кўлоб, Њисор, Ќаротоѓ, Регар, Дењнав ва ѓайра ќисме аз ањолї бо косибию њунармандї низ машѓул буданд. Бо ин мулкњо тољирони бухорої, ќўќандї ва афѓон робита доштанд. Онњо молњои овар- даашонро ба молњои мањаллї: пўст, писта, сангњои ќиматбањо, маснуоти њунармандию косибї ва ѓайра иваз менамуданд. Муо- милоти пулї танњо дар баъзе нуќтањои калонтарини ањолинишин љой дошт. Сабабњои њуљум. Амир Музаффарро бемуваффаќиятии амали- ёти љангии соли 1866 ба муќобили ќўшунњои рус ором нагузошт. Ў мехост, ки љойи мулкњои аздастдодааш (Хуљанд, Ўротеппа, Нов, Љиззах ва ѓайра)-ро аз њисоби мулкњои Бухорои Шарќї пур кунад. Аз ин сабаб ў охири њамон сол ба сўйи водии Њисор лаш- кар кашид. Албатта, муваффаќияти ин њуљум аз бисёр љињат ба мавќеи њокимони Китобу Шањрисабз вобастагї дошт, зеро њамон лањза њокимони Шањрисабз – Њакимбек (падари Бобобек) ва Ки- тоб – Љўрабек низ майли ба амири Бухоро итоат кардан надош- танд. Вале онњо дар пеши њуљуми ќўшунњои рус хусумати худро нисбат ба амир як сў гузошта, бо маќсади зарба задан ба душма- ни асосї – ќўшунњои њукумати подшоњии рус, муваќќатан бошад њам, бо амир якљоя амал карданро зарур њисобиданд. Бо њамин маќсад њокимони номбурда ба амир Музаффар изњори итоат намуданд, аммо амир ба садоќати онњо бовар на- дошт ва бо хар роњ маъзул намуданашонро меандешид, лекин амир барои чунин нияти худ њанўз љуръат намекард. Ба њар њол, аз садоќати рўякии онњо истифода карданї шуд. Оѓози њуљум ва оќибатњои он. Амир Музаффар охири соли 1866 Шањрисабзро ба такягоњи ќўшунњои худ табдил дода, ба во- дии Њисор њуљум кард. Ў ба душвории роњњои кўњї нигоњ накарда, њатто тўпњоро низ њамроњ гирифт. Баробари огоњї аз ин њаракати амир, дар мањалњои Бойсун ва Дењнав бо ташаббуси њокими Њисор Абдулкарим-додхоњ дастањои ихтиёрии ин мулкњо љамъ омаданд. Дар байни онњо њиссаи асосиро њисорињо ташкил медо- данд ва бо њамин сабаб њамаи он ќуввањои умумии зиддиамирї чун «њисорињо» ном бурда мешаванд. Бо даъвати Абдулкарим- додхоњ њокими Кўлобу Балљувон Сарахон (Сарабек) њам, ки ба- 39 ромадаш аз ќабилаи ќатаѓани Кўлоб буд, њамчун иттифоќчї бо ќўшунњои худ ба майдони муњориба њозир шуд. Ќўшунњои амир махсусан дар мавзеи Амоќсой њарбу зар- би сахт ташкил намуда, бар ќувваи њисорињо ѓалаба карданд ва баъди он ќалъаи Дењнавро ба муњосира гирифтанд. Муњосираи ќалъаи Дењнав, ки асосан аз тарафи њисорињо мудофиа карда ме- шуд, шаш рўз давом кард. Баъди забти он аскарони амир тамо- ми муњофизони ќалъаро ќатл ва худи ќалъаро бо хок яксон наму- данд. Сарбозони амир баъди маѓлубияти ќуввањои муттањидаи зиддиамирї дар Дењнав ба самти Шарќ, ба дохили водии Њисор њаракат карданд. Онњо ќалъањои Регар, Ќаротоѓ, Файзобод ва ѓайраро низ ба хок яксон намуданд. Абдулкарим-додхоњ ба назди иттифоќчии худ – њокими Кўлобу Балљувон– Сарахон гурехт, вале Сарахон барои њифзи мансаб ва љони худ Абдулкаримро њабс на- муда, ба амир супорид ва тамоми гуноњро ба гардани ў бор кар- да, љони худро нигоњ дошт. Дар натиља Абдулкарим-додхоњ ба њукми амир бо 20 нафар њаммаслаконаш дар Дарбанд ќатл кар- да шуд. Амир Музаффар баъди ин ѓалабањо дар Бойсун, Дењнав, Њисор ва Файзобод аз љумлаи содиќони худ њокимони нав таъйин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт, зеро аз сабаби тас- лим шудани Сарахон ба сўйи Кўлоб њаракат карданро зарур на- шуморид. Чунин њолат амирро то андозае хотирљамъ њам карда буд. Ў бовар дошт, ки њокимони боќимондаи Бухорои Шарќї ди- гар саркашї накарда, дар итоати ў боќї хоњанд монд. Сарчашма: С.Айнї вањшонияти амир Музаффарро њангоми њуљуми якум ба водии Њисор чунин тасвир намудааст: «Амир Музаффар дар мамлакати Бухоро хунрезиро аз њад гузаронд... Ваќте ки дар муњорибаи Дењнав њазор нафар асир афтод, дар пеши хаймаи худ њамаро cap аз тан људо кунонид. Мисли махмуре, ки барои нўшидани шароб тањолук меварзад, бо чашми худ рехтани хуни усароро тамошо карда, љаллодро ба суръат амр мефармуд. Дар ваќти куштани усаро, чун рўз бегоњ шуда, ѓуруби офтоб- ро як соат пеш фурсат намонда буд ва њол он ки усаро њанўз чор- сад нафар зинда буданд, амир ба Њайит ном љаллод амр фармуд, 40 ки «то ѓуруби офтоб бояд кори њамаро тамом намойї, вагарна, худат дар маърази ќатл хоњї омад». Њайити љаллод баъд аз амри ќатъї дар фурсати як соат њамаро cap аз тан људо кард». (Ниг.: Айнї С. Таърихи амирони манѓитияи Бухоро. Куллиёт, љилди 10, с.42 – 43). Санањои муњим: To охири солњои 70-уми асри XIX – мављудияти ниммустаќилии мулкњои Бухорои Шарќї. Охири соли 1866 ва аввали соли 1867 – њуљуми аввали амири Бухоро ба водии Њисор. Савол ва супоришњо: 1) Чаро Бухорои Шарќї мегўянд ва ба он кадом мулкњо до- хил мешуданд? 2) Вазъи мулкњои Бухорои Шарќї дар замони то ба аморати Бухоро њамроњ шудан чї гуна буд? 3) Сабабњои ба Бухорои Шарќї њуљум кардани амири Бухоро – Музаффар- ро дар чї мебинед? 4) Њуљуми аввали амир Музаффар ба во- дии Њисор кай оѓоз гардид ва бо чї анљом ёфт? 5) Оќибатњои њуљуми аввали амир Музаффар ба водии Њисор ва вањшонияти ўро муфассалтар шарњ дињед. 6) §§ 1, 7, 8 - ро такрор кунед. §10. ТОБЕИ АМОРАТИ БУХОРО ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРЌЇ Таслим шудани Њисор, Кўлоб, Балљувон ва водии Вахш. Солњои 1868–1870 барои амир Музаффар давраи хеле душвор буд, зеро соли 1868 – соли шикаст дар муњориба бо ќўшунњои Ру- сия дар Чўпонато ва Зирабулоќ, аз даст рафтани Самарќанд, им- зои шартномаи барояш вазнин бо Русия, нињоят, исёни писараш – Абдумаликтўра ва ѓайра ба њисоб мераванд. Њангоми шўриши Абдумаликтўра якчанд њоким аз итоат ба амир саркашї наму- данд. Масалан, њокими Кўлобу Балљувон – Сарахон аз ў рў гар- донда, майл ба исён карда буд. Њокими нави Њисор њам њамин гуна мавќеъро ишѓол мекард. Амир Музаффар соли 1870, баъди он ки ќўшунњои Ру- сия шўриши Абдумаликтўраро саркўб намуданд, Китобу Шањрисабзро тобеъ намуда, ба сўйи водии Њисор лашкар ка- шид. Њамроњи ў ќўшбегї Яъќуббек њам буд. Дар ин сафари 41 њарбї сарбозони амир сараввал дастањои њарбии беки Шеробод Остонаќулбий ва њокими нави Дењнав Улуѓбекро шикаст дода, ба Њисор наздик шуданд. Дар ин сарзамин љанг 15 рўз давом кард. Ѓалаба насиби ќўшунњои амир гардид ва онњо ашхоси бисёреро cap буриданд. Шумораи танњо њисорињои ќатлшуда ба 5 њазор нафар расида, водї ба харобазор табдил ёфт. Баъд аз ѓалаба бо њукми амир Музаффар таќрибан ду њазор зан ва тифли бегуноње, ки ба даст афтода буданд, дар њавзе андохта, берањмона ѓарќ карда шуданд. Бо њамин тарз амир Музаффар водии Њисорро пурра тобеи худ гардонид. Бедодгарињои амир Музаффар дар водии Њисор тарсу вањми њокими Кўлобу Балљувон – Сарахонро зиёд намуд. Водии Вахш – мулкњои Ќўрѓонтеппаю Ќубодиён низ зери итоати ў буд. Амир соли 1870 ба муќобили Сарахон, ба сўйи Кўлоб дастањои махсус- ро бо сарварии ќўшбегї Яъќуббек равон кард. Сарахон бовар дошт, ки барои муќобилат ќуввааш нокифоя буда, пас аз маѓлубият љон ба саломат нахоњад бурд. Бинобар ин ў аз мубориза даст кашида, ба Афѓонистон фирор намуд. Дар натиља, Яъќуббек бе њеч муњориба мулкњои Кўлоб, Балљувон, Ќўрѓонтеппа ва Ќубодиёнро ба зери тасарруфи њукумати амирї даровард. Забти Ќаротегин ва Дарвоз. Амалиёти минбаъдаи ќўшунњои амирї ба забти Ќаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Ин мулкњо ниммустаќилияти буда, баъзан боиси кашмакаши бай- ни аморати Бухоро ва хонии Ќўќанд мегардиданд. Аз соли 1870 то соли 1876 њокими Ќаротегин Рањимхон, писари барода- ри калонии амир Музаффар –Муќимхон буд. Ў мустаќилияти Ќаротегинро мехост. Амир соли 1876 Рањимхонро ба Бухоро даъ- ват карда, каме дертар ба љойи ў амакбачаи худи Рањимхон – Са- идхонро фиристод. Саидхон нисбат ба амир содиќ ва тарафдори тобеияти Ќаротегин ба Бухоро буд, вале мардуми Ќаротегин ома- дани Саидхонро хуш напазируфтанд ва аз амир баргардонидани Рањимхонро талаб карданд. Саркашии мардуми Ќаротегин боиси воњима ва ташвиши амир Музаффар гардид. Губернатори њарбии вилояти Фарѓона ге- нерал Скобелев чунин вазъияти ўро пай бурда, ба сўйи Ќаротегин ва Бадахшон фиристодани эъзомияи махсусро тезонид. Ин эъзо- мия охирњои моњи июл ва аввали августи соли 1876 ба роњ ба- ромад. Маќсади ин тадбир дар мањалњои роњи Помир, махсусан, 42 ба мардуми Ќаротегин нишон додани иќтидори њарбии хукума- ти подшоњї ба њисоб мерафт. Дар њайати эъзомия бо маќсади рўпўш намудани ниятњои дар боло зикршуда, дар ќатори њарбиён ба он олимони љуѓрофия, нуљум ва табиатшинос: Л.Ф.Костенко, В.Ф.Ошанин, А.Р.Бонедорф ва дигарон низ дохил буданд. Амир Музаффар аз чунин амалиёти саркардагони њарбии рус рўњбаланд гардида, нисбат ба масъалаи Ќаротегин боз њам ќатъитар амал кард. Ў соли 1877 Саидхонро аз Ќаротегин ба Бу- хоро даъват карда, худи њамон сол Рањимхонро ба ќатл расонид ва ба Ќаротегин чун њоким Худойназар атолиќро фиристод. Дар натиљаи ин амалиёт Ќаротегин бе љанг пурра ба ќатори мулкњои Бухоро дохил карда шуд. Баъди њалли таќдири Ќаротегин масъалаи Дарвоз ба миён омад. Иљрои он ба уњдаи њоким – беки Ќаротегин Худойназар гу- зошта шуда буд. Ў соли 1877 ба сўйи Дарвоз бори аввал (ибо- рат аз 150 нафар) лашкар кашид, вале шикаст хўрд. Худойна- зари маккор бо фиреб шоњи Дарвоз Сирољиддинро, гўё барои мулоќот бо амир Музаффар, ба Шањрисабз фиристода, дар он љо ба асорат гирифтор намуд. Чунин маккории Худойназар ѓазаби мардуми Дарвозро боз њам зиёдтар намуд ва онњо ин дафъа њам ба ў муќобилати сахт нишон дода, ќўшунњои якунимњазорна- фараашро торумор карданд. Яъне мардуми диловару озодихоњи Дарвоз ду њуљуми Худойназарро мардонавор зада гардониданд. Амир Музаффар аз бемуваффаќиятии љангњо дар Дарвоз ва хавфи оѓози шўришро дар дигар мулкњои тобеаш пай бурда, зуд ќувваи зиёдеро ба муќобили он фиристод. Ба ин ќуввањо боз Худой- назар сарварї мекард. Ин њуљуми сеюми ў буд. Онњо бањори соли 1878 ќалъаи хеле мустањками Кафтар- хона ва баъд Ќалъаи Хум- бро забт намуданд. Бо ња- мин мулки Дарвоз њам ба ќисми таркибии аморати Бухоро табдил ёфт. Њамин тавр, дар муд- дати солњои 1866-1878 мулкњои ниммустаќили Бухорои Шарќї (ѓайр аз Намои умумии ќалъаи Њисор (расми соли 1894) 43 мулкњои кўњии Бадахшон) тобеи њукумати амирии Бухоро гарди- данд. Идора кардани мулкњои тобеъшуда. Барои осон гардонида- ни идоракунии мулкњои Бухорои Шарќї он ба бекигарињои зе- рин: Балљувон, Бойсун, Дарвоз, Дењнав, Кўлоб, Шеробод, Юрчї, Њисор, Ќаротегин, Ќубодиён ва Ќўрѓонтеппа таќсим карда шуд. Њар кадоми ин бекигарињо аз љумлаи шахсони ба амир наздик ва содиќ њокими худро дошт. Аз љумла дар Балљувон Саидниёзи киикчї, дар Кўлоб Наљмиддинхоља, дар Ќаротегин Худойназар ва ѓайра бек–њоким таъйин шуда буданд. Вале бо сабаби аз мар- кази аморат – шањри Бухоро хеле дур будан ва мушкилии идора- кунии ин диёр амир ба яке аз њокимони бонуфузи он њуќуќи ва- сеи назорат ва идоракунии умумиро дода буд. Аввалин шуда ба чунин марњамати амир беки Њисор Яъќуббек ќўшбегї сарфароз гардид. Ба зери тасарруфи њукумати амирї даромадани мулкњои ниммустаќили Бухорои Шарќї ањволи мардуми ин диёрро бењтар накард, баръакс, дар ин сарзамини навзабтшуда аз рўзњои аввал бедодгарї ба дараљаи олї расид. Вале бояд эътироф намуд, ки дар натиљаи ба аморати Бухоро њамроњ карда шудани мулкњои паро- канда ва ниммустаќили Бухорои Шарќї ин диёр низ дар ќатори тамоми сарзамини аморат оњиста-оњиста ба муносибатњои молию пулї кашида шуд. Намои умумии ќалъаи Њисор (расми соли 1894) 44 Сарчашма: Капитани Ситоди кулли ќўшунњои Русия Статкевич соли 1894 натиљаи љангњои харобиовари амир Музаффарро дар Бухорои Шарќї чунин тасвир кардааст: «Ба ќавли сокинони ин мањалњо, таќрибан чил сол ќабл аз ин водии Ширкент аз Дарбанд то Регар ва кўњистони Ќаротоѓ њама боѓу чаманзор буд, аммо дар ваќти љангњои дохилї, ки бо тобеъ шудани Регар ба амири Бухоро анљом ёфтанд, ба вайроназор мубаддал гардид ва дигар рўйи бењбудиро нахоњад дид... фаќат ба боѓњои атрофи бозори Регар даромада ди- дем, ки ѓайр аз харобазор чизе нест ва шањр як дењачаи бозорист, деворњои гилии нимвайрона масоњати васеи чоргўшаеро ињота карда, даромадгоњи он, ки аз дарвозаи бурљнок аст, ба ботлоќ табдил ёфтааст». (Пора аз китоби: Ѓафуров Б. Тољикон. Китоби 2. - С. 179). Санањои муњим: 1870 – њуљуми дуюми амир Музаффар ба водии Њисор. Ба аморати Бухоро таслим шудани Њисор, Кўлоб, Балљувон ва во- дии Вахш. 1875 – бо ташаббуси губернатори њарбии Фарѓона Скобе- лев ба сўйи Ќаротегин ва Бадахшон фиристода шудани эъзоми- яи махсус. 1876 – тобеи аморати Бухоро гардидани Ќаротегин. 1877 – њуљуми якум ва дуюми Худойназар ба Дарвоз. 1878 – њуљуми сеюми Худойназар ба Дарвоз ва тобеи аморати Бухоро карда шудани он. Савол ва супоришњо: 1) Њуљуми дуюми амир Музаффар ба Њисор кай ба амал омад ва он чї натиља дод? 2) Мулкњои Кўлоб, Балљувон, Ќўрѓонтеппа ва Ќубодиён чї тавр тобеи амири Бухоро карда шуданд? 3) Аз тарафи губернатори њарбии вилояти Фарѓона бо кадом маќсад ба сўйи Ќаротегин ва Бадахшон эъзомияи мах- сус ташкил карда шуд? 4) Ќаротегин чї тавр тобеи амири Бу- хоро гардид? 5) Худойназар кї буд ва ў бо кадом роњ Дарвоз- ро тобеи Бухоро намуд? 6) Тарзи идоракунии мулкњои Бухорои Шарќиро баъди ба њайати аморати Бухоро дохил шуданашон фањмонед. 7) §§ 1 ва 9-ро такрор кунед. 45 БОБИ 4 АНЉОМИ ИСТИЛОИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ A3 ТАРАФИ РУСИЯ §§ 11-12. ШЎРИШИ СОЛЊОИ 1873 - 1876 ВА БАРЊАМ ДОДА ШУДАНИ ХОНИИ ЌЎЌАНД Сабаб ва бањонаи шўриш. Барои ба вуљуд омадани ин шўриш якчанд омил мављуд буд. Пеш аз њама, як ќисми марду- ми Ќўќанд аз имзои шартнома бо Русия (13-уми феврали соли 1868) норозї буданд, зеро мувофиќи он, на танњо аз даст рафта- ни мулкњои забтнамудаи ќўшунњои Русия эътироф карда мешуд, балки хонии Ќўќанд њам ба мустамликаи Русия табдил ёфт. Би- нобар ин, аз шартнома онњое, ки истиќлоли хонии Ќўќандро ме- хостанд норозї буданд. Аз шартномаи мазкур тољирони ќўќандї њам норозї буданд. Онњо минбаъд дар тиљорати байни Русияю Ќўќанд аз ќаламрави генерал – губернатории Туркистон берун фаъолият карда наметавонистанд. Омили дигар ва асосї он аст, ки дар натиљаи љангњои мансабхоњонаи Худоёрхону Маллахон ва набардњо бо Русия ха- зинаи хонї холї гардид. Дар натиљаи аз ихтиёри хонии Ќўќанд баромадани ќисми зиёди сарзамини он, ки ба генерал–губернато- рии Туркистон тобеъ шуданд, даромади хазина хеле махдуд гар- дид. Минбаъд даромади хазина харољотро пўшонида наметаво- нист. Бинобар ин, дар хонигарї њаљм ва навъи андозњо нисбатан афзуд. Илова ба њамаи ин, њангоми муайян намудани њаљми ан- доз ва ситонидани он амалдорони мањаллї ба худсарињои зиёд роњ медоданд. Њамаи ин хашму ѓазаби халќи зањматкашро зиёд намуд. Бањонаи асосии шўриш барои чорпо зиёд ситонидани ан- доз – закот ба њисоб меравад. Оѓоз ва рафти шўриш. Шўриш аввали бањори соли 1873, пеш аз њама, дар байни мардуми ќирѓиз сар шуд, зеро яке аз сарва- рони шўриш будани Пўлодхон (миллаташ ќирѓиз, писари мудар- риси Оќмадрасаи Марѓелон, номи аслиаш Мулло Исњоќ Мул- ло Њасан-ўѓли) онњоро рўњбаланд намуд. Аз ин рў ќирѓизњо ав- валин шуда ба майдон баромаданд. Шўриш ба зудї мањаллањои гуногунро фаро гирифт. Дар он баробари ќирѓизњо, ўзбекњо ва тољикон низ фаъолона иштирок доштанд. Шўриш аз моњи июли 46 соли 1873 хусусияти мусаллањона гирифт. Дар рафти шўриш ба он ќуввањои гуногун њамроњ гардиданд. Махсусан, аз моњи июли соли 1875 ба шўриш пайвастани дастањои Абдурањмон-офтобачї ањамияти махсус дошт. Он ба шўришгарон рўњияи тоза бахшид. Абдурањмон-офтобачї (писари Мусулмонќул ном шахс, ки аз тарафи хони Ќўќанд Худоёрхон ќатл карда шудааст) то соли 1875 ба яке аз ќисмњои аскарони хонї сарварї мекард ва дар саркўб кардани шўришњо борњо иштирок карда буд. Вале соли 1875 ба муќобили хони Ќўќанд – Худоёрхон суйиќасд ба вуќўъ омад ва Абдурањмон-офтобачї њамроњи писари калонии Худоёрхон – Нас- риддинбек иштирокчии фаъоли он буданд. Баробари ба тарафи шўришгарон гузаштани суйиќасдчиён давраи дуюми шўриш оѓоз мешавад. То њамон лањза Пўлодхон роњбари асосии шўришгарон буд. Минбаъд ба шўриш Пўлодхон ва Абдурањмон-офтобачї бо њам сарварї карданд. Онњо Ўш, Намангон, Андиљон, Ассака ва Олтиариќро ишѓол намуда, бевосита ба худи Ќўќанд тањдид ме- карданд. Писари дуюми Худоёрхон Муњаммад Аминбек низ бо дастањои худ ба шўриш њамроњ шуд. Вазъияти Худоёрхон хеле мураккаб гардид. Вай роњи ягонаи халосиро дар ёрї хостан аз генерал-губернатори Туркистон ме- дид, вале баробари ба шањри Тошканд расидани мурољиати Ху- доёрхон, худи ў њам 22-юми июли соли 1875 бо наздиконаш аз Ќўќанд баромада, ба воситаи Хуљанд ба Тошканд омада, худро ба њимояи њукумати подшоњї гирифт. Баъди ин гурўњи Абдурањмон- офтобачї на Пўлодхон, балки писари хони гуреза – Насриддин- бекро хон эълон карданд. Мувофиќи баъзе маълумот, Насрид- динбек барои ба тарафи худ кашидани Абдурањмон-офтобачї ба ў 50 њазор тангаи тилло додааст. Моњи июли соли 1875 Насриддинбек ва Абдурањмон- офтобачї дар мактуб ба генерал-губернатори Туркистон идо- ма додани муносибати дўстиро пешнињод карданд. Дар љавоб генерал-губернатор таъкид намуд, ки њокимияти Насриддинбе- кро ба шарте ба расмият мешиносад, ки ў тамоми бандњои шар- тномаи бо Русия имзонамудаи Худоёрхонро эътироф намояд. Шўриш њанўз идома дошт ва ноњияњои нав ба навро фаро ме- гирифт. Аз рўйи баъзе маълумот, аввали августи соли 1875 шу- мораи иштирокчиёни шўриш то ба 15 – 16 њазор нафар расид. Шўришгарон Новро ишѓол намуда, роњи алоќаи Ўротеппаю Хуљандро буриданд. 47 Дар санаи 7-уми августи соли 1874 Кауфман ба муќобили шўришгарон ќувваи бузургеро сафарбар кард. 22-юми август муњорибаи сахттарини назди ќалъаи Мањрам ба вуќўъ омад, ки бо маѓлубияти шўришгарон анљом ёфт. Кауфман баъди ишѓоли ќалъаи Мањрам аз шўришгарон талаб кард, ки муќобилатро бас карда, чун товони љанг ба фоидаи хазинаи подшоњї 40 њазор тан- гаи нуќра ё худ 10 њазор тангаи тилло супоранд. Инро аксари сар- варони шўриш рад карданд, вале Насриддинбек 22-юми сентяб- ри њамон сол пинњонї аз шўришгарон бо Кауфман шартнома имзо кард. Мувофиќи он, Насриддинбеки хоин на танњо хизмат- гори содиќи њукумати подшоњї буданашро эътироф кард, балки соњилњои рости дарёи Сирро низ бо шањрњои Намангон ва Чуст ба фоидаи Русия вогузошт. Инчунин, ў розї шуд, ки ба фоидаи хазинаи њукумати подшоњї ќариб 2 млн сўм товони љанг супорад. Рафтори хоинонаи Насриддинбек ѓазаби нави шўришгаронро ба вуљуд овард ва онњо минбаъд муборизаро ба муќобили хони нави хоин ва атрофиёнаш равона карданд. Бо ин давраи сеюми шўриш оѓоз ёфт. Охирњои моњи сентябр шумораи шўришгарон то ба 60 – 70 њазор нафар расид. Шўришгарон ба љойи Насриддин- бек Пўлодхонро хони Ќўќанд эълон карданд. Пўлодхон Ассака- ро пойтахти худ эълон кард. Дар санаи 9-уми октябри соли 1875 шўришгарон Ќўќандро ишѓол намуданд. Насриддинбек гурехт. Пўлодхон моњи де- кабр ќароргоњи худро аз Ассака ба Марѓелон овард. Муњорибаи минбаъда, ки асосан бар зидди аскарони рус идома дошт, ба шўришгарон талафоти зиёде овард. Чунончи, 8-уми январи соли 1876 дар муњориба – мудофиаи Андиљон ќариб 20 њазор нафар шўришгарон ќурбон шуданд. Дар чунин лањзањои душвор як ќисми сарварони шўриш, аз он љумла Абдурањмон-офтобачї ба воњима афтода, бо саркардањои њарбии рус пинњонї гуфтушу- нид карданд. Пўлодхон њанўз њам муќобили њар гуна созиш ва тарафдори идома додани мубориза буд. Ў ба Учќўрѓон рафта, ният дошт, ки аз Ќаротегин ќувваи нав сафарбар намояд, вале шаби 27-ум ба 28-уми январи њамон сол аскарони рус ба манзили Пўлодхон зада даромаданд. Худи ў гурехта бошад њам, ба зудї дастгир шуд. Моњи марти њамон сол Пўлодхонро дар майдони бозори Марѓелон бо њукми суди њарбии рус ба дор овехтанд. Ди- гар сарварони шўриш низ бо усулњои гуногун љазо дода шуданд. Њукумати подшоњї аз мардуми Ќўќанд чун товони љанг 3 млн сўм 48 талаб кард. 19-уми феврали соли 1876 бо ризояти подшоњи Русия Алек- сандри II ва бо супориши генерал-губернатори Туркистон Кауф- ман хонии Ќўќанд барњам дода шуд. Ба љойи он дар њайати гене- рал – губернатории Туркистон боз як вилояти нав – Фарѓона таш- кил ёфт. Губернатори њарбии вилояти нав генерал М.Д.Скобелев таъйин гардид. Њамин тавр, шўриши калонтарини мардуми водии Фарѓона шикаст хўрд. Он аз љињати хусусият халќї буда, дар аввал асо- сан, ба муќобили зулму истибдоди хонї ва минбаъд ба муќобили ниятњои мустамликадоронаи њукумати подшоњї нигаронида шуда буд. Њукуматдорони подшоњї натиљаи онро ба фоидаи Ру- сия њал намуданд. Сарчашма: Академик Бобољон Ѓафуров вазъи хонигарии Ќўќандро то оѓози шўриш чунин тасвир намудааст: «Њукуматдорони подшоњї дар Петербург ва Тошканд аз њукмронии давлати хонии Ќўќанд њамеша изњори хурсандї ва ќаноатмандї мекарданд. Ин аст, ки Худоёрхонро ба ивази нармию хушмањзарї ва гузаштњояш нис- бат ба талабњои империяи Русия борњо бо нишону унвонњои ифтихорї ва ташаккурномањои «Аълоњазрат» сарфароз гардо- нида буданд». Њол он ки вазъи худи хонигарї хеле ноором буд. Њуљљатњои мављуда «аз мавриди тањќир ќарор гирифтани одамо- ни мењнаткаш, вањшонияти политсия, андозу хирољњои зиёде, ки њатто «барои хори дар биёбон рўйида, дарахтони аз кўњ оваран- да, барои най, барои золуи аз кўл љамъкунанда ва ѓайра месито- ниданд», гувоњї медињанд. (Ниг.:Ѓафуров Б. Тољикон. Китоби 2 - С. 172-173). Санањои муњим: 1868, 13-уми феврал – шартномаи байни Русия ва хонии Ќўќанд. 1873, аввали бањор – оѓози шўриш дар хонии Ќўќанд. 1874, июл – хусусияти мусаллањона гирифтани шўриш. 1875, 22-юми июл – Худоёрхон баъди огоњї аз суйиќасд ба Тошканд гурехт. Пас аз он Насриддинбек худро хон эълон кард. 1875, 7-уми август – генерал-губернатори Туркистон барои 49 саркўб кардани шўриш ќувваи бузурге фиристод. 1875, 22-юми август – муњорибаи шадидтарини назди ќалъаи Мањрам. 1875, 22-юми сентябр – Насриддинбек пинњонї бо Кауфман шартнома имзо кард. 1875, 9-уми октябр – шўришгарон Ќўќандро ишѓол карданд. 1876, 8-уми январ – маѓлубияти шўришгарон дар муњориба. Мудофиаи Андиљон аз ќўшунњои Русия. 1876, 19-уми феврал – шикаст хўрдани шўриш. Барњам дода шудани хонии Ќўќанд. Савол ва супоришњо: 1) Сабабњои шўриши соли 1873–1876 дар хонии Ќўќанд кадомњоянд? 2) Оѓоз ва рафти шўришро шарњ дињед. 3) Сар- варони шўриш кињо буданд? 4) Чаро Худоёрхон ба Тошканд гурехт? 5) Чаро њукуматдорони подшоњии Русия саркўб наму- дани шўриши Ќўќандро зарур шумориданд? 6) Чаро Насрид- динбек ба тарафи шўришгарон гузашт? 7) Хонии Ќўќанд кай барњам дода шуд? 8) Шўриши соли 1873–1876 дар хонии Ќўќанд аз љињати хусусият чї гуна буд? 9) §§ 4-5 ва 6-ро такрор намоед. §13. ЗАБТИ ХОНИИ ХЕВА ВА МУЛКЊОИ ТУРКМАННИШИН Истилои Хева. Амалиёти асосии ќуввањои њарбии Русия дар Осиёи Марказї минбаъд барои забти хонии Хева нигаронида шуда буд. Барои рўњан мањв намудани аскарони хонї артиши њарбии Русия бањори соли 1873 ба муќобили он якбора аз се самт: аз самти Тошканд ба воситаи Љиззах (бо сарварии генерал-майор Головачёв – 4600 нафар), аз самти Оренбург, ба воситаи ќалъача (форт)-и Эмбин (бо сарварии генерал-лейтенант Верёвкин – 3400 нафар) ва аз самти Красноводск (отрядњои ќафќозї бо сарварии полковник Маркозов – 4300 нафар), њамагї бо теъдоди 12 њазор нафар бо сарварии умумии К.П. Кауфман ба њуљуми васеъ гузаш- танд. Миёнаи моњи майи соли 1873 ќўшунњои подшоњї дар ќаламрави хонї амалиёти љангї анљом медоданд. 28-уми май барои шањри Хева љангњои сахттарин ба вуќўъ омад. Хони Хева Саид Муњаммад Рањими II аз Кауфман сулњ та- 50 лабид. 12-юми июн бо фармони Кауфман амалиёти љангї дар ќаламрави хонї ќатъ гардид. 12-уми августи њамон сол бай- ни Русия ва Хева шартномае иборат аз 18 банд имзо гардид, ки мувофиќи он, хони Хева аз пешбурди мустаќилонаи сиёсати хориљї бо давлатњои њамсоя мањрум шуда, тобеи Русия гардид ва бояд чун товони љанг ба хазинаи подшоњї 2 млн 200 њазор сўм месупорид. Аз заминњои хонї соњилњои pocти дарёи Ому ба их- тиёри Русия гузашт. Дар ин ќисм шуъбаи Омударё бо марказ дар Петро-Александровск (њоло шањри Турткўл) ташкил ёфт ва он ба њайати вилояти Сирдарёи генерал – губернатории Туркистон дохил карда шуд. Инчунин хони Хева вазифадор гардид, ки дар ќаламрави мамлакати худ ба харидуфурўши одам ва ѓуломдорї хотима дињад, барои фаъолияти тољирони Русия тамоми шароит- ро муњайё намояд. Њангоми њуљуми ќўшунњои рус ба муќобили хони Хева ами- ри Бухоро Музаффархон на танњо ин амалиётро шартномае тарафдорї кард, балки ба ќўшунњои рус амалан кумак расо- нид. Чунин рафтори содиќонаи амир ба амалдорони њукумати подшоњї хеле писанд афтод. Бинобар ин њукумати подшоњї мањз чунин садоќати амирро ба эътибор гирифта, ба ивази он мулкњоеро, ки аз њисоби аморат ба ихтиёри Русия гузашта буд, ба ихтиёри амири Бухоро дод. Њамчунин заминњои Чорљўйро аз хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро вогузор кард. Забти мулкњои туркманнишин. Дар сиёсати ишѓолгаронаи њукумати подшоњї дар Осиёи Марказї баъди њалли таќдири хо- нии Ќўќанд масъалаи забти сарзамини ќабилањои туркман ба миён омад. Аммо тадбирњои њукуматдорони подшоњии Русия оид ба ин масъала нисбатан пештар оѓоз ёфта буд. Чунончи, њанўз соли 1869 ќўшунњои ќафќозї бо сарварии полковник Н.Г. Столетов аз бандари Петровский (Махачќалъаи њозира) бањри Хазар (Ка- спий) гузашта, ба димоѓаи Муравёвск фуромаданд. Ин воќеаро оѓози забти сарзамини ќабилањои туркман аз тарафи ќўшунњои Русия њисобидан мумкин аст. Онњо дар ин љо шањри Красновод- скро бунёд намуданд, ки он минбаъд ба яке аз марказњои асо- сии њарбии Русия барои забти Хева ва замини ќабилањои турк- ман табдил ёфт. Моњи марти соли 1874 њукумати подшоњї «Ни- зомномаи муваќќатии идораи њарбии кишвари Моварои Хазар (Закаспий)»-ро тасдиќ намуд. Дар асоси ин њуљљат дар сарзамини шарќии бањри Хазар то дарёи Атрак ва дар љануб то сарњади хо- 51 нии Хева шуъбаи Моварои Хазар бо марказ дар Красноводскро таъсис дода, ба ихтиёри волии Ќафќоз супориданд. Њамон замон ба њайати он шуъба приставњои Манќишлоќ ва Красноводск до- хил шуданд. Минбаъд шуъбаи Моварои Хазар ба маркази асосии ќуввањои ба сарзамини ќабилањои туркман њуљумкунандаи њукумати подшоњї табдил ёфт. Аввали моњи майи соли 1877 отряди ге- нерал Н.Ломакин Ќизиларбатро ишѓол кард, вале бо сабаби аз истењкоми асосї дур будан онро зуд тарк намуд. Онњо соли 1878 дар соњили Атрак истењкоми Чатраро бунёд намуда, моњи ав- густ Ќизиларбатро дубора ишѓол карданд, вале 28-29-уми август аскарони рус дар љангњои шадидтарини назди Кўктеппа шикаст хўрда, аќиб нишастанд. Баъди ин сарвари Ќўшунњои рус дар Мо- варои Хазар М.Д. Скобелев таъйин шуд. 12-уми январи соли 1881 дар натиљаи љангњои шадиди серўза ќалъаи Данглитеппа, баъд Кўктеппа, 18-уми январ Ашќобод забт гардид. Моњи майи њамон сол шуъбаи Моварои Хазар ба вилоят табдил ёфт, ки ба он та- моми заминњои аз њисоби кишвари туркманњо забтгардида дохил мешуд. Бо њамин муќобилати сахттарини яке аз ќабилањои бону- фузтарини туркман – тегинњо бартараф карда шуд. Бо ќўшунњои рус асосан њамин ќабила мељангид. 1-уми январи соли 1884 дар воњаи Марв барои маслињат куњансолони ќабилањои дигари туркман: вакил, сичмаз, бек ва боњї љамъ шуданд. Дар ин љамъомад онњо таќдири минбаъдаи мулки худро баррасї карданд. Нињоят, моњи марти њамон сол ќабилањои забтнашудаи туркман дар назди ќуввањои њарбии њукумати подшоњї маљбур шуданд, ки ба њайати Русия дохил шу- дани мулки худро эътироф кунанд. Вале яке аз нуќтањои бањснок – воњаи туркманнишини Пандин (Панљдењ) буд, ки ба он, чи афѓонњо (бо иѓвои англисњо) ва чи русњо даъво доштанд. Худи њамон сол бо дастгирии англисњо отряди афѓонњо ноњияи Кушка ва Пандинро ишѓол карданд. Моњи марти соли 1885 ќўшунњои рус бо фармондењии сар- дори вилояти Моварои Хазар А. В. Комаров ќўшунњои афѓонро аз минтаќаи Пандин дур андохта, 18-уми март Кушкаро забт намуданд. Дар натиљаи ихтиллоф на муносибати туркманњою афѓонњо, балки муносибати русњою англисњо муташанниљ гардид ва он ќариб ба љанг оид шуд, вале ташаббусро дипломатњои тара- файн ба даст гирифтанд. 10-уми сентябр дар байни Русия ва Ан- 52 глия шартнома имзо гардид ва барои дар љануб муайян намуда- ни сарњад комиссияи махсус ташкил карда шуд. Соли 1887 дар натиљаи корњои тўлонї дар ин минтаќа аз дарёи Ому то њудуди давлати Эрон марзњои нуфузии байни Русияю Англия муайян гардид. Мувофиќи он, мулкњои бањсталаби номбурда дар ихтиё- ри Русия монданд. Њамин тавр, сарзамини ќабилањои туркман низ аз тара- фи ќуввањои њарбии Русияи подшоњї истило карда шуд. 26-уми декабри соли 1897 идоракунии вилояти Моварои Хазар ба ихтиё- ри генерал–губернатории Туркистон гузашт. Сарчашма: Академик Бобољон Ѓафуров сабабњои ба муќобили хонии Хева њуљум кардани ќўшунњои Русияро чунин шарњ медињад: «Пас аз он ки дар миёни давлатњои Британия ва Русия дар боба- ти таќсими доираи нуфуз созиш ба амал омад, њуљуми ќўшунњои подшоњї ба Хева шурўъ шуд. Ташаббускор ва ташкилкунандаи фаъоли юриши нави ишѓолкорона К.П.Кауфман буд, ки дар ама- лиёти худ аз њукумати подшоњї комилан тарафдорї медид. За- рурати «љазо додани» давлати хонї барои ањдшиканињое, ки аз ваќти куштори њайати сафорати Бекович-Черкасский дар соли 1717 зоњир мегардид, барои њамла ба корвони тољирони рус, барои «муносибати беэњтиромона» нисбат ба намояндагони генерал- губернатори Туркистон ва амсоли инњо њамчун бањонаи ин юриш ба ќалам дода шуданд. Аммо асли маќсади ин юриш њамон саъю кўшиши доирањои њукмрони империяи Русия дар роњи васеъ кар- дани бозори фурўш ва ба даст даровардани манбаъњои нави ма- води хом буд». (Ниг.:Ѓафуров Б. Тољикон. Китоби 2 - С.171). Санањои муњим: 1868 – ќўшунњои ќафќозї бањри Хазарро гузашта, ба димоѓаи Муравёвск фуромаданд. 1873, бањор – ба муќобили хонии Хева ба њуљуми васеъ гузаш- тани ќўшунњои Русия. 1873, 12-уми июн – бо фармони Кауфман амалиёти љангї дар ќаламрави хонии Хева ќатъ гардид. 1873, 12-уми август – байни Русия ва Хева шартнома имзо шуд. 53 1873, март – њукумати подшоњии Русия «Низомномаи муваќќатии идораи њарбии кишвари Моварои Хазар (Закаспий)»- ро тасдиќ намуд. 1873, май – Ќизиларбатро бори аввал забт кардани ќўшунњои Русия. 1874, август – Ќизиларбатро дубора забт намудани ќўшунњои Русия. 1875, 28-29-уми август – љанги шадидтарин дар Кўктеппа ва шикасти ќўшунњои Русия. 1881, январ – аз тарафи ќўшунњои Русия забт карда шудани Данглитеппа, Кўктеппа ва Ашќобод. 1881, май – шуъбаи Моварои Хазар ба вилоят табдил ёфт. 1884, 1-уми январ – љамъомад дар Марв 1885, март – задухўрди байни ќўшунњои русу афѓон дар Панљдењ (Пандин) 1885, 18-уми март – Кушкаро забт намудани ќўшунњои Русия. 1885, 10-уми сентябр – имзои шартнома дар байни Русия ва Англия. 1887 – марзњои нуфузии байни Русияю Англия аз дарёи Ому то њудуди давлати Эрон муайян гардид. 1897, 26-уми декабр – идоракунии вилояти Моварои Хазар ба ихтиёри генерал-губернатори Туркистон гузашт. Савол ва супоришњо: 1) Ќўшунњои Русия аз кадом самтњо ба муќобили хонии Хева њуљум намуданд? 2) Њуљуми ќўшунњои Русия ба муќобили хонии Хева бо чї анљом ёфт? 3) Шартномаи 12-уми августи соли 1873-ро, ки дар байни Русия ва хонии Хева имзо гарди- дааст, шарњ дињед. 4) Њангоми хуљуми ќўшунњои Русия ба муќобили Хева мавќеи амири Бухоро чї гуна буд? 5) Забти сарзамини ќабилањои туркман аз тарафи ќўшунњои Русия кай оѓоз гардид? 6) Дар кадом нуќтањои сарзамини ќабилањои турк- ман муњорибањои шадидтарин ба амал омаданд? 7) Маќсади љамъомади Марв чї буд? 8) Дар минтаќаи Панљдењ (Пандин) чї воќеа рўй дод? 9) Шартномае, ки 19-уми сентябри соли 1885 дар байни Русия ва Англия имзо гардид, чї гуна буд? 10) §§ 1 ва 2-ро такрор кунед 54 §14. «МАСЪЛАИ ПОМИР» Вазъи мулкњои Бадахшон дар арафаи таќсимот. Маълум аст, ки дар миёнаи асри XIХ мулкњои Бадахшон (Помир) низ парокан- да ва то андозае мустаќил буданд. Вале ба ин мулкњо аз як тараф, амири Афѓонистон (баъд бо кумаки Англия), аз тарафи дигар, ами- ри Бухоро (баъд бо кумаки Русия) тањдид мекарданд. Аз соли 1850 амирони афѓон Дўстмуњаммадхон ва Шералихон, баъди забти Балх, Тошќўрѓон ва Ќундуз борњо ба сарзамини Бадахшон њуљум карданд. Њокими Бадахшон Љањонгиршоњ бањри нигоњ доштани оромї ва мустаќилї, барои ба њукумати Афѓонистон супорида- ни андоз розї шуд. Амири Афѓонистон Шералихон (соли 1868 ба тахт нишаст) духтари худро ба Љањонгиршоњ дода, бо њамин роњ ин мулкро пурра ба ихтиёри худ гирифтанї шуд. Љањонгиршоњ њушёриро аз даст надода, то андозае мустаќилиятро нигоњ дошта бошад њам, шурўъ аз соли 1869 Бадахшон амалан ба доираи таъ- сири Кобул кашида шуд. Соли 1883 аз тарафи Абдурањмонхон (соли 1880 амири Афѓонистон эълон карда шуд) мулкњои Бадах- шони Ѓарбї – Вахон, Шуѓнон ва Рўшон забт гардид. Дар як ваќт ќўшунњои Чин низ ба Бадахшони Шарќї наздик шуда, дар ин мањал мавќеи худро мустањкам карданд. Русияю Англия (дар асо- си муоњидањои солњои 1867–1873) дар Осиёи Марказї љараёнгоњи боло ва миёнаи дарёи Омуро сарњади нуфузи худ мењисобиданд. Яъне ин ду давлати бузург ба «масъалаи Помир» њанўз фаъолона дахолат карда наметавонистанд. Ѓайр аз ин, Русия дар ин кишвар бо ќабилањои туркман љанг мекард. Бинобар ин нисбат ба Бадах- шон мудохилаи мусаллањонаи њукуматњои Афѓонистону Чин беш аз 10 сол (1883–1893) давом кард. Њалли «масъалаи Помир» дар байни Русия ва Англия. Охири асри XIX масъалаи љиддие, ки миёни Русияю Англия бояд њаллу фасл мешуд, «масьалаи Помир» буд. Байни мардуми Бадахшон воќеањои назаррасе ба амал омаданд. Масалан, зулму истибдоди њукуматдорони афѓон тирамоњи соли 1887 боиси шўриши марду- ми Шуѓнон гардид. Шўришгарон чанде аз хирољситонандагони афѓонро ба ќатл расониданд. Њукумати Афѓонистон барои ба хун оѓушта намудани шўриш ва танбењ додани мардуми мулкњои дига- ри Бадахшон тайёрии љиддї медид. Амалдорони Рўшону Шуѓнон ва Вахон дар чунин вазъият ба муќобили иќтидори њукумати Афѓонистон ќувваи худро нокифоя њисобида, майл ба тарафи Ру- 55 сия намуданд. Онњо бо чунин маќсад ба назди њукуматдорони Ру- сия њайати намояндагї низ фиристоданд. Аввали солњои 1890-ум њукумати подшоњї ба «масъалаи По- мир» ба таври љиддї машѓул шуд, зеро то ин лањза дигар мулкњои Осиёи Марказї пурра ба зери тасарруфи Русия гузашта буданд ва дар ин кишвар масъалаи номбурда ягона ва нуќтаи охирин дар масъалаи нуфузи марзии байни Русияю Англия ба њисоб ме- рафт. Инак, моњи июли соли 1891 отряди 120-нафараи казакњо бо сарварии полковник М.Е. Ионов ба Помир фиристода шуд, ки бо номи «Эъзомияи Ионов» ё худ «Эъзомияи якум» маълум аст. Маќсади эъзомия гўё дар Бадахшон омўхтани мулкњое буд, ки онњо мувофиќи муоњидаи соли 1873-и байни Русияю Англия, ба фоидаи њукумати подшоњї гузаштаанд. Вале дар асл маќсади асосии ин тадбир мустањкам намудани нуфузи Русия дар мулкњои номбурда буд. Ионов амалиёти худро аз аѓбаи Ќизиларт оѓоз на- муда, соњилњои Рангкўл ва Ќарокўлро сайр карда, то ба аѓбаи Банк расид. Ў дар њама љо ба мардум эълон мекард, ки ин мулкњо дар тобеияти Русия мебошанд. Дар натиља ин эъзомия «масъалаи Помир»-ро боз њам тезонид. Аз сабаби он ки дипломатияи Англия њам ба «масъалаи По- мир» дахолат мекард, моњи апрели соли 1892 дар Петербург ин масъала дар машварати махсуси давлатмардони Русия муњокима гардид ва дар он ќарор карда шуд, ки мавќеи њукумати худро дар ин гўша мустањкам намоянд. Моњи июни њамон сол полковник Ионов бо роњи аввала, бо ќувваи нисбатан зиёд эъзомияи дую- ми Помирро ташкил намуд. Њангоми сафари ў дар канори дар- ёи Оќсу дидбонгоњи Помир (шањраки Мурѓоби имрўза) сохта шуд. Дар мавзеи Шољон 250 нафар аскарони казакро ба мудда- ти тўлонї љойгир карданд. Соли 1893 дар асоси шикояти зиёди шуѓнониён нисбат ба бедодгарии дастањои гуногуни афѓон бо сарварии капитан С.П. Ванновский отряди дигар ё худ эъзомияи сеюм ба воситаи аѓбаи Язгулом то ба Ванљ сафар намуд. Њукуматдорони подшоњї оид ба масъалаи Бадахшони Шарќї бетараф набуданд. Онњо аз нияти њукумати Чин воќиф гарди- да, моњи июли соли 1894 ба дидбонгоњи Помир (Мурѓоб) бо си- тодаш М.Е. Ионовро, ки ба рутбаи генерал-майорї расида буд, фиристоданд. Ўро сардори ситоди тамоми отряди рус дар Ба- дахшон таъйин карданд. Баробари чунин чорабинињо гуфтушу- ниди намояндагони Русияю Чин оид ба масъалањои Бадахшони 56 Шарќї давом мекард. Дар натиљаи гуфтушунид њукумати Чин дидбонгоњњои њарбии худро аз сарњади Бадахшони Шарќї бар- дошт. Баъди ин дар Мурѓоб нигоњ доштани «отряди Помир» но- лозим шуд ва он 25-уми октябри њамон сол барњам дода шуд. Вале гуфтушуниди байни Русия ва Англия бањри муайянку- нии сарњади нуфуз дар Бадахшон њанўз аз соли 1893 инљониб да- вом дошт. Бањори соли 1895 комиссияи сарњадии Англияву Ру- сия охирин ќитъаи бањсталаби сарзамини Осиёи Марказиро ба таври «мушаххас» муайян намуданд. Нињоят, моњи сентябри њамон сол шартномаи махсуси таъйини сарњади нуфузи байни Ру- сияю Англия дар Бадахшон имзо карда шуд. Моњи январи соли 1896 подшоњи Русия Николайи II хатти сарњадии империяи Ру- сияю Англияро дар Бадахшон тасдиќ кард. Дар асоси ин шарт- нома, дар Бадахшон сарњади нуфузи байни Русия ва Англия аз Зоркўл то канори шарќии Бадахшон – дарёи Панљ ќарор гирифт. Мувофиќи он, соњилњои чапи дарё, пеш аз њама заминњои дар ин канор доштаи Дарвози Бухоро ба зери нуфузи Англия, ба њисоби Афѓонистон гузашт. Соњилњои рости дарё, яъне мулкњои Вахон, Шуѓнон ва Рўшон ба зери нуфузи Русия даромад, вале њукумати подшоњии рус ин мулкњоро ба амири Бухоро ба ивази мулкњои дар ин минтаќа аздастдодааш (яъне заминњои дар соњилњои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшон (Помир)-и Шарќї ба њайати вилояти Фарѓонаи генерал – губернатории Тур- кистон њамроњ гардид. Ќисми шарќии водии Вахон, ки дар байни мулкњои Русия ва Њиндустон вазифаи минтаќаи озод ва бетараф- ро иљро мекард, низ ба ихтиёри Афѓонистон гузашт. Њамин тавр, «масъалаи Помир» асосан дар байни Русия ва Англия «њал» гардид ва гўё бо ин раќобати байни ду абарќудрати давр оид ба як гўшаи кўњии дунё ба охир расид. Сарчашма: Порањо аз созишномаи байни Русия ва Англия (Британияи Кабир), дар бораи аз њамдигар људо кардани доираи таъсири худ дар Помир (Бадахшон) (соли 1895), ки дар нотаи сафири Русия дар Лондон Стаал ба стат-котиби корњои хориљии Британияи Ка- бир граф Кемберлей оварда шудааст: 1. Доираи таъсири Русия ва Англия дар шарќтари Зоркўл (Виктория) бо хатти сарњадї људо карда хоњад шуд, ки он аз ин 57 кўл, яъне нуќтаи интињои соњили шарќии он cap шуда, аз ќуллаи ќаторкўњ гузашта меравад, ки он дар љанубтари параллели њамин кўњ ва то худи ќуллањои Бендерский ва Уртабел кашол меёбад. Аз ин љо хатти сарњад аз ќуллаи ќаторкўњи зикршуда, ки он дар љанубтари параллели кўли номбурда мављуд аст, гузашта мера- вад. Ба ин параллел расида, хатти сарњад ба тарафи пастхамии Ќизилработ, ки дар соњили дарёи Оќсу воќеъ гардидааст, мегуза- рад, ба шарте ки ин мањал дар шимолтари параллели кўли Викто- рия воќеъ нагардида бошад; аз ин нуќта хатти сарњад ба тарафи шарќ меравад ва ба хатти сарњади Хитой њамшафат мегардад... 2. Њукумати аълоњазрат императори Русия ва Њукумати олимаќоми Британия уњдадор мешаванд, ки якум, дар љануб ва дуюм, дар шимоли хатти људокунї аз њар гуна назорат ва таъсири сиёсї худдорї кунанд.... Созишномаи мазкур танњо баъди аз тарафи амири Афѓонистон тоза кардани тамоми њудуде, ки ў дар соњили рости Панљ ишѓол кардааст ва аз тарафи амири Бухоро холї кардани ќисми Дарвоз, ки дар љануби Омударё воќеъ аст, ба амал љорї карда мешавад, зеро њукумати аълоњазрат императори Русия ва Британия розї шуданд, ки дар ин бобат ба њар ду амир таъсир расонанд. (Ниг.: Хрестоматияи таърихи PCС Тољикистон. - С.147–148). Б.И.Искандаров дар бораи бањси байни дипломатияи Русия ва Англия оид ба масъалаи Помир (Бадахшон) навиштааст: «Дар байни Русия ва империяи Британия муоњидаи солњои 1869–1873 вуљуд дошт, ки мувофиќи он, љараёнгоњи боло ва миёнаи дарёи Ому сарњади нуфузи русу англис дар Осиёи Марказї гардида буд. Бинобар ин, соли 1893 котиб оид ба корњои хориљии идораи мус- тамликадории Англия дар Њиндустон М.Дюранд њангоми ташри- фи сиёсии худ дар Кобул ба амири Афѓонистон Абдурањмонхон пешнињод кард, ки аз даъвои Шуѓнон, Рўшон ва Вахон даст кашад. Амири Афѓонистон ин пешнињодро ќабул намуд. Мувофиќи шар- тномаи байни Русияю Англия ќисми шарќии водии Вахон, ки дар байни мулкњои Русия ва Њиндустон вазифаи минтаќаи бетарафро адо мекард, дар ќаламрави Афѓонистон монд. Инчунин, заминњои дар канори чапи дарёи Панљ воќеъгардидаи Дарвози Бухоро низ ба ихтиёри Афѓонистон гузашт. Аз канорњои рости дарё, аз мулкњои Вахон, Шуѓнон ва Рўшон ќўшунњои афѓон бароварда шуданд». (Ниг.: Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период при- соединения Средней Азии к России. - Сталинабад, 1960. С. 98 - 102). 58 Санањои муњим: 1869 – оѓози ба доираи таъсири Афѓонистон кашида шудани Бадахшон. 1869 – 1873 – имзои муоњидањо дар байни Русия ва Англия оид ба сарњади нуфуз дар љараёнгоњи боло ва миёнаи дарёи Ому. 1883 – аз тарафи амири Афѓонистон – Абдурањмонхон забт карда шудани мулкњои Бадахшони Ѓарбї – Вахон, Шуѓнон ва Рўшон. 1887, тирамоњ – шўриш дар Шуѓнон. 1891, июл – эъзомияи якум ба сўйи Помир. 1892, апрел – эъзомияи дуюм ба сўйи Помир. 1893, эъзомияи сеюм ба сўйи Помир. 1895, сентябр – имзои шартномаи махсус дар байни Русия ва Англия оид ба таъйини сарњади нуфуз дар Бадахшон. 1896, январ – аз тарафи подшоњи Русия тасдиќ гардидани хат- ти сарњадии империя дар Бадахшон. Савол ва супоришњо: 1) Вазъи мулкњои Бадахшон дар миёна ва нимаи дуюми асри XIX чї гуна буд? 2) Мувофиќи муоњидањои солњои 1869–1873 байни Русия ва Англия сарњади нуфузи онњо дар Бадахшон чї гуна муайян гардида буд? 3) Шўриши соли 1887 дар Шуѓнон ба муќобили кї нигаронида шуда буд? 4) Оид ба эъзомияњои якум, дуюм ва сеюм ба сўйи Помир маълумот дињед. 5) Оќибатњои шартномаи сентябри соли 1895 (дар байни Русия ва Англия оид ба сарњади нуфуз дар Бадахшон имзогардида)-ро шарњ дињед. 6) §§ 2 ва 13-ро такрор кунед. §15. ОЌИБАТЊОИ ОСИЁИ МАРКАЗИРО ЗАБТ КАРДАНИ РУСИЯ Шарњи умумї. Аз маълумоти боло маълум гардид, ки ќисми бузурги сарзамини Осиёи Марказї дар нимаи дуюми асри XIX дар натиљаи амалиёти љангии ќўшунњои рус забт карда шуд ва он мулкњо ба номи генерал – губернатори Туркистон бевоси- та ба њайати империяи Русия дохил гардиданд. Ин мулкњо, ки онњоро кишвари Туркистон њам меноманд, бо ќонуну ќоидањои умумиимпериявї идора карда мешуданд. 59 Дар кишвари Туркистон на танњо тарзи идоракунии куњна барњам дода, тарзи идоракунии барои ин мулкњо тамоман нав – усули умумирусиягї љорї карда шуд, балки дар муносибатњои заминдорї, андоз, мактабу маориф, молия ва ѓайра низ таѓйироти куллї ба амал омад. Яъне дар мулкњои кишвари Туркистон њаёти сиёсї, иќтисодї ва фарњангї нисбат ба замони тозабтшавї та- моман бо маљрои дигар, бо роњ ва тарзу усулњое, ки ба сиёсати њукумати подшоњии Русия мувофиќат мекарданд, пеш мерафт. Ин њукумат, агарчи худ боќимондаи љамъияти феодалї буд, си- ёсати пешгирифтаи он, хости рушди муносибатњои молию пулї, пешрафти љамъияти сармоядорї буд ва кишвари Туркистонро низ ба њамин роњ њидоят мекард. Ќисми дигари Осиёи Марказиро њанўз њам аморати Бухоро ва хонигарии Хева ташкил медоданд. Њарчанд онњо дар идора- кунии дохилї мухтор буданд, усули идоракунии пешинаи сиёсї, иќтисодї ва фарњангиро то андозае нигоњ медоштанд, вале аз сабаби он, ки ин мулкњо њам ба доираи нуфузи империяи Русия кашида шуда буданд, дар њаёти сиёсї, иќтисодї ва фарњангии онњо низ дигаргунињо ба амал меомаданд. Ин дигаргунињо дар мулкњои номбурда нисбат ба кишвари Туркистон сусттар буданд, вале то андозае ба сиёсати њукумати подшоњии Русия мутобиќат мекарданд. Даќиќтараш, њукуматдорони аморати Бухоро ва хо- нии Хева дар њаёти сиёсї, иќтисодї ва баъзан њатто дар њаёти фарњангї гўё чунин сиёсатеро пеш мебурданд, ки он на мутобиќи замони тозабтшавии Осиёи Марказї аз тарафи Русия, балки мувофиќи хости њукуматдорони подшоњии рус буд. Хулоса, дар натиљаи аз тарафи Русия забт гардидани Осиёи Марказї дар ин сарзамин дигаргунињои зиёде ба амал омаданд, ки њамаи онњо оќибатњои ба худ хос доранд ва онњоро набояд як- тарафа арзёбї кард. Аз ин рў он оќибатњоро ба љињатњои мусбат ва манфї људо кардан зарур аст. Оќибатњои мусбат. Тањти ин мафњум љињатњоеро дар назар дорем, ки онњо ба пешрафти љамъият ва осоиштагии мардум то андозае имкону шароит муњайё намудаанд. Чунин њолатро дар омилњои зерин дида метавонем: 1.Осиёи Марказї, ки дар он то забтшавї муносибатњои феодалї њукмфармої мекард, минбаъд ба доираи муносибатњои молию пулии љамъияти сармоядорї љалб карда шуд. Аввалин заводњо ва ташкилотњои бонкї ба вуљуд омада, роњњои оњан сохта 60 шуданд. Дигаргунињо дар соњаи кишоварзї њам назаррас буданд. Умуман, иќтисоди кишвар рў ба тараќќї нињод. Осиёи Марказї оњиста-оњиста на танњо ба бозори умумирусиягї, балки ба воси- таи он бо бозори умумиљањонї низ муносибат пайдо кард. 2.Љангњои мутаќобилаи давлатњои мустаќил ва ниммустаќили кишвар, махсусан, байни аморати Бухорою хонии Ќўќанд, ки бо- иси хонахаробињои зиёд ва фаќри мардум мегардид, барњам дода шуд, зеро бар тамоми мулкњои Осиёи Марказї назорати ќатъии њукумати подшоњии Русия љорї гардид. Хомўш гардидани љангу љидолњои дохилї барои рушди иќтисод ва тиљорати байни ноњияњо ва вилоятњои Осиёи Марказї шароити мусоид фароњам овард. 3. Боќимондањои муносибатњои ѓуломдорї (махсусан, хариду фурўши ѓуломон) манъ карда шуд (дар аморати Бухоро он ама- лан боз чанде давом дошт). 4. Имкони шиносої бо фарњанги њамдигар ва ѓанї гардида- ни он муњайё гардид. Барои омўзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Марказї ќадамњои аввалин ва љиддї гузошта шуд. Оќибатњои манфї. Тањти мафњуми оќибатњои манфї љињатњоеро дар назар дорем, ки онњо боиси мањдудиятњои сиёсї, афзудани зулму истибдод, парокандагии миллї ва ѓайра гардида- анд. Ин гуна њолатњоро дар нуктањои зерин мебинем: 1. Бо забти Осиёи Марказї аз тарафи Русияи подшоњї истиќлоли давлатдории халќњои ин сарзамин аз байн рафт. Киш- вари Туркистон ќисми таркибии империяи Русия гардид. Амо- рати Бухоро ва хонии Хева низ комилан ба доираи сиёсати њукумати подшоњии рус даромаданд. Онњо, ба љуз бо Русия, бо дигар давлатњо муносибат карда наметавонистанд. 2. Дар сарзамини генерал–губернатории Туркистон низоми сахти мустамликавї љорї гардид. Њукумати иртиљоии амирии Бухоро ва хонии Хева ба зери њимояи њукумати подшоњї каши- да шуда бошанд њам, низоми идоракунии дохилї дар њар дуи ин мулки Осиёи Марказї бетаѓйир монд. Минбаъд њукуматдорони амирию хонї дар зери сояи ќувваи њарбии Русияи подшоњї нис- бат ба мардуми бечораи худ зулмро боз њам зиёдгар раво меди- данд. Дар натиљаи њамаи ин, мардум ба истисмори боз њам сахт- тар гирифтор шуданд. 3. Шартномаи байни Русияю Англия дарёи Панљро сарњади нуфуз ќарор дода, халќи тољикро, ки њазорњо сол боз дар тарафи 61 чап ва рости он зиндагї карда, бо њам рафтуомад ва хешутаборї доштанд, аз њам људо кард. Њангоми муайян намудани мар- зи давлатї манфиати халќи тољик умуман, ба эътибор гирифта нашуд. Њол он ки дар он давр таќдири халќи тољик ба сиёсати ишѓолгаронаи Русияю Англия вобастагии ќавї дошт. Сарчашма: З.Ш. Раљабов дар бораи оќибатњои аз тарафи Русия забт гар- дидани Осиёи Марказї навиштааст: «Њамроњшавии (даќиќтараш, забт шудани – Н.Њ.) Осиёи Миёна ба Русия он амалиётеро, ки дар ин сарзамин рўй медод, гўё фаъолтар гардонид, ба як риштаи му- раттаб даровард. Оби истода ва бењаракат ба туѓён даромад. Дар ин мамлакат њама чиз љон гирифта, љињатњои чи хуб ва чи бади њаёти иљтимої торафт барљаста ва ќатъитар зоњир шуданд, Љабру зулме, ки дар гузашта њама ба он тан дода, таслим мешуданд, акнун тоќатфарсо шуда буд, зеро акнун ба мардуми ин сарзамин имкон фароњам омада буд, ки ањволи худро бо ањволи дигарон муќоиса кунанд. Ќашшоќї ва гуруснагї, бењуњуќї ва навмедии оммаи халќ ба њама аён гардид; њама гуна ниќобњо дур партофта шуданд. Пеш аз њама, иллату сабаби ин бадбахтї ва фалокатњо фош гардид. Маълум гардид, ки сабаби ин балову мусибатњо «ѓазаби Худо» ва «љазои кирдорњои нораво» набуда, балки ќуввањои иќтисодї, фоидаталабї ва љоњпарастии бойњо, амир ва њукумати подшоњї мебошад. Кї будани душман маълум гардид. Ин гуна равшаншавии ањвол ба муборизањои синфї ќувваи бузурге бахшид». (Ниг.: Раљабов З.Ш. Маорифпарвар Ањмади Дониш. - Душанбе, 1964, С. 83). Савол ва супоришњо: 1) Баъди Осиёи Миёнаро забт кардани Русия дар кишвари Туркистон кадом дигаргунињои умумиро пай бурдан мумкин аст? 2) Баъди ба зери нуфузи Русия кашида шудани аморати Бу- хоро ва хонии Хева оё дар ин мулкњо њам дигаргунињои умуми- ро мушоњида кардан мумкин аст? 3) Љињатњои мусбати аз тара- фи Русия забт шудани Осиёи Марказї кадомњоянд? Онњоро бо мисолњо шарњ дињед. 4) Љињатњои манфии аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Марказї кадомњоянд? Онњоро бо мисолњо шарњ дињед. 5) §§ 11-12-ро такрор кунед. 62 БОБИ 5 ВАЗЪИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ БАЪДИ ИСТИЛОИ РУСИЯ §16. ВАЗЪИ КИШВАРИ ТУРКИСТОН ДАР ЗАМОНИ МУСТАМЛИКАВЇ Кишвари Туркистон – ќисми таркибии империяи Русия.Дар замони њукуматдории мустамликавии Русияи подшоњї дар Оси- ёи Марказї (солњои 1867–1917) дар ин сарзамин генерал – губер- натории Туркистон, аморати Бухоро ва хонии Хева мављудияти худро нигоњ доштанд. Кишвари Туркистон ба ќисми таркибии Русияи подшоњї табдил ёфт. Тамоми ќонун ва тадбирњои зарурии њукумати подшоњї дар ин сарзамин бевосита љорї карда мешуд. Њукумати подшоњї дар кишвари Туркистон низоми мус- тамликавии хосеро љорї кард, зеро ба андешаи баъзе амалдоро- ни њукумати подшоњї, усули идоракунии фаронсавї (нисбати Ту- нис ва Алљазоир) хеле либералї менамуд. Ба аќидаи амалдор К.К. Абаза, ин усул барои «мардуми нимвањшии кишвари Туркистон» гўё мувофиќ набудааст. Бинобар ин дар кишвар нисбат ба марду- ми мањаллї низоми вазнини истисморгарї љорї карда шуд. Соли 1886 «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркис- тон» тасдиќ гардид ва он чун ќонуни асосии идоракунии ин киш- вар бо баъзе таѓйироту иловањо то Инќилоби октябри Русия (соли 1917) амал кард. Дар он инчунин сохти судии кишвар, шаклњои заминдорї, шаклу миќдори андозњо ва ѓайра муайян шуда буд. Низомнома њукуматдории мустамликавии Русияро дар кишвари Туркистон мустањкам менамуд. Чунон ки дар §6 ишора рафт, генерал-губернатории Туркис- тон њангоми ташкилёбї (с. 1867) аз ду вилоят (Сирдарё – марка- заш дар Тошканд ва Њафтрўд – марказаш дар Верний) иборат буд. Соли 1876 баъди барњам дода шудани хонии Ќўќанд сарза- мини боќимондаи он (яъне ќисми љанубии хонї) бо номи вилояти Фарѓона ба њайати генерал–губернатории Туркистон дохил кар- да шуд. Округи Зарафшон соли 1887 ба вилояти Самарќанд таб- дил ёфт. Соли 1882 вилояти Њафтрўдро як муддат ба генерал – гу- бернатории Степной ва соли 1899 боз ба њайати генерал – губер- натории Туркистон њамроњ намуданд. Шуъбаи Моварои Хазар (Закаспий) соли 1891 ба вилоят табдил дода шуд ва он то солњои 63 1890 – 1897 бевосита дар итоати вазорати њарбї буда, аз соли 1897 ба генерал–губернатории Туркистон дохил карда шуд. Сарзамини имрўзаи Тољикистони шимолї ва Бадахшон (Помир)-и Шарќї ба њайати ду вилояти кишвари Туркис-тон: Самарќанд ва Фарѓона мансуб буданд. Ба њайати вилояти Самарќанд уезди Хуљанд ва болооби Зарафшон, ба њайати вилоя- ти Фарѓона Бадахшони Шарќї, ноњияњои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд. Њукумати подшоњї аз фаъолияти генерал–губернатории Туркистон чандон ќаноатманд набуд ва аз њамин сабаб онњоро тез-тез иваз мекард. Аз байни 15 нафари онњо танњо К.П. Кауф- ман (1867–1882) ва А.В. Самсонов (1903–1913) муддати нисбатан тўлонї сарварї намудаанд. Бо маќсади самаранок истифода кар- дани Осиёи Марказї њукумати подшоњї солњои 1882 – 1883 бо сарварии сенатор Ф.К. Гирс ва солњои 1909–1910 бо сарварии граф К.К. Пален ба ин сарзамин комиссияњои махсус фиристода, мањал ва соњањои људогонаро ба тарзи васеъ омўхт. Ба кишвари Туркистон омадани муњољирони рус. Њукумати подшоњї Осиёи Марказиро ба мустамликаи худ табдил дода, ба- рои босамар истифода кардани он шурўъ намуда бошад њам, ба садоќати мардуми тањљойии ин кишвар нисбати худ бовар на- дошт. Аз њамин сабаб њукумати подшоњї бо маќсади ба вуљуд Политсияњои савораи замони подшоњї дар кишвари Туркистон 64 Харитаи сиёсии Осиёи Марказї дар 65 нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX 66 овардани такягоњи боварбахш аз губернияњои серањолии марка- зи Русия ќисме аз дењќонони русро ба ноњияњои гуногуни кишва- ри Туркистон кўчонид. Њукумати подшоњї бо чунин тадбир бо як тир ду нишон заданї буд. Яъне ў аз як тараф ќисмате аз дењќонони русро аз губернияњои серањолии марказ кўчонида, дар он мањалњо мехост ба зиёд намудани миќдори замини дењќонони боќимонда муваффаќ гардад ва бо њамин аз норизоии дењќонон љилавгирї намояд. Аз тарафи дигар, њукумати подшоњї мехост дењќонони кўчонидашудаи русро дар ин ё он мањалли кишвари Туркистон љойгир намуда, ба онон замини зиёд дода, аз њисоби онњо ба худ такягоњи боэътимод тайёр намояд, зеро чунин такягоњ њангоми болоравии норизоии мардуми мањаллї ба муќобили сиёсати му- стамликавии њукумати подшоњї хеле зарур њисобида мешуд. Њукумати подшоњї наќшаи ба вилояти Њафтрўд кўчонидани дењќонони русро соли 1869 тартиб дода буд, аммо ба муњољиркунии дењќонони рус ба вилояти номбурда њанўз соли 1868 шурўъ кар- да буд. To соли 1882 дар ин вилоят 29 мањаллаи руснишин бо ањолии 25 њазор нафар ба вуљуд омад. Вале он ваќт танњо бо ви- лояти Њафтрўд мањдуд нагардида, муњољирони русро дар дигар вилоятњои Туркистон низ љойгир намуданд. Масалан, соли 1881 дар вилояти Сирдарё 19 мањаллаи руснишин бо ањолии 1300 на- фар вуљуд дошт. Ё худ соли 1896 танњо дар уезди Хуљанди вило- яти Самарќанд 6 мањаллаи руснишин мављуд буд, ки дар онњо ќариб њазор нафар зиндагї мекард. Дар натиљаи чунин сиёсат дар гўшаю канори кишвари Тур- кистон мањаллањои гуногуни руснишин ба вуљуд омада, сол то сол меафзуданд. Ба зиёдшавии онњо сохтмони роњњои оњан ва сиёсати муњољиркунии Столипин низ таъсир расониданд. Соли 1910 шу- мораи чунин мањаллањо дар кишвари Туркистон ба 124 адад ра- сид, ки дар онњо 70 њазор нафар зиндагї мекард. Дар ин давра шу- мораи умумии мардуми русзабони кишвар якљо бо шањриён зиёда аз 200 њазор нафарро ташкил медод. Мањаллањои руснишин ва сарњадии аморати Бухоро, ба мо- нанди Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав, Тирмиз ва ѓайра аз љињати идоракунї ва маъмурї ба њайати кишвари Туркистон дохил мешуданд, вале бояд таъкид кард, ки ѓайричашмдошти њукуматдорони подшоњї, муњољирони рус бо мардуми мањаллї бештар унс гирифта, талхию ширинии замони подшоњиро якљоя мечашиданд. Онњо инчунин ба якдигар барои ѓанї гар- 67 донидани таљрибаи дењќонї ва истифодаи техникаи нав кума- ки амалї мерасониданд. Њангоми ба вуљуд омадани њаракатњои зиддимустамликавї ин муњољирон такягоњи боэътимоди њукумати подшоњии Русия нашуданд. Аз ин љињат њукуматдорони подшоњї то андозае ба маќсади худ нарасиданд. Бинобар ин комиссияе, ки граф К.К. Пален сарварї мекард, чунин њолатро дарк карда, пешнињод намуд, ки минбаъд ба ин кишвар ба љойи дењќонони рус помешикони рус фиристода шаванд. Сарчашма: Муосирон ањволи вазнини аввалин муњољирони русро дар ви- лояти Самарќанд чунин тасвир намудаанд: «Дар мобайни даш- ти шўрхоки сўзон дење сохтаанд... Чанд кулбаи амонатї, ки ши- тобкорона бардоштаанд, дар гирду атроф на дарахте, на сабзае... фаќат дашту биёбон, дашту биёбон...». Академик Бобољон Ѓафуров чунин њолати муњољирони рус ва таќдири минбаъдаи онњоро чунин тасвир кардааст: «Муњољирон гурўњ-гурўњ ба сафи бекорон дохил шуда, дар љустуљўйи ризќу рўзї ба феодалони мањаллї ва кулакњои рус муздурї ва мардикорї мекарданд». Минбаъд њукуматдорони кишвари Тур- кистон маљбур шуданд, ки барои муњољирони рус бештар шароит муњайё созанд. Бинобар ин «бисёр заминњои њосилхез ба ихтиёри ќисми дорои муњољирон дода шуда, ањолии мањаллї ба заминњои камњосили баду вайрон ронда шуданд. Маълум, ки ин кор алан- гаи низои миллиро боло мекард». Њукуматдорони подшоњї дар шароити кишвари Туркистон айнан њамин њолатро мехостанд. (Ниг.:Ѓафуров Б. Тољикон. Китоби 2. С. 194 – 195). Санањои муњим: 1868 – оѓози ба ќаламрави кишвари Туркистон муњољир кар- да шудани дењќонони рус. 1886 – аз тарафи њукумати подшоњии Русия тасдиќ шудани «Низомномаи идоракунии кишвари Туркистон». 68 Савол ва супоришњо: 1) Ба маълумоти § 6 ва мавзўи мавриди омўзиш такя на- муда, оид ба ташкилёбии генерал–губернатории Туркистон ва усули идораи он муфассалтар љавоб гардонед. 2) Чаро кишва- ри Туркистонро ќисми таркибии империяи Русия њисоб меку- нанд? 3) Дар бораи «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» чї медонед? 4) Сарзамини имрўзаи Тољикистони шимолї ва Бадахшон ба њайати кадом вилоятњои кишва- ри Туркистон дохил мешуданд? 5) Њукумати подшоњї бо ка- дом маќсад дењќонони русро ба ќаламрави кишвари Туркистон муњољир кард? 6) Оё њукумати подшоњї бо муњољир намудани дењќонони рус ба кишвари Туркистон ба маќсади асосии худ расид? 7) §§ 2 ва 6-ро такрор кунед. §17. ВАЗЪИ СИЁСИИ АМОРАТИ БУХОРО Муносибатњои Русия ва аморати Бухоро. Вазъи сиёсии амо- рати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштан хеле таѓйир ёфт. Акнун аморати Бухоро бо дигар давлатњои њамсоя мустаќилона муносибат карда наметавонист. Чунин мањдудият њарчанд дар ягон шартномаи байни Русияю Бухоро акс наёфта- аст, вале амирони Бухоро дар симои њукумати подшоњї ба худ пушту паноњи пурќувватеро дида, бо маќсади нигоњ доштани аморат ва осуда њукуматдорї намудан, аз бањри чунин мустаќилї «ихтиёран» гузашта, худро батамом мутеи њукумати подшоњии Русия њисобиданд. Дар таърихи 22-юми апрели соли 1868 хатти гумрукї (бољї)-и Сибири Ѓарбї ва Оренбург аз байн бардошта шуд. Баъди он масъалаи тиљорати байни Русияю Осиёи Марказї ба масъалаи дохилии империяи Русия табдил гардид. Соли 1894 хатти гум- рукии Русияю Бухороро низ аз байн бардоштанд ва он ба хат- ти гумрукии Бухорою Афѓонистон пайваст. Солњои 1894 – 1895 дар чунин нуќтањои сарњадии аморати Бухоро: Ќаршї, Келиф, Чўшќагузар, Паттањисор ва Айваљ нуќтањои гумрукии Русия ку- шода шуд. Ин ташкилотњо, бегуфтугў, озодона ба бозори дохи- лии чи аморат ва чи кишвари Туркистон дохил гардидани молњои хориљиро мањдуд мегардониданд. Соли 1893 мувофиќи талаби вазорати молияи Русия аз тарафи њукумати амирии Бухоро ва хонии Хева сикка задани тангањои 69 нуќра ќатъ карда шуд. Ќурби тангаи бухорої ва хевагї аз рўйи 15 тини русї њисоб карда, аз тарафи Бонки давлатии Русия харида мешуд. Бо њамин яке аз нишонањои асосии мустаќилии аморати Бухоро аз байн рафт, вале амири Бухоро дигар њуќуќи сикка зада- ни тангаи худро надошта бошад њам, тангаи бухорої дар ќатори рубли русї то барњам хўрдани тартиботи амирї гардиш кард. Ба њукумати подшоњї содиќ будан ба њар се амирони Бухо- рои замони њукуматдории мустамликавии Русия дар ин сарза- мин хос аст. Масалан, амир Музаффар кўшиш мекард, ки нисбат ба њукумати подшоњї садоќати худро исбот намояд. Генерал- губернатори Туркистон К.П. Кауфман њам ин садоќати ўро эњсос намуда, гуфта буд, ки «бењтарин њокими уездии ман амири Бу- хоро мебошад». Моњи январи соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Русия» кушода шуд, ки ба он агенти сиёсї сарварї мекард ва он дар асл ба фаъолияти амир ва њукумати ў назорат карда, ба мушовири асосиаш табдил ёфта буд. Таѓйирот дар усули вористаъйинкунии амирони Бухоро. Шурўъ аз ањди амир Музаффар ба тахти Бухоро ворис таъйин намудан на ба хоњишу иродаи амирон, балки ба ризояти подшоњии рус вобаста буд. Масалан, амир Музаффар 13 писар дошт. Мувофиќи анъанаи пештара, бародарон дар аввал аксар ваќт барои мансаб байни худ мељангиданд, баъди ба мансаб соњиб шудан бо маќсади бехатарии салтанаташон бародарони дигарро нест мекарданд. Акнун чунин анъана, ки боиси хунрезињои зиёд мегардид, аз байн рафт. Масъу- лияти дар Бухоро ворис таъйин кардан бо ризояти худи амирон ба уњдаи подшоњи Русия гузашт. Аз њамин сабаб амир Музаффар як- чанд писари худро як-як ба Петербург, ба суњбати подшоњ фирис- тод. Соли 1882 ба чунин марњамат Абдулањад мушарраф гарди- да, валиањд таъйин шуд. Амир Абдулањад (1885 – 1911) дар навба- ти худ писараш – Олимхонро дар хурдсолиаш ба дарбори подшоњ Николайи II (1894 – 1917) фиристод, ки вай дар он љо, бо ибораи С. Айнї, чун «ѓуломи њалќабаргўши колонизаторон», тарбия гирифт ва лоиќи тољу тахти падар гардида тавонист. Амирони охирини Бухоро ба њукумати подшоњї содиќ бу- данд. Амалдорони аморат низ садоќати амиронро ба њукумати подшоњии Русия эњсос намуда, ба гумоштагони њукумати под- шоњї вафодории худро нишон медоданд. Аморати Бухоро њарчанд аз љињати њуќуќ давлати мустаќил ба њисоб мерафт, дар асл аз нигоњи иќтисодї ба талаботи сиёсати иќтисодии Русияи 70 подшоњї комилан мутобиќ карда шуда буд. Таркиби маъмурии аморати Бухоро. Аморати Бухоро то охи- ри ањди амир Абдулањад аз љињати маъмурї ба 28 бекигарї ва 9 туман таќсим мешуд. Бекигарињо инњо буданд: Чорљўй, Кармина, Зиёуддин, Нурато, Ќаршї, Хатирчї, Китоб, Шањрисабз, Чироѓчї, Яккабоѓ, Ѓузор, Бойсун, Ќаротегин, Ќубодиён, Шеробод, Дењнав, Њисор, Дарвоз, Балљувон, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Шуѓнону Рўшон, Келиф, Каркї, Кабаклин, Бурдалик, Норазм ва Сариљўй. Дар охири ањди амир Абдулањад бекигарии Сариљўй барњам дода шуд ва 5 амлокдории он ба бекигарии Њисор њамроњ гардид. Аз бекигарињои номбурда: – Ќаротегин, Ќубодиён, Њисор, Дарвоз, Балљувон, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа ва Шуѓнону Рўшон ба ќаламрави Тољикистони имрўза дохил мешаванд. Туманњои аморати Бухоро инњо буданд: Ќарокўл, Зандане, Пирмаст, Ѓиждувон, Конимех, Ваѓонзе, Вобканд, Шофирком ва Ёртеппа. Туманњо асосан дар атрофи шањри Бухорои Куњна – маркази аморат љойгир буданд ва онњо бевосита аз тарафи ќўшбегї, ки дар аморат шахси дуюм (баъди амир) буд, идора карда мешуданд. Тамоми корњои динї дар ихтиёри ќозикалон, назорати иљрои меъёрњои шариат дар их- тиёри раис буд. Дар бекигарињо бекњо ё худ њокимон сарварї ме- карданд. Инчунин, дар њар як бекигарї ва туман ќозї таъйин кар- да мешуд. Дар дењањо хўљаинї дар ихтиёри арбобу оќсаќолон буд. Coxmu идоракунии сиёсию маъмурии Аморати Бухоро дap нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX 71 Дар идоракунии дохилии хонии Хева њам, ба мисли амора- ти Бухоро, баъди мутеи Русияи подшоњї гардиданаш, таѓйироти љиддие ба вуљуд наомад. Сарчашма: С. Айнї дар бораи тарзи ба мансаби амирї соњиб гардидани Абдулањад навиштааст: «Аз он љо ки амир Музаффарро авлод бис- ёр буд, назар ба одати собиќаи Бухоро, мебоист дар ваќти љулус хеле ѓавѓо барпо мегардид, лекин бинобар тасаллути давлати Ру- сия дар умури Бухоро ва «тасдиќ кардани валиањдии Абдулањад» ворисонро љуръат ва майдони толеъозмої набуд. Аз тўрагони соњибрушд танњо Сиддиќхон – њокими Чорљўй дар ваќти вуќўи ин њодиса дар Бухоро ба рикоб њузур дошт. Чун аркони давлат аз ў гумони фитна доштанд, баъд аз вафоти амир ўро бо бањонаи аёда- ти падар ба болои арк бароварда, ба хонае њабс карданд... Абдулањад баъд аз љулус соири бародаронашро, ки њар ка- дом ба њар љо њукумат доштанд, ё аз љињати сиѓари син дар Бухо- ро буданд ва њам бародарзодагонашро тамоман њабс ва ќайд на- муд. Танњо Миракрам – њокими Ѓузорро камокон (пештара ба- рин) ба њолаш гузошта, то охири умр хотири ўро шаръї дошт». (Ниг.: Айнї С. Куллиёт. Љилди 10. - С. 105 – 106). Санањои муњим: 1868, 22-юми апрел – хатти гумрукии Сибири Ѓарбї ва Орен- бург аз байн бардошта шуд. 1885–1911 – солњои њукмронии амир Абдулањадхон дар Бухо- ро. 1886, январ – дар Бухоро Агентии сиёсии империяи Русия ку- шода шуд. 1893 – сикка задани тангањои нуќраи бухорої ва хевагї ќатъ гардид. 1893 – хатти гумрукии Русияю Бухоро аз байн бардошта шуд. 1894-1895 – дар чунин нуќтањои сарњадии аморати Бу- хоро: Ќаршї, Келиф, Чўшќагузар, Паттањисор ва Айваљ нуќтањои гумрукии Русия кушода шуд. 72 Савол ва супоришњо: 1) Чаро амирони минбаъдаи Бухоро «ихтиёран» мутеи њукумати подшоњии Русия шуда буданд? 2) Дар хатти гумрукии байни Русияю мулкњои Осиёи Марказї чї таѓйироте ба амал омад? 3) Сикказании тангањои бухорої ва хевагї аз кадом сол ќатъ гардид? 4) Дар Бухоро Агентии сиёсии империяи Русия кай кушода шуд ва он бо чї кор машѓул буд? 5) Баъди ба тасарру- фи Русия даромадани Бухоро таѓйири усули вористаъйинку- нии амиронро бо мисолњо шарњ дињед.4) Вазъи маъмурии амо- рати Бухоро чї гуна буд ва кадоме аз он мулкњо ба ќаламрави Тољикистони имрўза дохил мешаванд? 5) 7) §§ 7-8 ва 17-ро такрор кунед. 73 БОБИ 6 СИЁСАТИ ИЌТИСОДИИ РУСИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ §18. СОХТМОНИ РОЊЊОИ ОЊАН Зарурати роњњои оњан. Барои ба макони ашёи хом, яъне пахта ва бозори моли саноатчиёни рус табдил ёфтани Осиёи Марказї наќши роњи оњан хеле бузург аст, зеро бо сохтани ин роњ пахта аз водии Фарѓона то ба марказњои саноатии Русия дар муддати аз 2 то 6 њафта мерасид. Њангоми набудани роњи оњан воридшавии он аз 4 то 10 моњ тўл мекашид. Зарурати сохтани роњи оњани Осиёи Марказиро сармоя- дорони Москва њанўз соли 1874 ба миён гузошта буданд, вале њукуматдорони подшоњї, махсусан амалдорони соњаи молия, сохтани роњи оњанро барои Русия аз љињати иќтисодї зиёновар мењисобиданд. Бинобар ин, онњо дар ибтидо сохтани чунин роњро дастгирї накарданд, аммо вазъи њамонваќтаи њарбии Русия сох- тани ин гуна роњро на танњо ба миён гузошт, балки њамчунин те- зонид. Чунончи, ќуввањои њарбии Русия соли 1878 дар яке аз љангњои аввалини худ бо ќабилањои туркман дар мавзеи Ахалтегин ба муќобилати сахт дучор шуда, шикаст хўрданд. Барои аскарони рус дар ин љанг тай кардани даштњои беобу регзор хеле гаронї кард. Оѓози сохтмони роњи оњан. Бо маќсади таслим намудани ќабилањои саркаши туркман, бо супориши њукумати подшоњї 3-юми августи соли 1880 аз димоѓаи Михайловск (ё худ Узунада) сохтмони роњи оњанро ба таври таъљилї оѓоз карданд. 1-уми сен- тябри соли 1881 онро то ба Ќизиларбат расониданд. 20-уми сен- тябри њамон сол дар ин роњ њаракати поезд оѓоз ёфт. Соли 1884 ин роњ то ба Ашќобод расид. Дар ин муддат такдири ќабилањои туркман њам њал гардид. Онњо дар назди иќтидори њарбии аскарони рус маљбур шуданд, ки таслим шаванд. Бо забти сарзамини ќабилањои туркман сохт- мони роњи оњан ќатъ нагардид, баръакс, дар ин муддат аз љињати иќтисодї зарур ва фоидаовар будани роњи оњан исбот гардид. Би- нобар ин, сохтмони роњи оњан минбаъд њам идома ёфт. Он соли 1886 ба Марв ва Чорљўй омад. Баъдан он роњ аз сарзамини амо- 74 рати Бухоро гузашта, соли 1887 то ба Бухорои Нав (Когон) расид ва ба сўйи Самарќанд идома дода шуд. Соли 1888 Самарќанд њам ба хатти роњи оњан пайваст гардид. Соли 1895 сохтмони роњи оњани Осиёи Марказї идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавост ва Хуљанд то ба Андиљон расид ва дар њамин муддат хатти дигари он аз Хавост то ба Тошканд омад. Сохта шудани ин роњ барои ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї ањамияти махсус дошт. Солњои 1900–1901 роњи оњани байни Бухорои Нав ва Бухорои Куњна (пойтахти аморати Бу- хоро) аз њисоби хазинаи амири Бухоро сохта шуд. Солњои 1900 – 1906 роњи оњани Тошканд – Оренбург сохта ба истифода дода шуд. Дар натиља роњњои оњани Осиёи Марказї бо роњњои оњани умумирусиягї пайваст гардид. Ба сохтмони роњњои оњан љалб карда шудани сармояи хусусї. 10-уми июни соли 1905 њукумати подшоњї ќонуне баровард, ки мувофиќи он дар Русия барои сохтани роњњои оњан бо сар- мояи хусусї низ иљозат дода мешуд. Дар натиља бо ташаббу- си бонкњои хусусї ва сармоядорони људогона, бо маќсади сохта- ни роњњои оњан љамъиятњои гуногун ташкил карда шуданд. Маса- лан, соли 1912 љамъиятњои роњи оњани Фарѓона ва Њафтрўд, соли 1913 љамъияти роњи оњани Бухоро ташкил шуданд. Љамъияти роњи оњани Бухоро бо ташаббуси муњандиси сохт- мони роњи оњан А.Н.Ковалевский, бо иштироки бонки Руси- яю Осиё ва амири Бухоро ташкил ёфта буд. Маќсади бунёди ин љамъият сохта ба истифода додани роњи оњани Бухорои Нав (Ко- гон) – Ќаршї – Келиф – Тирмиз, бо шохањои Ќаршї – Ѓузор – Китоб ба њисоб мерафт. Сохтмони ин роњ соли 1913 оѓоз ёфт ва соли 1916 ба охир расид. Дар сохтмони ин роњ аз њисоби марду- ми мањаллї, махсусан, аз мардуми Ќаротегин ќувваи кориро ва- сеъ истифода бурданд. Роњи оњан њарчанд то ба водии Вахшу Њисор ва Кўлоб, яъне сарзамини имрўзаи Тољикистони Марказї ва Љанубї нараси- Лањзаи сохта шудани роњи оњан дap солњои 80-уми асри XIX 75 да бошад њам, гумоштагони ширкатњои гуногун, савдогарони алоњида ба ин водињо cap дароварда, ба ин гўшањои дурдаст мол меоварданд ва аз ин љо мањсулоти заруриро харида, бо роњњои гуногун то ба Тирмиз, Чорљўй, Ќўќанд, Самарќанд ва дигар истгоњњои роњи оњан мерасониданд. Бинобар ин сохтмони роњњои оњан барои гўшаю канори дурдаст њам бетаъсир намонд. Сарчашма: С.Айнї дар бораи ба сохтмони роњи оњани Бухорои Нав (Ко- гон) – Ќаршї – Келиф – Тирмиз сафарбар карда шудани мардуми водии Ќаротегин навиштааст: «Ширкати роњи оњани Ќаршї аз амир илтимос намуд, ки раияти бекору бечораи худро ба муздурї ва мардикории роњи оњан даъват намояд. Ба њар касе, ки барои хиз- мат омаданї шавад, харљи роњ ва мувофиќи маъмул њаќќулхидмат дода мешавад. Амир ин маъниро ба њокими Ќаротегин навишта, ањолии он љоро, ки бечоратарин раоёи Бухороанд (агар худ толиб бошанд), ба хидмати роњи оњан даъват кард. Ба њисоби роњи оњан ба ояндагон харљи роњ доданро ба њоким танбењ намуд, аммо њоким ба муносибати ин воќеа дар пайи фикри мадохили худ аф- тод. Бинобар ин, аз муздур ва уљратї (њаќќи кор) хидмати он ва масорифи сафар ба ањолї маълумоте надода, балки ин корро мис- ли хидмати аскарї маљбурї нишон дода, муњтарамтарин ањолиро барои рафтан ба ин хидмат иљбор кард. Ањолї аз ин њол дар вањшат афтода, барои халосии худ чораљўй шуданд. Табиист, ки наљотдињандаи ягонаи эшон дар ам- соли ин маврид пора ва ришва буду бас...». (Ниг.:Айнї С. Кулли- ёт. Љилди 10 - С. 140 – 141). Санањои муњим: 1874 – пешнињоди сармоядорони Москва оид ба зарурати сохтмони роњи оњани Осиёи Марказї. 1880, 3-юми август – аз димоѓаи Михайловск (Узун-Ада) таъљилан оѓоз гардидани сохтмони роњи оњан. 1880, 20-уми сентябр – дар роњи оњани Осиёи Марказї авва- лин поезд ба њаракат даромад. 1887 – сохтмони роњи оњан то ба Бухорои Нав (Когон) расид. 1888 – сохтмони роњи оњан то ба Самарќанд расид. 1895 – 1899 – роњи оњани Хавост – Хуљанд – Андиљон ва Хавост-Тошканд сохта шуд. 76 1900 – 1901 – роњи оњани байни Бухорои Нав (Когон) - Бухо- рои Куњна сохта шуд. 1900 – 1906 – роњи оњани Тошканд–Оренбург сохта шуд ва бо роњњои оњани умумирусиягї пайваст гардид. 1905, 10-уми июн – њукумати подшоњии Русия ба сармояи хусусї барои иштирок дар сохтмони роњњои оњан иљозат дод. 1912 – љамъиятњои роњи оњани Фарѓона ва Њафтрўд бунёд гардид. 1913 – љамъияти роњи оњани Бухоро бунёд гардид. 1914 – 1916 – роњи оњани Бухорои Нав (Когон) – Ќаршї – Ке- лиф – Тирмиз бо шохањои Ќаршї – Ѓузор – Китоб сохта шуд. Савол ва супоришњо: 1) Сохтмони роњи оњан дар Осиёи Марказї чї зарурат дошт? 2) Чаро њукуматдорони подшоњї пешнињоди сармоя- дорони Москваро оид ба зарурати сохтмони роњи оњани Оси- ёи Марказї рад карданд? 3) Сохтмони роњи оњан дар Осиёи Марказї кай, аз куљо ва бо кадом маќсад оѓоз гардид? 4) Ав- валин поезд дар роњи оњани Осиёи Марказї кай ба њаракат да- ромад? 5) Соли 1905 дар сиёсати сохтмони роњњои оњани Русия чї таѓйирот ба вуљуд омад? 6) Роњњои оњани Осиёи Марказї бо роњњои оњани умумирусиягї кай пайваст гардиданд? 7) Љамъияти роњи оњани Бухоро бо ташаббуси кињо ташкил кар- да шуд? 8) Шањрњои асосии Осиёи Марказиро, ки њамон давр аз онњо роњи оњан гузаштааст, номбар кунед. 9) §§ 2, 16 ва 17-ро такрор намоед. §19. ВАЗЪИ КИШОВАРЗЇ Шаклњои заминдорї ва андоз. Маълум аст, ки дар Осиёи Марказї, аз љумла дар аморати Бухоро ва хонии Ќўќанд то забти Русия њиссаи бузурги замин – тахминан 50%-ро заминњои давлатї–амлокї ва 25%-ро заминњои ваќфї ташкил медоданд. Дар ин заминњо асосан дењќонони камзамину безамин кор кар- да, ба фоидаи хазинаи амирию хонї ва ташкилотњои ваќфї (мадрасањо, масљидњо ва ѓайра) андоз – хирољ месупориданд. Тахминан 25%-и боќимондаи заминро мулкњои хури холис (яъне мулкњои аз андоз озод) ва мулкњои хориљї ташкил мена- муданд. Њукуматдорони подшоњї аз чунин тартиботи заминдорї 77 ќаноатманд набуданд. Баъди забти Осиёи Марказї, дар кишвари Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунї»-и ин киш- вар заминњои давлатї, яъне амлокї ва як њиссаи заминњои ваќфї чун мулки хусусї бевосита ба ихтиёри истифодакунандагонаш – дењќонон супорида шуд. Инчунин, он њиссаи заминњои мулкие, ки то забтшавї аз андоз озод буданд, аз чунин њуќуќ мањрум гарди- да, ба ќатори заминњои андозсупоранда дохил карда шуданд. Дар баъзе ноњияњо, дар асоси таљрибаи Русия, ќисме аз заминњо ба их- тиёри обшинањои дењќонї гузаронида шуд. Дар кишвари Туркисгон андози давлатиро, ки аз кишовар- зон, яъне дењќонон рўёнида мешуд «оброк» меномиданд. Њамаи заминњое, ки аз онњо оброк мерўёниданд, ба 8 зина (разряд) таќсим карда шуд. Мувофиќи он, дар аксари заминњои истифодашаван- даи обї аз рўйи даромаднокї андози оброкро ба њисоби миёна то 10% муайян кардаанд. Аз заминњои лалмї аз њар десятина 1 сўм 25 тин рўёнида мешуд. Барои мардуми бодиянишин, чун андоз, аз њар юрт (кибитка) 2 сўму 50 тин, барои мардуми шањр мувофиќи мул- ки ѓайриманќулашон андози давлатї муайян кардаанд. Њамаи ин андозњо ба фоидаи хазинаи подшоњї ситонида мешуд. Агар соли 1896 аз мардуми кишвар њамчун андоз 6978720 сўм љамъ карда бо- шанд, пас, он соли 1917 зиёда аз 33 млн сўмро ташкил намудааст. Дар аморати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузашта- Лањзаи аз дењќонон рўёнидани андоз – хирољ 78 наш оид ба шаклњои заминдорї ва андоз таѓйироте ба вуљуд на- омад. Дар ин љо мисли пештара замин ба шаклњои: амлокї (ё худ давлатї, ки ба он заминњои ба ном амирї њам дохил мешавад), ваќфї, мулкњои хури холис ва хирољї таќсим мешуданд. Чун ав- вал тахминан 75%-ро заминњои амлокї ва ваќфї ташкил менаму- данд. Аз заминњои амлокї ва хирољї андоз ба номи хирољ бояд 10%-и њосил ба фоидаи хазинаи амир, аз заминњои ваќфї њамин миќдор андоз ба фоидаи мадрасаю масљидњо ва дигар љойњои муќаддас ситонида мешуд. Андози дигари асосии пуркунандаи хазинаи њукумати ами- рии Бухоро закот ба њисоб мерафт. Закот чун андоз аз чорво, молњои тиљоратї ва пули наќд ситонида мешуд. Ин навъи андоз мувофиќи Ќуръони шариф яке аз панљ рукни асосии мусулмонї ба њисоб меравад. Ва он бояд ба фоидаи бенавоён ва дар роњи Худо сарф мегардид. Мувофиќи шариати ислом, њар чизе, ки да- ромад меоварад, агар аз он закот насупоранд, њаром аст. Аминона њам яке аз андозњои асосии замони амирї ба њисоб мерафт. Ин навъи андозро аз њамаи молњои барои фурўхтан му- айяншуда меситониданд. Дар байни молњое, ки ба фурўш баро- варда мешуд, љойи намоёнро пахта, ѓалла, пўсти ќарокўлї, пашм, чорпо, мева, матоъњои гуногун ва ѓайра ташкил менамуданд. Ѓайр аз андозњои номбурда, дар шароити амирии Бухоро боз дањњо навъи гуногуни андоз вуљуд доштанд. Амалдорони замони амирї барои аз мардум зиёдтар ситонидани андоз њавасманд бу- данд. Зеро бо чунин тадбир онњо аз як тараф, ба амир ва наздико- ни ў кордонии худро нишон дињанд, аз тарафи дигар як њиссаи ан- дози ѓункардашударо аз они худ мекарданд. Кишти пахтаи навъи амрикої. Њанўз дар нимаи дуюми асри Х1Х яке аз масъалањои муњими соњаи пахтакории Осиёи Марказї иваз намудани пахтаи навъи мањаллї – ѓўза, ки дар ин сарзамин аз замонњои ќадим кишт карда мешуд, бо навъи пешќадами љањонї – амрикої буд, зеро ѓўза, ки нахи кўтоњ дошт, талаботи рўзафзуни саноатчиёни Русияро ќонеъ гардонида наметавонист. Аз њамин сабаб дар сарзамини Осиёи Марказї бо ташаббуси ширкатњои марказии Русия кишти пахтаи навъи амрикої оѓоз ёфт. Аввалин кўшиши дар њудуди Осиёи Марказї пањн намудани пахтаи навъи амрикої ба замони пеш аз забтшавї мувофиќ ме- ояд. Масалан, њанўз солњои 1859–1860 дар Бухоро чунин навъи пунбадонаро, ки аз тарафи тољирони рус оварда шуда буд, чун 79 таљриба кишт кардаанд, вале кишти онсола бо сабаби риоя карда нашудани ќоидањои агротехникї њосил надод. Баъди забтшавї, соли 1874 дар уездњои Тошканд, Хуљанд ва Ќурама кўшиши киш- ти пахтаи навъи амрикої ба миён омад, ки боз њам натиљаи манфї дод. Бори сеюм онро соли 1882 кишт карданд ва дар шаро- ити кишвар аввалин бор натиљаи дилхоњ дод. Минбаъд дар Осиёи Марказї кишти ин навъи пахта сол то сол зиёд гардид. Чунончи, агар соли 1885 пахтаи навъи амрикоиро ќариб ба ќадри њазор де- сятина кишт карда, аз он 30 њазор пуд пахта гирифта бошанд, пас соли 1887 чунин пахтаро дар арзи ќариб 14,5 њазор десятина кишт карда, аз он 212 њазор пуд њосил гирифтаанд. Дар њудуди аморати Бухоро ва хонии Хева аз соли 1887 бо та- шаббуси рафоќати тиљоратию саноатии осиёимиёнагии «Кудрин ва К°» кишти пахтаи навъи амрикої cap шудааст. To ин ваќт дар њудуди ин ду мулк кишти пахтаи навъи амрикоиро манъ карда бу- данд. Мањз рафоќати номбурда аз амир ва хон оид ба кишти ин навъи пахта иљозат гирифтааст. Солњои 80 – 90-уми асри XIX рафоќатњо ва ширкатњои но- мии марказие, ки дар ноњияњои гуногуни Осиёи Марказї нуфуз пайдо карда буданд: рафоќати «Кудрин ва К°», рафоќатњои ману- фактураи бузурги Ярослав, «Владимир Алексеев» ширкатњои ба- родарон Шлосберг, Познанскийњо, Крафт ва ѓайра ба њисоб ме- рафтанд. Масалан, дар солњои 1886–1887 аз тарафи рафоќати «Ку- дрин ва К°» дар Тошканд, Ќўќанд, Хуљанд, Намангон, Марѓелон, Бухоро, Чорљўй, Марв, Хева ва Дилварзин 20 њазор пуд пунбадо- наи пахтаи навъи амрикої таќсим гардидааст. Ба ѓайр аз ин, худи рафоќат дар киштзорњои дар ноњияњои гуногуни кишвари Туркис- тон доштааш ќариб дањњазор десятина ин навъи пахтаро кишт кардааст. Намояндаи ширкати Крафт–И.Мейеркорт ба дењќонон пунба- донаи пахтаи навъи амрикоиро бе пул таќсим кард. Он инчунин, бо маќсади њавасмандї ба онњое, ки пахтаи аълосифати ин навъро зиёд супоридаанд, њатто мукофотњои пулї муайян кардааст. Албатта, рафоќатњо ва ширкатњои марказї аз харидани пах- таи мањаллї – ѓўза низ даст накашиданд, вале онњо кўшиш мекар- данд, ки дењќонон њарчи зиёдтар мањз пахтаи навъи амрикої ко- ранд. Барои ин онњо дењќонони пахтакори кишварро на маљбур, балки њавасманд менамуданд. Нархи хариди пахтаи навъи амрикої низ нисбат ба ѓўза баландтар буд. 80 Њамин тавр, бо ташаббуси рафоќатњо ва ширкатњои мар- казии Русия аз аввали солњои 80-уми асри XIX кишти пахтаи навъи амрикої љорї карда шуд ва он сол то сол хеле вусъат ёфт. Бо вуљуди душворињои молиявї, мањз бо ташаббуси ширкатњои марказї дар ноњияњои гуногуни Осиёи Марказї баъзе таљрибањои пешќадами коркарди замин, махсусан, коркарди усули амрикої оњиста-оњиста љорї карда шуд. Аз љумла, дар баъзе хољагињо њангоми шудгори замин аз плугњо низ истифода кардаанд. Умуман, тадбирњои гуногуни дар соњаи пахтакорї андешида- шуда (пеш аз њама, њавасманд намудани дењќонон) имкон доданд, ки дар Осиёи Марказй пахтакорї рушд ёбад, њосилнокии он нис- бат ба солњои пешин зиёд гардад ва истењсоли пахта хеле афзо- яд. Дар натиља, агар дар саноати бофандагии Русия њиссаи пах- таи ватанї (онро асосан пахтаи Осиёи Марказї ташкил медод, зеро њиссаи пахтаи Ќафќоз хеле ночиз буд) соли 1890 таќрибан 30% ва хориљї 70% бошад, пас, соли 1914 њиссаи пахтаи ватанї (ба марказ кашонидани он соли 1915 њам идома ёфт) таќрибан ба 70 % расиду њиссаи пахтаи хориљї то ба 30% пойин рафт. Ин бори дигар гувоњї медињад, ки дар солњои Љанги якуми љањон Осиёи Марказї ба манбаи асосии ашёи хом – пахта барои саноати бо- фандагии Русия табдил ёфтааст. Сарчашма: Андоз ва маљбурияти замин дар генерал – губернатории Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркис-тон». АНДОЗЊОИ ДАВЛАТЇ. АНДОЗИ ОБРОК Моддаи 241 Њамаи заминњое, ки аз онњо оброк гирифта мешавад, ба 8 раз- ряд таќсим мешаванд: – ба разряди якум заминњое дохил мешаванд, ки аз њар десяти- наи киштбоб ба њисоби миёна шаст сўм даромад дињанд; – ба разряди 2-юм – аз 60 то 50 сўм; – ба разряди 3-юм – аз 50 то 40 сўм; – ба разряди 4-ум – аз 40 то 30 сўм; – ба разряди 5-ум – аз 30 то 25 сўм; – ба разряди 6-ум – аз 25 то 20 сўм; 81 – ба разряди 7-ум – камтар аз 20 сўм; – ба разряди 8-ум заминњое дохил мешаванд, ки онњо аз борон обёрї мешаванд (заминњои лалмї). Моддаи 242 Андози давлатии оброк ба миќдори зерин муќаррар карда мешавад: – дар разряди 1-ум 10% аз даромади миёнаи умумии њар як де- сятинаи киштбоб; – дар разряди 2-юм – аз њар десятинаи киштбоб 5 сўм; – дар разряди 3-юм – аз њар десятинаи киштбоб 4 сўм; – дар разряди 4-ум – аз њар десятинаи киштбоб 3 сўм; – дар разряди 5-ум – аз њар десятинаи киштбоб 2 сўм; – дар разряди 6-ум – аз њар десятинаи киштбоб 1 сўм; – дар разряди 7-ум – аз њар десятинаи киштбоб 50 тин; – дар разряди 8-ум – аз њар десятинаи киштбоб 25 тин. Моддаи 246 Њавлї, инчунин, боѓу токзор ба њамон разрядњое дохил меша- ванд, ки аз љињати даромаднокї ба заминњои даштї дохил карда шудаанд ва аз рўйи њамон акт андоз гирифта мешавад. Моддаи 251 Андози оброк барои њар як вилоят дар давоми 12 сол, аз рўзи дар вилоят љорї гардидани он бетаѓйир мемонад. Моддаи 256 Андози давлатии оброк дар як марњала – аз 11-уми октябр то 31-уми декабри соли љорї супорида мешавад. Муњлати имтиёзно- ки супоридани андози оброк то 1-уми марти соли оянда муайян карда мешавад. Эзоњ: Аз заминњои лалмї, ки дар соли бебориш њосил надодаанд, бо таклифи губернаторњои њарбї ва сардори калони кишвар гириф- тани оброк якчанд сол ба таъхир андохта мешавад. 82 АНДОЗИ МАНЗИЛ Моддаи 261 Кўчманчиён барои гирифтани њуќуќи истифодаи хонаи зимистонї ва девлох (айлоќ)-љойњо ба маблаѓи 2 сўму 50 тин ан- доз медињанд. Эзоњ: Њар як бинои алоњида (юрт, каппа, заминкан), хона њисоб карда мешавад. Моддаи 263 Бањисобгирии хонањо дар кишвари Туркистон дар њар 3 сол як бор гузаронида мешавад ва дар ин муддат шумораи хонањо таѓйир намеёбад. МАЉБУРИЯТЊОИ ЗЕМСТВОЇ (ШАЊРЇ) Моддаи 282 Ањолии кишвари Туркистон аз маљбуриятњои давлатии земствогї озод карда шуда, фаќат маљбуриятњои мањаллиро ба љо меоранд: 1.Маљбуриятњои умумї, ки ба истеъмоли тамоми кишвар мансуб аст, њамаи ањолии вилоятњои тобеи он якљоя ба љо меорад. 2.Маљбуриятњои вилоятї барои нигоњдории идорањои мањаллї; 3.Маљбуриятњои хусусї, ки ба эњтиёљоту фоидаи љамъиятњои људогона тааллуќ дошт, дар љамъият бо маблаѓи худ ба љо овар- да мешуд. Эзоњ: Ба маљбуриятњои вилоятї инчунин нигоњ доштани муассисањои муваќќатии доир ба таќсимоти замини кишвар дахл дорад. (Ниг.:Хрестоматияи таърихи РСС Тољикистон – С. 219 – 221). С.Айнї дар бораи усули муайян намудани миќдори хирољ дар замони амирии Бухоро навиштааст: «Ваќти расидани њосил мус- тавфии хирољ (амлокдор) ё намояндаи он бо саворе чанд ба сари замин омада, њосилро аз будаш ду дараља зиёдтар тахмин карда, миќдори њаќќи подшоњиро ба ќиёси он тахмин ба номи дењќони фалакзада навишта меравад. Дар ваќти тахмин як шахсе ба си- фати аминї ба унвони намояндагии дењќон њамроњи муставфи- ён бошад њам, аз ин замин ба дењќон нафъе намерасад, азбаски нони амин аз табаќи муставфї равѓанї мешавад, ин њам ба ќадри 83 маќдур тахминро мувофиќи дилхоњи муставфї мекунад». Бино- бар ин, «инњо ихтиёр доштанд – менависад С. Айнї, – ки як за- минро як ман (128 кг) ё дањ ман њосилот тахмин намоянд. Пас дар ин сурат њељ тафовут надорад, ки амир дањяк фармояд ё дањпанљ». (Ниг.: Айнї С. Куллиёт,Љилди 10. – С.111, 136). Санањои муњим: 1859 – 1860 – аввалин кўшиши кишти пахтаи навъи амрикої дар Осиёи Марказї (дар Бухоро). 1873 – кўшиши дуюми кишти пахтаи навъи амрикої. 1882 – кўшиши сеюми кишти пахтаи навъи амрикої, ки бори аввал натиљаи дилхоњ дод. Савол ва супоришњо: 1) Дар шаклњои заминдорї ва андози кишвари Туркистон чї таѓйирот ба амал омад? 2) Шаклњои заминдорї ва андозу андозситонї дар аморати Бухоро чї гуна буд? 3) Дар ќаламрави Осиёи Марказї рушд додани кишти пахтаи навъи амрикої чї зарурат дошт? 4) Дар Осиёи Марказї ба кишти пахтаи навъи амрикої кадом ваќт аввалин бор кўшиш карда шуд? 5) Дар бо- раи тадбирњое, ки рафоќатњо ва ширкатњои марказии Русия дар рушди кишти пахтаи навъи амрикої андешиданд, наќл кунед. 6) Осиёи Марказї кай ба манбаи асосии ашёи хом – пахтаи са- ноати бофандагии Русия табдил ёфт? 7) §§ 2, 16 ва 17-ро такрор кунед. §20. ПАЙДОИШИ САНОАТ Ба вуљуд омадани аввалин корхонањои саноатї. Барои Оси- ёи Марказї солњои 80-ум ва 90-уми асри XIX асосан солњои бавуљудої ва рушди соњањои гуногуни саноат ба њисоб меравад, зеро мувофиќи баъзе маълумот, то соли 1880 дар кишвари Туркис- тон њамагї 21 корхонаи саноатї амал мекардаанд. Аз он љумла: 1 заводи пахтатозакунї, 2 заводи пўст, 1 заводи собунпазї, 1 чоп- хона, 4 заводи май (вино), 1 заводи пиво, 5 заводи спирттозакунї, 1 корхонаи пиллахушккунї, 1 заводи биринљтозакунї ва ѓайра. To солњои 80-уми асри XIX гумоштагони рафоќатњо ва ширкатњои Русия пахтаи аз Осиёи Марказї харидаашонро ба шањрњои марказї, аз љумла Москва ва атрофи он фиристода, 84 дар њамон љо онњоро аз пунбадона тоза мекарданд, ки ин баро- яшон хеле гаронї мекард. Аз ин рў, аз солњои 80-ум бо ташаб- буси онњо дар мањалњои гуногуни пахтакор (бештар дар назди дењањо) заводњои пахтатозакунї сохта шуданд. Дар аввал барои њаракати он заводњо ќувваи гов ё асп истифода мешуд. Минбаъд онњоро бо техника иваз карданд. Дар натиљаи чунин тадбирњо аз соли 1880 то соли 1890 танњо дар кишвари Туркистон боз 63 кор- хонаи нави саноатї ба кор шурўъ намуд, ки 22-тоашон заводњои пахтатозакунї буданд. Солњои 1890–1900 боз 111 корхонаи нави саноатї сохтанд, ки аз онњо: 52 заводи пахтатозакунї, 3 заво- ди равѓанкашї, 6 чопхона, 19 заводи шаробкашї ва ѓайра бу- данд. To соли 1900 шумораи умумии корхонањои саноатии киш- вари Туркистон ба 195 адад расида буд. Аз ин миќдор 75 заводро корхонањои пахтатозакунї ташкил мекарданд. Рушди саноат дар ибтидои асри XX. Дар ибтидои асри XX корхонањои саноатї дар Осиёи Марказї миќдоран хеле зиёд гар- дида, сифатан њам таѓйир ёфтанд. Бисёре аз онњо аз таљњизоти нави замонавї истифода мекарданд. Махсусан, чунин таѓйирот дар заводњои пахтатозакунї бештар мушоњида мегардид. Заводњои пахтатозакунї ба соњибонашон даромади зиёд ме- доданд, зеро онњо пахтаро аз дењќонон нисбатан арзон харида, онро дар заводи худ тоза карда (яъне нахашро аз пунбааш људо Заводи равѓанкашии бародарон Вадяевњо дap шањри Ќўќанд 85 намуда) нахашро бо нархи хеле гарон ба корхонањои бофандагї мефурўхтанд. Аз њамин сабаб, шумораи заводњои пахтатозакунї дар Осиёи Марказї босуръат меафзуд ва дар соли 1914 ба 378 адад расид, ки аз он 338 завод фаќат дар кишвари Туркистон (аз љумла дар вилояти Фарѓона 240 завод), дар аморати Бухоро 29 ва дар хонии Хева 11 завод љой гирифта буд. Сохтмони заводњои пахтатозакунї минбаъд њам идома ёфт. Аз он љумла, соли 1916 дар Саройкамар (н. Панљи њозира) яго- на дар Бухорои Шарќї заводи пахтатозакунї сохта шуд, ки он то барќароршавии њукумати шўравї амал кард. Он завод ба ширка- ти «Бухорои Шарќї» тааллуќ дошт. Дар аввал пунбадонаро аз пахта људо карда, онро бештар ба љойи сўзишворї истифода мекарданд, яъне ќисми зиёди пун- ба њамчун ашёи хом бе ягон фоида нобуд мешуд. Бо маќсади истифодаи ин ашё ва аз он гирифтани равѓан аз аввали солњои 90-уми асри XIX бо ташаббуси ширкатњо ва тољирон заводњои равѓанкашї сохта ба истифода дода шуданд, ки шумораи онњо соли 1914 ба 29 адад расид. Масалан, заводи равѓанкашии баро- дарон Вадяевњо, ки ибтидои асри XX дар шањри Ќўќанд сохта шуда буд, аз љињати таљњизот яке аз пешќадамтарин корхонањои љањон ба њисоб мерафт. Мувофиќи ашёи хоми кишвар, инчунин, заводњои дигар, ба монанди: хиштпазї, ордкашї, шаробкашї, пиво, собунпазї, кор- карди чўб, коркарди пўст, фабрикањои тамоку, гўгирд, корхонањои шоњибофї ва ѓайра ба вуљуд омаданд. Дар натиљаи рушди шаклњои гуногуни саноат шумораи умумии заводу фабрикањои кишвари Туркистон соли 1912 ба 852 ва соли 1917 ба 1100 адад расидааст. Албатта, аксари мутлаќи онњо корхонањои хурд буданд. Миќдори зиёди заводу фабрикањои нав низ дар вилояти Фарѓона љой гириф- та буданд. Бо рушди корхонањои саноатї шањрњои Ќўќанд, На- мангон, Андиљон (дар вилояти Фарѓона), Самарќанд, Хуљанд (дар вилояти Самарќанд), Тошканд (дар вилояти Сирдарё), Когон (дар аморати Бухоро) ва ѓайра ба марказњои саноатї табдил ёфтанд. Сарчашма: Мувофиќи маълумоти расмии њукумати подшоњї (ки на- чандон сањењанд, зеро дар онњо таъсиси бисёр заводњо нишон дода нашудааст), дар охирњои асри XIX дар кишвари Туркистон 86 миќдори танњо заводњои пахтатозакунї аз 100 адад зиёд буда- аст. Инчунин, мувофиќи он маълумот, дар њамон давр заводњои пахтатозакунї дар сарзамини аморати Бухоро (зиёда аз 10 за- вод) ва хонии Хева (тахминан 5 завод) низ вуљуд доштаанд. Аз ин рў, љамъбасти умумии заводњои пахтатозакунии Осиёи Марказї дар он давр ба 120 ва тамоми корхонањои саноатї тахминан ба 240 – 250 адад мерасанд. Аз сабаби он ки истењсоли пахта, мах- сусан, дар вилояти Фарѓона меафзуд, мањз дар њамин вилоят тах- минан 70 – 80%-и заводњои пахтатозакунї љойгир буданд. (Ниг.: Фабрично-заводские предприятия Российской империи. Пгд., 1914. «К»). Санањои муњим: Солњои 80 – 90-уми асри XIX – солњои бавуљудої ва рушди соњањои гуногуни саноат дар Осиёи Марказї. 1916 – сохта шудани заводи пахтатозакунї дар Саройкамар (н. Панљи имрўза), ки аввалин чунин завод дар њудуди Бухорои Шарќї ё худ Тољикистони Марказї ва Љанубии имрўза ба њисоб меравад. Савол ва супоришњо: 1) Ба вуљуд омадан ва рушд ёфтани соњањои гуногуни сано- ат дар Осиёи Марказї асосан ба кадом солњо мувофиќ меояд? 2) Чаро дар Осиёи Марказї бештар заводњои пахтатозакунї ва равѓанкашї бунёд гардидаанд? 3) Дар он давр бештари заводњо дар кадом минтаќањо љойгир буданд? 4) Аввалин заво- ди пахтатозакунї дар њудуди Бухорои Шарќї кай ва дар куљо ба вуљуд омад? 5) Навъњои заводњои дар он давр мављударо номбар кунед. 6) §§ 2, 16 ва 18-ро такрор намоед. §§21-22. СИЁСАТИ МОЛИЯВЇ. БОНКЊО Кассањои ќарздињии уездї. Дар шароити Осиёи Марказї асоси истењсолотро истењсолкунандагони хурд – хољагии пахта- корон, ѓаллакорон, њунармандон, косибон ва чорводорон, яъне онњое, ки худ бо истењсолот машѓул буданд, ташкил менамуданд. Онњо њар сол ба фоидаи давлат навъњои гуногуни андоз супори- да, хазинаро пур мекарданд. Аз ин рў дар шароити кишвари Тур- кистон њукуматдорони подшоњї бенавогардии ин ќисми ањолиро 87 намехостанд, зеро чунин њолат на танњо барои љамъоварии ан- доз, балки барои мављудияти худи системаи мустамликавї хав- фи љиддї дошт. Њукуматдорони подшоњї ба хубї эњсос мекар- данд, ки истењсолкунандагони хурди кишвар муњтољи дастгирии молиявї мебошанд ва њамин њолат онњоро ба доми судхўрон ка- шидааст. Судхўрон ба ивази ќарзи додаашон 60-80 ва њатто аз он зиёд фоида талаб мекарданд. Баъзе амалдорони подшоњї дар ша- роити Осиёи Марказї роњи халосиро дар љорї намудани фаъоли- яти кассањои ќарздињии уездї медиданд. Соли 1870 генерал-губернатори Туркистон Кауфман дар ша- роити кишвар зарурати кассањои ќарздињии уездиро ба миён гу- зошта буд. Соли 1873 барои кишвари Туркистон ойинномаи чу- нин кассањо тартиб дода шуд. Мувофиќи он, пешнињод шуда буд, ки ба хоњишмандон-муњтољон ќарз ба миќдори аз 10 то 300 сўм (он солњо дар вилояти Самарќанд ба 30 сўм як гови дўшо ва ё як асп харидан мумкин буд) ба муњлати аз 3 моњ то як сол, ба ивази 6%-и солона дода шавад. Дар асоси њамин ойинномаи уму- мии кишвар, минбаъд њар як кассаи нав бавуљудомада ойинномаи хоси худро тартиб медод. Дар њудуди кишвари Туркистон аввалин кассањои ќарздињї соли 1876 дар шањри Намангони вилояти Фарѓона, соли 1882 дар Каттаќўрѓони округи Зарафшон (баъд вилояти Самарќанд) таш- кил карда шуд. Доираи фаъолияти кассаи Каттаќўрѓон њудуди минтаќаи Панљакентро низ, ки тумани Нагорний меномиданд, дар бар мегирифт. Соли 1885 кассаи ќарздињии уезди Хуљанд таш- кил ёфт. Фонди пулии кассањо аз маблаѓи даромади худи уезд ва вилоят таркиб меёфт. Чунин даромад аз њисоби андоз, махсусан андози кишоварзон, даромади шањрњо ва ѓайра иборат буд. Миќдори кассањои ќарздињии уездї дар кишвари Туркистон соли 1903 ба 21 ташкилот, бо сармояи 342,5 њазор сўм расид. Ин маблаѓ соли 1909 ба 1159 њазор сўм ва дар арафаи Љанги якуми љањон ба 1,6 млн сўм расид. Масалан, маблаѓи кассаи Хуљанд агар њангоми ташкилшавї (с. 1885) 7,5 њазор сўмро ташкил дињад, пас, соли 1909 он ба 12 њазор сўм расид. Албатта, ин миќдор маблаѓ талаботи рўзафзуни истењсолкунандагони хурдро ќонеъ гардо- нида наметавонист. Барои аксари онњо чунин ќарз дастнорас низ буд. Фаъолияти чунин кассањо танњо њудуди кишвари Туркистон- ро фаро гирифта, онњо дар њудуди аморати Бухоро ва хонии Хева њанўз вуљуд надоштанд. Фаъолияти рафоќатњо ва ширкатњои 88 марказии рафоќатњо ва тиљоратии Русия, ки манфиати саноати ширкатњои бофандагиро њимоя мекарданд, махсусан ширкатњои марказии Русия, тарафдори рушди пахтакорї буданд. Чунон ки таъкид кардем, мањз бо ташаббуси онњо дар њудуди Осиёи Марказї кишти пахтаи навъи амрикої пањн гардид. Мањз он рафоќатњо ва ширкатњо зарурати ќарзро барои рушди пахтакорї эњсос намуда, чунин хољагињоро ба ќадри имкон бо пул таъмин карданд Масалан, рафоќати «Мануфактураи бузурги Ярослав» шурўъ аз соли 1887 барои кишти пахтаи навъи амрикої, ба ивази 8 дар- сади солона ќарз медод. Ин рафоќат дар амалиёти ќарздињии худ бо рафоќати «Владимир Алексеев» якљоя фаъолият мекард. Ин ду рафоќат соли 1900 дар 14 волости уезди Андиљон ба 5632 нафар дењќонон ќариб 415 њазор сўм ќарз додаанд. Дењќонон ба ивази ин ќарз пахтаи худро бояд мањз ба намояндагони њамин рафоќатњо месупориданд. Намояндаи ин рафоќатњо на танњо дар њудуди вилоятњои гуногуни кишвари Туркистон, балки дар ќаламрави аморати Бухоро ва хонии Хева њам амал мекарданд. Рафоќати «Кудрин ва К°», ширкатњои бародарон Шлоссберг, Познанскийњо, Крафт, Л.Кноп ва ѓайра, ки дар ноњияњои гуногу- ни кишвар фаъолият доштанд, ба мисли рафоќатњои номбурда, бо шартњои гуногун ба дењќонон ќарз медоданд. Масалан, рафоќати «Кудрин ва К°» (рафоќати тиљоратию саноатии осиёимиёнагии Кудрин ва К°) 27-уми июли соли 1884 (марказаш дар Москва) аз тарафи 56 нафар сањмдорони москвагї, аз љумла ширкати Савва Морозов бо маќсади аз њудуди Осиёи Марказї ва Эрон харида- ни пахта ташкил карда шуда буд. Ин рафоќат дар Оренбург, Тош- канд, Ќўќанд, Кошѓар, Бухоро, Чорљўй, Марв, Ашќобод, Кучан ва Машњад идора ва анборњо дошт. Рафоќат дењќонони ноњияњои пахтакор ва нуќтањои ба он наздикро бо ќарзњои гуногун таъмин менамуд. Умуман, фаъолияти ќарздињии рафоќатњо ва ширкатњои мар- казии Русия дар роњи рушди иктисоди Осиёи Марказї, махсусан пахтакорї, ќадами љиддие буд. Мањз онњо дар њудуди кишвар ба- рои фаъолияти васеи сармояи бонкї шароити мусоид ба вуљуд оварданд. Бонкњо. Зарурати дар шароити Осиёи Марказї, пеш аз њама кишвари Туркистон, оѓоз намудани фаъолияти бонкњои марка- зии Русияро рафоќатњо ва ширкатњои марказии тиљоратї ба миён 89 гузоштанд, зеро намояндагони онњо, ки дар кишвар бо корњои тиљорат машѓул буданд, на њама ваќт бо пули зиёд ба ин сарза- мин омада метавонистанд. Аз ин рў, онњо аз њукумати подшоњї талаб мекарданд, ки дар кишвари дурдаст шуъбаи бонкњои Русияро ташкил намояд. Мувофиќи талаби онњо, 10-уми майи соли 1875 дар Тошканд ав- валин ташкилоти давлатии ќарздињї дар кишвар – шуъбаи Бон- ки давлатии Русия кушода шуд. Шуъба то соли 1890 дар сарзами- ни Осиёи Марказї ягона ташкилоти калони ќарздињї ба њисоб мерафт ва он ба ширкату тољирони калон ќарзи кўтоњмуддат (то 1 сол) медод. Минбаъд ин бонк дар шањрњои Самарќанд (с.1890), Ќўќанд (с.1893), Бухоро (с.1894), Ашќобод (с.1895), Андиљону Верний (с.1911) шуъбањои худро кушод. Аз аввали солњои 90-уми асри XIX дар Осиёи Марказї бонкњои тиљоратї ё худ хусусии Русия њам шуъбањои худро кушо- данд. Шумораи онњо асосан дар ибтидои асри XX афзуд. 9 ада- ди чунин бонкњо дар кишвар 45 ташкилот доштанд. Он бонкњои тиљоратии русиягї, ки дар Осиёи Марказї ташкилотњои худро доштанд, инњоанд: Бонки русию осиёї (дар асоси собиќ бон- ки Русияю Чин бунёд гардидааст), Бонки тиљорати Сибир, Бон- ки Азову Дон, Бонки Волгаю Кама, Бонки Муттањида (дар асо- си собиќ Бонки тиљорати байналмилалии Москва бунёд гарди- Тоќи Саррофон дap шањри Бухоро. Дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX њам яке аз марказњои асосии тиљорат ва иваз кардани пул буд. 90 дааст), Бонки русии тиљорати беруна, Бонки тиљорати Москва, Бонки саноати Москва ва Бонки њисоби Москва. Инчунин як бонки нимњукуматии Русия – Бонки њисоби ќарздињии Эрон низ дар Осиёи Марказї ташкилотњо дошт. Ѓайр аз ин, бонкњои Русия боз 18 адад бонкњои мањаллї дар шакли љамъиятњои ќарздињии байнихудї, бонкњои тиљоратї ва шањрї мављуд буданд. Шумо- раи умумии ташкилоти бонкњои марказї ва мањаллї дар Осиёи Марказї ба 72 адад расида буд, ки аз онњо дар арафаи Инќилоби Октябр 61 ададашон амал мекарданд. Шуъбањои бонкњо бештар дар вилояти Фарѓона (22 ташки- лот) љойгир шуда буданд. Боќї дар вилоятњои Сирдарё, Мова- рои Хазар (Закаспий) (дар њар кадом 10 ташкилот), Самарќанду Њафтрўд (дар њар кадом 9 ташкилот), яъне дар кишвари Тур- кистон љамъан 60 ташкилоти бонкї љойгир буданд. Дар амора- ти Бухоро 11 ташкилот ва дар хонии Хева њамагї як ташкилоти бонкї амал мекарданд. Дар байни шањрњо дар љойи аввал Ќўќанд, ки 10 ташкилоти бонкї (як шуъбаи Бонки давлатї, 8 ташкилоти бонкњои хусусии марказї ва як бонки мањаллї), дар љойи дуюму сеюм Бухорою Самарќанд (дар њар кадоми онњо 8 ташкилоти бонкї) ва дар љойи чањорум Тошканд (бо 7 ташкилоти бонкї) ќарор дошт. Ѓайр аз бонкњои номбурда, дар њудуди кишвари Туркистон боз ду бонки марказии кишоварзї: Бонки Нижегороду Самара (аз соли 1899) ва Бонки Полтава (аз соли 1902) амал мекарданд. Онњо ба соњибони мулкњои ѓайриманќул – соњибони заводњо, за- мин, хонањо ва ѓайра ба муњлати аз 10 то 66 сол ќарзи дарозмуд- дат медоданд, вале хусусиятњои кишварро ба назар гирифта, ин бонкњо ќарзро асосан ба муњлати 20 солу 7 моњ додаанд. Бонкњои тиљоратии марказї дар сарзамини Осиёи Марказї мустаќилона амал мекарданд. Онњо танњо ба садорат (правление)- ашон итоат намуда, дар асоси ойинномањои худ фаъолият мекар- данд, яъне дар мањалњо њукуматдорони подшоњї ба фаъолияти бонкњо дахолат намекарданд. Дар сарзамини имрўзаи Тољикистон расман ягон ташкило- ти бонкї љойгир нашуда буд. Фаќат дар шањри Хуљанд як таш- килоти хазинахона (казначейство) амал мекард, ки корњои хурди бонкї, аз љумла ќабул ва фиристодани ќарзњо, ба ќайд гирифта- ни ќарзњои векселї ва ѓайраро иљро мекард. Вале ин чунин маъ- но надорад, ки сармояи бонкї ба сарзамини имрўзаи Тољикистон 91 cap надаровардааст. Пеш аз њама, бояд ба эътибор гирифт, ки сармояи бонкї дар сарзамини Осиёи Марказї сарњади амали- ёт надошт. Аз њамин сабаб бисёр тољирону кордонњои Хуљанду Ўротеппа њам аъзои фаъоли шуъбањои бонкии дар Самарќанд, Ќўќанд ва дигар шањрњо амалкунанда ба њисоб мерафтанд. Маса- лан, шуъбаи самарќандии Бонки давлатии Русия (дар асоси маъ- лумоти 1-уми январи соли 1915) дорои 440 нафар шахсони вако- латдор (аккредитатсияшуда) буд, ки аз онњо 111 нафарашон аз уезди Хуљанд (танњо аз ш.Хуљанд – 101 нафар, аз Ўротеппа – 2 на- фар, аз Ѓўлакандоз – 2 нафар ва ѓайра) буданд. Мутасаддиёни бонкњо бо маќсади њарчи васеътар пањн на- мудани фаъолияти худ аз хизмати миёнаравњо: рафоќатњо, ширкатњо, тољирони бонуфуз, даллолон (комиссионерњо) ва аробакашњо моњирона истифода мекарданд, зеро худи бонкњо им- кон надоштанд, ки бевосита бо истењсолкунандагон – дењќонон, њунармандон, косибон, чорводорон ва дигарон сарукор дошта бошанд. Бинобар ин шуъбањои бонкњо пулро њамчун ќарз ба рафоќату ширкатњо ва тољирони бонуфуз (бештари онњо соњиби заводњои гуногун, махсусан, заводњои пахтатозакунї буданд) ме- доданд. Рафоќату ширкатњо ва тољирони калон дар навбати худ ќарзи аз бонк гирифтаашонро дар байни миёнаравони нисба- тан хурд: тољирони миёна ва хурд, даллолон (комиссионерњо), аробакашњо ва дигарон таќсим мекарданд. Ин гурўњ дар навба- ти худ ќарзро ба истењсолкунандагон, аз љумла ба дењќонон ме- расониданд. Ширкатњо ва рафоќатњои мањаллї. Нуќтаи охири ќарз аз мар- кази ташкилотњои бонкї њар ќадар дур бошад, суди ќарз њамон ќадар њам меафзуд. Яъне, агар бонкњо ба рафоќату ширкатњо ё худ тољирони калон ќарзро ба ивази 8-10% дињанд, пас, дар мањалњои наздики бонк он ќарз баъзан ба ивази 12 – 15% дастра- си дењќонон мешуд. Вале дар гўшањои дурдаст, ки раќобат вуљуд надошт, суди ќарз 50 – 60% ва њатто аз он њам зиёд мешуд. Аз ин рў, баъзе ширкатњо манфиатдор буданд, ки ќарзро аз бонкњо ги- рифта, ба мањалњои дурдаст баранд. Зеро дар чунин мањалњо, аз як тараф раќобат вуљуд надошт, аз тарафи дигар ширкатњо суди ќарзро мувофиќи хости худ метавонистанд баланд кунанд. Дар шароити Осиёи Марказї амалиёти пахта шурўъ аз киш- ти пунбадона то ба марказњои саноатї расонидани нахи он – њама дар зери назорати сармоягузорони бонкњо буданд. 92 Тавре ки ишора шуд, барои мутобиќ гардонидани фаъолияти бонкњо дар шароити Осиёи Марказї, махсусан, барои амалї гар- дидани амалиёти ќарздињии онњо, рафоќатњо ва ширкатњо наќши муњим бозидаанд. Ширкатњо ва рафоќатњое, ки солњои 70–80-уми асри XIX дар Осиёи Марказї амал мекарданд, аксар рафоќат ва ширкатњои москвагї ё худ аз дигар шањрњои марказии Русия бу- данд, вале онњо њам дар амалиёт бањри рушди фаъолияти худ, ба тољирони мањаллї такя мекарданд. Дар натиља, минбаъд аз њисоби тољирони мањаллї бунёдкунандагони ширкатњо, баъд- тар рафоќатњои бузург сабзида расиданд, ки мисоли онро дар си- мои ширкатњои бародарон Вадяевњо, Р.Ш. Потеляхов ва дигарон дида метавонем. Масалан, 24-уми ноябри соли 1894 шуъбаи ќўќандии Бонки давлатии Русия ба тољирони начандон номї бародарон Вадяевњо (яњудиёни бухорої) 50 њазор сўм ќарз дода буд. 21-уми июли соли 1900 њамон шуъба кордонии онњоро ба назар гирифта миќдори ќарзро то ба 100 њазор сўм зиёд намуд. Ин гуна кумаки бонкї ба бародарон Вадяевњо имкон дод, ки 28-уми феврали соли 1902 дар Ќўќанд бо номи «Хонаи тиљоратии бародарон Вадяевњо», бо сар- мояи 70 њазор сўм ширкати мустаќиле бунёд кунанд. Маќсади ин ширкат асосан хариду фурўши пахта, фурўши мањсулоти саноатї ва ѓайра ба њисоб мерафт. Кордонии Ёќуб ва Сион Вадяевњо диќќати амалдорони бонкњои марказии Русияро љалб карда буд. Пас аз ташкил ёфтани ширкат, Бонки давлатї миќдори ќарзи Лањзаи хариду фурўши пахта дap майдони яке аз заводњои пахтатозакунї. 93 Вадяевњоро боз њам зиёдтар намуд, ки он соли 1903 то ба 200 њазор сўм ва соли 1907 то ба 250 њазор сўм афзуд. Бародарон Вадяевњо баъди дар Осиёи Марказї пањн гардида- ни фаъолияти бонкњои марказии тиљоратии русиягї шахсони бо- эътимоди бисёре аз онњо гардида буданд. Дар натиља, бародарон Вадяевњо дар ќатори Бонки давлатї аз дигар бонкњои тиљоратии марказї низ ќарзњои зиёди нисбатан имтиёзнок гирифта, ба ама- лиёт даровардаанд. Дар замони афзудани раќобати байни бонкњо наздикшавии ширкати Вадяевњо бо Бонки тиљоратии марказии Русияю Осиё ањамияти махсус дошт ва он 11-уми майи соли 1912 ба ташкил дода шудани ширкати боз њам калонтари «Рафоќати тиљоратию саноатии Вадяевњо» боис гардид. Дар рафоќат низ бародарон Сион ва Ёќуб наќши пешбар бо- зиданд. Аз ширкати собиќи Вадяевњо амалиёти пахта ва заводњои пахтатозакунї ба рафоќат гузашт. Охири соли 1913 дар ихтиёри ин рафоќат 9 заводи шахсии пахтатозакунї ва 15 заводи иљора, яъне љамъ 24 заводи пахтатозакунї кор мекард. Охири соли 1912 шумораи он заводњои пахтатозакунї ба 28 адад расид, ки аз онњо 12 завод моли худи ширкат ва 16 завод иљора буд. Бонки Русияю Осиё, ки дар ќатори бародарон Вадяевњо бун- ёдгузори рафоќат ба њисоб мерафт, дар муддати фаъолияти муш- тарак ба ширкат (солњои 1912-1915) маблаѓи хеле бузурги имтиёз- нок дода буд. Рафоќат мањз ба шарофати ин бонк аз 1-уми ноябри соли 1913 то майи соли 1914 ба дењќонони пахтакор ба миќдори зиёда аз 12,5 млн сўм ќарз додааст. Дар натиља, миќдори умумии ќарзи ба дењќонон додаи рафоќат зиёда аз 36 млн сўмро ташкил намудааст. Рафоќати Вадяевњо сол то сол пурќувват мегардид. Аз панљ як њиссаи пахтаи Осиёи Марказї танњо ба воситаи њамин рафоќат ба марказњои саноатии Русия фиристода мешуд. Дар соли 1915 рафоќат бо бонкњои гуногун робита дошт. Вай њиссаи асосии сањмњои яке аз љамъиятњои калонтарини сањомии Русия «Салолин»-ро низ соњиб шуд. Дар натиља, рафоќати Вадяевњо дар арафаи мањви низоми подшоњии Русия ба ќатори рафоќатњои бу- зургтарини соњаи саноати сабуки империя (махсусан, дар соњаи пахта, равѓан ва маргарин) дохил гардид. Фаъолияти рафоќатњо нисбат ба ширкатњо хеле васеъ буд. Аз ин љињат ташкилёбии рафоќати Вадяевњо ва баъд рафоќати Поте- ляхов аз кўшиши бунёди иттињодияњои монополистї дар Осиёи 94 Марказї дарак медод. Ташкилотњои хурди ќарздињї. Дар охири асри Х1Х ва ибти- дои асри ХХ чун дар тамоми империяи Русия дар шароити кишва- ри Туркистон њам яке аз вазифањои навбатии њукумати подшоњї наљот додани хољагињои дењќонони миёнањол ба њисоб мерафт. Онњо дар ин соња роњи ягонаи наљотро дар љорї намудани амали- ёти ташкилотњои хурди ќарздињї медиданд. Ташкилотњои хурди ќарздињї, чун дар тамоми Русия, дар кишвари Туркистон њам бояд мувофиќи ќонуни 7-уми июни соли 1904 ќабулшуда бунёд мегардиданд. Дар асоси он ќонун се навъи чунин ташкилотњо пешбинї шуда буд: рафоќати ќарздињї, рафоќати ќарздињии амонатї ва кассањои љамъиятии амонатї. Соли 1905 оид ба њар кадоми ин шаклњо ойинномањои махсус тањия карда шуд. Мувофиќи он њуљљатњо, рафоќати ќарздињї танњо аз њисоби маблаѓи Бонки давлатї ташкил меёфт, бинобар ин, нисбат ба аъзои худ њаќќи узвият надошт. Њангоми амалиё- ти мусбати рафоќат Бонки давлатї нисбат ба он сари чанд ваќт миќдори ќарзи худро зиёд мекард. Даромад ва зарари рафоќати ќарздињї ба уњдаи давлат мегузашт. Рафоќати ќарздињии амонатї дар асоси њаќќи узвияти бунёд- кунандагонаш ташкил карда мешуд ва даромаднокї, яъне њаќќи узвияти сањм (дивиденд) њам ба фоидаи аъзои он буд. Фаќат баъ- ди як соли фаъолияти мусбат чунин рафоќатњо метавонистанд аз ќарзи Бонки давлатї истифода кунанд. Њангоми пароканда ва ё ќатъ карда шудани фаъолияти онњо тамоми маблаѓашон дар бай- ни аъзо – бунёдгузоронашон таќсим карда мешуд. Барои ташкил намудани њар ду шакли рафоќатњои номбурда, яъне рафоќатњои ќарздињї ва карздињии амонатї, ариза бо имзои зиёда аз 20 на- фар шахсони алоњида зарур буд. Яъне ташкил намудани чунин ташкилотњо ба ташаббуси худи истењсолкунандагони хурд – дењќонон, њунармандон ва косибон вобастагї дошт. Фарќи шакли сеюми ташкилот, яъне кассањои љамъияти ќарздињии амонатї аз рафоќатњои номбурда он аст, ки ин ташки- лот бо ташаббуси љамъиятњои алоњида ё љамъиятњои дењотї таш- кил карда мешуд. Дар шароити кишвари Туркистон аз њар се шакли номбур- да танњо ду шакли аввала, рафоќатњои ќарздињї ва ќарздињии амонатї ташкил карда шудаанд. Ташкилотњои хурди ќарздињї ќарзро ба таври имтиёзнок 95 танњо ба аъзои худ, ба миќдори барои њар як кас то њазор сўм, ба ивази то 12%-и солона медод. Ќарзи дарозмуддат то 5 сол ва кўтоњмуддат то 1 сол муайян карда шуда буд. Дар ќаламрави кишвари Туркистон соли 1907 аввалин рафоќати ќарздињї дар вилояти Фарѓона ташкил карда шуд. Аз соли 1910 чунин рафоќатњо ба таври оммавї бунёд гардиданд. Соли 1917 шумораи умумии онњо ба 900 адад расид. Аз ин њисоб тахминан 340 рафоќати карздињї ва бештар аз 500 рафоќати ќарздињии амонатї мављуд буданд. Шумораи умумии аъзои ташкилотњои хурди ќарздињї танњо дар вилоятњои Фарѓона, Самарќанд ва Сирдарёи кишвари Туркистон то ба 200 њазор на- фар расида буд. Аз сабаби он ки талаботи истењсолкунандагон ба ќарз хеле зиёд буд, бинобар ин, баробари афзудани шумораи ташкилотњои хурди ќарздињї, маблаѓи онњо низ меафзуд. Фаќат соли 1917 аз тарафи тамоми ташкилотњои хурди ќарздињии кишвар (ѓайр аз вилояти Моварои Хазар) ба истењсолкунандагон ќариб 51 млн сўм ќарзи имтиёзнок дода шуд. Фаъолияти ташкилотњои хурди ќарздињї ноњияњои пахта- кор, ѓаллакор, чорводор, мањалњои њунармандону косибони танњо кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Бисёр хољагињои ноњияњои имрўзаи Тољикистони Шимолї низ ба доираи фаъолия- ти ин ташкилотњо дохил мешуданд. Ба ин фаъолияти рафоќатњои ќарздињии Ўротеппа, Нов, Ќистакўз, Исфисор, Ѓўлакандоз, Ис- фара, Мањрам ва ѓайра мисол шуда метавонанд. Ташкилотњои хурди карздињї баробари мустањкамшавї ва васеъ кардани фаъ- олияти худ инчунин, вазифаи миёнаравиро низ ба уњда доштанд, яъне аъзояшонро бо олатњои кишоварзї, пунбадонаи тухмї, тух- ми кирмак, ѓалла ва ѓайра таъмин мекарданд. Дар шароити кишвари Туркистон ташкилотњои хур- ди ќарздињї, барои дастгирї ва рушди хољагињои дењќонони миёнањол, њунармандон ва косибон наќши муњим бозидаанд. Ин раванд истењсолкунандагонро аз панљаи миёнаравон, махсу- сан судхўрон пурра халос карда натавониста бошад њам, ба њар њол, ба хољагињои миёнањол дасти ёрї дароз карда, ќисми зиёди онњоро аз фаќру харобшавї эмин дошт. 96 Сарчашма: С.Айнї дар бораи амалиёти векселии бонкњо ва миёнаравњо, ки баъзан ба фоидаи худ, бо роњи судхўрї онро суистеъмол мекар- данд, навиштааст: «...дар ваќтњои болоравии амалиёти судхўрии Ќориишкамба дар Осиёи Миёна, аз он љумла дар Бухоро аз тара- фи буржуазияи молии Русияи подшоњї бонкњо кушода шуда, дар додугирифти савдогарон ва судхўрони калон ба сифати њуљљати ќарздорї вексел љорї шуда, васиќаи ќозихонагї дар муомилотњои пулї обрўйи худро гум карда буд... бинобар ин, бештарини сав- догарон ва судхўрони калон... дар муомилоти байни худ ва ди- гарон ба сифати як њуљљати ќатъї векселро ќабул карданд, ки ба муќобили вай дар мањкамањои Бухоро даъвоеро бардоштан мум- кин набуд. Вексел ду навъ буд – муњлатнок ва бемуњлат. Дар вексели муњлатнок рўзи адои ќарз муайян карда навишта мешуд ва ќарздор маљбур буд, ки дар њамон рўзи муайянкардашуда ќарзи худро адо намояд, вагарна молу мулкаш бо музояда (торг) фурўхта шуда, маблаѓи ќарз рўёнида мешуд. Дар вексели бемуњлат рўзи адои ќарз навишта намешуд ва ваќти адои ин гуна ќарз ба талаби ќарзхоњ вобаста буд, ќарзхоњ, кадом ваќт ки хоњад, маблаѓи дар вексел ќайдшударо аз ќарздор талаб карда гирифта метавонист. Ана, њамин хусусияти вексели бемуњлат, ки онро вексели са- фед њам мегуфтанд, барои пўст кандани дењќонони мењнаткаши бесавод, дар дасти судхўрон хидмати корди буррои ќассобиро ба љо меовард. Чунончи, як судхўр ба як дењќон дусад сўм пули наќд дода, фоидаи яксолаашро, масалан, сад сўм њисоб карда, ин маблаѓро ба тани пул зам намуда, аз дењќон вексели сафеди сесадсўмиро даст монда мегирифт. Судхўр ба дењќон барои адои ќарз, забонї як сол муњлат дода бошад њам, азбаски ин мухдат дар вексел ќайд намеёфт, баъд аз ду моњ векселро ба воситаи нотариус протест кунонда, маблаѓи дар вай ќайдшударо, яъне тани пулро бо фоидаи яксолааш аз дењќон меситонд ва агар дењќон надињад ё дода натавонад, ба во- ситаи иљрокунандаи њукми суд ва мулозими ќозї молу мулки ўро ба музояда (савдои «кї зиёд?») фурўшонда маблаѓи дар вексел ќайдшударо мерўёнид». (Ниг.: Айнї С. Марги судхўр. Куллиёт. Љилди 4. - Душанбе, 1961. - С.8 – 9). 97 Санањои муњим: 1870– пешнињоди генерал-губернатори Туркистон Кауфман оид ба зарурати кассањои ќарздињии уездї дар шароити кишва- ри Туркистон. 1875, 10-уми май – дар шањри Тошканд кушода шудани шуъ- баи Бонки давлатии Русия, ки аввалин ташкилоти бонкї дар ќаламрави Осиёи Марказї мебошад. 1876 – бунёди аввалин кассаи ќарздињии уездї дар Намангон. 1890 – 1917 – дар ќаламрави Осиёи Марказї кушода шудани ташкилотњои гуногуни бонкњои марказии Русия ва ба вуљуд ома- дани бонкњои мањаллї. 1904, 7-уми июн – ќонун дар бораи ташкилотњои хурди ќарздињї. 1907 – бунёди аввалин ташкилоти хурди ќарздињї дар вилоя- ти Фарѓона. 1912, 11-уми май – ташкил карда шудани рафоќати тиљоратию саноатии Вадяевњо. Савол ва супоришњо: 1) Кассањои ќарздињии уездї бо кадом маќсад ва дар ка- дом ќисми ќаламрави Осиёи Марказї ташкил карда шуданд? 2) Дар бораи фаъолияти ќарздињии ширкатњои марказии Ру- сия дар Осиёи Миёна чї медонед? 3) Бонкњои марказии Русия- ро, ки дар ќаламрави Осиёи Марказї амал мекарданд, ном- бар кунед. 4) Миёнаравњо кињо буданд ва зарурати онњо ба- рои фаъолияти бонкњо дар чист? 5) Дар бораи ширкатњо ва рафоќатњои мањаллї чї медонед? 6) Бародарон Вадяевњо чї тавр ба муваффаќиятњои бузург ноил гардиданд? 7) Зарура- ти барпо намудани ташкилотњои хурди ќарздињї дар чист ва ањамияти онњоро дар чї мебинед? 8) Ташаббуси ташкил наму- дани ташкилотњои хурди ќарздињї дар ихтиёри кї буд? 9) §§ 2, 18, 19 ва 20-ро такрор намоед. 98 БОБИ 7 §23. ТАРКИБИ ИЉТИМОИИ ХАЛЌЊОИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ Миллату халќњо ва табаќањои иљтимої. Дар нимаи дую- ми асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар Осиёи Марказї асосан тољикон, ўзбекњо, туркманњо, ќирѓизњо, ќазоќњо, ќароќалпоќњо, ки мардуми муќимии ин сарзамин ба њисоб мерафтанд, зиндагї мекарданд. Ѓайр аз онњо, махсусан, дар шањрњои бостонии Бухо- ро, Самарќанд ва дигар шањрњо яњудиён зиндагї мекарданд, ки онњоро ба таври умум «яњудиёни бухорої» мегуфтанд. Дар баъ- зе шањру ноњияњо, махсусан, дар шањрњои Бухорою Самарќанд ва атрофи онњо эрониён, дар баъзе ноњияњои кишвар арабњо низ мезистанд. Шурўъ аз нимаи дуюми солњои 60-уми асри ХХ дар њудуди Осиёи Марказї муќимшавии русњо ва дигар халќњои аврупої, ки онњоро ба таври умум «русзабонњо» мегуфтанд, оѓоз гардид. To рушди муносибатњои молию пулї дар ќаламрави Осиёи Марказї мардуми асосї аз рўйи табаќањои иљтимої ба дењќонон, чорводорон, феодалон (сарватмандон ё худ заминдорони ка- лон), рўњониён, тољирон, њунармандон ва косибон таќсим мешу- данд. Бо рушди муносибатњои молию пулї, ки аз нимаи дуюми асри XIX оѓоз гардид, аз њисоби халќњои мањаллї низ ташаккул- ёбии табаќањои нави иљтимої – коргарон ва буржуазияи миллї оѓоз шуд. Амалдорони мањаллї асосан аз љумлаи феодалон ва рўњониён, баъзан тољирон буданд. Оѓози ташаккулёбии синфи коргари миллї. Ибтидои ташак- кулёбии синфи коргар дар Осиёи Марказї асосан ба солњои 80-90- уми асри XIX мувофиќ меояд, зеро бавуљудої ва рушди соњањои гуногуни саноат ва сохтмони роњњои оњан мањз ба ин солњо хос аст. Шумораи коргарон ба иќтидори заводњо ва корњои сохтмони роњњои оњан вобастагї дошт. Мувофиќи баъзе маълумот, танњо дар кишвари Туркистон то охири асри XIX шумораи умумии кор- гарони корхонањои саноатї таќрибан 10 њазор нафар буд, ки аз онњо 70,7%-ро намояндагони халќњои мањаллї ташкил мекар- данд. Њиссаи коргарони мањаллї, махсусан, дар вилояти Фарѓона зиёд буда, он 79,3%-ро ташкил медод. Сабаби ин пеш аз њама он 99 аст, ки аксари мутлаќи коргарони заводњои пахтатозакунї аз мардуми мањаллї буданд. Таќрибан сеяки коргарони заводњои пахтатозакунии вилояти Фарѓонаро мардуми Ќаротегин, ки бе- чоратарин мардуми аморати Бухоро ба њисоб мерафтанд, ташкил мекарданд. Дар ибтидои асри XX ќисме аз корхонањои Осиёи Марказї њаљман васеъ ва сифатан бењтар гардида, дорои шумораи зиёди коргарон мешуданд. Масалан, дар вилояти Фарѓона, мувофиќи маълумоти соли 1914, дар се заводи пахтатозакунии Миркомил Муъминбоев – 125 нафар коргар, дар заводи ќаннодї (аз лаблабуи ќанд)-и Ќовунчии уезди Тошканд аз њама зиёд – 1000 нафар кор- гар кор мекард, вале њанўз заводњое низ буданд, ки њамагї 8 – 10 нафар коргар доштанд. Дар сарзамини имрўзаи Тољикистон аввалин намояндагони сннфи коргар дар гурўњи ноњияњои шимолї, махсусан дар шањри Хуљанд ва атрофи он ташаккул меёфт. Масалан, соли 1916 танњо дар корхонањои саноатии уезди Хуљанд – 416 нафар коргар, дар кони ангишти Сулукта – 580 нафар коргар кор мекарданд. Вале дар Хуљанд њам ба монанди бисёр дигар шањрњои ќадимаи Осиёи Марказї њанўз миќдори зиёди коргаронро коргарони корхонањои њунармандї ва косибї ташкил медоданд. Мувофиќи баъзе маъ- лумот, соли 1912 шумораи чунин коргарон дар уезди Хуљанд ба Намои дохилии хонаи яке аз сарватмандони шањри Самарќанд(аввали асри XX) 100 2492 нафар расидааст. Аз ин аснод маълум мешавад, ки дар уез- ди Хуљанд миќдори коргарони корхонањои њунармандию косибї нисбат ба коргарони корхонањои саноатї хеле зиёд будааст. Миќдори муайяни коргарон дар корхонањои њунармандию косибии Ўротеппа, Исфара, Конибодом, Панљакент, Њисор, Ќаротоѓ, Душанбе, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Дарвоз, Ѓарм ва дигар љойњо низ кор мекарданд. Дар бисёри ин корхонањо фаъолияти мењнатии коргарон мавсимї ё худ оилавї буд. Ќисме аз коргарон бо корњои дењќонї (кишоварзї) ва чорводорї низ машѓул буданд. Дар сарзамини Тољикистони Марказї ва Љанубии имрўза марњалаи ташаккулёбии синфи коргар дар ибтидои асри XIX њанўз њам хеле суст буд. Вале яке аз хусусиятњои фарќкунандаи та- шаккулёбии синфи коргар дар ин ќисми Тољикистони тошўравї он аст, ки як њиссаи мардуми он њар сол ба шањрњои гуногуни киш- вари Туркистон ва маркази аморати Бухоро рафта, дар заводњо, фабрикањо, корхонањои хурди њунармандию косибї ва њатто дар хољагињои заминдорони водињои Зарафшону Фарѓона кор мекар- данд. Яъне дар ин сарзамин синфи коргар аз њисоби њамин гуна мардикорон ташаккул меёфт. Оѓози ташаккули буржуазияи миллї. Љараёни ташаккулёбии буржуазияи миллиро рушди муносибатњои молию пулї ва ва- сеъ гардидани амалиёти сармояи бонкї тезонид, зеро шуъбањои осиёимиёнагии бонкњои марказї дар шароити кишвар аз кума- Ањли оилаи тољири бадавлати яњудии бухорої 101 ки миёнаравњо васеъ истифода мекарданд. Аксари миёнаравњо аз мардуми мањаллї, махсусан, тољикон, ўзбекњо ва яњудиён иборат буданд. Онњо баробари ќарзро ба истењсолкунандагон ба ивази суди баланд расонидан, инчунин, мањсулотро аз истењсолкунандагон харида, ба рафоќату ширкатњо ва савдо- гарони калон мефурўхтанд ё агар худашон намояндаи онњо бо- шанд, он мањсулотро ба нуќтањои таъйиншуда мерасониданд. Дар натиљаи чунин амалиёт миёнаравњо оњиста-оњиста бадавлат мешуданд, худ соњиби маблаѓ ва мулкњои зиёд гардида, ба ташак- кулёбии буржуазияи миллї ибтидо мегузоштанд. Дар шароити Осиёи Марказї дар њайати буржуазияи ба тозагї ташаккулёбанда фарќи љиддие мављуд буд. Масалан, на- мояндагони буржуазияи миллии водии Фарѓона даромади худ- ро бештар барои ба вуљуд овардани соњањои гуногуни сано- ат сарф менамуданд. Аз њамин сабаб дар шањру ноњияњои водї, аз љумла дар уезди Хуљанд (агарчи он аз љињати маъмурї ба ви- лояти Самарќанд дохил мешуд) соњањои гуногуни саноат сол то сол меафзуд. Дар натиља, буржуазияи тоза ташаккулёбандаи во- дии Фарѓона аз намояндаи буржуазияи тиљоратї ба буржуазияи саноатї ё худ саноатию тиљоратї табдил меёфт. Аммо тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллї дар аморати Бу- хоро аз тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллии водии Фарѓона тамоман фарќ мекард. Чунончи, њарчанд дар аморати Бухоро миллионерњои мањаллї хеле зиёд буданд, аксари онњо даромади худро бештар ба тиллою нуќра ва дигар сангњои ќиматбањо таб- дил дода, ба сохтани заводу фабрикањои нав чандон њавасманд набуданд. Аз ин рў, тараќќиёт дар соњањои гуногуни саноати сар- замини аморати Бухоро хеле суст ба назар мерасид. Њол он ки эњтиёљ ба анвои гуногуни он, чун дар водии Фарѓона, дар Бухо- ро њам зиёд буд. Дар натиља, буржуазияи тоза тавлидёбандаи Бухоро на бур- жуазияи саноатї, балки буржуазияи тиљоратї ва судхўр ба њисоб мерафт. Ин ба буржуазияи Самарќанд ва Хева њам хос аст. Таркиби табаќањои иљтимоии тољикон. Чун дигар халќњои муќимии Осиёи Марказї таркиби табаќањои иљтимоии тољикон низ яксон набуд. Масалан, дар шароити аморати Бухоро ва киш- вари Туркистон аз байни тољикон шахсоне баромада буданд, ки мансабњои гуногун, њатто дар шароити аморат мансабњои масъ- улро ба уњда доштанд. Масалан, дар Бухоро оилаи Арабовњо, 102 Мансуровњо, Ќосимхўљаевњо ва дигарон чун миллионерњои давр – намояндагони буржуазияи миллї ташаккул ёфта буданд. Дар шањрњои Бухоро, Самарќанд, Хуљанд ва Ўротеппа аксари тољирон, косибон, њунармандон аз љумлаи тољикон буданд. Дар ќаламрави аморати Бухоро ва баъзе ноњияю вилоятњои кишвари Туркистон аз њисоби тољикон заминдорони калон – феодалон њам бисёр буданд, вале аксари тољикон дар охири асри XIX ва ибти- дои асри XX бо дењќонї машѓул буда, зиндагии фаќирона дош- танд. Сарчашма: Маъхазњои бойгонї оид ба музди кор дар Осиёи Марказї дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX чунин маълумот медињанд: Дар заводи равѓанкашии ширкати «К.М.Соловёв ва К°»-и воќеъ дар шањри Чуст, ки њамагї 75 нафар коргар дошт, музди мењнати солонаи њар кадом 400–500 сўмро ташкил медод. Агар аз ин миќдор коргари завод соле барои хўроки худ 200 – 250 сўм харљ кунад, боќї 200 – 250 сўми дигарро метавонист барои сарфи оила- аш захира намояд, вале вазъи коргароне, ки дар соњаи кишоварзї кор мекарданд, нисбатан хеле душвор буд. Масалан, хољагии Баротбой Муродбоев аз волости Ма- њаллаи уезди Самарќанд иборат аз 1,5 десятина замини корам буд. Дар он якчанд нафар коргарони баромадашон аз Мастчоњ, Панљакент, Шањрисабз ва дигар мулкњои вилояти Самарќанду аморати Бухоро кор мекарданд. Соњиби мулк ба ивази мењнати солонаи коргарон 40–50 сўм (боз ду бар либос = 20 сўм), ба ива- зи мењнати моњонаи коргарон (тобистон) 7 сўму 50 тин, ба ива- зи кори рўзбайъ 25 тин музд медод. Барои хўроки коргари кироя соњиби мулк дар як рўз 12 тин харљ мекард. Ба харољоти њаррўза њарљи нон, мевае, ки дар хољагї њаст (себ, ангур, анор, мавиз, зар- долу, шафтолу, ѓўлинг ва ѓайра), њар рўз як бор хўроки гарм, дар як њафта як дафъа шўрбо, баъзан гўштбирён ё худ оши палав, дар як рўз ду бор чой (яъне нону чой, сањарї ширчой) дохил ме- шуд. Њамаи ин харољот ба њисоби миёна дар як рўз ба 10 – 12 тин мувофиќ меомад. (Бойгонии марказии давлатии таърихии шањри Москва. Ф.278. Рўйхати 3. Љилди 11, Њуљљати 585, вараќњои 2-80; Рўйхати 4. Њуљљати 178, вараќњои 78 – 80, 112). 103 Санањои муњим: Солњои 80–90-уми асри XIX – оѓози ташаккулёбии синфи кор- гар ва буржуазияи миллї дар Осиёи Марказї. Савол ва супоришњо: 1) Миллату халќиятњои Осиёи Марказї ва табаќањои иљтимоии онњо дар охири асри XIX ва аввали асри XX-ро ном- бар кунед.2) Ташаккулёбии синфи коргари миллї кай ва чї тавр оѓоз гардидааст? 3) Оид ба оѓози ташаккулёбии буржуази- яи миллї чї медонед? 4) Таркиби табаќањои иљтимоии тољикон дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX чї гуна буд? 5) §§ 20, 21 ва 22-ро такрор кунед. 104 БОБИ 8 ЊАРАКАТЊОИ ИЉТИМОЇ, МАЗЊАБЇ ВА МИЛЛИЮ ОЗОДИХОЊЇ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ § 24. ЉУНБИШЊОИ МАРДУМЇ ДАР СОЛЊОИ 70-80-УМИ АСРИ XIX. ШЎРИШИ ВОСЕЪ Љунбишњои мардумї дар кишвари Туркистон. Ба тасарруфи Русия гузаштани Осиёи Марказї ањволи мардумро чандон бењ на- кард. Рушди муносибатњои молию пулї як ќисми дењќонон, коси- бон ва њунармандонро хонахароб намуд. Худсарињои амалдоро- ни мањаллї њадду канор надошт. Истењсолкунандагон мањсулоти зиёд ба даст оранд њам, он бо роњњои гуногун: ба воситаи андозњо, баргардонидани ќарз ва ѓайра насиби њаннотон мегардид. Бино- бар ин халќи мазлуми мењнаткаш ба душворињои давр тоб оварда натавониста, ба мубориза бармехост. Баъди дар сарзамини Осиёи Марказї, махсусан, кишва- ри Туркистон, љорї гардидани њукуматдории бевоситаи Русияи подшоњї, соли 1872 дар соњили Ќарасуи уезди Тошканд ва дар Хуљанд, соли 1873 дар Пошї ном дењаи Ўротеппа ва дигар љойњо Њайати оилаи камбизоати водии Фарѓона (охири асри XIX ва аввали асри XX) 105 љунбишу шўришњои халќї ба вуќўъ омаданд. Дар соли 1885 аввалин хуруљи коргарон дар кони ангишти Заврон – Киштути волости Панљакент (тобеи уезди Самарќанд) ба амал омад, ки дар он таќрибан 80 нафар коргарон кор мекар- данд. Соњиби кон полковники мустаъфии ќўшунњои подшоњї За- ленский буд. Коргарон аз шароити вазнини кор норозї шуда, аз хўљаини кон зиёд намудани маоши худро талаб карданд, вале роњбарияти кон аз иљрои талаби коргарон саркашї намуд. Кор- гарони баќањромада мудири кон ва ду нафар назоратчии кон- ро маљрўњ намуда, барои шикоят ба Панљакент рафтанд. Аммо њукуматдорони мањаллии волостї ба муќобили онњо ќувваро ис- тифода карда, се нафар фаъолонро њабс ва як ќисми дигарро аз кор озод намуданд. Ягон талаби коргарон ќонеъ гардонида на- шуд. Эътирозњои коргарї дар шароити Осиёи Марказї, махсу- сан, кишвари Туркистон, чун дар Русия, амри воќеї гардида, зуд- зуд дар нуќтањои гуногун ба амал меомаданд Љунбишњои мардумї дар аморати Бухоро. Ањволи халќи мењнаткаш дар аморати Бухоро боз њам вазнинтар ва худса- рии њукуматдорони мањаллї зиёдтар буд.Мањз чунин вазъи- ят соли 1871 дар бекигарињои Ќаршї ва Ѓузор боиси сар задани шўришњои халќї гардид. Бухорои Шарќї солњои 70-уми асри XIX ба зери итоати њукумати амирї кашида шуда бошад њам, солњои 80-ум вазъият дар ин сарзамин низ ноором гардида буд, зеро дар ин ќисми амо- рат зиндагии мардум бењад тоќатфарсо ва худсарии њокимони мањаллї боз њам зиёдтар ба назар мерасид. Худсарию бедодгарињои њукуматдорони амирї, инчунин зиндагии тоќатфарсои мардум солњои 1885–1886 сабаби мављи њаракатњои халќї дар Шўрообод, Муъминобод, Кўлоб, Балљувон, Њисор ва Дењнав, соли 1887 дар дараи Ромит ва ѓайра гардиданд. Шўриши соли 1885, ки дар њудуди Муъминободи бекигарии Кўлоб ба вуќўъ омад, боиси ташвиши сахти њукуматдорони амирї гардид. Сабаби ин шўриш аз њад зиёд ситонда шудани андоз аз њосили соли 1885 буд. Дар натиљаи камњосилї солњои гузашта (бо сабаби хушксолї ва њуљуми малахњо) аз дењќонон андозро ба миќдори дилхоњ ситонида ната- вонистанд. Соли 1885 њосил нисбатан фаровон гардид. Амалдоро- ни њоким аз вазъият истифода карда аз дењќонон андозњои солњои гузаштаро низ талаб карданд. Чунин кирдори худсаронаи амал- 106 дорони мањаллї сабаби cap задани шўриш шуд, ки он сарзамини Муъминободро ба зудї фаро гирифт. Шўриши Восеъ. Дар байни шўришњои солњои 80-уми асри XIX бузургтарин шўриш бо сарварии Восеъ ба њисоб меравад, ки он соли 1888 дар бекигарии Балљувон ба амал омадааст. Саба- би асосии ин шўриш низ бенавої ва фаќирии халќ, зиёд будани андозњо, худсарии њукуматдорони мањаллї ва ѓайра буд. Бенаво- ии мардуми ин бекигарї ба дараљае буд, ки мувофиќи наќли яке аз иштирокчиёни ин шўриш Давлат Собиров, дар он замон «дар ихтиёри мардони як дења танњо як љома буд ва касе ба бозор ра- вад ё домод шавад, њамон љомаро мепўшид». Падари Восеъ – Ша- кар (номи бобояш Белак) дењќони камбаѓал аз дењаи Нурунљ бу- дааст. Муњтољї ўро ба дењаи Дараи Мухтор (марбути Ховалинг) овард ва Восеъ дар њамин дењаи на он ќадар калон ба дунё омад. Ўро дар љавониаш ба њайати сарбозони њокими Кўлобу Балљувон Сарабек (Сарахон) сафарбар намуданд ва соли 1870 дар љангњои муќобили ќўшунњои амири Бухоро – Музаффар ширкат варзида- аст. Вай њатто дар яке аз љангњо бо њокими Дарвоз низ иштирок намудааст. Восеъ акнун бо баъзе нозукињои санъати њарбї шинос буд. Касби Восеъ дењќонї ва љувозкашї буда, заѓирро ќисман ху- даш кишт мекард ва онро бештар аз дењќонони дењањои гуногуни атроф харида, љувоз мекашид ва равѓанашро дар бозори Хова- линг мефурўхт. Њангоми шўриш Восеи пањлавонљусса тахминан 35-37- сола будааст. Мувофиќи ривоятњо, дар яке аз рўзњои бозор њокими Балљувон Мирзо Акрам њамроњи закотчиёнаш ва чанд нафар сар- бозон ду дењќони мањбусро барои сари ваќт насупоридани андоз ба бозори Ховалинг барои ќатл овардаанд. Восеъ аз воќеа воќиф шуда, ба беку амалдорон њамлаи шерона намуд ва мањбусонро аз марг наљот дод. Ќисме аз дењќонони дар бозор буда ба Восеъ њамроњ мешаванд. Њоким бо сарбозони худ аз тарс роњи гурезро пеш гирифтаанд. Мувофиќи ин ривоят, њамин њодиса барои оѓози шўриш бањонае гардидааст. Дар ибтидои шўриш дар атрофи Восеъ 11 тан њамдиёронаш бу- даанд, вале ба зудї сафи онњо ба 600 кас расидааст. Онњо 20 рўз дар дењаи Сурсаќова ба мубориза тайёрї дидаанд. Њокими Балљувон бо ќуввањои дар ихтиёр доштааш ба бошишгоњи шўришгарон њамла кард, вале шикаст хўрд. Шўришгарон дењаи Хўљабалљувон ва нињоят, ќалъаи Балљувонро, ки маркази њокимнишин буд, 107 соњиб шуданд. Њоким бо амал- дорону сарбозонаш гурехт. Балљувон 8 рўз дар ихтиёри шўришгарон монд. Шумораи шўришгарон то ба њазор нафар расид. Онњо асосан мардуми дењањои Мањмуддара, Сўљиён, Шайхон, Чуќурак, Оќтирак ва ѓайра буданд. Дар ин муддат Восеъ «њукумати худро» таш- кил дод, ки дар он Юсуф ном шахс вазир, Мулло Назир, ки ў њам мисли Восеъ љувозкаш буд, девонбегї таъйин гарди- данд. Шўришгарон бо гирифтани њокимият хотирљамъ шуданд. Њокими Балљувон Мирзо Акрам аз вазъият истифода кар- да, тавонист ќуввањои парокандаи худро сарљамъ намояд. Дар ин муддат ба ихтиёри ў чун кумак аз беки Кўлоб отряд низ ома- да расид. Мирзо Акрам якљо бо ин ќуввањо ба ќалъаи Балљувон њуљум карда, онро соњиб шуд. Шўришгарон ба сўйи Кангурт ќафо гашта, дењќонони Кангурту Ќизилмазорро љамъ наму- данд ва ќалъаи Балљувонро дубора ба даст дароварданд. Дар ин муњориба сарвари нави ќўшунњои њокими Балљувон Аллаёр куш- та шуд. Њокими Балљувон роњи гурезро пеш гирифта, ин дафъа дар кўњњои Ќизилмазор манзил гирифт. Балљувон, Ховалинг ва Кан- гурт ба ихтиёри Восеъ гузашт. Овозаи ѓалабањои Восеъ то ба амир Абдулањадхон, ки барои истироњати тобистона ба Шањрисабз ома- да буд, низ расид. Ин хабар бо фиристода шудани дастаи сарбо- зон бо сарварии Яъќуббек аз тарафи амир ба сўйи Њисор мувофиќ омад. Беки Њисор Остонаќул-ќўшбегї баробари расидани сарбо- зон ба онњо ќўшунњои худро низ њамроњ намуд ва сарварии уму- миро ба уњдаи худ гирифта, барои саркўб кардани шўриш, ба сўйи Балљувон шитофт. Восеъ аз омадани ќуввањои зиёди амирї хабар- дор шуда, дар дараи Пули Сангин – пули дарёи Вахшро, ки ягона гузаргоњ ба сўйи Балљувон буд, вайрон кард. Вале Остонаќул ба- рои аз дарёи Вахш гузаштан мардуми дењаи Норак ва атрофи онро сафарбар намуда, бо дасти онњо пул (амад)-е бунёд кард. Ќўшунњои Остонаќул баробари аз дарёи Вахш гузаштан, ба муќобилати сахти шўришгарон дучор шуданд. Дастањои Восеъ – пешвои шўришгарон (Аз рўйи амали рассом С. Пирумшоев) 108 људогонаи шўришгаронро дўстони содиќи Восеъ – Назир, Карим, Наим, Нозим, Муњаммадї, Муродалї, Рањимбой, Саидалї ва Давлат сарварї мекарданд. Вале бартарї дар тарафи Остонаќул буд, зеро дар Кангурт ба онњо отрядњои парокандаи беки Балљувон низ њамроњ шуда буданд. Дар Тутќавул ва Кангурт бай- ни шўришгарон ва ќўшунњои Остонаќул љангњои шадиде ба амал омаданд, ки ин њар ду муњориба њам бо ѓалабаи Остонаќул ва маѓлубияти шўришгарон анљом ёфт. Восеъ баъди шикастњо дар Тутќавул ва Кангурт аз муњорибаи нав даст кашида, бо дастањои боќимондааш ба сўйи дењаи Сарипул (шимолу шарќии Ховалинг) ва Гулдара ќафо гашт, вале њангоми аз кўњњои Девлох ба Буздара ном чарогоњ гузаштан дар он љо Во- сеъ ва њаммаслаконашро сарбозони њоким интизор буданд. Дар ин љанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир афтод. Ўро аз он љо аввал ба Балљувон, баъд ба Њисор овар- данд ва аз он љо беки Њисор Остонаќул ќушбегї Восеъро бо 6 на- фар њамсафонаш ба Шањрисабз, ба њузури амир Абдулањад, ки њанўз њам истироњаташро дар он љо давом медод, фиристод. Бо њукми амир Восеъро дар тоќи нимвайронаи Оќсаройи Шањрисабз ба дор овехтанд. Баъди саркўб намудани шўриш 120 нафар ишти- рокчиёни он њабс ва 46 нафарашон ќатл карда шуданд. Таъќиби иштирокчиёни ин шўриш 5 сол давом кардааст. Сабаби асосии шикасти шўриши Восеъ, чун дигар шўришњои дењќонї, пеш аз њама, ба он љалб нагардидани дењќонони дигар дењаю бекигарињо, камтаљрибагии сарварони шўриш, мављуд на- будани наќшаи амалиёт, нокифоягии аслињаи љангї ва ѓайра бу- данд. Ањамияти шўриши Восеъ он аст, ки баъди саркўб карда шу- дани шўриш њукуматдорони амирї маљбур шуданд миќдори си- тонидани баъзе навъњои андозро кам намоянд (масалан, аз наску нахўд) ва баъзеашро (ба монанди «сабзапулї», ки аввали бањор аз њар оила 4-тангагї рўёнида мешуд) аз байн бардоранд. Рафти ин шўриш, ќањрамонињои Восеъ ва мардуми ин диёр дар романи На- висандаи халќии Тољикистон С.Улуѓзода «Восеъ» ба таври образ- нок нишон дода шудааст. Сарчашма: Академик Бобољон Ѓафуров дар бораи ањволи оммаи халќ дар Бухорои Шарќї навиштааст: «Хусусан, ањволи оммаи васеи мар- 109 думи Бухорои Шарќї баѓоят вазнин буд. Ќариб тамоми ањолии ин мањалњоро тољикон ташкил медоданд, Њукумати амирї ас- лан Бухорои Шарќиро мустамликаи худ ќарор дода, дар ин љо назар ба ќисми ѓарбии аморат тартиботи сахттаре љорї намуд. Табаќањои ашрофи ќадимаи он љо, сипоњ ва навкарњо, рўњониён, заминдорони калон ва бойњо ба такягоњи аморат табдил ёфтанд. Ба ин гурўњњои болонишини истисморкунанда аз бањодур (дар бе- кии Ѓарм – аламон) то додхоњ – њар гуна рутба ва мансабњо дода мешуд. Мансабњои олитар фаќат ба сипоњиёни дарбори амир бах- шиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипоњиён андози та- моми як дењаро мебахшид. Дењќонони ин дења амалан дар њолати крепостнойї буданд. Ин дењќонон комилан дар ихтиёри танхоњхўр буданд. Соњиби танхоњ бо майли худ духтарњоро мебурд. Њавлињои дењќононро кашида мегирифт ва боз њар чї, ки хоњад, мекард». (Ниг.:Ѓафуров Б. Тољикон. Китоби 2. - С.201–202). Санањои муњим: – солњои 70 – 80-уми асри XIX – љунбишњои мардумї дар мањалњои гуногуни кишвари Туркистон ва аморати Бухоро. – 1885 – хуруљи коргарони кони ангишти Заврон-Киштути волости Панљакент, ки аввалин њаракати коргарї дар ќаламрави Осиёи Марказї мебошад. – 1888 – шўриши Восеъ. Савол ва супоришњо: 1) Сабабњои солњои 70–80-уми асри XIX дар кишвари Туркистон ва аморати Бухоро ба вуљуд омадани љунбишњои мардумї кадомњоянд? 2) Аввалин хуруљ – эътирози коргарї дар ќаламрави Осиёи Марказй кай ва дар куљо ба амал омада- аст? 3) Шўриши Восеъ кай ва дар куљо cap шуда, кадом мањал ва ноњияњоро фаро гирифтааст? 4) Дар бораи сабаб ва бањонаи шўриши Восеъ чї медонед? 5) Њамсафони Восеъ кињо буданд? 6) Дар бораи шахсияти Восеъ ва рафти шўриши ў наќл кунед. 7) Дар бораи сабабњои шикаст ва ањамияти шўриши Восеъ чї медонед? 8) Дар бораи шўриши Восеъ кадом нависандаи тољик романи таърихї навиштааст ва он чї ном дорад? 9) §§ 9, 10, 16, 17 ва 23-ро такрор кунед. 110 § 25. МУБОРИЗАЊОИ ЗИДДИ МУСТАМЛИКАВЇ ДАР КИШВАРИ ТУРКИСТОН Сабаби шўришњо. Дар њудуди кишвари Туркистон худсарию бедодгарињои амалдорони мањаллии њукумати подшоњї њадду канор надошт. Берањмии онњо њангоми љамъоварии андоз, мах- сусан, њангоми ба фоидаи муњољирони рус кашида гирифта- ни њиссае аз заминњои мардуми тањљойї зоњир мегардид. Дар натиљаи пайдарпай афзудани мањаллањои руснишин заминњои ко- рам ва чарогоњњои мардуми мањаллї мањдуд мешуд. Фасли то- бистон дар баъзе ноњияњои кишвар норасоии об барои корњои обёрї эњсос карда мешуд. Њангоми дар чунин ноњия мављуд буда- ни мањаллањои руснишин аксари масъалањо, аз љумла об, ба фои- даи русњо њал мегардид. Ѓайр аз бедодгарию мањдудиятњои иќтисодї, аз тарафи амал- дорони мањаллии њукумати подшоњї на њама ваќт дин ва урфу анъанањои мардуми мањаллї ба эътибор гирифта мешуд. Дар идо- ракунии кишвар (ѓайр аз идоракунии мањаллї) аз байн бардошта- ни нуфузи сарварони дини ислом, дар њудуди кишвар мањдуд кар- да шудани мулкњои ваќфї ва ѓайра рўњониёнро норозї ва нињоят ба ѓазаб меовард. Њол он ки пеш аз забтшавї чи њукумати хонї ва чи њокимони мањаллї ягон чорабиниро бе ризоят ва маслињати олимаќомони дин намегузарониданд. Мулкњои ваќфї муќаддас њисоб карда мешуданд. Барњам хўрдани истиќлоли миллї ќисми зиёди мардуми киш- вар, махсусан зиёиёни мањаллиро ором намегузошт. Ќисме аз онњо роњи ягонаи озодиро дар мубориза медиданд. Бештари мардуми мањаллии кишвари Туркистон дар симои њукуматдорони мањаллии подшоњї истисморгарони асосї ва тањќиркунандагони дину урфу одатњои миллии худро медиданд. Мањз њамин омилњо дар њудуди кишвар барои ба амал омадани шўришњои зиддимустамликавї, аз љумла «исёни вабо», шўриши соли 1898 дар Андиљон, шўриши осиёимиёнагии соли 1916 ва ѓайра боис гардидаанд. «Исёни вабо». Моњи июни соли 1892 дар шањри Тошканд њаракати халќї сар зад, ки он дар таърих бо номи «Исёни вабо» маълум аст. Барои пешгирии бемории вабо аз тарафи њукумати кишвари Туркистон баъзе тадбирњо андешида шуд, ки ин боиси ба вучуд омадани исён дар Тошканд гардид. Бемории вабо авва- 111 лин бор моњи март дар шањрњои Кобул ва Њироти Афѓонистон пайдо шуда, нишонањои онро 1-уми июн дар уезди Љиззахи вило- яти Самарќанд ва 7-уми июн дар Тошканд ба мушоњида гириф- таанд, вале барои табобати беморон табибон ва дорувор наме- расид. Бинобар ин, мувофиќи баъзе маълумот, шумораи умумии аз ин беморї фавтидагон танњо дар кишвари Туркистон ќариб ду њазор нафарро ташкил медод. Сарварони шањри Тошканд бо маслињати мутахассисон барои пешгирии ин бемории хавфноки гузаранда бо ќарори худ барои гўронидани мурдањои аз беморї фавтида танњо як ќабристонро муайян намуда, 12 ќабристони дигари шањрро бастанд. Дар ќабристони муайяншуда њам мурдаро танњо баъди иљозати хўља- инњои шањр мегўрониданд. Аз сабаби зиёд гардидани фавтида- гон муњлати иљозат барои дафн таќрибан 3–4 рўз давом мекард. Дар ин муддат мурда бояд нигоњ дошта мешуд. Агар авлоди мурда ин ќоидаи навро ба эътибор нагирифта, мурдаи аз бемории вабо фавтида (баъзан аз ин беморї набошад њам)-ро худсарона дар дигар ќабристон ба хок супоранд, њукуматдорони шањр онњоро маљбур мекарданд, ки мурдаро аз ќабристони аввала бароварда, ба ќабристони муайяншуда оварда гўронанд. Инчунин, дар муд- дати тадбири мубориза бо вабо аз шањр баромадан ва ба шањр да- ромадан мањдуд карда шуда буд. Чунин њолат на танњо тољирон, балки чоряккорон, мардикорон ва дигар мардуми гуногунпеша- ро низ норозї мекард. Бањона ба оѓози исён – бе иљозат ба ќабристони хостаашон гўронидани мурда гардид. Шањрдорон аз ин воќеа воќиф гар- дида, наздикони он мурдаро аз байни бозор гузаронида, ба идо- раи маъмурияти шањрї бурданї шуданд. Мутасаддиён дар роњ онњоро тањдид намуда гуфтаанд, ки «мурдаро аз он ќабристон гирифта, дар ќабристони муайяншуда гўронед». Мардуми бозор ва кўчањои шањр аз асли воќеа воќиф гардида, ба њимояи назди- кони он майит баромаданд. Дар натиља ин воќеа ба исён табдил ёфт. Њукуматдорон ба муќобили исёнгарон ќувваи зиёди низомї равон карданд. Дар баъзе мањаллањои шањр задухўрди байни ќуввањои низомї ва исёнгарон ба амал омад. Аз иштирокчиёни шўриш панљ нафар њалок гардида, бисёрињо њангоми гурехтан дар љўйи Анњор ѓарќ шуданд. Мувофиќи баъзе маълумот, баъди хомўш карда шудани исён аз он канал 80 љасад бароварданд. Аз фаъолони исён 60 нафар ба њабс гирифта шуд. 112 Њамин тавр, яке аз шўришњои калонтарин, ки мањз дар натиљаи ба эътибор гирифта нашудани урфу одатњои миллї аз тарафи мус- тамликадорон ба вуќўъ омадааст, хомўш карда шуд. Ин шўриш аз рўйи хусусият зиддимустамликавї ва миллию озодихоњї мебошад. Шўриши соли 1898 дар Андиљон. Соли 1898 дар водии Фарѓона шўрише ба амал омад, ки дар таърих бо номњои «Шўриши Андиљон», «Шўриши эшони Дукчї» ва «Шўриши Мадалї-эшон» маълум аст. Сарвари шўриш Мадалї-эшон ба њисоб меравад. Падари ўро Собири дукчї ме- гуфтанд, бинобар ин ба Мадалї-эшон боз лаќаби «дукчї»-ро њамроњ кардаанд. Собир-дукчї устои камбаѓали дењаи Чи- миёни уезди Марѓелон буд. Мадалї-эшон на танњо эшони машњури водї, балки за- миндори калон њам ба њисоб мерафт. Ў воќеан, маълумоти хуби динї дошта, зиё- рати Макка њам карда буд. Вай танњо дар уезди Марѓелон 447 таноб замин, ду осиёб, чор љувози равѓанкашї ва заводи хишт дар ихтиёр дошт. Мадалї-эшон муридон– пай- равони зиёде дошт. Рўзе дар Марѓелони Нав полисмейстери азхуд- рафтаи рус ўро дар њузури мардум, аз љумла муридонаш, маљбур кард, ки аз хар фуромада, пиёда аз шањр гузарад. Мадалї-эшон ин воќеаро барои худ тањќир њисобид. Баъди ин ў нисбат ба амалдо- рони њукумати подшоњї нафрати зиёд пайдо карда, муридонаш- ро њам дар рўњияи бадбинї тарбия мекард. Ў ва муридонаш ба- рои ба муборизаи зидди амалдорони подшоњї бархезонидани мар- дум лањзаи муносиберо мунтазир буданд. Соли 1898 чунин лањза муњайё гардид. Мадалї-эшон ва муридони ў аз њамин вазъияти мусоид истифода карданї шуданд. Дар аввал дар атрофи Мадалї-эшон таќрибан 200 нафар са- ворагон аз дењаи Тољики уезди Мингтеппа љамъ шуданд. Баъд ба онњо мардуми худи Мингтеппа, ки дењаи серањолї буд, њамроњ гар- диданд. 17-уми майи соли 1898 Мадалї-эшон ба тарафи Андиљон, ки маркази уезд буд, њаракат кард. Шумораи шўришгарон ба 2 њазор нафар расид, ки аз онњо тахминан њазор нафарашон са- ворагон буданд. Онњо 18-уми март ба гарнизони ќўшунњои рус якбора њуљум карданд. Дар натиља, дар байни аскарони рус ва Муњаммадалї (Мадалї-эшон, Эшони дукчї, Дукчї-эшон). Сарвари шўришгарони Андиљон дap соли 1898 113 шўришгарон задухўрди сахт ба амал омад. Аз аскарони рус 22 нафар њалок шуда, 24 нафар захмї гардиданд. Бо ташаббуси њукуматдорони кишвар ва вилоят ба Андиљон ќуввањои нав фи- ристода шуд. Баробари расидани ќуввањо, бегоњии њамон рўз шўриш дар Андиљон хомўш гардид. Мадалї-эшон гурехта бошад њам, худи њамон рўз дастгир шуд. Шўриши соли 1898 на танњо Андиљон, балки Намангон, Марѓелон, Ўш, умуман, ќариб тамоми водии Фарѓонаро фаро ги- рифта буд. Дар шўриш баробари ўзбекњою ќирѓизњо, тољикон низ иштирок карданд. Шўриш аз рўйи хусусияташ миллию озодихоњї ба њисоб меравад, зеро он пеш аз њама, ба муќобили сиёсати мус- тамликадоронаи њукумати подшоњї нигаронида шуда буд. Вале сарварони он, пеш аз њама Мадалї-эшон ва муридони содиќи ў, ин шўришро ба манфиати худ истифода карданд. Сарчашма: Бобољон Ѓафуров дар бораи њуљуми дастањои эшони Дукчї ё худ Дукчї-эшон ба гарнизони руси воќеъ дар шањри Андиљон навиштааст: «18-уми майи соли 1898 (бо таќвими куњна) хали- фа Мадалї ном пешвои тасаввуф, ки бо номи Дукчї-эшон низ машњур буд, бо як даста пайравонаш иборат аз 1500 нафар, дар шањри Андиљон ба гарнизони русњо њамла кард. Балвогарон со- ати 3-и шаб, овозу садое набароварда, тамоми аскаронро дар Иштирокчиёни шўриши соли 1898 дapАндиљон, ки занљирбанд гардидаанд 114 ѓафлат мононда њуљум карданду зуд як баракро печонида гириф- танд. Дар ин байн дар дигар баракњо солдатњо бедор шуда берун љастанд ва њамлаваронро дур партофтанд... Худи њамон рўз муайян шуд, ки пайравони Дукчї – эшон шањрњои Ўш, Марѓелон ва баъзе дигар љойњоро гирифта буда- анд...» (Ниг.:Ѓафуров Б. Тољикон. Китоби 2, С.209). Санањои муњим: – 1892, июн – «Исёни вабо» дар Тошканд. – 1898 – шўриш дар Андиљон. Савол ва супоришњо: 1) Сабабњои дар кишвари Туркистон ба амал омадани шўришњои зиддимустамликавї кадомњоянд? 2) Чаро исёнеро, ки моњи июни соли 1892 дар шањри Тошканд ба амал омадааст, «Исёни вабо» мегўянд? 3) Бањонаи саршавии «Исёни вабо» чист? 4) Чаро шўриши соли 1898 дар Андиљон номњои «Шўриши эшо- ни Дукчї» ё «Шўриши Мадалї-эшон»-ро гирифтааст? 5) Худи Мадалї-эшон кї буд? 6) Рафти «Исёни вабо» ва шўриши соли 1898 дар Андиљонро наќл кунед. 7) «Исёни вабо» ва шўриши соли 1898 дар Андиљон аз рўйи хусусият чї гуна шўришњо бу- данд? 8) § 16-ро такрор кунед. §26. ИНЌИЛОБИ ЯКУМИ РУС ВА ТАЪСИРИ ОН БА ОСИЁИ МАРКАЗЇ Инќилоби якуми рус. Ибтидои асри XX барои Русия давраи нооромињо буд. Буњрони иќтисодии солњои 1900–1903, махсусан хушксолии 1901, љанги русу япон (солњои 1904–1905) сабаби ха- роб гардидани иќтисоди мамлакат ва боз њам вазнинтар шуда- ни ањволи мардум шуд. Овозањои дар амалиёти љангии муќобили ќўшунњои япон шикаст хўрдани лашкари рус боиси боз њам коста шудани обрўю эътибори њукумати подшоњї гардид. Соли 1898 Њизби сотсиал-демократии коргарии Русия (РСДРП) ташкил шуд, ки он сарнагун намудани тартиботи подшоњиро мехост. Ин њизб дар анљумани дуюми худ (соли 1903) ба ду гурўњ: болшевикон (бо сарварии В.И.Ленин) ва меншевикон таќсим шуд, ки онњо минбаъд ба њизбњои алоњида табдил ёфтанд. Бо вуљуди ихтиллоф, ин њизбњо дар масъалаи сарнагун наму- 115 дани њукумати подшоњї асосан њамфикр буданд. Ташкилотњои ин њизбњо дар тамоми гўшаю канори империяи Русия, аз љумла дар кишвари Туркистон њам амал мекарданд. Инќилоби якуми рус 9-уми январи соли 1905, дар шањри Пе- тербург бо Якшанбеи хунин (яъне дар он рўзи якшанбе аз тара- фи аскарони њукумати подшоњї тирборон карда шудани намои- ши осоишта) оѓоз ёфта, ба зудї ќариб тамоми сарзамини импери- яи Русия, аз љумла Осиёи Марказиро низ фаро гирифт. Дар кишвари Туркистон маркази асосии њар гуна ошўб ва гирдињамоињои эътирозї шањри Тошканд ба њисоб мерафт. Дар вилоятњои Фарѓона ва Самарќанд дар њаракатњои инќилобї дењќонон низ иштирок намуданд. Масалан, моњњои октябр–нояб- ри соли 1905 дењќонони уезди Хуљанд на танњо аз додани андоз ба хазинаи подшоњї саркашї карданд, балки замини сарватмандон ва давлатиро дар байни худ таќсим намуданд. Моњи марти соли 1906 дењќонони дењаи Чоркўњи волости Ис- фара ёвари сардори уезди Ќўќандро њабс карда, замини амлокдо- ронро соњибшуданд. Њодисањои бо зўрї соњибшудан ба замини дороён аз тарафи дењќонони камзамин ва безамин дар мулкњои болооби Зарафшон њам рўй медоданд. Тадбирњои њукумати подшоњї. Барои аз њаракати инќилобї дур намудани оммаи халќ њукумати подшоњї тадбирњои гуногун меандешид. Њукумати подшоњї, масалан, 6-уми августи coли 1905 дар бораи даъват намудани Думаи машваратии давлатї (Думаи булигинї) манифест баровард. 17-уми октябр манифест озодињои шањрвандонро эълон кард. Бо ин њукумати подшоњї буржуазияи Русияро ба тарафи худ кашид. Дар натиља, дар Русия њизбњои си- ёсии буржуазии октябристњо ва кадетњо ба вуљуд омаданд. Аввали моњи майи соли 1906 ќоидањои интихоботи вакилон аз кишвари Туркистон, ки аз тарафи подшоњи рус тасдиќ гарди- да буд, ба Думаи давлатї пешнињод карда шуд. Мувофиќи он, ба- рои муњофизати манфиати русњо ва русзабонњо аз панљ вилоя- ти кишвар якнафарї, аз њисоби шањри Тошканд ва казакњои ви- лояти Њафтрўд якнафарї, яъне љамъ њафт нафар намояндагони рус вакил интихоб мегардиданд. Дар њоле, ки аз њисоби мардуми мањаллї аз тамоми вилоятњои кишвар якнафарї ва аз шањри Тош- канд низ як нафар, яъне љамъ шаш нафар намоянда интихоб ме- гардид. Мувофиќи ин тартибот, агар ба њисоби миёна аз 46 њазор нафар русњо ва русзабонњо як нафар намоянда интихоб кунанд, 116 пас, аз 896 њазор мардуми мањаллї як нафар вакил интихоб ме- карданд. Дар асоси ин ќоида, вакилони интихобшуда аз мардуми мањаллии кишвари Туркистон дар Думаи давлатї шахсони зерин буданд: 1) муллои тошкандї Абдурауфќорї Абдувоњидќориев, 2) тољири самарќандї Тошпўлод Абдухолиќов, 3) тољири фарѓонагї Муњаммадљонов, 4) чорводори калони сирдарёї Т.Оллоберганов, 5) муњандиси њафтрўдї Муњаммадљон Тонишбоев, 6) аз вилоя- ти Моварои Хазар полковник Махдумќулї. Аз њисоби русу русзабонњои шањри Тошканд олими шарќшинос В.П. Наливкин вакил интихоб шуд. Дар Русия њанўз мављњои инќилоб идома дошт. Њукумати подшоњї бо маќсади мустањкам намудани мавќеи худ 9-уми июли соли 1906 Думаи булигиниро пароканда намуда, ибтидои соли 1907 интихоботи Думаи дуюми давлатиро гузаронид, вале ин дума нисбат ба думаи якум боз њам чаптар буд Пурзўршавии таъќибот. Њукумати подшоњї аз паст шудани мављи инќилоб истифода карда, 3-юми июни соли 1907 Думаи 2-юми давлатиро, ки дар таърих «Табаддулоти 3-юми июн» ном гирифтааст ва маънои ба итмом расидани Инќилоби якуми русро дорад, пароканда намуд. Яъне инќилоб шикаст хўрд ва њукумати подшоњї бо маќсади мустањкам кардани мавќеаш таъќиби мухо- лифонашро шиддат дод. Масалан, моњи ноябри соли 1907 Шуъ- баи мудофиавии ноњияи Туркистон ташкил карда шуд, ки онро худи русзабонњо «Охранка» ва мардуми мањаллї «Идораи сиёсї» мегуфтанд. Дар асл он политсияи махфї буд, ки намояндагонаш на танњо дар кишвари Туркистон, балки дар њудуди аморати Бу- хоро ва хонии Хева њам амал мекарданд, вале ин њама пеши роњи афзудани њаракати зиддимустамликавиро гирифта натавонист. Инќилоби якуми рус махсусан, барои бедории сиёсии зиёиё- ни миллии Осиёи Марказї таъсири чиддї расонид. Дар кишвари Туркистон, ки ќисми таркибии империяи Русия ба шумор мерафт, рўзномањои гуногун ба майдон омаданд. Ин инќилоб љараёни та- шаккули њаракати љадидии Осиёи Марказиро тезонид. Инќилоби мазкур, ки ба муќобили њукумати подшоњї нигаронида шуда буд, ба афзудани њаракати зиддимустамликавии мардуми Осиёи Марказї такони љиддї дод. Академик Бобољон Ѓафуров дар бораи эътирози мардуми кишвари Туркистон нисбати «Якшанбеи хунин» чунин навиш- тааст: «Якшанбеи хунин»-и 9-уми январи соли 1905, вањшиёна 117 тирборон шудани намоишгарони бесилоњ тамоми мамлакатро аз ќањру ѓазаб ба дањшат оварду боиси нафрату адовати ањли кишвари Туркистон њам гардид. Бо ташаббуси болшевикон дар рўзи «Иди Татяна», яъне 12-уми январи соли 1905, ки дар ин рўз 150-солагии Университети Москва љашн гирифта мешуд, дар чан- дин шањрњои генерал-губернаторї: – дар Тошканд, Самарќанд, Ќизиларбат митингу намоишњо шуда, иштирокчиёни онњо дар љавоби вањшонияти навкарони бенўхтаи подшоњ, ки дар Петер- бург содир намуданд, ќањру ѓазаб ва нафрату кинаи худро изњор доштанд». (Ниг:. Ѓафуров Б.Ѓ.Тољикон. Китоби 2. - С. 237). С.Айнї дар бораи инќилоби якуми рус ва таъсири он ба Бухо- ро навиштааст: «Револютсияи соли 1905-и Русия ба Бухоро таъси- ри калон бахшид, њаракати прогрессивї, ки пештар дар доирањои танги људогона буд, хеле вусъат ёфт. Газетањои русї њар гапро озодона менавиштагї шуданд, аз тарафи турку тоторњои Русия, ки пештар ѓайр аз «Тарљумон» газетае надоштанд, газетањо ва журналњои гуногун баромадан гирифт». (Ниг.:Айнї С. Мухта- сари тарљумаи њоли худам. Куллиёт. Љилди 1.-Сталинобод, 1958. С.58-59). Санањои муњим: 1898 – бунёди Њизби сотсиал-демократии коргарии Русия (РСДРП) 1903 – Анљумани дуюми Њизби сотсиал-демократњои Русия ва ба ду гурўњ: болшевикон ва меншевикон таќсим шудани он. 1904 – 1905 – љанги Русияву Япония. 1905, 9-уми январ – «Якшанбеи хунин», саршавии Инќилоби якуми буржуазию демократии Русия ё худ Инќилоби якуми рус. 1905, 6-уми август – Манифести њукумати подшоњии Русия дар бораи даъват карда шудани Думаи машваратии давлатї (Ду- маи булигинї) 1905,17-уми октябр – Манифести њукумати подшоњї, ки озодињои шањрвандонро эълон мекард. 1905 – 1906 – хуруљњои дењќонон дар кишвари Туркистон. 1904, май – ба Думаи давлатии Русия ворид шудани ќоидањои аз тарафи подшоњ тасдиќшудаи интихоботи вакилон аз кишвари Туркистон. 1906, 9-уми июл – пароканда карда шудани Думаи булигинї. 118 1907, ибтидои сол – интихоботи Думаи дуюми давлатї. 1907,3-юми июн – пароканда карда шудани Думаи дуюми давлатї ва шикасти инќилоб. 1907, ноябр – ташкил карда шудани Шуъбаи мудофиавии ноњияи Туркистон («Охранка» ё худ «Идораи сиёсї»). Савол ва супоришњо: 1) Инќилоби якуми рус кай ва бо кадом воќеа оѓоз ёфт? 2) Дар натиљаи таъсири ин инќилоб дар кадом мањал ё худ ноњияњои кишвари Туркистон њаракатњои дењќонї ба вуљуд омаданд? 3) Њукумати подшоњї барои пароканда кардани ќуввањои инќилобї чї тадбирњо андешид? 4) Манифести 17- уми октябри соли 1905-и њукумати подшоњї чиро эълон кард? 5) Дар бораи Думаи якум ва дуюми давлатии Русия чї медонед? 6) Дар кишвари Туркистон ба Думаи давлатии Русия аз љумлаи русу русзабонњо ва мардуми мањаллї бо кадом тарз интихоб шудани вакилонро фањмонед. 7) Шуъбаи мудофиавии ноњияи Туркистон кай ва бо кадом маќсад ташкил карда шуд? 8) §§ 24- 25-ро такрор кунед. §27. ФОЉИАИ СУННИМАЗЊАБОН ВА ШИАМАЗЊАБОН ДАР БУХОРО Моњи январи соли 1910 дар шањри Бухорои Куњна – маркази аморати Бухоро, дар байни суннимазњабон ва шиамазњабон панљ шабонарўз, яъне аз 22-юм то 26-уми январ хунрезии дањшатноке ба амал омад. Маълум аст, ки аксари мардуми аморати Бухоро (тољикњо, ўзбекњо, туркманњо ва дигарон) пайрави мазњаби суннї мебо- шанд. Эътиќодмандони равияи шиаро1 асосан эрониёне, ки дар шањри Бухорои Куњна ва дењањои атрофи он мезистанд, ташкил мекарданд. Мањз њамин фарќи мазњабї ду халќи асосии эронинажод – тољикон ва эрониёнро аз њам људо намудааст. Байни суннињо ва 1 Мазњаби шиа – як равияи дини ислом, ки дар заминаи зиддиятњои си- ёсию иќтисодї байни халифањо ва авлоди Муњаммад баъд аз вафоташ пайдо шудааст. Байни шиањо ва суннињо дар масъалањои идоракунии давлат, муносибат ба Ќуръон, њадисњо ва усули ибодат зиддиятњо вуљуд дорад. Шиањо тарафдори Алї (Њайдар) буда, халифањои дигар – Абу- бакр, Умар ва Усмонро эътироф намекунанд. 119 шиамазњабон ихтилофњо пештар низ вуљуд дошта бошанд њам, дар дањсолањои охир намояндагони ин ду мазњаб бародарвор зиндагї мекарданд. Барои ба амал омадани хунрезии январи соли 1910 дар Бу- хоро сиёсати пешгирифтаи амирони манѓит ва хусумати мансаб- талошони ин ду мазњаб сабаби асосї гардиданд. Ин воќеа чунин рўй дода буд: Амирони манѓит дар шароити аморати Бухоро ба худ такягоњи боэътимоде надоштанд. Худи ќабилаи манѓит нис- батан камшумор буд. Онњо на танњо бо дигар ќабилањои ўзбек, балки умуман, бо туркнажодњо иттифоќи мустањкаме надоштанд. Тољикон, ки аксари мардуми аморатро ташкил медоданд, њељ гоњ сазовори боварии амирони манѓит нагардидаанд. Бинобар ин амирони манѓит ба мансаби ќушбегї (ки баъди амир шахси дуюм ба њисоб мерафт) наздикони худ, тољик ва намояндаи дигар ќаби- лањои туркнажодро таъйин намекарданд. Зеро онњо хавф дош- танд, ки дар сурати ба мансаби ќушбегї таъйин кардани намоян- даи тољикон ё худ ќавмњои туркнажод, яъне суннимазњабњо, онњо метавонанд, ки амирро ба осонї аз мансаб дур кунанд. Бо њамин сабабњо амир ба мансаби ќушбегї мањз намояндаи шиамазњабон – эрониёнро таъйин мекард. Чунки эрониён бо сабаби кам буда- ни нуфузи худ дар аморат њељ гоњ талоши мансаби амириро на- мекарданд ва ба амирони манѓит содиќона хизмат менамуданд. Агар амирони манѓит ќушбегии аз њисоби шиамазњабон таъйин- кардаашонро аз вазифа озод карданї шаванд њам, њељ хавфе ба онњо тањдид намекард. Дар замони њукмронии амир Абдулањад1 шахси бонуфуз- тарин баъд аз ў Остонаќул-ќўшбегї, ки аслаш эронист, ба њисоб мерафт. Остонаќул низ аз мавќеи худ истифода карда ба дигар мансабњои зарурии њукумати амирї эрониёнро таъйин мекард. Чунин амалиёти ў мансабталошони суннимазњабро бо сарварии раиси Бухоро Бурњониддин, ки мехост баъд аз амир бонуфуз- тарин шахс дар аморат бошад, ба ѓазаб овард. Бинобар ин та- рафдорони Бурњониддин барои аз байн бардоштани Остонаќул- ќўшбегї мунтазири фурсати мувофиќе буданд. Бањона, оѓоз ва оќибатњои фољиа. Барои саршавии фољиа фур- сати мусоид ва бањонае њам муњайё гардид. 22-юми январи соли 1910, рўзи шанбе, дар боѓе, ки берун аз дарвозаи Самарќандии 1 Мувофиќи баъзе маълумот, модари амир Абдулахад – Шамшод зани аслаш эронї буда, зани дўстдоштаи амир Музаффар ба њисоб мерафт. 120 шањри Бухорои Куњна воќеъ буд, як љамоаи эрониёни мањаллї ва мусофирон љамъ шуда, мотам ороста, маросими таъзияи Њусайн, писари Алї, набераи пайѓамбар Муњаммадро мегузарониданд. Барои озодона гузаронидани чунин маросим эрониёни бухорої аз соли 1908, яъне дар замони Остонаќул-ќўшбегї њуќуќ пайдо карда буданд. Одатан, дар рўзи маросими мотами имом Њусайн эрониён либосњои сиёњ бар тан тобути холиро бардошта «Во Њусайн!» – гўён ба сари синаи худ мекўфтанд. Дар маросими 22-юми январ на танњо ќисме аз тољикон ва ўзбекони бухорої, балки баъзе толибилмони тошкандї ва фарѓонагие, ки дар мадрасањои Бухоро мехонданд, низ њозир буданд. Чунин амалиёти эрониён боиси хандаи яке аз толибил- мони фарѓонагї гардид. Эрониён ин хандаро нисбати мазњаби худ тањќир њисобида, ба ў њуљум карда, мачрўњаш намуданд. Аз ин њодиса иртиљоъпарастони бухорої (мансабталошони суннимазњаб) истифода карда, барои ба муќобили эрониён бархе- зонидани як ќисми толибилмони мадрасањо ва мардуми гумроњи Бухоро муваффаќ гардиданд. Мувофиќи баъзе маълумот, бо даъвати иѓвогарон ба тараф- дории суннимазњабон ќариб дањ њазор нафар бухороиён ба май- дон баромаданд. Онњо, ки асосан ба сўйи Арк њаракат мекарданд, аз ќўшбегї Остонаќул на танњо ќатли гунањкорони воќеа аз тара- фи эрониён, балки дар сарзамини аморати Бухоро тамоман манъ намудани њар гуна маросиму чорабинињои шиамазњабонро та- лаб менамуданд. Аммо дар дохили шањри Бухорои Куњна худи њамон рўзи аввали воќеа, яъне 22-юми январ, кушокушии бай- ни суннимазњабон ва шиамазњабон оѓоз шуда буд. Њар ду тараф нисбат ба якдигар вањшонияти зиёде зоњир намуданд. Мувофиќи маълумоти шоњидони он рўзњои фољиа, «дар нуќтањои шањр, ки зиёда кушокушї ба амал омадааст, хуни одамї чун оби борон аз гузарњои танг њаракат кардааст». Њукумати амирии Бухоро ќудрати бо ќувваи худ бартараф на- мудани хунрезии мазњабии байни бухороиён ва эрониёнро надошт. Бинобар ин, ба шањр як дастаи аскарони рус бо сарварии генерал Лилиентал дохил шуда, ба хунрезї хотима доданд. Ташаббуско- рони хунрезї – олимаќомони суннимазњаб ба истеъфои ќўшбегї Остонаќул ва њаммаслаконаш муваффаќ гардиданд. Баъди ин воќеа Мирзо Насрулло, ки суннимазњаб буд, ќўшбегї таъйин шуд. 121 Њамин тавр, раќобати мансабї дар Бухоро ба хунрезии ка- лонтарине расонид, ки гунањкорони асосии он мансабталошони њар ду мазњаб – суннї ва шиа буданд, вале ин фољиа ба мардуми бечораи бухорої ва эронї бадбахтињои зиёде овард. Онњо аз ин фољиа ягон бењбудие надиданд. Баръакс, њамаи ќурбоншудагон ва маљрўњон аз љумлаи онњо буданд. Сарчашма: С.Айнї дар бораи сабабњои ба амал омадани фољиаи байни суннимазњабон ва шиамазњабони Бухоро навиштааст: «Њарчанд дар замонњои собиќ миёни шиа ва сунниёни Бухоро баъзан кудуратњо пайдо шуда бошад њам, дар солњои охир ин ду фирќа бародарвор мезистанд. Тољир, асноф ва дењќони ин ду љамоа ба якдигар кину адоват надоштанд. Њарчанд уламои ин ду фирќа ба- рои таќвияи нуфузи худ дар байни авом тухми адоват мекоштанд, боз њам ин адоват аз байни талабаи нодон ва љоњилаи авом боло- тар намегузашт. Лекин дар байни њукком ва маъмурини ду фирќа адоват баркамол буд. Эшон низои мансабї ва сиёсии худро ба чашми авом ба либоси мазњабї љилва медоданд». (Наг.: Айнї С. Куллиёт. Љилди 10, С.118). Санањои муњим: 1910, 22 – 26-уми январ – фољиаи суннимазњабон ва шиамазња- бон дар Бухоро. Савол ва супоришњо: 1) Сабабњои асосии ба вуљуд омадани фољиа ё худ хунрезии байни суннимазњабон ва шиамазњабони Бухоро кадомњоянд? 2) Ќушбегї дар шароити аморати Бухоро чї мавќеъро ишѓол ме- кард? 3) Кадом воќеа барои саршавии ин фољиа бањона гардид? 4) Саршавї ва оќибатњои хунрезиро шарњ дињед. 5) Оё марду- ми одии суннимазњаб ва шиамазњаби Бухоро, ки дар ин фољиа талафоти зиёде доданд, манфиате ба даст оварданд? 6) § 17-ро такрор кунед. 122 §28. ШЎРИШИ МИЛЛИЮ ОЗОДИХОЊИИ СОЛИ 1916 Оѓози љанги якуми љањон. 19-уми июл (1-уми август)-и соли 1914 Љанги якуми љањонї оѓоз ёфт, ки ба он 38 давлати љањон бо теъдоди 1,5 млрд нафар ё худ аз чор се њиссаи ањли башар каши- да шуд. Дар чор соли љанг, яъне то соли 1918, дар амалиёти љангї беш аз 10 млн нафар њалок ва зиёда аз 20 млн нафар маљрўњ гар- диданд. Русияи подшоњї, ки яке аз иштирокчиёни фаъоли љанги якуми љањонї буд, зиёда аз 2 млн нафар ањолии худро талаф дод. Мам- лакат аз љињати иќтисодї боз њам харобтар, аз љињати молиявї тобеи мамлакатњои Ѓарб шуд. Барои пўшонидани харољоти љанг миќдор ва навъњои андозро зиёд карданд. Дар натиља, марду- ми Русия, ки аз љанг дилгир шуда буданд, ба муќобили сиёсати њукумати худ љо-љо шўриш мебардоштанд. Яке аз бузургтарини ин шўришњо соли 1916 дар Осиёи Марказї ба амал омад. Сабабњои шўриш. Чунон ки дар §25 зикр кардем, худсарию бе- додгарии њукуматдорони подшоњї, тањќири дин ва урфу одатњои мардуми мањаллї, ба фоидаи муњољирони рус кашида гирифтани замини мардуми мањаллї, бештар ба фоидаи муњољирони рус њал карда шудани љанљоли об, душворињои зиндагї, махсусан, зиёд будани андозњо ва берањмињо њангоми рўёнидани андоз ѓазаби мардумро нисбат ба сиёсати њукумати подшоњї зиёд карда буд. Чунин вазъият сабаби шўришњои зиёди зидди мустамликавї гар- дидааст. Њамин гуна њолат минбаъд њам идома дошт ва барои шўриши навбатї њам сабабњои асосї гардид. Бо оѓози Љанги яку- ми љањон худсарию торољгарии амалдорони њукумати подшоњї нисбат ба пештара боз њам зиёдтар шуд. Шўриш, ки дар шањри Хуљанд оѓоз гардид, ба зудї тамоми њудуди кишвари Туркистон ва Ќазоќистонро фаро гирифт. Бањонаи шўриш. Њукумати подшоњии Русия ба садоќати мардуми Осиёи Марказї нисбати худ бовар надошт. Аз ин рў дар солњои љанг њам аз њисоби мардуми тањљойии ин кишвар ба хизмати њарбии Русия сафарбар карда нашуд, вале соли 1916 њукумати подшоњї вазъи ногувори фронтњоро ба назар гирифта, ба корњои аќибгоњ сафарбар намудани мардуми тањљойии киш- вари Туркистон ва Ќазоќистонро зарур шуморид. 25-уми июни соли 1916 оид ба ин масъала фармони подшоњ эълон карда шуд. 123 Мувофиќи он бояд аз њисоби мардони аз 19 то 43-солаи кишва- ри Туркистон 250 њазор нафар ва Ќазоќистон 80 њазор нафар ба корњои заминкании хатти фронт љалб карда мешуданд. Масалан, фаќат аз уезди Хуљанд бояд 8948 кас сафарбар шуда, 8140 нафа- рашон бояд ба корхои аќибгоњи фронт фиристода мешуданд. Ваз- нинии таќсимот ба гардани ањолии шањри Хуљанд афтода буд, зеро танњо аз ин шањри бостонї бояд 2708 нафар аз онњое, ки дар корњои пахтакорї иштирок намекарданд, сафарбар мегардиданд. Дар асоси фармони номбурда 2-юм ва 3-юми июли њамон сол мардони Хуљандро ба рўйхат гирифтанд. Аксари онњое, ки ба рўйхат дохил шуда буданд, ќувваи асосии кориро таш- кил медоданд. Аз ин рў, дар айни ављи корњои тобистонї ба корњои аќибгоњи фронт љалб намудани онњо, бегуфтугў, ба вазъи хољагиашон таъсири манфї мерасонид. Ѓайр аз ин, хизмати њарбї дар байни мардуми Осиёи Марказї чандон роиљ набуд, аз ин рў ин маърака њамовозие пайдо накард. Илова бар ин, аз та- рафи амалдорони мањаллї њангоми барўйхатгирї ба беадолатињо роњ дода мешуд. Яъне њар касе, ки доро буд, ба амалдорон ришва дода, худро аз рўйхат мебаровард. Чунин њолат бечорагонро, ки имкони ришва додан надоштанд, ба ѓазаб овард ва ба шўриш во- дор намуд. Ин чорабинї ба оѓози шўриш бањона гардид. Оѓоз ва рафти шўриш. 4-уми июли соли 1916 дар назди ќозихонаи мањаллаи Ќалъаи Нави шањри Хуљанд зиёда аз 500 на- фар шањриён љамъ омада, аз ќозї ва пристав талаб карданд. ки барўйхатгириро ќатъ намоянд, аммо ин талаби онњо аз тарафи ќозї ва пристав ба эътибор гирифта нашуд. Пас мардум бо чунин талаб ба назди сардори уезд, ба сўйи бозори Чоршанбе њаракат карданд. Дар роњ ба издињом аз њар сў одамони бисёре њамроњ гардиданд. Шумораи намоишчиён афзуда, ба 7–8 њазор нафар ра- сид, вале сарварони уезд ба ќувваи политсия такя намуда, тала- би мардумро рад карданд. Дар натиља, мардуми баѓазабомада ба њуљум гузаштанд. Љўра Зокиров, Зубайдулло Рањматуллоев, Љўра Алї ва дигарон аз љумлаи фаъолони ин њаракати мардумї буданд. Аз тарафи политсия ба муќобили мардум тир кушода шуд. Бегоњии њамон рўз дар шањр њолати њарбї эълон гардид. Дар тамоми гўшаю канори шањр њарбиён ва политсия назорати ќатъї љорї намуданд. Рўзи дигар, яъне 5-уми июл, ба хуљандиёни шўришбардошта беш аз 700 сокини волости Ќистакўз њамроњ шу- данд, вале он вазъиятро дар шањр дигар таѓйир дода ната- 124 вонист. Шўриш дар шањри Хуљанд дигар хомуш гардида буд. Шўриши Хуљанд барои њара- катњои умумии кишвар ишорае гардид. Он зуд ноњия ва вилоятњои нав ба навро фаро мегирифт. Баъ- ди шўриши Хуљанд мардуми Ургут шўриш бардоштанд. 6-уми июли њамон сол намоишњои эътирозї ба муќобили сиёсати њукумати подшоњї дар Самарќанд ва Тош- канд ба амал омаданд. 8–9-уми июл њаракати халќї дар Фарѓона cap шуд. Дар миёнаи моњи июл чу- нин њаракат ќариб тамоми киш- вари Туркистонро фаро гириф- та буд. Махсусан, мардуми Љиззах ќариб њама ба мубориза бархостанд. Эътирозњои мардумї дар Ўротеппа, Ашт, Панљакент низ ба амал омад. Дар ноњияю даштњои Ќазоќистон шўриш бештар аз њама дар вилояти Турѓай шиддат гирифт. Дар сарзамини аморати Бухоро соли 1916 ѓайр аз хуруљњое, ки дар роњи оњани Бухоро ба вуќўъ омаданд, боз дар Ќаршї, Ќубодиён, Ќаротегин ва мањалњои дигар љунбишњои мардумї рух доданд. Масалан, дар Ќалъаи Лабиоб (Тољикободи њозира)-и бе- кигарии Ќаротегин ба хуруљи халќї (с. 1916) мардикори мавсимї Ќаландаршоњ сарварї намудааст. Хуруљњои халќие, ки дар њудуди аморат ба амал омадаанд, пеш аз њама, ба муќобили зулму истибдоди амирї, махсусан, бедодгарињои амалдорони мањаллии он равона шудаанд. Њамин тавр, ба доираи шўриш на танњо сар- замини Туркистон ва Ќазоќистон, балки аморати Бухоро њам ка- шида шуд. Дар шўриш тамоми табаќањои ањолї: дењќонон, корга- рон, тољирон, зиёиён ва њатто рўњониён иштирок намуданд. Шикасти шўриш. Њукумати подшоњї аз вусъати шўриш ба воњима афтода, 17-уми июли соли 1916 дар кишвари Туркистон њолати њарбї эълон кард. Дар бисёр мањалњо бо фармони амал- дорони њукумати подшоњї ба муќобили шўришгарон аз силоњ истифода карданд. Аскарони њукумати подшоњї ба муќобили шўришгарон берањмона тир мекушоданд. Миќдори сарбозоне, Љўра Зокиров (1894 – 1929)яке аз иш- тирокчиёни фаъоли шўриши соли 1916 дap Хуљанд 125 ки барои саркўб намудани шўриш сафарбар гардидаанд, низ кам набуд. 13-уми декабри соли 1916 ноиби раиси Думаи IV давлатии Русия А.Ф.Керенский мањз њамин њолатро ба эътибор гирифта, дар суханрониаш гуфта буд, ки «ба фронтњои љангї боз як фрон- ти нав – «фронти Туркистон» илова гардид». Шўриш дар бисёр мањалњо мањз аз тарафи аскарони подшоњї бо силоњ саркўб карда шуд. Дар натиља, аз иштирокчиёни шўриш одамони бисёре њалок гардиданд. Генерал-губернатори Туркис- тон дар мактуби махфии ба номи подшоњ Николайи II фирис- тодааш таъкид намудааст, ки дар натиљаи ин шўриш аз њисоби русњо: 97 нафар аскар, 7 нафар амалдор, 2325 нафар ањолии рус њалок шуданд. Ѓайр аз инњо, 86 нафар аскар захмї гардида, 76 на- фар аскар ва 1384 нафар ањолии рус беному нишон гардиданд. Ин раќамњои даќиќ, ки танњо талафоти њукумати подшоњиро нишон медињад, худ гувоњи он аст, ки талафоти шўришгарон хеле зиёд будааст. Њамин тавр, шўриш берањмона саркўб карда шуд. Бисёр фаъолони он њабс ва табъид (бадарѓа) гардиданд. Амалдорони њукумати подшоњї баъди саркўб намудани шўриш миќдори му- айяншудаи мардикорон (аз љумлаи мардуми мањаллии кишва- ри Туркистон ва Ќазоќистон)-ро маљбуран ба корњои аќибгоњи фронт фиристоданд. Шўриш, агарчи аз тарафи њукумати подшоњї саркўб карда шуд, дар амал ба сиёсати мустамликадоронаи њукумати подшоњии Русия як зарбаи ќатъї буд, зеро он аз рўйи хусусияташ шўриши миллию озодихоњї ба њисоб мерафт. Шўриш барои бедории сиёсї ва баланд гардидани шуури сиёсии марду- ми мањаллї кумаки амалї расонид. Он ќувваи мардуми мањаллии Осиёи Марказиро, ки њукумати подшоњї эътибораш намедод, ни- шон дод. Аз ин рў, ин шўриш ањамияти бузурги таърихї дошт. Сарчашма: Дар мактуби сардори шуъбаи њимоя (охрана)-и ноњиявии Туркистон М.Н.Волков аз 10-уми июли соли 1916 оид ба вазъи мардум гуфта шудааст: «... мувофиќи хабарњое, ки ба шуъба ме- расанд, ањолии мањаллї бенињоят ба ѓазаб омадааст ва сабабаш овозањое мебошад, ки одамони пулдори босавод метавонистаанд худашон ба мардикорї нараванд, рафта хандаќковї накунанду ба љойи ин маблаѓи муайян дињанд. Дар бозору чойхонаву дигар љойњо гап-гап шудааст, ки агар бойњо ба мардикорї гирифта на- 126 шаванд, камбаѓалон њатман шўриш мекунанд ва худашон ин гуна бойњоро кушта мепартоянд». (Ниг.: пора аз китоби Ѓафуров Б. Тољикон. Китоби 2 - С. 261). Санањои муњим: 1914, 19-уми июл (1-уми август) – оѓози Љанги якуми љањон. 1916, 25-уми июн – фармони подшоњи Русия оид ба корњои аќибгоњи фронт сафарбар намудани мардуми тањљойии кишвари Туркистон ва Ќазоќистон. 1916, 4-уми июл – оѓози шўриш дар шањри Хуљанд. 1916,17-уми июл – эълон гардидани њолати њарбї дар кишва- ри Туркистон. Савол ва супоришњо: 1) Љанги якуми љањонї кай оѓоз гардид ва дар он чанд мам- лакати дунё иштирок намудаанд? 2) Дар ин љанг чї ќадар мар- дум талаф ёфт? 3) Барои саршавии шўриши соли 1916 кадом воќеа бањона гардид? 4) Шўриш дар Хуљанд кай ва аз кадом воќеа cap шуд? 5) Дар бораи рафти шўриши Хуљанд ва фаъоло- ни он наќл кунед. 6) Ѓайр аз Хуљанд, он сол шўришњои халќї боз дар куљоњо сар заданд? 7) Шўриши соли 1916 аз рўйи хусу- сияташ чї гуна шўриш буд ва ањамияти он аз чї иборат аст? 8) §§ 24 – 25-ро такрор кунед. 127 БОБИ 9 АФКОРИ ЉАМЪИЯТИЮ СИЁСЇ ВА МАДАНИИ ХАЛЌИ ТОЉИК §29. ТАШАККУЛИ АФКОРИ ЉАМЪИЯТИЮ СИЁСЇ ВА МАДАНИИ ХАЛЌИ ТОЉИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX Таъсири дигаргунињои иќтисодию сиёсї ва љамъиятї. Баъди ба тасарруфи Русияи подшоњї дохил шудани Осиёи Марказї дар натиљаи дигаргунињои иќтисодию сиёсї, љамъиятї ва фарњангии кишвар дар афкори љамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиё- иён, таѓйироти куллї ба вуљуд омад. Пас аз истило сарзамини Осиёи Марказї ба доираи муоми- лоти молию пулї ва бозори умумирусї кашида шуд; дар ин сар- замин корхонањои саноатї ва ташкилотњои бонкї ба вуљуд ома- данд; хатњои роњи оњан гузаронида шуд; дар кишоварзии кишвар дигаргунињо (баъзе анвои нави воситањои кишоварзї ва истењсоли мањсулоти нав) пайдо шуданд. Дар кишвари Туркистон баробари ин дигаргунињо ва барњам дода шудани мустаќилии хонии Ќўќанд, инчунин, ба баъзе урфу одатњои пойдори динию миллї ва мањаллї зарбаи ќатъї зада шуд. Акнун дар ин кишвар сарварони дини ислом аз мавќеъ ва њуќуќњои номањдуди собиќа мањрум гардиданд. Онњо дар идора- кунии мулкњои кишвар, шурўъ аз генерал-губернаторї то идораи уезду волост њеч нуфузе надоштанд ва амалдорони подшоњї анде- шаи эшонро умуман, ба эътибор намегирифтанд. Мансабњои бо- нуфузи динї –ќозикалон ва раис дар њудуди кишвари Туркистон дигар вуљуд надошт. Ин таѓйирот зиёиёни мањаллиро зиёда ба ан- деша водор намуд. Дигаргунињо дар њаёти фарњангї ва тиббї. Дар кишвари Тур- кистон махсусан таѓйирот дар њаёти фањангї назаррас буд. Маса- лан, соли 1868 дар шањри Тошканд аввалин чопхона ба кор шурўъ кард. Соли 1870 китобхонаи оммавї кушода шуд. To ин ваќт дар сарзамини Осиёи Марказї, махсусан, дар Бухоро, Самарќанд, Ќўќанд китобхонањо асрњо боз вуљуд дошта бошанд њам, дар наз- ди дарбори хону амирон ва мадрасањо буда, хусусияти оммавї на- доштанд. 128 28-уми апрели соли 1870 шумораи аввалин нашрияи генерал – губернатории кишвари Туркистон – рўзномаи «Туркестанские ведомости» чоп шуд, ки бо он таърихи матбуоти даврии Осиёи Марказї оѓоз гардид. Аз њамон сол чопи рўзнома бо забонњои ўзбекию ќирѓизї бо номи «Туркистон вилоятининг газети» ба чоп шурўъ шуд. Бо маќсади аз њисоби толибилмони мањаллї тай- ёр намудани тарљумонњо 19-уми декабри соли 1884 дар шањри Тошканд, дар њавлии сарватманди мањаллї Саидѓанї Азимбоев нахустин мактаби русии мањаллї кушода шуд. Олими номии рус В.П.Наливкин муаллими он буд. Миќдори чунин мактабњо сол то сол меафзуд. Масалан, соли 1911 танњо дар Хуљанд, Панљакент, Ўротеппа, Конибодом, Исфара, Хоруѓ ва дигар шањрњо беш аз 10 мактаби русии мањаллї амал мекарданд. Дар сарзамини амо- рати Бухоро аввалин чунин мактаб соли 1894 дар шањри Бухорои Куњна ташкил ёфт. Дар нимаи дуюми асри XIX барои аз нуќтаи назари илмї омўхтани сарзамини Осиёи Марказї аввалин кўшишњои љиддї оѓоз ёфт. Чунончи, соли 1871 Љамъияти илмии Осиёи Миёна бунёд гардид, ки маќсади он љамъ ва нашр кардани мавод оид ба мардуми ин диёр буд. То ин давр аз расадхонањои собиќ, аз љумла аз расадхо- наи Улуѓбек (дар Самарќанд), ки дар замони худ шуњрати љањонї дошт, ќариб асаре намонда буд. Соли 1873 дар Тошканд аввалин расадхонаи замонавї сохта шуд. Соли 1897 бо ташаббуси олимо- ни маъруфи рус В.Ф.Ошанин ва С.И.Жидинский Шуъбаи туркис- тонии Љамъияти љуѓрофии рус ташкил ёфт. Љуѓрофияшиноси но- мии рус П.П.Семёнов-Тяншанский ба омўзиши љуѓрофияи киш- вар асос гузошт. Дигар олими маъруфи рус, љуѓрофияшинос А.П.Федченко бори нахуст водии Фарѓона ва Олойро омўхта, нуќтаи баландтарини кўњњои ин минтаќаро муайян намуд. Дар соњаи тиб низ дигар- гунињои куллї ба амал ома- данд. Масалан, дар шањ-ри Тошканд дар нимаи ду-юми соли 1865 бо маќсади табоба- ти њарбиёни рус бемористо- Дарси љуѓрофия дap яке аз мактабњои русии мањаллї. 129 ни махсус бунёд гардида буд. Минбаъд дар ин љо бемористон ва амбулаторияи табобатї бунёд шуданд, ки дорои 168 бистар бу- данд. Дар шањрњои Самарќанд, Ќўќанд, Хуљанд, Ўротеппа ва Панљакент низ бемористону марказњои табобатї пайдо шуданд. Дигаргунињои соњаи тиб ба аморати Бухоро низ бетаъсир на- монд. Мутахассисони рус дар шањри Бухорои Куњна як беморис- тон ва як амбулаторияи занона, дар шањрњои Шањрисабз, Ќаршї ва дењаи Душанбе яктої бемористонњои њар кадоме дорои 5 бис- тар, дар мањаллањои руснишин ва сарњадї: Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав, Паттањисор, Тирмиз ва Каркї низ амбулаторияњо ташкил карда шуд. Дар њудуди Кўњистони Бадахшон дар Хоруѓ ва мањалњое, ки ќисмњои сарњадии аскарони рус љойгир буданд, нуќтањои табобатї ташкил карда шуданд. Дар аксари шањрњо ва шањракњо дорухонањо њам бино гардиданд. Чи аз нуќтањои табобатї ва чи аз дорухонањо минбаъд мардуми мањаллї низ ба ќадри имкон истифода мекарданд. Мавќеи зиёиёни мањаллї нисбат ба таѓйирот. Дигаргунињои дар сарзамини Туркистон ва аморати Бухоро бавуљудомада, ал- батта, ба афкори љамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиёиён, бетаъсир намонд. Онњо оид ба сабаб ва оќибатњои ин дигаргунињо андеша меронданд. Аксарият носозгорињои чи замони гузашта ва чи сиёсати мустамликадории њукумати подшоњиро мазаммат ме- намуданд. Дар натиљаи таъсири таѓйироте, ки дар нимаи дуюми асри XIX ба амал омад, зиёиёни Осиёи Марказї ба гурўњњо таќсим шуданд. Як гурўњи зиёиён (асосан дар кишвари Туркистон) воќеияти баамаломадаро, муваќќатан бошад њам, ќабул наму- да, мунтазири барќароршавии тартиботи аввала (чи маќомњои динї ва чи мулкњои ваќфї) буданд. Гурўњи дигари зиёиён ин дигаргунињоро амри воќеї ва баргаштан ба тартиботи пештара- ро имконнопазир њисобида, сарзамини Осиёи Марказиро тарк намуда, ба мамлакатњои њамсоя: Афѓонистон, Эрон, Туркия ва давлатњои гуногуни араб њиљрат намуданд. Ќисми сеюми зиёи- ён воќеањои даврро аз њар љињат омўхта, сабабњои онро ба хубї фањмиданд, оид ба оќибатњои он барои худ хулосањои зарурї ба- роварда, бањри наљоти халќу ватани худ ва урфу анъанаи мар- думи он мекўшиданд. Онњо ба хубї эњсос намуданд, ки воќеан, халќњои Осиёи Марказї хеле фаќир буда, мамлакат аз давлатњои таракќикардаи љањон аз њар љињат ќафо мондаанд. Тарафдоро- 130 ни ин гурўњ сабабњои асосии њама гуна бадбахтињои мардум ва ќафомондагии мулкро пеш аз њама, дар бемаърифатии мардум ва амалдорон медиданд. Аќидаи ин гурўњи зиёиён дар эљодиёти мао- рифпарварони он давра таљассум ёфтааст, ки бузургтарини онњо Ањмади Дониш буд. Сарчашма: Академик Бобољон Ѓафуров ањамияти таърихии ба Русия њамроњ шудани Осиёи Марказиро нишон дода, оид ба вуљуд ома- дани дигаргунињои иќтисодї ва фарњангї навиштааст: «Тавассути њамроњ шудан ба Русия Осиёи Миёна ба муомилаи молии љањонї кашида шуд. Тадриљан дар ин сарзамин корхонањои саноатї, дар навбати аввал корхонањои пахтатозакунї ва равѓанкашї ба вуљуд омаданд... Дар натиљаи њамроњ шудан ба Русия њаёти мада- нии Осиёи Миёна рўњ гирифт. Масалан, дар Тошканд китобхона, театр, музей кушода шуда, кори матбуот рў ба тараќќї нињод... Ривољи маданият, ки бо кумаки интеллигентсияи рус шурўъ гар- дида буд, ба фаъолияти зиёиёни мањаллї кумак расонид...». (Ниг.:Ѓафуров Б. Тољикон. Китоби 2. С.187). Санањои муњим: 1865, нимаи дуюми сол – бунёди бемористони махсус дар шањри Тошканд. 1868 – бунёди аввалин чопхона дар шањри Тошканд. 1870 – кушода шудани китобхонаи оммавї дар шањри Тош- канд. 1870, 28-уми апрел – нашри аввалин шумораи рўзномаи «Тур- кестанские ведомости». 1870 – бунёди Љамъияти илмии Осиёи Миёна. 1873 – бунёди расадхона дар Тошканд. 1884, 19-уми декабр – кушода шудани нахустин мактаби ру- сии мањаллї дар шањри Тошканд. 1897 – ташкили Шуъбаи туркистонии Љамъияти љуѓрофии рус. Савол ва супоришњо: 1) Ба мардуми мањаллї дигаргунињои иќтисодию сиёсї ва љамъиятие, ки дар Осиёи Марказї дар нимаи дуюми асри XIX ба амал омаданд, чї тавр таъсир намуд? 2) Мардум дигаргунињои 131 њаёти маданї ва тиббии даврро чї гуна ќабул карданд? 3) Авва- лин рўзнома дар Осиёи Марказї кай ва бо кадом ном нашр гар- дид? 4) Нахустин мактаби русии мањаллї кадом сол, дар куљо ку- шода шуд ва маќсад аз бунёди чунин мактабњо чист? 5) Аз оли- мони рус, ки дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX дар омўзиши Осиёи Марказї њисса гузоштаанд, кињоро медонед? 6) Дар соњаи тиб чї таѓйирот ба вуљуд омад? 7) Зиёиёни мањаллї таѓйироти баамаломадаро чї тавр ќабул намуданд? 8) §§ 2, 18, 20, 21 ва 22-ро такрор кунед. §30. АЊМАДИ ДОНИШ – ИСЛОЊОТХОЊ ВА МАОРИФПАРВАР Љањонбинии Ањмади Дониш. Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Ањмад Махдуми Дониш мулаќќаб ба Ањмади Калла (1826–1897) мебошад. Ў дар шањри Бухоро, дар оилаи Носир ном муллои тољик ба дунё омадааст. Маълумоти иб- тидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи модараш гирифта, дар мактаби ќориён (њофизони Ќуръон) низ тањсил намудааст, вале мактаби ќориёнро зуд тарк намуда, аз 14-солагї тањсилро дар мадраса идома додааст. Ў дар мадраса ѓайр аз илмњои динї, дар асоси асарњои олимони Шарќ фанњои табииёт, риёзиёт, нуљум, њайат, таърих, фалсафаи табиї ва адабиётро бештар мустаќилона меомўзад. Ањмади Дониш аз хурдсолї хатти зебо ва дар рассомиву наќќошї истеъдоди фавќулодае доштааст. Баъди хатми мадраса ўро бо тавсияи яке аз устодони санъаткораш ба њайси меъмор ва наќќош ба дарбори амир ба кор гирифтанд, вале аз сабаби на- будани корњои иморатсозию бинокории њукуматї Ањмади До- ниш дар дарбор бештap бо кори китобати рисолаву девонњо ва коѓазњои расмии дарборї машѓул буд. Ин ба ў имкон дод, ки аз як тараф, њунари хушнависї ва наќќошии худро боз њам такмил дињад, аз тарафи дигар, аз китобхонаи ѓании дарбор истифода карда, илмњои гуногунро мустаќилона боз њам амиќтар омўхта, ба донишмандї шуњрат пайдо намояд. Ањмади Дониш њанўз дар за- мони њукуматдории амир Насрулло аз ашхоси соњибмаърифати ањли дарбор мањсуб мешуд. Ањмади Дониш мувофиќи супориши амирони Бухоро се дафъа ба Русия сафар намудааст. Њангоми ин сафарњо бо њаёти 132 сиёсї, иќтисодї ва махсусан, фарњангии Русия ба ќадри имкон аз наздик шинос шуд. Ин сафарњо дар ташаккули љањонбинии ў њамчун маорифпарвар ва ислоњотхоњ наќши муњиме бозидаанд. Андешањои ислоњотхоњонаи Ањмади Дониш. Ањмади До- ниш солњои 1870 – 1873 рисолае таълиф намуд, ки он бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» маъруф аст. Ин рисола дар асл барномаи ислоњоти љиддии тарзи давлатдорї ва асосњои иљтимоии аморати Бухоро ба шумор меравад. Ањмади Дониш дар ин рисола барои идоракунии мамлакат тартиботи вазорат ва маљлиси машваратї (парламент)-ро зарур мешуморад. Ба аќидаи ў, њуќуќи амир чун њокими мутлаќ бояд дар асоси ќонун (Конститутсия) мањдуд карда шавад. Ѓайр аз ин, дар рисола оид ба сохт ва њуќуќи вазоратњо, тартибот ва мавќеи ќуввањои њарбї, њуќуќу мартабаи амир, муносибати давлатдорон бо халќро батафсил баён кардааст. Ба андешаи Ањмади Дониш, подшоњ њамон ваќт адолатхоњ шудан метавонад, ки дањ шартро риоя кунад. Шарти аввал, ба ан- дешаи мутафаккир, «дар њар воќеа, ки раоёро пеши њоким афтод, подшоњ худро дар он воќеа аз раоё тасаввур кунад ва дигареро бар худ њоким донад. Ва дар он њам њар њукм, ки аз дигаре ба худ раво намедорад. мисли он (онро – Н.Њ.) аз худ ба дигаре раво на- Ањмади Дониш (дар мобайн) – асосгузори њаракати маорифпарварї дар Оси- ёи Марказї. (Расми соли 1874, њангоми бо аъзои сафорати Бухоро дар Санкт- Петербург будан кашида шудааст) 133 дорад ва агар раво дорад, хиёнат карда бошад». Ё худ дар шарти њафтум мегўяд: подшоњи одил «он ки аз ха- тари њукумат ва вилоят ѓофил набошад. Ва яќин донад, ки манса- би аморату њукумат олатест, (ки) бад-он саодату некномии дунё ва охират касб метавон кард. Ва њам шаќовату гирифторї ва бад- номии абадї њoсил тавон намуд». Дар шарти нуњум гуфтааст: «... некбахттарини раиятдорон касест, ки раият бад-ў некбахт аст ва бадбахттарин касе он аст, ки раият бад-ў бадбахт аст». Ањмади Дониш дар назди амир Музаффар шарт мегузорад, ки танњо дар сурати ќабул гардидани андешањояш оид ба ислоњот ў метавонад дар кори идораи давлатии амирї иштирок намояд. Амир aз чунин пешнињоди бебоконаи Ањмади Дониш љињати дав- латдории худ хавф бурда, на танњо онњоро ќабул накард, балки худи ўро аз дарбор дур карда, аввал ба Ѓузор, баъд дар Нањрпай ќозї таъйин намуд. «Наводир-ул-ваќоеъ»-и Ањмади Дониш. Мутафаккир аз соли 1875 ба навиштани шоњасараш «Наводир-ул-ваќоеъ» шурўь на- муда, онро пас аз 15 сол ба итмом расонид. Ў соли 1885, танњо баъди марги амир Музаффар ва ба тахт нишастани амири љавон – Абдулањад ба Бухоро баргашт ва бо «марњамат»-и амири нав муд- дате китобдори мадрасаи Љаъфархољаи Бухоро таъйин гapдид. Ин њама ба нависанда имкон дод, ки шоњасари худро ба итмом расонида, онро дар байни њаводорону њамфикрони худ интишор намояд. Ањмади Дониш дар «Наводир-ул-ваќоеъ» чун шоњиди замон иллатњои иљтимої, нобаробарї ва беадолатињои љамъияти феода- лии Бухоро, ќафомондагии њаёти фарњангї, тарзи шахшудаи таъ- лим дар мактабу мадрасањо, симои манфури табаќањои њукмрони амирї, ки нисбат ба мардум берањмї зоњир менамуданд, љањолат ва ѓафлатзадагии арбоби дин ва ѓайраро хеле сахт танќид намуда- аст. Муаллиф «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро њамчун яке аз ќисмњо ба «Наводир-ул-ваќоеъ» дохил кардааст. Иншои «Наводир-ул-ваќоеъ»-ро уламои расмии Бухоро, амир ва ањли дарбор зараровар њисобида бошанд, зиёиёни пешќадами Бухоро онро бо мамнуният ќабул карданд. Ин асар дар бедории мардуми тољик, умуман зиёиён, наќши муњиме бозид. Худи на- висанда аз доираи зиёиёни Бухоро дар канор набуд. Ў њама ваќт якчанд нафар уламо ва толибилмони боистеъдодро дар атрофи худ љамъ намуда, оид ба фасодњои замона ва роњњои халосї аз он 134 суњбатњо меорост. Ањмади Дониш тавассути суњбатњо ва пањн на- мудани аќидањояш, инчунин, таълифи асарњои гаронбањояш барои дар шароити Бухоро ба вуљуд омадан ва ташаккул ёфтани як ра- вия ё худ љараёни нав – равияи маорифпарварї замина гузоштааст. Ањмади Дониш – асосгузори њаракати маорифпарварї. Маорифпарварї љараёни иљтимоию сиёсї ва адабию фарњангиест, ки зиёиёнро аз ѓафлати замони куњнаи феодалї бедор намуда, ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват ме- кард. Тарафдорони ин љараён (ё худ равия) мањз бо роњи тарѓиби ѓояњои хайр, адолат, илму маърифат иллатњои сохти љамъиятиро барњам задан, анъанаю маишат ва сиёсати онро таѓйир додан ме- хостанд. Андешањои Ањмади Дониш њам пурра ба њамин маќсад равона гардида буд. Бинобар ин ўро, барњаќ, асосгузори љараёни маорифпарварии на танњо Бухоро, балки тамоми Осиёи Марказї мешиносанд. Дар ѓояњои маорифпарварии Ањмади Дониш њаќиќатан њам тамоми љињатњои мусбати афкори фалсафї ва иљтимоию сиё- сии на танњо халќи тољик, балки дигар халќњои Осиёи Марказї, мамлакатњои њамњудуди Шарќ ва ѓайра низ таљассум ёфтаанд. Барои ташаккули ин ѓояњо махсусан, таассуроти сафарњои Пе- тербург наќши муњиме бозидааст, зеро дар натиљаи ин сафарњо Ањмади Дониш бо чашмони худ дид, ки ватанаш – Бухоро нисбат ба Русия то кадом дараља аз љињати иќтисодї, сиёсї ва фарњангї ќафо мондааст. Ањмади Дониш яке аз барљастатарин ва фозилтарин одамо- ни Бухоро ба шумор мерафт. Ў пешрафти иќтисодию сиёсї ва фарњангии ватани худро мехост. Орзу мекард, ки мулкаш обод ва мардуми он хушбахт бошад. Сарчашма: Ањмади Дониш яке аз шартњои давлатдориро чунин тасвир кардааст: «Бидон, ки вилоят доштан кори бузург аст ва халифа- гии Њаќтаоло кардан аст ва дар њама авомиру навоњї иќтидо ба сулуки илоњї намудан ва асл дар вилоятдорї ва њукумат илму амал аст. Ва султонро ин миќдор илм лобуд аст, ки бидонад, ки вайро дар ин олам барои чї овардаанд ва ќароргоњи вай чист. Дунё манзилгоњи вай аст, на ќароргоњи вай. Ва ў бар сурати му- софирест, ки рањми модар бидояти манзили вай аст ва лањад 135 нињояти манзили вай». (Ниг.: Дониш А. Наводир-ул-ваќоеъ. Ки- тоби 2- Душанбе 1989, – сањ. 117, 130-131) Санањои муњим: 1826 – 1897 – солњои зиндагии Ањмади Дониш. 1870 – 1873 – А.Дониш барномаи ислоњоти худро бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» иншо намуд. 1875 – 1890 – А.Дониш шоњасари худ «Наводир-ул-ваќоеъ»- ро иншо кард. Савол ва супоришњо: 1) Дар бораи ташаккули љањонбинии Ањмади Дониш чї медо- нед? 2) Чаро барои ташаккули љањонбинии А. Дониш сафарњояш ба Русия наќши муњиме бозидааст? 3) Барномаи ислоњоти Ањмади Дониш чї ном дорад ва дар он кадом масъалањо ба миён гузошта шудаанд? 4) Дар шоњасари Ањмади Дониш «Наводир-ул-ваќоеъ» кадом масъалањо инъикос ёфтаанд? 5) Чаро Ањмади Донишро асосгузори њаракати маорифпарварї медонанд? 6) Маорифпар- вариро чї тавр мефањмед? 7) §§ 17 ва 29-ро такрор кунед. §31. ЊАРАКАТИ ЉАДИДИЯ Ба вуљуд омадани њаракати љадидия дар Осиёи Марказї. Њаракати љадидия дар Осиёи Марказї охирњои асри XIX ва иб- тидои асри XX дар байни зиёиёни бедоргаштаи мањаллї дар ав- вал њамчун љараёни фарњангию маърифатї, баъд њамчун љараёни иљтимоию сиёсии ислоњотхоњона ба вуљуд омадааст. Тарафдоро- ни ин њаракат аќибмондагии иќтисодию сиёсии мулки худро ба хубї дарк намуда, коста будани маънавиёти мардумро эњсос кар- данд ва чун пешовандонашон – маорифпарварон дар андешаи он буданд, ки 1) бо роњи интишори адабиёти нав ва ба роњ монда- ни чопи рўзномаю маљаллањо ањволи мардумро бењтар намоянд; 2) ба ислоњи тарзи идоракунии кишвари худ ноил гардида, барои рушд ёфтани он чун халќњо ва давлатњои тараќќикардаи љањонї шароит муњайё кунанд; 3) ба барњам додани њар гуна разолатњои давр – бетартибию ѓоратгарињо њангоми ситонидани андозњо, худ- сарии амалдорон ва ѓайра муваффаќ шаванд; 4) бо роњи ислоњот дини исломро ба талаботи замони нав – рушди муносибатњои сармоядорї мутобиќ гардонанд. Љадидони Бухоро худро 136 «љадид» наномидаанд. Ин номро ба онњо, чун калимаи тањќиркунанда, муќобилони ислоњoт гузоштаанд. Барои гузоштани чунин ном аз та- рафи љадидон ташкил карда шуда- ни мактабњои усули нав (ё худ усули љадидї) сабаб шуда буд. «Љадид» ка- лимаи арабї буда, ба форсии тољикї маънои «нав», «тоза»-ро дорад ва он ягон маънии тањќиркунандаеро ифода намекунад, вале дар шароити аморати Бухоро њомиёни тартиботи куњна њар каси ба худ аз рўйи аќида муќобилро «љадид» меномиданд. Оњиста-оњиста ин калима нисбати њамаи онњое, ки тарафдори ислоњот буданд, мактабњои усули нав меку- шоданд, дар чунин мактабњо тањсил менамуданд ва ё бо он робита доштанд, умуман, нисбати њамаи онњое, ки чи ба тартиботи асримиёнагии амирї ва чи усули куњнаи таълим розї набуданд, истифода мегардид. Онњо бо истиллоњи «љадид» ба таърих ворид шуданд ва худи љадидон онро нисба- ти худ ва њамфикронашон на ба маънои тањќир, балки чун шахси озод, љорикунандаи андешаву аќидањои нав ќабул карданд. Дар асл љадидон дар марњалаи аввал худро «љавонон», «љавонфикрон», «маорифпарварон», «тараќќипарварон», «исло- њотпарварон», «ислоњотхоњон», «навпарастон» ва ѓайра ме- номиданд. Ѓайр аз ин, љадидони Бухоро ба љавонтуркони Тур- кия пайравї намуда, худро «љавонбухороиён» ва љадидони Хева худро «љавонхевагињо» меномиданд. Дар навбати худ љадидон муќобилони худро «куњнапарастон», «ќадимиён», «ќадимпарастон», «тарафдорони усули куњна» ва ѓайра мено- миданд. Аз њамин сабаб љанљоли тарафдорон ва муќобилони мактаби усули нав дар таьрих ба номи «низои байни љадидону ќадимпарастон» маълум аст ва он љанљол сол то сол шиддат ёфта, махсусан, дар шароити Бухорои амирї бештар шакли фољиавї касб мекард. Марказњои намоёни њаракати љадидї дар аморати Бухоро шањри Бухорои Куњна (пойтахти аморат), дар кишвари Туркис- Яке аз шуморањои рўзномаи «Њабл-ул- матин» (аз 14-уми майи соли 1907), ки бо забони форсї дар Калкуттаи Њиндустон нашр гардида, дар Осиёи Марказї, аз љумла Бухоро њам пањн ме- гардад 137 тон – шањрњои Самарќанд, Ќўќанд, Тошканд ва дар хонии Хева – шањри Урганљ ба њисоб мерафтанд, зеро ин шањрњо дар бароба- ри марказњои маъмурї њисоб шудан, марказњои илму маърифат њам буданд. Сарчашмањои ташаккули њаракати љадидия инњо буданд: 1) аќидањои маорифпарварї, махсусан, эљодиёти Ањмади Дониш; 2) таъсири њаракати љадидияи тоторњо, ки њанўз солњои 80-уми асри XIX ташаккул ёфтааст; 3) таъсири рушди муносибатњои нави мо- лию пулї; 4) таъсири матбуоти даврї. Фаъолияти љадидон дар кишвари Туркистон. Бояд таъкид на- муд, ки љадидон дар Осиёи Марказї дар шароити гуногун амал мекарданд. Масалан, дар шароити кишвари Туркистон онњо то андозае озодона фаъолият менамуданд. Њукуматдорони подшоњї ба корњои љадидон (ѓайр аз солњои Љанги якуми љањонї) чандон ањамият намедоданд. Бинобар ин, љадидони кишвари Туркистон дар роњи амалї гардонидани маќсадњои худ дар њамаи шањру ноњияњо, ѓайр аз муќобилати тарафдорони усули куњнаи таълим, дигар монеаи љиддие ќариб эњсос намекарданд. Њаракати љадидия дар кишвари Туркистон то замони Инќилоби феврали (соли 1917) Русия ба таври муташаккил та- шаккул наёфта бошад њам, тарафдорони он шароити кишварро ба назар гирифта, дар назди худ чунин маќсадњои муайян гузош- та буданд: дар масъалаи тарбия –љавонони мањаллиро бештар ба илму маърифат, ривољ додани корњои тиљорату саноат даъват ме- намуданд. Дар ин соња онњо, бегуфтугў, тарафдори ислоњи усули таълим дар мактабу мадрасањо ва бунёди мактаби усули нав бу- данд; оид ба сабук намудани ањволи халќи зањматкаш – ба тар- тиб даровардани андозњо ва сабук кардани онњо; ќатъ гардони- дани муњољиркунии дењќонони рус ба кишвари Туркистон; дар масъалаи идоракунии кишвар – ислоњ намудани усули идораку- нии мустамликавї, аз љумла таѓйир додани баъзе бандњои «Ни- зомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон», ки дар асоси онњо амалдорони њукумати подшоњї нисбат ба мардуми мањаллї берањмї зоњир менамуданд; дар масъалаи њукуќ – баробарњуќуќии раияти муќимии кишвар бо раияти рус, мањдуд кардани дахола- ти амалдорони подшоњї ба корњои идоракунии мањаллї, ки баъ- зан боиси аз тарафи эшон поймол карда шудани урфу анъанањои мардум мегардид ва ѓайра. Сарварони њаракати љадидия дар кишвари Туркистон: 138 Мањмудхоља Бењбудї (1875–1919), Абдулќодир Шакурї (Абдулќодир Абдулшукуров 1875–1943, њар ду аз Самарќанд). Мунавварќорї Абдурашидов (дар Тошканд) буданд. Аз тарафи љадидони кишвари Туркистон маљаллаю рўзномањои: «Хуршед» (1906), «Самарќанд» (1913 – 1914), «Ойи- на» (1913 – 1915), «Тараќќї» (1906), «Шуњрат» ва «Туљљор» (1907 – 1908), «Осиё» (1913 – 1915), «Садои Туркистон» (1914 – 1915), «Са- дои Фарѓона» (1913) ва ѓайра нашр мегардиданд. Аз байни онњо маљаллаи «Ойина», ки Мањмудхоља Бењбудї нашр мекард, бо ду забон: форсии тољикї ва ўзбекї, боќї њама ба забони ўзбекї чоп мешуданд. Дар шароити кишвари Туркистон муќобилони њаракати љадидия аз њисоби мударрису муллоњо ва толибилмон кам на- буданд. Онњо дар мактабу мадрасањо усули куњнаи таълим- ро дастгирї намуда, муќобили мактабњои усули нав, мактабњои русии мањаллї, тарафдори аз нав барќарор кардани мавќеи номањдуди дину шариат ва ѓайра буданд. Вале мухолифони ислоњот аз ошкоро ба муќобили сиёсати њукумати подшоњї баро- мадан метарсиданд. Фаъолияти љадидон дар аморати Бухоро. Дар шароити амо- рати Бухоро вазъият барои фаъолияти љадидон андаке дигар буд. Њукумати амирї аз рўзњои аввали ба майдон омадани њаракати љадидї тарафдорони онро таъќиб намуда, фаъолияти мактабњои усули навро манъ кард. Чунин муносибат суръати аз љињати ташкилї танзим ёфтани њаракати љадидияи Бухороро тезонид. Махсусан соли 1909 аз тарафи њукумати амирї баста шудани мактаби усули нави Мирзо Абдулвоњиди Мунзим (1877 – 1934) ва Садриддин Айнї (1878 – 1954) тарафдорони њаракати навро ба ѓазаб овард ва онњоро баръакс, бо њам наздиктар намуд. Та- рафдорони мактаби усули нав минбаъд бо њам тез-тез вохўрда, оид ба таќдири Бухоро, мардуми он, корњои мактабу мадрасањо суњбатњо меоростанд. Дар натиља, солњои 1909 – 1910 дар Бухо- ро њаракати љадидї њамчун њаракати ислоњотхоњонаи љамъиятию сиёсї пурќувват шуд ва аз љињати ташкилї ташаккул ёфт. С.Айнї бо дўсти худ А.Мунзим дар маркази њаракати љадидияи Бухоро, даќиќтараш, аз љумлаи сарварони он буданд. Љадидони бухорої вазъи аморатро ба эътибор гирифта, бањри рушду ободии ватани худ, инчунин, бањри хушбахтии мардуми он, дар назди худ чун маќсаду маром, иљрои вазифањои зерин- 139 ро гузоштаанд: дар соњаи маориф – барњам додани бесаводї та- вассути кушодани мактабњои усули нав, ислоњоти таълим дар мадрасањо, пањн намудани адабиёти нав ва матбуоти њаррўза; дар соњаи њимояи манфиати халќ – бо роњи ташвиќот ба мардум фањмонидани разолатњои њукуматдорони амирї, исрофкории амир ва ањли дарбор, инчунин дар байни мардум барњам дода- ни исрофкорињои зиёд њангоми тўй, мотам (маросимњои азодорї) ва дигар маъракањо; дар соњаи мустањкам намудани иттифоќ ва дўстии мардум – бо роњи фањмондан барњам додани низоъњои мазњабї ва ѓайра. Минбаъд ба њаракати љадидияи кишвари Туркистон ва Бухо- ро дар ќатори зиёиён, инчунин, намояндагони тољирони мањаллї низ дохил гардиданд. Љадидон њаќиќатан њам давомдињандагони фаъолияти маорифпарварони асри XIX буданд. Бинобар ин онњоро низ маорифпарварон номидан хато нест, вале ин њаракатро нисбат ба маорифпарварони асри XIX «як ќадам ба ќафо» гуф- тан хатост. Баръакс, њаракати љадидї нисбат ба маорифпарва- рии гузашта як ќадам ба пеш аст. Зеро маорифпарварони авва- ла норасоињои замонро дар асарњо, суњбатњо, шеъру сурудњои худ сахт танќид карда, барои амалї гаштани он корњои назаррасе накардаанд. Аммо љадидон аз ибтидо фаъолияти худро бо кори амалї– ташкили мактабњои усули нав, нашри рўзномањо, ислоњи усули таълим дар мадрасањо ва ѓайра оѓоз карданд. Ба љадидон тамѓаи исломпарастї (панисломизм)-ро часпонда сиёњ кардан низ хатост. Зеро, чунон ки таъкид намудем, фаъолони ин њаракат аксаран ањли савод, муллою муллозодањо, мударрисњо ва толибилмони мадрасањо, яъне ќариб њама аз ањли ислом бу- данд. Бинобар ин онњо њељ гоњ аз доираи ислом берун шуда на- метавонистанд ва ин тавр шуданаш мумкин њам набуд. Аз ањли ѓайримусулмон – яњудиёни мањаллї аксаран хайрхоњон буданду халос. Бинобар ин љадидон аз доираи шариати дини ислом наба- ромада, бо роњи ислоњот мулки худ ва мардуми онро аз њолати бенавоию фаќирї бароварда, ба ќатори халќњо ва давлатњои тараќќикардаи љањон расонидан мехостанд. Пурзўршавии љараёни пантуркистїдар байни љадидон. Маъ- лум аст, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар асоси иде- ологияи миллатгароёни турк – туркизм аќида ва ё худ равияи ди- гар – пантуркизм (туркпарастї, марказаш дар Туркия) ба вуљуд омада, рушд кард. Мувофиќи таълимоти туркпарастон, як ќатор 140 миллатњои љањон, ба монанди юнонињо, форсњо, арабњо кайњо ха- роб шудаанд ва онњо гўё оянда надоранд; ќисми дигари миллатњо, аз љумла халќњои Аврупо гўё ба интињо мерасанд; танњо ќисми се- юми миллатњо, ки ба онњо туркњоро нисбат медоданд, гўё тараќќї мекунанд ва ояндаи дунё насиби онњост. Аз ин рў онњо «ягонагии миллї ва давлатї»-и њамаи халќњои туркзабонро тарѓиб мекар- данд. Туркпарастї дар байни тоторони миллатгарои Ќриму По- волже њамовозии зиёд пайдо кард, зеро онњо тавассути ин равия воситаи ягонаи људої аз давлати Русияро медиданд. Бояд таъкид кард, ки як ќисми тарљумонњо ва њатто амалдорони хурди давла- ти Русия, ки бо корњои Осиёи Марказї машѓул буданд, аз љумлаи тоторњо буда, баъзеи онњо, ба мисли љадидони тотор, њамин ра- вияро дастгирї мекарданд. Љавононе, ки аз Осиёи Миёна ба Тур- кия ва ё ба Ќриму Поволже сафар мекарданд ё худ аз тарафи чади- дон барои тањсил фиристода мешуданд, зуд ба зери таъсири њамин равия меафтоданд. Минбаъд онњо чун ташвиќгари њамин равия ба воя мерасиданд ва амал мекарданд. Дар шароити Осиёи Марказї туркпарастон мављудияти тољиконро тамоман инкор мекарданд. Тољиконро ба «туркњои бо таъсири адабиёти классикии форс забони худро гумкарда» дохил менамуданд. Бинобар ин онњо мегуфтанд, ки «тољикон бояд ба асли худ – туркњо табдил дода шаванд». Оид ба муайян намудани туркпарастии љадидони Осиёи Марказї њушёрии љиддї лозим аст. Пеш аз њама, бояд ба эъти- бор гирифт, ки њаракати љадидї ва туркпарастї њељ гоњ њаракати ягона набуд ва на њамаи љадидон дар тамоми даври фаъолията- шон туркпараст буданд. Махсусан, дар давраи аввали фаъолияти љадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастї нисбатан кам буд. Аз њамин сабаб љадидони Бухоро аввалин мактаби усули нав ва нахустин рўзномаро ба забони форсии тољикї ташкил намудаанд, вале пўшида нест, ки нуфузи туркпарастї дар фаъолияти онњо сол то сол меафзуд. Зеро худи љадидони Осиёи Марказї дар симои давлати Туркия намунаи ибратбахши давлати тараќќикардаи ис- ломиро дида, нисбат ба он таваљљуњи зиёде пайдо карда буданд. Дар натиља, ќисми зиёди зиёиёни бедоргаштаи тољик, ки ба равия ё худ њаракати љадидия дохил буданд, низ бо равияи туркпарастї зањролуд шуда, минбаъд худро турк њисоб намуда, нисбат ба мил- лат ва забони худ хиёнатњои зиёде кардаанд. 141 Сарчашма: Садриддин Айнї дар аввал бо кадом ном фаъолият кар- дани љадидони Бухороро чунин шарњ медињад: «Азбаски ба- рои ба њамдигар наздик шудани ин соњибфикрон дар марњалаи аввал мактаби усули љадидия сабаб шуда буд, уламо ва арбо- би њукумат ин фирќаро «љадид» ё «љадидї» номидаанд. Азбаски маслаки ин фирќа тараќќию пешрафт ва роњбаронашон љавонон ва љавонфикрон буданд, онњо худро «љавонбухороиён» (мисли љавонтуркон) меномиданд». (Ниг.: Айнї С. Таърихи инќилоби Бухоро. - Душанбе, 1987. - С.70). Санањои муњим: Охири асри XIX ва ибтидои асри XX – дар сарзамини Осиёи Марказї ба вуљуд омадани њаракати љадидї ё худ љадидия. 1909-1910 – дар Бухоро њаракати љадидия њамчун њаракати ислоњотхоњонаи љамъиятию сиёсї ташаккул ёфт. Савол ва супоришњо: 1) Тарафдорони њаракати љадидия ба кадом маќсад (андешањо) бо њам муттањид гардидаанд? 2) Манбаъњои ташаккули њаракати љадидї кадомњоянд? 3) Њаракати љадидия дар шароити Осиёи Марказї кай ба вуљуд омад? 4) Љадидон дар шароити Бухоро худ- ро дар аввал бо кадом номњо муаррифї менамуданд? 5) Љадидон дар кишвари Туркистон дар кадом шароит фаъолият мекарданд ва дар назди худ чї маќсад гузоштанд? 6) Љадидон дар аморати Бухо- ро чї гуна фаъолият доштанд? 7) Њаракати љадидии Бухоро кай аз љињати ташкилї ташаккул ёфт? 8) Туркпарастї чист ва чаро нуфу- зи он дар байни љадидон зиёд гардид? 9) §§ 29 ва 30-ро такрор кунед. §32. МАКТАБЊОИ УСУЛИ НАВ ВА РЎЗНОМАИ «БУХОРОИ ШАРИФ» Фарќи мактабњои усули куњна ва нав. Њанўз дар охири асри XIX ва махсусан, ибтидои асри XX муносибати як гурўњ зи- ёиёни пешќадам нисбат ба усули куњнаи таълим дар мактабу мадрасањо таѓйир ёфта буд. Зиёиён њатто яке аз сабабњои асосии ќафомондагии диёри худ ва мардуми онро мањз дар ќафомонда будани усули таълими мактабу мадарасањо дида, дар анде- 142 шаи ислоњи он буданд. Зеро фанњое, ки дар мактабњои усули куњна асрњо боз таъ- лим дода мешуданд, танњо ба як маќсад – њарчи васеътар омўзонидани асосњои дини ис- лом нигаронида шуда буданд. Аз ин рў дар чунин мактабњо толибилмон ќариб ним сол танњо њарфњои арабиро азёд меомўхтанд. Баъд ба омўзиши «Њафтяк» (порањо аз Ќуръон), сипас ба хондани «Чоркитоб» шурўъ менамуданд. Ин њама ќариб се солро дар бар мегирифт. Дар мактабњои усули куњна дигар фанњо ќариб омўзонда наме- шуд. Баъзан бо ташаббуси худи муаллимони мактаб–домуллоњои баъзе мактабњои куњна фанњои дунявї, ба монанди риёзиёт, таъ- рих, љуѓрофия ва ѓайра таълим дода мешуд, вале шумораи ин гуна мактабњо хеле кам буд. Бинобар ин аксари толибилмон баъди хатми мактабњои усу- ли куњна аз навиштан тамоман бехабар буданд. Чунин њолат яке аз xycусиятњои замони гузашта буд. Дар њудуди Осиёи Марказї, махсусан, дар мањалњои тољикнишин ќариб дењае набуд, ки онљо масљид набошад. Дар шањрњо миќдори масљидњо хеле зиёд буд. Масалан, дар шањри Бухорои Куњна дар охири асри XIX ва иб- тидои асри XX 360 масљид амал мекард. Дар назди ќариб њамаи масљидњо мактабњои усули куњна амал мекарданд. Барои духта- рон дар баъзе мањалњо мактабњои алоњида мављуд буданд. Оид ба омўзиши илм- њои дунявї дар мадрасањо вазъият каме бењтар буд. Вале дар ин љо риёзиёт, љуѓрофия, таърих, нуљум омўхта шаванд њам, ќисми зиёди тањсил ба омўзиши забони арабї, ќироати Ќуръон ва махсусан шарњи гуногуни он, шариати ис- лом ва ѓайра нигаронида шуда буд. Дар нимаи дую- Бинои яке аз мактабњои усули куњна дар шарои- ти дењоти Бухорои амирї Машѓулият дар мактаби усули куњна дар замони Бу- хорои амирї. 143 ми асри XIX дар мадрасањо омўзиши илмњои дунявї хеле мањдуд гардида, њатто омўзиши илми тибро аз байн бардоштанд. Шумо- раи мадрасањо хеле зиёд буд. Танњо дар шањри Бухорои Куњна зи- ёда аз 200 мадраса амал мекард, ки онњо беш аз 10 њазор муњассил доштанд. Дар Хуљанд 47 мадраса, инчунин, дар Ўротеппа, Панљакент, Ќаротоѓ ва ди- гар нуќтањои Тољикистони имрўза низ мадрасањо вуљуд доштанд. Ањмади Дониш, Муфтї Икромча, Садри Зиё, Мирзо Абдулвоњиди Мунзим, Садриддин Айнї ва дигарон, ки дастпарва- рони мактабу мадрасањои њамон давр буданд, ба за- мони нав мувофиќ набу- дани усули таълимро дар асарњояшон зикр намуда- анд. Замони нав – давраи рушди муносибатњои мо- лию пулї ба донандаго- ни илмњои дунявї бештар муњтољ буд. Чунин талабот зарурати бунёди мактабњои усули навро ба миён овард, зеро дар мактабњои усули нав толибилмон дар баро- бари Ќуръон ва аз худ на- мудани заруриёти динї, риёзиёт, љуѓрофия, таърих ва дигар фанњои дунявиро низ ба таври васеъ ва њатмї меомўхтанд. Ѓайр аз ин, дар мактабњои усули нав барои дар муддати хеле кўтоњ ёд гирифтани хондану навиш- тани толибилмон диќќати махсус дода мешуд. Mадрacau Мири Араб – яке аз мадрасањои номии Бухоро, ки дap асри XIX ва ибтидои асри ХХ њам фаъолият дошт Мадрасаи Рустамбек дap Истаравшан. Асри XIX. Мадрасаи Олим-додхоњ дap Панљакент. Асри XIX. 144 Ташкили мактабњои усули нав. Дар шароити кишвари Туркис- тон ташкили мактабњои русии мањаллї кушодани мактабњои усу- ли навро тезонид, зеро ин воќеият зиёиёни пешќадами кишварро водор намуд, ки њарчи зудтар нисбати таќдири халќи худ чорањои амалї андешанд. Њамин њолат баъзе саноатчиёни мањаллиро, ки худ маърифатпарвар буданд, бетараф нагузошт. Барои зиёиён тарафи иќтисодии масъала мураккабї мекард, вале барои сано- атчиёни мањаллї, ки сол то сол соњиби даромади зиёд мегарди- данд, ин ќисми масъала зуд њалшаванда буд. Њамин тавр, бо даст- гирии сарватмандони мањаллї соли 1898 дар Ќўќанд (бо ташаб- буси мулло Салоњиддин) соли 1899 дар Андиљон (бо ташаббуси мулло Шамсиддин) ва дар Тошканд (бо ташаббуси ќорї Маннон) мактабњои усули нав (таълим ба забони ўзбекї) ташкил ёфтанд. Нахустин мактаби усули нави форсии тољикї ба номи ма- орифпарвари самарќандї – Абдулќодир Шакурї марбут аст. Бо ташаббуси ў соли 1901 дар гузари Хољазудмуроди шањри Самарќанд аввалин чунин мактаб кушода шуд. Баъдтар ў дар дењаи Раљабамини Самарќанд ва соли 1903 дар гузари Ќўшњавз, дар њавлии Муњаммадрањимбой низ њамин гуна мактабњои усу- ли нав бунёд намудааст. С.Айнї соли 1908 њангоми бори аввал ба Самарќанд сафар намуданаш њамроњи А.Мунзим мањз бо фаъ- олияти њамин мактаб шинос шудааст. Аз њамон рўзи шиносої бо мактаби Шакурї, мегўяд ў: «фикри мактаб тамоми маѓзи моро ишѓол кард». А.Шакурї баробари фаъолияти омўзгорї, инчунин барои мактабаш дастурњои зарурї ва китобњои дарсї низ тартиб медод. Ба ќалами ў аввалин китоби алифбои форсии тољикии мактабњои усули нав «Роњбари савод», китобњои ќироати «Љомеъ-ул-њикоёт», «Зубдат-ул-ашъор» тааллуќ дорад. Дар мактаби Шакурї њар сол маљлиси кушоди имтињонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танњо падару модарони толиб- илмон, балки дигар њавасмандон низ мушоњида карда метавони- станд Миќдори мактабњои усули нав дар кишвари Туркистон сол то сол меафзуд. Агар соли 1910 шумораи ин гуна мактабњо дар шањр ва мањалњои гуногуни кишвар таќрибан 50 адад бошад, пас соли 1911 онњо ба 68 адад расиданд. Масалан, дар сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї – собиќ уезди Хуљанд, волостњои Панљакент, Конибодом ва Исфара 7 мактаби усули нав амал мекард. 145 Аввалин кўшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар шароити Бухоро ба мулло Љўрабойи пирмастї, ки бо тиљорат машѓул буд, мансуб аст. Ў, ки дар Туркия тањсил намуда буд, дар асоси усули мактабњои туркї ва русї ибтидои соли 1900 дар гуза- ри Пўстиндўзони шањри Бухорои Куњна мактаби хусусї кушод. Вай ният дошт, ки дар 5 – 6 моњ наврасон ва калонсолонро савод- нок намояд, вале мактаб ба ќадри имкон њавасмандонро ба худ љалб карда натавонист ва аз ин рў худ аз худ ба зудї баста шуд. Баъд аз мулло Љўрабой, солњои 1902 – 1903 Каипов ном то- тор, мактаби усули наве ифтитоњ кард, вале он мактаб низ дер да- вом накард ва баста шуд. Октябри соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоњид Бурњонов (Мунзим) ва Садриддин Айнї дар дохили шањри Бухоро, дар гу- зари дарвозаи Салоњхон, дар њавлии худи Мунзим барои бухо- роиён аввалин мактаби усули нави форсии тољикї кушода шуд, ки он 12 нафар хонанда дошт. С.Айнї ва А.Мунзим сараввал дар такмили мањорати омўзгории худ ба муаллимон ва мактабњои то- тории Бухоро такя намудаанд. Онњо барои аз љињати моддї таъ- мин кардани мактаби худ ба бойбачагон моње се сўм њаќќи таъ- лим муайян намуда, камбаѓалонро ба таври ройгон ќабул мекар- данд. Мунзим барои шогирдони мактаби худ «Роњбари хат» ном аввалин дастурамали дарсї тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи «Мактаби Мунзим» маълум аст. Дар мактаби А. Мунзим ва С.Айнї низ нарасидани китобњои Абдулќодир Шакурї (1875 – 1943, дap мобайн), маорифпарвар, яке аз аввалин муас- сисони мактаби усули нави форсии тољикї дap Самарќанд, дap доираи дењќонон 146 зарурї эњсос карда мешуд. Бо маќсади бартараф намудани ин норасої моњи март ва апрели соли 1909 бо ташаббуси онњо «Ширкати Бухорои Шариф» таъсис гар- дид. Ин ширкат дар навбати аввал барои сањењ талаффуз кардани овозњои нутќ, мах- сусан, оятњои Ќуръон, китоби «Тартил-ул- Ќуръон»-ро ба чоп омода намуда, ба во- ситаи муаллимони тотор барои нашр ба чопхонаи Оренбург фиристодааст. Бо та- шаббуси С.Айнї китоби ќироати «Тањзиб- ус-сибён» («Тарбияи кўдакон») тайёр ва нашр карда шуд. Ѓайр аз мактаби мазкур, бо ташаббу- си А.Мунзим барои мардуми калонсоли бухорої мактаби шабона низ кушода шуда буд. Ба ин мактаб ў љавонони 20-30-соларо љамъ намуда, њар рўз ду соат таълим ме- дод. Дар натиља, дар Бухоро обрў ва эъти- бори мактаби усули нави А.Мунзим ва С.Айнї бештар пањн гар- «Тањзиб-ус-сибён» – авва- лин китоби ќироати фор- сии тољикии С.Айнї, ки барои мактабњои усули нав тартиб додааст ва он соли 1909 дap Самарќанд нашр гардидааст Мирзо Абдулвоњид Бурњонов (Мун- зим),(1877 – 1934), шоир, нависанда, маорифпарвар, муассиси яке аз авва- лин мактабњои усули нав (љадидї)-и форсии тољикї дap Бухоро Садриддин Саидмуродзода Айнї(1878 – 1954), шоир, нависанда, маорифпарвар, олим, муассиси яке аз аввалин мактабњои усули нав (љадидї)-и форсии тољикї дap Бухоро 147 дид, ки ин њолат мухолифони онро ором намегузошт. Мунзим ва Айнї хавфи баста шудани мактабашон- ро њис карда, бо маќсади пешгирї ва ба умум нишон додани натиљаи кори худ 6-уми сентябри соли 1909 маљлиси имтињонот оростанд. Дар он ќариб 100 нафар даъватшудагон аз њисоби пада- рон, рўњониён, шањриён ва ѓайра њузур доштанд. Њозирон дар фаъолияти ин мактаб ягон нишонаи муќобили шари- атро пайдо накарданд, вале, бо вуљуди ин, 25-уми сентябри соли 1909 бо амри њукумати амирї мактаби Мунзим ва Айнї баста шуд. Баъд аз ин тањсили бухороиёнро дар мактабњои усу- ли нави тоторї њам манъ намуданд. Аммо ќисме аз бухороиён, яъне онњое, ки бештар муштоќи савод буданд, ба манъи њукуматдорони амирї нигоњ накарда, баъди ин воќеа њам дар мактабњои тоторї тањсилро давом доданд. Баъзе мактабдорони бухорої, баъди баста шудани мактаби Мунзим њам, ба њар гуна тањдиди њукуматдорони амирї нигоњ на- карда, фаъолияти мактаби худро пинњонї давом доданд. Илова ба ин, бо ташаббуси худи бухороиён боз мактабњои дигари мах- фии усули нав ташкил меёфт. Дар натиља соли 1914 танњо дар шањри Бухорои Куњна шумораи умумии чунин мактабњои мах- фии љадидон ба 45 адад расида буд, ки дар аксари онњо таълим ба забони форсии тољикї сурат мегирифт. Мактабњои усули нав аз доираи ашхоси бонуфузи Бухорои амирї тарафдорон пайдо карда буд. Яке аз чунин хайрхоњони мактаби усули нав мударрис, ќозї, муфтї Домулло Икромча (Мулло Икром Абдусаломов, 1847 – 1925) ба њисоб мерафт. Ў дар мавќеи маорифпарварї истода, ањамият ва зарурати чунин мак- табро барои саводнокшавии љавонон таъкид намудааст. Мактабњои усули нав аз доираи ашхоси бонуфузи Бухорои амирї тарафдорон пайдо карда буд. Љамъияти «Тарбияи атфол». Муборизаи шадиди байни тараф- дорон ва муќобилони мактаби усули нав, пеш аз њама, тарафдо- Муфтї Икромча (Мулло Икром Абдусаломов, 1847–1925), маориф- парвар, мударрис, яке аз устодони С.Айнї 148 рон – љадидонро водор намуд, ки дар баробари махфї нигоњ доштани ама- лиёти худ, боз њам муттањидтар ша- ванд. Бо њамин маќсад онњо 1-уми де- кабри соли 1910 љамъияти пинњонии худро бо номи «Тарбияи атфол» бу- нёд намуданд. Таъсискунандагони ин љамъият Мирзо Абдулвоњиди Мун- зим, Њамидхољаи Мењрї, Ањмадљон Махдуми Њамдї (Абдусаидзода), му- даррис Њољї Рофеъ ва Мукаммалид- дин Махдуми Бурњонзода буданд. Умуман, аз 28 нафар аъзои ин љамъият 14 нафар муллою муллозода ва се на- фар мударрис буданд. Љамъияти «Тарбияи атфол» ав- валин ташкилоти љадидони Бухоро ба њисоб меравад. Ташкил намудани мактабњои усули нав ва барои тањсил ба Туркия фиристодани толибилмони бухорої маќсади аввалини ин љамъият њисоб мешуд. Рўзномаи «Бухорои Шариф». Дигар кори ба чашм намоё- не, ки љадидони Бухоро карданд, нашри рўзномањо буд. Мањз бо ташаббуси онњо аввалин рўзномаи форсии тољикии «Бухорои Шариф» 11-уми марти соли 1912 нашр гардид. Ин рўзнома дар Ањмадљон Махдуми Њамдї (Аб- дусаидзода 1875-1946) шоир, ма- орифпарвар ва яке аз муборизони муќобили тартиботи амирии Бу- хоро Яке аз шуморањои «Бухорои Шариф» – аввалин рўзномаи форсии тољикї, ки дap Бухорои Нав (Когон) нашр мешуд 149 чопхонаи Бухорои Нав (Когон) бо ташаббуси равшанфикрони машњури тољик – тољир ва миллионери бухорої Мирзо Муњиддин Мансуров ва Мирзо Сирољи Њаким чоп шуд. Муњарририи рўзнома ба уњдаи яке аз донишмандони забону адабиёти форсии тољикї, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Љалол Юсуфзода, ки ўро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд. Рўзномаи «Бухорои Шариф» дар мавќеи маорифпарварї истода, хонандагони худро бо забони сода аз воќеањои љањонї, масъалањои гуногуни таърих, љуѓрофия, адабиёт ва ѓайра огоњ ме- кард. Дар сањифањои он махсусан, зарурати омўхтани илму дониш таъкид карда мешуд ва оид ба ин масъала маќолањои ташвиќотї чоп мегардид. Ба андешаи муаллифони маќолањо, асоси рушди мамлакатњои тараќќикардаи љањон мањз тавассути ба нуќтаи ба- ланд расидани савияи илму дониши раияташон ба амал омадааст. Сарзамини аморати Бухоро мањз аз сабаби беањамиятї нисбат ба илму дониши дунявї ба њолати ќафомондагї гирифтор шудааст. Рўзномаи «Бухорои Шариф» дар замони душвори њукмронии амирї ягона минбари рўшанфикрони тољик ба њисоб мерафт. Би- нобар ин, дар сањифањои рўзнома талабу дархости онњо оид ба таќдири минбаъдаи Бухоро бештар чоп мегардид. Рўзнома то 2-юми январи соли 1913 њамагї 153 шумора нашр гардид ва бо иѓвои муќобилони ислоњот аз тарафи њукумати амирї баста шуд. Њамин тавр, аз тарафи љадидони Бухоро нашр карда шуда- ни аввалин рўзномаи форсии тољикї бузургтарин воќеа дар њаёти фарњангии халќи тољик ба њисоб меравад. Дар љумњурии мо рўзи нашри нахустин рўзномаи «Бухорои Шариф», яъне 11-уми март- ро њамчун Рўзи матбуот љашн мегиранд. Љадидони Бухоро инчу- нин аз 14-уми июли соли 1912 то 2-юми январи соли 1913 (њамагї 49 шумора) рўзномаи «Тўрон»-ро низ ба забони ўзбекї нашр на- мудаанд. Сарчашма: Дар яке аз маќолањои рўзномаи «Бухорои Шариф» таъкид шудааст: «Дар корњои тиљоратї ва саноатї ањамияти илми дунё аз ваќти љанг зиёдтар аст. Агар мамлакат саноат, тиљорат надош- та бошад, њатман тараќќї нахоњад кард ва оќибат мањв ва нобуд хоњад шуд». (Ниг.: рўзномаи «Бухорои Шариф», 1912, 6-уми июн, № 6). 150 Санањои муњим: 1897 – ташкили аввалин мактаби усули нав –љадидї бо забони ўзбекї бо ташаббуси Мулло Салоњиддин дар Ќўќанд. 1901 – ташкили аввалин мактаби усули љадидї, ба забони фор- сии тољикї, бо ташаббуси Абдулќодири Шакурї дар Самарќанд. 1908 – ташкили аввалин мактаби усули нав ба забони форсии тољикї, бо ташаббуси А.Мунзим ва С.Айнї дар Бухоро. Ин мак- таб дар таърих бо номи «Мактаби Мунзим» маълум аст. 1909 – 25-уми сентябр – аз тарафи њукумати амирї баста шу- дани мактаби Мунзим. 1910 – 1-уми декабр – бунёди љамъияти пинњонии «Тарбияи атфол» дар Бухоро. 1912, 11-уми март–1913, 2-юми январ – нашри аввалин рўзномаи форсии тољикии «Бухорои Шариф». Савол ва супоришњо: 1) Мактабњои усули куњна аз нав чї фарќ доштанд? 2) Ав- валин мактабњои усули нав дар ќаламрави Осиёи Марказї кай ба вуљуд омадаанд? 3) Таъсиси аввалин мактаби усули нави форсии тољикї ба кї мансуб аст? 4) Дар бораи «Мактаби Мун- зим» чї медонед ва чаро он аз тарафи њукумати амирї баста шуд? 5) Барои мактабњои усули нав аз тарафи Садриддин Айнї ва Абдулвоњиди Мунзим чї китобњои дарсї нашр гардид? 6) Љамъияти «Тарбияи атфол» чї гуна љамъият буд? 7) Рўзномаи «Бухорои Шариф» кай ва бо ташаббуси кињо нашр гардид? 8) §§ 30 ва 31-ро такрор кунед. §33. ТАЪРИХНИГОРЇ ВА ЊАЁТИ АДАБИЮ МУСИЌЇ Таьрихнигорї. Яке аз хусусиятњои таърихнигорї ва њаёти ил- мию адабии тољик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX он аст, ки аксари таърихнигорони ин давр нависанда ё шоир, умуман, маорифпарвар буданд. Дар инъикоси њодисањои таърихї ва њаёти илмиву адабї Ањмади Дониш бо асари барљастаи худ «Наводир-ул-ваќоеъ» дар пешгоњ меистад. Афкори маърифат- парварии ў ба эљодиёти таърихнигорон низ бетаъсир намонд. Би- нобар ин яке аз фарќњои таърихнигории ин давр аз замонњои гу- зашта он аст, ки мањз дар њамин давр асарњои танќидии таърихї ба вуљуд омаданд. Дар ин соња махсусан, асарњои Ањмади Дониш 151 ва Мирзо Абдулазими Сомї маќоми муњимеро ишѓол мекунанд. «Рисолаи таърихї»-и Ањмади Дониш, ки дар солњои охири умри нависанда таълиф шуда буд (ба ин рисола муаллиф ном на- гузоштааст), бо номи шартии «Рисолаи таърихї» машњур гардид. Дар он муаллиф таърихи хонадони манѓитияро тањлил намуда, махсусан, ба замони њукмронии амир Музаффар диќќати љиддї додааст. Ањмади Дониш давраи њукмронии амирони хонадони манѓитро аз нуќтаи назари танќидї, њаљвнигорона, нисбатан ба- тафсил тасвир кардааст. Дар асари мазкур аз њаёти халќи одї низ бисёр лањзањои муњим наќл карда шудааст. Ањмади Дониш дар хотимаи «Рисолаи таърихї» ба хулосае меояд, ки салтанати амирон ба зулм ва нобаробарии иљтимої асос ёфтааст, бинобар ин, он бояд сарнагун шавад. Ин асар имрўз бо номи «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манѓития» дастраси хонандагон гардидааст. Мирзо Абдулазими Сомї (Бўстонї, тав. 1838, соли ваф. но- маълум) низ муаллифи «Таърихи салтанати Манѓития» ном аса- ри таърихї мебошад. Ў баъди хатми мадраса дар хидмати дар- бор буд. Агар Ањмади Дониш хидматро аз замони амир Насрул- ло оѓоз карда бошад, пас Сомї аз замони амир Музаффар шурўъ карда, дар замони амир Абдулањад давом додааст. Сомї чун таърихнигор дар сафарњои њарбї амиронро њамроњї мекард. Ў шоњиди љанги байни Русияю Бухоро (соли 1868) буда, онро дар асари худ батафсил нишон додааст. Дар асар муаллиф тавониста- аст, ки љањолат, аќибмондагї ва бемаърифатии амалдорону сар- лашкарони амириро ба ќалам дода, онњоро масхара намояд. Шарифљон Махдуми Садри Зиё (1867–1932) дар шањри Бу- хоро, дар оилаи Абдушукур ном домулло, ки бо тахаллуси Оят шеър менавишт, ба дунё омадааст. Ў баробари соњиб будан ба мансабњои калон аз ашхоси мутафаккири намоёни давр низ ба њисоб мерафт. Мероси илмию адабиаш зиёда аз 60 асарро таш- кил медињад. Муњимтарини онњо: «Наводири Зиёия», «Рўзнома», «Тазкират-ул-хаттотин», «Таърихи амирони Манѓития», «Рисо- лаи асбоби инќилоби Бухоро» ва ѓайра мебошанд. Ѓайр аз ин, хо- наи Садри Зиё ба як мањфили адабї табдил ёфта буд, ки дар он зумрае аз мутафаккирон, олимону шоирон ва зиёиён фаъолона иштирок доштанд. Њаёти адабї. Дилшоди Барно (1800–1907) – шоира, маориф- парвар ва таърихнигор. Шоира дар Истаравшан (Ўротеппа) ба 152 дунё омадааст. Хони Ќўќанд Умар- хон њангоми забти Ўротеппа (солњои 1810–1822) Дилшодро њамроњи асирон ба Ќўќанд мебарад. Яке аз асарњои Дилшод «Таърихи муњољирон» ме- бошад. Ў дар ин асар торољгарї ва хунрезихои Умархон, баъзе воќеањои мансуб ба забти Осиёи Марказї аз та- рафи Русияи подшоњї, њаёти сиёсї ва иљтимоии замонро инъикос кардааст. Абдулќодирхољаи Савдо (1823– 1873) шоир, маорифпарвар ва таърих- нигор буда, дар Бухоро таваллуд ёф- тааст. Дар њамин љо тањсили мадраса намудааст. Ќобилияташро ба назар гирифта, ўро ба кори дарбор даъват карданд. Шоир дар бисёр шеърњояш, махсусан, шеърњои њаљвиаш, ба худ тахаллуси «Бепул»-ро ќабул намудааст. Вай инчунин муаллифи як рисолаи таърихї мебошад. Муњаммад Шамсиддин Махдуми Шоњин (1857 – 1894) яке аз шоирони шинохта ва маорифпарварони нимаи дуюми асри XIX мебошад. Ў дар Бухоро ба дунё омада, баъди тањсили мадра- са мирзои яке аз маъмурони дарбор гардид. Шоњин мероси ада- бии зиёд боќї гузоштааст. Ў дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» афкори ма- орифпарварии Ањмади Донишро идома дода, махсусан тартибо- ти амирї, амалњои разилонаи мансабдорони онро сахт мазаммат кардааст. Мирзо Њайити Сањбо (таќр. 1850 – 1918) яке аз шоирони лири- ки давр ба њисоб меравад. Ў дар тумани Вобканди наздикии Бухо- ро ба дунё омада, дар замони амир Абдулањад ба хизмати дарбор љалб гардида, унвони «тўќсабо» ва «бий»-ро гирифта буд, вале ба кирдорњои разилонаи дарбориён ва амалдорони амир наф- рати зиёд дошт. Мирзо Њайити Сањбо шоири њаќљўй ва њаќгўй буд, оид ба нуќсонњои аморат бе парда сухан мекард, ки инро аз шеърњои лирикиаш ба хубї эњсос карда метавонем. Ў соли 1915 барои рўзномахонї њатто љазо дидааст. Амир Олимхон баъди на- моиши апрелии соли 1917-и Бухоро Сањборо њокими Ќубодиён таъйин карда, соли 1918 дар он љо ўро бо дасти одамони худ ба тарзи вањшиёна ќатл кард. Шарифљон Махдуми Садри Зиё – маорифпарвар ва муассиси яке аз мањфилњои адабї дap шањри Бухоро 153 Тошхољаи Асирї (1864–1915) – шоир ва маорифпарвар. Дар Хуљанди бостонї ба дунё омада, бо касби сангиосиётарошї фаќирона зиндагї мекард. Ба аќидаи Асирї, вазифаи адаби- ёт тарѓиби аќлу дониш аст. Бинобар ин ў роѓиби фаъоли илму дониш ба њисоб меравад. Ба андешаи шоир, мардуми гумроњро бо роњи маърифатнок кардан аз љањолат рањонидан мумкин аст. Шоир дар ашъораш истисморгаронро сахт мазаммат мекунад. Ў тарафдори ќотеи ислоњи усули таълим дар мактабу мадрасањо ва дар мактабњо љорї намудани таълими илмњои дунявї буд. Муњаммадсиддиќи Њайрат (1878–1902) бо вуљуди он, ки њамагї 25 сол умр дидааст, чун устоди ѓазал шуњрат пайдо карда буд. Фаќру ятимї дар зиндагии ў наќши вазнине гузоштааст. Аз 15–16-солагї ба тањсили мадраса оѓоз намуда, ба њайати адибони номии давр дохил шуд. Дар ѓазалу ќасидањои шоир разолатњои замона сахт танќид карда мешавад. Њайрат аз бемории сил вафот кардааст. Наќибхони Туѓрал (1865–919) яке аз шоирони намоёни давр ва устоди ѓазал ба њисоб меравад. Ў дар дењаи Зосуни бекига- рии Фалѓар, дар оилаи давлатманде (аз авлоди Хоља Ањрори Ва- лии Самарќандї) ба дунё омада, дар Самарќанду Бухоро тањсил кардааст. Чанде дар назди Шоњин хондааст. Баъди тањсил ба зодгоњаш баргашта, бо дењќонї ва чорводорї машѓул шудааст. Бо туњмати аксулинќилобї ўро ба ќатл расониданд. Ў дар ѓазал пайрави Бедил буда, дар бароба- ри сурудани ишќ, инчунин бехира- дии мансабдорону давлатдорон, авомфиребии муллоњои чаласаводу рўњониёни иртиљоъпарастро тасвир намудааст. Дар ибтидои асри XX дар Бу- хоро Садриддин Айнї ва Мир- зо Абдулвоњиди Мунзим низ чун маорифпарвар ва шоир ба ола- ми адабиёт ќадамњои љиддї гузош- та буданд. Дар шеърњои онњо, ки аз аќидањои маорифпарварї саршор буд, тарањњум нисбат ба халќи маз- лум, нафрат ба истисморгарон дида Нимпайкараи Туѓрал дap ноњияи Айнї 154 мешавад. Мањз тарафдории босаводу маърифатнок шудани мар- дум онњоро ба ташкил намудани мактаби усули нав ва навиштани китобњои дарсї водор намуд, ки дар ин бора мо маълумот додем. Њамдардї нисбат ба мардум, нафрат ба истисморгарон љавњари эљодиёти шоири инќилобї Њамза Њакимзода Ниёзї (1889–1929)-ро ташкил менамоянд, ки шеърњои худро бо ду забон: тољикї ва ўзбекї навиштааст. Зиёиёни тољик, махсусан, зиёиёни водии Фарѓона ба эљодиё- ти шоирон ва маорифпарварони номии ўзбек –Муњаммадхўљаи Муќимї (1850–1903), Зокирљони Фурќат (1858–1909) ва дигарон аз наздик шинос буданд. Дар эљодиёти онњо, махсусан, дар ѓазал- њояшон, дўстию рафоќат, адлу инсоф тараннум карда мешуд. Умуман, вазъи илму адаби ибтидои асри XX аз он гувоњї медињад, ки эљодиёти намояндагони он нисбат ба навиштањои пе- шовандон љиддитар шуда, ба мардум ва ниёзњои он наздиктар шу- даанд. Аксари адибон дар асарњояшон нисбат ба бетартибињои давр оштинопазир буда, ислоњи онњоро талаб мекарданд. Олимон, маорифпарварон ва сайёњони тољик. Олимони тољик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри ХХ садњо нафаранд. Ќисме аз онњо маорифпарварон буданд. Мувофиќи маълумо- ти мављуда, ду нафари онњо – Њољї Юсуфи Хуљандї ва Мирзо Сирољи Њаким дар баробари маорифпарвар буданашон сайёњони номии давр њам ба њисоб мерафтанд. Њољї Юсуфи Хуљандї (1842–1925) – зодаи шањри Хуљанд, до- нишманди бузурги соњаи љуѓрофия, картография, риёзиёту тиб, нуљуму космология, муњандиси соњаи обёрї, шоиру мусиќишинос ва сайёњи тољик, муаллифи дањњо рисолаи илмї, яке аз ихтироъко- рони глобус мебошад. Дар баробари забони модариаш – тољикї, донандаи забонњои арабї, юнонї, туркї, русї ва испанї низ буд. Њамчунин ќобилияти баланди хушнависї ва рассомї дошт. До- рулфунуни «Алањзар»-и шањри Ќоњираро хатм кардааст. Дар фаъ- олияти табибиаш бештар ба асарњои Абубакри Розї ва Абўалї ибни Сино такя намуда, дар табобат бештар доруњоеро, ки худ аз гиёњњо омода мекард, истифода мебурд. Дар њавлии ў шахсо- ни маорифпарвар љамъ омада, мањфиле ба вуљуд оварда буданд. Дар ин њавлї инчунин мактаби усули нав – мактаби љадидї бунёд гардида буд. Њољї Юсуф бо рўшанфикрони шањрњои Тошканд, Бухоро, Самарќанд ва Алмаато (собиќ Верний) шиносої дошт. Ба бисёр 155 шањрњои Русия – Ќазон, Уфа, Маскав, Петербург, Одесса сафар карда, муддате дар Маскаву Петербург зиндагї кардааст. Солњои 1875 – 1887 Њољї Юсуф ба сафари дурударози 12-сола баромада, дар мамлакатњои Туркия, Юнон, Италия, Фаронса, Олмон, Англия, Испания, Марокаш, Алљазоир, Миср, Арабисто- ни Саудї, Ироќ, Сурия, Эрон ва Афѓонистон будааст. Яъне ў дар ин сафар се ќитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африќоро сайр кар- дааст. Њољї Юсуф, дар баробари асарњои зиёд, ёздањ адад глобуси калону хурд офаридааст, ки аз онњо танњо яке боќї мондааст ва њоло дар осорхонаи таърихию бостоншиносии шањри Самарќанд мањфуз мебошад. Ў њамчун муњандиси соњаи обёрї бо мутахас- сисони рус дар тартиб додани лоињаи обёрии заминњои атрофи њавзаи дарёи Сир, пешгирии обхезии дарёњои Њољибоќирхону Сир ва сохтани дарѓотњо иштирок намудааст. Мирзо Сирољи Њаким (1877–1914) – зодаи шањри Бухоро, ма- орифпарвар, шоир, нависанда, табиб ва сайёњи тољик. Дар баро- бари забони модариаш – тољикї, донандаи забонњои арабї, русї, туркї ва фаронсавї буд. Аз моњи июни соли 1902 то январи соли 1903 (7 моњ) дар шањрњои Боку, Тифлис, Батуми, Истанбул, Со- фия, Белград, Будапешт, Вена, Берлин, Порис, Лондон, Берн, Марсел, Варшава, Маскав, Красноводск, Ашќобод будааст. Дар давраи дуюми сайёњї (феврали соли 1903 – тобистони соли 1905) шањрњои Ќучон, Машњад, Нишопур, Сабзавор, Њирот, Ко- бул, Бомиён, Тошќўрѓон, Мазори Шариф, Тирмиз ва Чорљўйро саёњат кардааст. Дар давраи сеюми сайёњї (1905 – 1910) бароба- ри шањрњои гуногуни Туркманистони имрўзаро сайр кардан, аз Красноводск ба Боку ва сипас ба Эрон мегузараду муддате дар Тењрон бо омўзиши тибби аврупої љиддан машѓул шуда, дар яке аз шифохонањои шањри Тењрон табибї мекунад. Бо сабаби сар задани инќилоб дар Эрон (солњои 1905–1911), Мирзо Сирољ ози- ми шањрњои Бомбай, Њайдаробод ва Дењлии Њиндустон шудааст. Соли 1906 боз ба Эрон баргашта, чањор сол (1906–1910) дар Мо- зандарон бо номи доктор Собир табибї кардааст. Мирзо Сирољ солњои 1910 – 1914 дар ватанаш – шањри Бухо- ро бо корњои табобат машѓул шуда, бо лаќаби «Мирзо Сирољи табиб» машњур гардид. Ў дар ин давр бо њаракати љадидї – љавонбухороиён пайваста, дар шароити њанўз тираи Бухорои амирї, усули нави муолиља – табобати аврупоиро пеш гирифт. 156 Шеъру маќолањояш дар рўзномањои љадидии замон – «Бухо- рои Шариф», «Ойина» ва «Тўрон» интишор мешуданд. Китоби «Туњафи ањли Бухоро» хонандагонро бо њаёти мардуми Шарќу Ѓарб шинос мекард. Њаёти мусиќї. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар кишвари Туркистон, махсусан, шањрњои Самарќанд, Ќўќанд, Хуљанд; дар аморати Бухоро – шањри Бухорои Куњна дар баробари марказњои њаёти адабї будан, инчунин марказњои мусиќї низ ба њисоб мерафтанд. Дар ин шањрњо, ки њунармандон, њофизон, навозандагон, бахусус, шаш- маќомхонњои бењтарин аз гўшаю канорњои гуногун љамъ Шашмаќомхонони машњури охири асри XIX ва аввали асри XX Содирхони Њофиз Бобошарифов (1847–1931) Њољї Абдулазиз Расулов (1852–1936) Домулло Њаким Ибодов (1878–1940) г. Левї Бобохонов (Левича, 1873–1926) 157 омада буданд, анъанањои хуби шашмаќомхонї ва рушди онро бармало пай бурдан мумкин буд. Дар байни шашмаќомхонони давр Содирхон, Њољї Абдулазиз Расулов, Левї Бобохонов, ки бо лаќаби «Левича» машњур буд, Домулло Њалим Ибодов ва дига- рон аз шуњрати зиёд бархурдор гардидаанд. Дар мањалњо инчу- нин њофизону навозандагони мардумї фаъолият мекарданд. Сарчашма: С.Айнї дар бораи Мирзо Азими Сомї чунин маълумот до- дааст: «Мирзо Азими Сомї дар даври амир Музаффар дар љанг бо Русия дар сафњои љанг ба сифати ваќоеънигор њозир будааст. Баъд аз он њам дар ањди амир Музаффар ва Абдулањад чанд соле ба дарбор муншигї карда, оќибат ба сабаби танќидгариаш дар Њайати навозандагон. Водии Фарѓона. Охири асри XIX ва аввали асри XX 158 айёми пиронсолагї аз дарбор ронда шуда гуруснаву барањна, ба як пора нон муњтољ шуда мурда рафт. Мирзо Азим дар иншо ва тањрир хеле моњир ва аз воќеањои таърихї огоњ буд. To охири умраш аз мутолиаи осори таърихї људо нашуд. Худаш низ осори таърихия, аз он љумла таърихи су- лолаи Манѓитиёнро навишт. Бар хилофи таърихнависони куњнаи дарборї, њаќиќатњои талхро аз касе натарсида кушоду ошкор ба ќалам овард». (Ниг.: Айнї С. Таърихи инќилоби Бухоро. С. 23-24). Санањои муњим: 1800 – 1907 – солњои зиндагии Дилшоди Барно. 1823 – 1873 – солњои зиндагии Абдулќодирхољаи Савдо. 1838 – соли таваллуди Мирзо Азими Сомї 1850 (таќрибан) – 1918 – солњои зиндагии Шамсиддини Шоњин. 1864 – 1915 – солњои зиндагии Тошхоља Асирї. 1864 – 1919 – солњои зиндагии Наќибхон Туѓрал. 1867 – 1932 – солњои зиндагии Шарифљон Махдуми Садри Зиё. 1878 – 1902 – солњои зиндагии Муњаммадсиддиќи Њайрат. 1842-1925 – солњои зиндагии Њољї Юсуфи Хуљандї. 1877 – 1914 – солњои зиндагии Мирзо Сирољиддини Њаким. Савол ва супоришњо: 1) Хусусиятњои таърихнигорї ва њаёти илмиву адабии тољик дар замони мустамликавї чї гуна буд? 2) Дар бораи Ањмади Дониш њамчун таърихнигор чї гуфта метавонед? 3) Дар бораи Мирзо Абдулазими Сомї ва Шарифљон Махдуми Садри Зиё чї медонед? 4) Аз шоирони номии охири асри XIX ва аввали асри XX кињоро медонед? 5)Дар бораи олимон, маорифпарварон ва сайёњон Њољї Юсуфи Хуљандї ва Мирзо Сирољиддини Њаким чї гуфта метавонед? 6) Мусиќии охири асри XIX ва ибтидои асри XX чї гуна буд? 7) §§ 29, 30, 31 ва 32-ро такрор кунед. 159 ФАСЛИ II ВАЗЪИ ТОЉИКОНИ АФЃОНИСТОН ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА ИБТИДОИ АСРИ XX БОБИ 10 АФЃОНИСТОН ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX §34. МУТТАЊИДШАВИИ АФЃОНИСТОН Оќибатњои парокандагии мамлакат. Дар Афѓонистони нимаи дуюми асри XIX халќиятњои зиёде зиндагї мекарданд. Тољикон дар ќатори паштунњо мардуми сершумортарини ин сарзамин ба њисоб мерафтанд. Онњо асосан дар музофотњои ѓарбї, марказї ва шимолу шарќї зиндагї карда, бо дигар халќиятњо талхию шири- нии замонро чашида, дар тамоми воќеањои давр фаъолона ишти- рок намудаанд. Давлати Афѓонистон, ки соли 1747 баъди марги Нодиршоњи Афшор бо ташаббуси Ањмадшоњи Дурронї ташкил ва мустаќил гардида буд, баъди барњамхўрии давлатдории Дуррониён (соли 1818) ба хонињои мустаќили феодалии Кобул, Ќандањор, Пе- шовар ва Њирот таќсим шуд. Дар байни онњо асосан душманї њукмфармо буд. Хонии Кобул нисбатан пуриќтидор ба њисоб ме- рафт. Дўстмуњаммадхон (1826 – 1863), ки фаъолияти њукмронии худро аз њамин хонї оѓоз карда буд, барои мутамарказ кардани давлати Афѓонистон кўшишњои зиёде намудааст. Вале тадбирњои ў, махсусан дар давраи аввал, на њама ваќт натиљањои дилхоњ ба бар меоварданд, зеро ба ин тадбирњо њокимони људогона муќобилати сахт нишон медоданд. Дўстмуњаммадхон тамоми мулкњои ќаламрави њукумати худро дар байни писаронаш (29 пи- сар ва 23 духтар) таќсим карда буд. Љанги аввали Англияю Афѓонистон (1838 – 1842). Империа- листони англис, ки дар Њиндустон чун мустамлика њукуматдории худро мустањкам намуда буданд, мехостанд Афѓонистонро низ ба тасарруфи худ дароранд. Аз ин рў онњо ба муттањидшавии сарзамини Афѓонистон ман- фиатдор набуданд, баръакс, мехостанд, ки њарчи бештар ба чу- нин иќдоми пешгирифтаи Дўстмуњаммадхон халал расонанд. 160 Њокими Панљоб Ранљит Сингњ, ки аз рўйи наќшаи англисњо амал мекард, вилоятњои Мултон, Кашмир ва Пешоварро забт на- муд. Охири соли 1838 ќўшунњои калони англису њинд Ќандањор ва Кобулро забт намуда, ба тахти Афѓонистон шоњи гуреза Шуљоъро нишонданд. Ин сабаби боло гирифтани муборизаи озодихоњонаи халќњои Афѓонистон гардид. Њамин тавр, дар сар- замини Афѓонистон аввалин љанги ватанї сар зад, ки ба муќобили ниятњои ишѓолгаронаи англисњо нигаронида шуда буд. Апрели соли 1842 мардуми башўромада шоњ Шуљоъро њангоми аз Кобул гурехтанаш дастгир намуда, чун хоин ќатл кар- данд. Дар мавзеъњои гуногун байни муборизони Афѓонистон ва ишѓолгарони англис љангњои шадиде ба амал омаданд. Дар ин љанг англисњо 40 њазор нафар аскарони худро талаф дода, шар- мандавор шикаст хўрданд. Дар натиља, љанги аввали ватанї бо ѓалабаи халќњои Афѓонистон анљом ёфт. Аввали соли 1843 Дўстмуњаммадхон, ки аз соли 1840 дар Њиндустон буд, ба Афѓонистон баргашт. Дўстмуњаммадхон баъди бозгашт њам аз нияти муттањидкунии мамлакат даст накашида буд, вале акнун муносибати ў нис- бат ба англисњо хеле таѓйир ёфта буд. Даќиќтар бигўем, ў бо англисњо сиёсати мусолињаро пеш гирифта, натиљаи муборизаи фирўзмандонаи халќњои Афѓонистонро хиёнаткорона барбод дод. Дўстмуњаммадхон баъди соњиби мулкњои пешинаи худ, яъне Ко- Давлати Афѓонистон дар солњои 1747-1919 161 бул, Љалолобод, Ѓазнї ва Бо- миён шудан на танњо суръати муттањидшавии Афѓонистон- ро ба муддати 20 соли ди- гар ба таъхир андохт, бал- ки мамлакатро ба тобеияти англисњо кашида, маљбур буд, ки њар иќдоми худро аз наза- ри њукуматдорони он гузаро- над. Илова бар ин, аз тарафи Дўстмуњаммадхон таъќиби муборизони халќї, ки барои наљоти кишвар фидокорињои зиёд мекарданд, ављ гирифт. Ба итмом расидани муттањидшавии Афѓонистон. Дўстмуњам- мадхон аз оѓози солњои 50-уми асри XIX барои муттањидсозии сарзамини Афѓонистон љиддитар камар баст. Масалан, соли 1850 як даста ќўшунњои њукуматї ба шимол њаракат карда, тамоми мулкњои шимоли Афѓонистон, ба монанди Тахористон (Ќатаѓан), Самангон, Тошќўрѓон, Балх, Шибирѓон ва соли 1859 Бадахшон- ро тобеи Афѓонистон намуданд. Вале бар хилофи дигар мулкњои шимолии Афѓонистон, то замони Абдурањмонхон дар Бадахшон мирњои мањаллї њукмронї мекарданд. Моњи марти соли 1862 амир Дўстмуњаммадхон бо ќўшунњои калон ба Њирот њуљум кар- да, охири марти соли 1863 онро њам тобеи худ намуд. Њирот яке аз мулкњои охирине буд, ки ба марказ итоат наме- кард. Бинобар ин, бо забти Њирот аз тарафи ќўшунњои њукуматї давраи ба сифати як давлати воњиду ягона дар сарњади имрўзаи худ муттањид шудани сарзамини Афѓонистон асосан ба охир ра- сид. Дўстмуњаммадхон бо ин гўё яке аз маќсадњои асосии худро иљро намуд ва моњи июни соли 1863 дар Њирот вафот кард. Оќибати љангњои хонаводагї. Дар ањди Дўстмуњам-мадхон муттањидгардии Афѓонистон њанўз маънои онро надошт, ки њокимияти марказї пуриќтидор шуд ва мулкњои атроф бечунуча- ро ба он итоат мекарданд. Њарчанд сарварони мулкњои људогона аз фарзандон ва ё наздикони амир буданд, њар кадоми онњо орзуи мустаќил будан доштанд ва ба муќобили њукумати марказї мубо- риза мебурданд. Чунончи, баъди марги Дўстмуњаммадхон ба тахт писараш Шералихон (1863–1879) нишаст. Бародари калонии Шералихон Љанговарони афѓон дap либоси зимистона (ни- маи аввали асри XIX) 162 – Афзалхон њокими Мазори Шариф буд ва ба амири воќеї ито- ат кард, вале бародари дигари Шералихон – Муњаммад Аъзамхон даъвои мансаб карда, исён бардошт. Бо ташвиќи ў Афзалхон бо писараш Абдурањмонхон, ки њокими Тахористон ва Бадахшон буд, низ исён бардоштанд. Аз ин рў ба Шералихон лозим омад, ки соли 1864 ба сўйи Балх лаш- кар кашида, онњоро маѓлуб намояд. Ў Афзалхонро дастгир на- муда, њабс кард. Сардор Абдурањмон ба Бухоро фирор намуд. Соли 1865 бародари аслии худи Шералихон – Аминхон – њокими Ќандањор исён бардошт. Шералихон бо ќувваи зиёд ин исёнро саркўб намуд, ки дар ин љанг 8 њазор нафар ќандањорињо њалок шуданд. Дар байни њалокшудагон Аминхон ва писари худи Ше- ралихон – Алихон њам буданд. Ин фољиа ба Шералихон чунон таъсир кард, ки ў муддате аз корњои давлатї ќатъи назар наму- да, шабу рўзро ба зиёрату ибодат мегузаронид. Аз чунин вазъ- ият Аъзамхон ва Абдурањмонхон (ў ба воситаи Шеробод дохи- ли Афѓонистон шуда буд) истифода карда, исён бардоштанд ва Кобулро ишѓол карданд. Онњо Афзалхонро аз њабс озод на- муда, подшоњи Афѓонистон эълон карданд. Англисњо њукумати навро ба зудї эътироф карданд, вале октябри соли 1867 Афзал- хон ногањон вафот кард. Ба тахт Аъзамхон (1867 – 1869) нишаст. Љанљоли хонаводагї боз аланга гирифт. Арки Њирот, ки ќасри њокимон ба њисоб мерафт 163 Шералихон дар атрофи худ ќуввањои зиёдеро љамъ намуда, декабри соли 1868 ба Аъзамхон ва Абдурањмонхон сахт шикаст дод. Баъди ин Абдурањмонхон боз роњи Бухоро ва Самарќандро пеш гирифт. Аъзамхон ба Эрон фирор кард. Њамин тавр Шерали- хон январи соли 1869 њукумати худро баъди љангњои бардавоми хонаводагї, ки боиси харобї ва кушторњои зиёде гардидаанд, аз нав барќарор намуд. Сарчашма: Бо андешаи Њаќназар Назаров дар замони салтанати Дўстмуњаммадхон дар Афѓонистон чунин њолат њукмфармо буд: «Њар шоњзода дар ќаламрави худ соњибихтиёр ва њокими мутлаќ дониста мешуд. Ѓайр аз ин, ќўшунњои низомии Афѓонистон њам, ки аз нав ташкил карда шуданд, дар байни 5 нафар фарзанди арљманди амир таќсим гардида буданд ва маошот ва масорифо- ти онњо аз њисоби молиёти мардумони зери итоаташон сурат ме- гирифт, ки ин вазъи иќтисодї ва иљтимоии онњоро хеле вазнин ва тоќатфарсо мегардонид». (Ниг.:Назаров Њ. Маќоми тољикон дар таърихи Афѓонистон. Душанбе, 1998, С.170). Санањои муњим: 1826 – 1863 – солњои њукмронии Дўстмуњаммадхон. 1838 – 1842 –љанги аввали ватанї дар Афѓонистон. 1863 – тобеи њукумати марказї шудани Њирот, ки бо њамин муттањидшавии сарзамини Афѓонистон асосан ба охир расид. 1863 – 1879 – солњои њукмронии Шералихон. Савол ва супоришњо: 1) Дар хусуси оќибатњои парокандагии феодалї дар Афѓонистон чї медонед? 2) Бо кадом маќсад англисњо ба Афѓонистон cap дароварданд? 3) Дар бораи љанги аввали ва- тании Афѓонистон чї медонед? 4) Муттањидшавии сарзамини Афѓонистон асосан кай ба итмом расид? 5) Дар бораи усули идоракунии Дўстмуњаммадхон наќл кунед. 6) Оќибати љангњои хонаводагї дар Афѓонистон ба чї оварда расонид? 7) §§ 1 ва 14-ро такрор кунед. 164 §35. КЎШИШЊО БАЊРИ ПОЙДОР НАМУДАНИ ЯГОНА- ГИИ АФЃОНИСТОН Сайид Љамолиддини Афѓонї. Сайид Љамолиддини Афѓонї (1838–1897) маорифпарвар ва яке аз ходимони муътабари љамъиятии Афѓонистони нимаи дуюми асри XIX ба њисоб ме- равад. Ў дар замони Аъзамхон вазифаи садри аъзамро ба уњда дошт, барномаи ислоњоти дохилиро тавассути гузориши махсус ба Шералихон таќдим карда буд. Дар њаќиќат, Сайид Љамолиддини Афѓонї як нобиѓа, му- тафаккири бузург ва ислоњкунандаи њаёти сиёсї, иљтимої ва фарњангии олами Шарќ ба њисоб меравад. Вай дар мамлакатњои гуногуни Шарќу Ѓарб, аз љумла солњои 1887–1889 дар Ру- сия будааст. Бар зидди фишору тазйиќи хориљиён, пеш аз њама англисњо, мубориза мебурд. Иттињоде, ки Љамолиддини Афѓонї таблиѓ мекард, љанбаи динї дошт ва аз ин рў, ўро асосгузори љараёни иттињоди исломї (исломпарастї ё худ панисломизм) мењисобиданд. Вале аќидањои сиёсї, фалсафї ва ахлоќии ў рўњи динї дошта бошанд њам, амалан, њадафашон бартараф кардани аќибмондагии моддї ва маданї, таассуби динї, истибдоди феодалї ва зулми мустамликадорї буд. Вай дар хитоба ва маќолањояш иттињоди мусулмонон, адолати иљтимої ва маърифатнокии мусул- монон, ба замони нав мутобиќ сох- тани таълимоти динї ва ѓайраро ташвиќ мекард, халќро ба сар- нагун кардани режими пўсидаи истибдодї ва барпо намудани њукумати миллии машрута даъват менамуд. Аз ин рў Љамолиддини Афѓониро пешоњанги ислоњот ва таѓйироти сиёсї, иљтимої ва фарњангии Афѓонистони нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX, аз љумла ислоњоти Шерали- Саид Љамолиддини Афѓонї маориф- парвар ва яке аз ходимони муътабари љамъиятии Афѓонистон дap нимаи дую- ми асри XIX 165 хон њисоб мекунанд. Ислоњоти Шералихон. Баъди ба охир расидани љангњои хонаводагї Шералихон ба гузаронидани ислоњоти иљтимої ва фарњангї шурўъ намуд. Дар ин љода ў мањз ба неруњои миллї ва иљтимоии мардумони ѓайриафѓон, аз он љумла тољикон, такя на- мудааст. Маќсади асосии ин ислоњот мустањкам кардани њукумати марказї ва хотима бахшидан ба худсарињо ва худхоњињои амал- дорон буд. Шералихон сараввал ба тарзи таъйин кардани амалдорон таѓйироти љиддие ворид кард. Масалан, Дўстмуњаммадхон ба сарварии вилоятњо ва мањалњо њатман писарони худро таъйин ме- кард ва ба кордонии онњо ањамият намедод. Аммо Шералихон ба лаёќат, садоќат ва шойистагии њар яке аз авлодаш, ки ба ман- саб таъйин мекард, диќќати махсус медод. Чунончи, бо сабаби аз уњдаи вазифа баромада натавонистанаш писараш Иброњимхонро аз вазифаи њокимии вилояти Њирот озод намуд, вале ў ба садоќати амалдорони ѓайриафѓон, аз љумла тољикон нисбат ба худ бовар надошт, бинобар ин, онњоро ба мартабањои баланд таъйин наме- кард. Аз њамин сабаб тамоми мансабњои асосии вилояту ноњияњои тољикнишин ба паштунњо тааллуќ дошт. Ба њар њол, бо ташаб- буси Шералихон, дар таърихи нави Афѓонистон аввалин бор ба маънои имрўза як њайати њукуматие ташкил карда шуд, ки он аз шахсиятњои нисбатан кордон, лоиќ ва сазовор таркиб ёфта буд. Ба њамаи онњо аз хазина маош таъйин гардид. Ислоњоти Шералихон дар марказ низ мушоњида мегардид. Масалан, бо супориши ў иборат аз 12 нафар як Шўрои давлатї ташкил карда шуд. Амир масъалањои муњими мамлакатдори- ро бо онњо маслињат ва машварат мекард. Соли 1865 бори аввал дар Афѓонистон Маљлиси бузурги машваратї (Луя Љирга) даъ- ват гардид, ки дар он 2 њазор нафар вакилони тамоми ќавмњо ва вилоятњои мамлакат њамроњ бо ањли дарбор иштирок карданд. Ислоњоти њарбии Шералихон њам љолиби диќќат аст. To за- мони ў неруњо ќавмї ва ѓайримунтазам буда, њамеша боиси шид- дат ёфтани љангњои байнимулкї мешуданд. Бо ташаббуси ў як неруи мунтазами њукуматї ба вуљуд оварда шуд. Афсарони ка- лонсолро ба нафаќа гусел карда, љавононро ба хизмати озод ва умумї љалб менамуданд. Артиши миллї аз се ќисм: савора, пиё- да ва тўпхона иборат буд, ки дар маљмўъ 50 хазор нафарро таш- кил медод. Маоши аскари пиёда 7 рупия ва аскари савора 14 ру- 166 пия буд, ки њар моњ наќд аз хазина пардохта мешуд. Дар андозу хирољ ва тарзи рўёнидани онњо таѓйироти куллї ба вуљуд оварда шуд. Масалан, сеяки андози замин чанд моњ ќабл аз расидани њосили замин аз дењќонон рўёнида мешуд, ки Шера- лихон чунин тартибро бекор кард. Акнун андоз аз замин ваќте ситонида мешуд, ки њосил љамъоварї шуда бошад. Инчунин, ба воситаи таксилдорон ва мустаљирон љамъоварии хирољи за- мин бекор карда шуд ва њар як молиядињанда худаш мустаќиман хирољро супорида, расидхат мегирифт. Бо сабаби зиёд гарди- дани харољот Шералихон андози нав – сарихонагиро ба унво- ни «ѓазои муњаммадї» (4-рупиягї аз сари њар хонае) љорї намуд. Дар натиљаи ин даромади умумии хазинаи амирї ба 20 млн ру- пия расид. Дар њаёти фарњангї низ дигаргунињо ба вуљуд омад. Бо кўшиши Мирзо Абдуллохон дар Кобул аввалин чопхонаи литографї ташкил карда шуд. Роњњо ва пулњо сохта шуданд. Њунармандї рушд ёфт. Љанги дуюми Англияю Афѓонистон (1878–1880). Њукумати Англияро мустањкамшавї, ягонагї ва пешрафти Афѓонистон ба ташвиш гузошт. Сиёсати пешгирифтаи Шералихон ба онњо маъќул набуд. Ў дар ќаламрави мулки худ љой додани агентњои дипломатии англисро намехост, ки ин гуна мавќеъ њукумати Ан- глияро ба ѓазаб меовард. Англисњо оид ба масъалаи Афѓонистон Тўпњои афѓонї дap болои филњо 167 аз Русия хавфи љиддї надоштанд, зеро њанўз соли 1873 мувофиќи ќарордоди байни Русияю Англия дарёи Ому хатти сарњадии ну- фузи байни онњо ќарор дода шуда буд. Яъне бо ин Русия рас- ман эътироф кард, ки Афѓонистон аз минтаќаи нуфузи ў хориљ аст, вале баъди он ки ќўшунњои рус соли 1873 хонии Хеваро забт ва ба ишѓоли даштњои Ќароќум шурўъ карданд, ин ташвиши англисњоро зиёд намуд. Ѓалабањои ќўшунњои рус дар љанги Руси- яю Туркия (солњои 1877 – 1878) онњоро хеле бетоќат кард. Англисњо бим доштанд, ки Русия ба воситаи Афѓонистон ба муќобили Њиндустон лашкар кашиданист. Чунин тарсу бими онњоро соли 1878 ба Кобул омадани њайати сафорати рус бо сар- варии генерал Столетов ќувват бахшид. Њангоми гуфтушуниди байни Русияю Афѓонистон маълум гардид, ки њукумати Шера- лихон дар љанги муќобили Англия бо Русия њамкорї кардан ме- хостааст. Њукумати Русия дар чунин њолат ба Афѓонистон гўё аз љињати моддї ва таљњизоти низомї њамаљониба мусоидат мекард. Ин гуна ќарордоди байни Русияю Афѓонистон барои њуљуми на- вбатии ќўшунњои англис бањонаи асосї гардид. 20-уми ноябри соли 1878 Англия ба муќобили Афѓонистон љанг эълон кард. Рўзи дигар ќўшунњои 30 – њазорнафараи англисњо дар самтњои Ќандањор, Курам ва Хайбар якбора ба њуљум гузаштанд, вале дар чунин лањзаи мураккаб Шералихон ба љойи ба љанги муќобили англисњо сафарбар намудани лашкари 50-њазорнафарааш, онњоро ба аќибнишинї ва парешонї њидоят намуд. Ў Кобулро бо писараш Яъќубхон гузошта, 13-уми янва- ри соли 1879 ба Мазори Шариф омад ва мехост, ки ба Петербург рафта, конгресси байналмилалї оид ба Афѓонистонро даъват ку- над, вале 21-уми феврали соли 1879 Шералихон дар Мазори Ша- риф вафот кард. Яъќубхон баробари шунидани хабари вафоти падараш гуфтушунид бо англисњоро оѓоз кард. Шартномаи Гандумак ва идомаи љанг. 26-уми майи соли 1879 дар мавзеи Гандумак байни Афѓонистон ва Англия шартно- мае ба имзо расид, ки барои Афѓонистон шартномаи хеле нан- гин ва вазнин ба њисоб мерафт. Дар асоси он равобити хориљии Афѓонистон ба ихтиёри њукумати Англия гузашт, дар Кобул на- мояндаи англисњо бо дастаи низомии муњофиз муќим гардид. Яъне дар асоси ин шартнома Афѓонистон аз истиќлоли сиёсї ва њамкорї бо мамлакатњои дуру наздик мањрум гашта, ба замимаи Њиндустон табдил ёфт. 168 Баъди имзои шартномаи Гандумак намояндагии сиёсї ва низо- мии англисњо дар Кобул тањти сарпарастии майор А.Каваняри, ки ба њайси вазири мухтор шинохта шуда буд, њуќуќи васеъ дошт, ки ба корњои дохилии Афѓонистон њам худсарона мудохила намояд. Носозгорињои рўзгор, баланд рафтани нархњо, рафтору кир- дори англисњо, бесалоњиятии амир Яъќубхон ва ѓайра 3-юми сентябри соли 1879 сабаби шўриши умумихалќии мардуми Ко- бул гардид. Шўришгарон пай дар пай ба мањалли истиќрори англисњо – Болоњисори Кобул њамла мекарданд. Аз англисњо ни- зомиёни бисёре кушта шуданд. Њукуматдорони англис бо шунидани воќеањои фољиавии Кобул фавран ба хоки Афѓонистон ќўшуни зиёд равон кар- данд. Англисњо баробари ба Кобул расидан бо маќсади ни- шон додани ќудрат ва тавоноии худ дар шањр намоиши расмии ќўшунњояшонро ташкил намуданд. Ба чунин њол Яъќубхон тоќат накарда ба истеъфо рафт ва декабри соли 1879 ба Њиндустон фи- ристода шуд. Баъди он генерали англис Робертс худро њокими мутлаќи Афѓонистон њисоб мекард. Њамаи ин воќеањо мардуми Афѓонистонро хеле ба ѓазаб овард. 2-юми декабри соли 1879 бар зидди истилогарони ан- глис љињоди умумї эълон карда шуд. Дар натиља аз чањор тараф дастањои фидоиён якбора ба Кобул њуљум карда, 14-уми декабри соли 1879 ќуввањои низомии англисњоро аз Кобул хориљ карданд. Сарчашма: Гуфтори як сиёсатмадори англис оид ба љанговарони Афѓонистон: «Мо, англисњо, на танњо як бор, балки чандин бор бо тањаммули хисоратњои сангини љонї ва молї, ки бар мо ворид омадааст, дарсњои муњиме дар мавриди Афѓонистон ёд гириф- таем, мо аз неруи муќовамати нажоди Афѓонистон огоњ шудем, ин миллати рашид ва љанговар дар даштњои хавфнок ва кўњњои душворгузари ватани аљдодии худашон нишон доданд, ки бо чї фидокорї љангидаанд ва аз он дифоъ кардаанд. Афѓонњо, ки дар солњои 1842 ва 1880 бо мо љангида буданд, таълимоти низомї ва аслињаи кофї надоштанд, бо ин њол мардона муќовимат кар- данд ва ќасдашон дар ин љангњо ин буд, ки аз њуљуми кофирон љилавгарї кунанд ва мардона љилавгарї карданд». (Ниг.:Назаров Њ. Маќоми тољикон дар таърихи Афѓонистон.- С. 226). 169 Санањои муњим: 1838 – 1897 – солњои зиндагии Сайид Љамолиддини Афѓонї. 1865 – бори аввал дар Афѓонистон Маљлиси бузурги машваратї (Луя Љирга) даъват гардид. 1878 – 1880 –љанги дуюми ватанї дар Афѓонистон. 1878, 26-уми май – имзои шартномаи Гандумак. Савол ва супоришњо: 1) Сайид Љамолиддини Афѓонї кї буд ва таълимоти ў аз чї иборат аст? 2) Ислоњоти Шералихон кадом љабњањоро дар бар мегирифт? 3) Усули идоракунии Шералихон чї тавр буд ва он аз усули идоракунии Дўстмуњаммадхон бо чї фарќ мекард? 4) Дар бораи љанги дуюми ватании Афѓонистон чї медонед? 5) Шартномаи Гандумак чї гуна шартнома буд? 6) § 34-ро такрор кунед. §36. АФЃОНИСТOH ДАР ЗАМОНИ ЊУКМРОНИИ АБДУРАЊМОНХОН Ба охир расидани љанг. Баъди аз Кобул ронда шудани англисњо њам вазъи Афѓонистон бењ нагардид. Буњрони сиёсї идома дошт. Мамлакат бе подшоњ буд. Аз сабаби мављуд набудани ягонагї интихоби подшоњ кори осон набуд. Аз ворисони Шералихон касе набуд, ки сазовори эњтироми умум бошад. Дар чунин вазъ сар- дор Абдурањмонхон, ки аз соли 1869 инљониб дар паноњи дав- лати Русия, дар Самарќанд мезист, ба Афѓонистон баргашт. Ў моњи марти соли 1880 ба мардум эълон намуд, ки «мањз ба хоти- ри наљоти мамлакат аз асорати англисњо ва пеш кардани душман аз сарзамини Афѓонистон омадааст ва дар тараддуди ташкил кар- дани сипоњи муљоњидон мебошад». Ин хитобномањоро мардуми Афѓонистон њамчун муждаи рањоибахш пазируфтанд. Дар натиља сардор Абдурањмонхон тавонист дар атрофи худ ќариб сад њазор неруњои довталаби миллиро ба хотири аз хоки Афѓонистон пеш кардани англисњо муттањид созад. Дар атрофи ў асосан мардуми ѓайрипаштуни шимол ва маркази Афѓонистон, аз љумла тољикон љамъ шуда буданд. 20-уми июли соли 1880 дар Чоряккор маљлиси намояндаго- ни муљоњидони халќї барпо гардид ва дар он Абдурањмонхон 170 подшоњи ќонунии Афѓонистон интихоб шуд ва то соли 1901 њукуматдорї кард. Вале ў баробари соњиби тољу тахт шудан худ- ро бењад комёб донист ва бо англисњо роњи созиш ва мусолињаро пеш гирифта, аз њимояи манфиати миллї ќатъи назар кард. Њол он ки худи англисњо баъди нооромињои зиёд њозир буданд, ки хоки Афѓонистонро њарчи зудтар тарк намоянд. Абдурањмонхон метавонист бо фишори сиёсї англисњоро бе њељ гуна ќайду шарт ба тарки хоки Афѓонистон маљбур намояд, аммо ин тавр на- шуд. Мутаассифона, ў шартномаи барои мардуми Афѓонистон вазнин ва нангини Гандумакро бо баъзе таѓйирот асосан ќабул кард. Яъне ў эътироф кард, ки Афѓонистон ѓайр аз давлати Ан- глия бо њељ њукумати хориљї равобити сиёсї дошта наметаво- над, вилояти Ќандањор зери фармони њукумати алоњида ќарор мегирад, наќшањои сарњадии Сибї, Пишин ва Хайбар дар ихти- ёри њукумати Англия боќї мемонад. Ба ивази ин њукумати Ан- глия салтанати амир Абдурањмонхонро дар ќисми боќимондаи Афѓонистон эътироф кард. 8-уми августи соли 1880 англисњо баъди муваффаќиятњое, ки чашмдор набуданд, ќаламрави Афѓонистонро тарк намуданд. Бо њамин љанги дуюми ватании мардуми мамлакат, ки аз моњи ноябри соли 1878 то сентябри соли 1880 идома ёфт, ба охир ра- сид. Ин љанг наќшаи англисњоро, ки мехостанд давлатдории Афѓонистонро барњам дода, онро ба замимаи Њиндустон табдил дињанд ва њукмронии худро дар ин сарзамин пойдор ва абадї гар- донанд, барбод дод. Ањамияти таърихии муборизаи фидокоро- наи мардуми Афѓонистон дар солњои љанги ватанї низ њамин аст. Њанўз аз замони Шералихон дарёи Ому њамчун хатти сарњадии шимолии Афѓонистон шинохта шуда буд, вале мар- зи масоњати байни дарёи Ому то њудуди Эрон, ки аз дашту биё- бон мегузашт, дуруст муайян нашуда буд. Пас аз он ки соли 1884 ќўшунњои рус вилояти Марвро забт намуданд, масъалаи хатти марзии ин минтаќа боз ба миён омад ва оид ба он гуфтушуниди байни Русия ва Англия оѓоз гардид. 30-юми марти соли 1885 ќўшунњои рус бо сарварии генерал Комаров ногањон ба мавќеи сарњадбонони афѓон дар Панљдењ (Пандин) њуљум карданд. Дар натиља байни ќуввањои низомии рус ва сарњадбонони афѓон љанги шадиде ба амал омад. Афѓонњо дар ин љанг шикаст хўрда, аќиб нишастанд. Гуфтушуниди байни Русияю Англия ба он овард, ки Панљдењ дар ихтиёри русњо боќї 171 монад. Инчунин сарњади шимолии Афѓонистонро аз дарёи Ому то дарёи Тељен муайян намуданд. Њангоме ки ќўшунњои рус ба сўйи Марв њаракат мекарданд, амир Абдурањмонхон соли 1884 як даста ќуввањои низомии худро ба соњили рости дарёи Панљ фи- ристода, Рўшон ва Шуѓнонро забт намуд, ки ин бар хилофи со- зишномаи соли 1873 байни Русия ва Англия буд, зеро мувофиќи он созишнома, дарёњои Ому ва Панљро чун сарњади шимолии Афѓонистон тасдиќ карда буданд. Англисњо медонистанд, ки чунин амалиёти ишѓолгаронаи Абдурањмонхон боиси норизо- ии Русия мегардад. Ѓайр аз ин, барои англисњо гўё дар сарњади Афѓонистон якчанд нуќтаи норавшан мављуд буд, ки мехостанд онро њаллу фасл намоянд. Моњи сентябри соли 1893 бо маќсади муайян намудани хатти сарњади шарќии Афѓонистон њайати расмии англисї тањти рохба- рии М.Дюранд ба Кобул омад. 12-уми ноябр ў бо амир Абдурањмонхон шартномае имзо на- муд, ки мувофиќи он, сарњадњои шарќї ва љанубии Афѓонистон аз дањанаи Вахон то њудуди Эрон, инчунин сарњади шимолї аз Сарикўл то резишгоњи дарёи Кўкча ва Ому муайян карда шуданд. Ин муоњада дар таърих бо номи «хатти Дюранд» маълум аст. Дар асоси муоњада «минтаќаи мустаќил»-и афѓоннишини Чит- рол, Свот, Баљувар, Вазиристон ва ѓайра, ки дар онњо бештар аз 3 млн нафар афѓон мезист, тобеи Њиндустони Англия гардони- да шуд. Ќабилањои афѓони «минтаќаи мустаќил» ба ин шартнома муќобил баромаданд, бинобар ин, англисњо маљбур шуданд, ки ба баъзеи онњо њаќќи таъйини сарнавишт дињанд. Њайати дигари муштараки русї – англисї соли 1893 њалли масъалаи сарњадоти Бадахшонро оѓоз намуда, баъди танаффусњои зиёд, соли 1895 онро ба итмом расонид. Мувофиќи он, марзи сарњадиро аз Зоркўли Вахон то сарњади Чин муайян карданд. Афѓонистон соњиби ќисми асосии Вахон ва Дарвози љанубї шуда, Шуѓнон ва Рўшони шимоли Панљ ба ихтиёри русњо гузашт. Тадбирњо барои рушди иќтисод. Оќибатњои љанги дуюми ватанї барои Афѓонистон вазнин буд, зеро иќтисоди мамлакат комилан хароб ва низоми идоракунї аз байн рафта буд. Бинобар ин ба Абдурањмонхон лозим омад, ки идораи давлатиро аз поён то боло ташкилу танзим намояд. Аз сабаби он ки ў нисбат ба ко- рубори Шералихон ва хонаводаи ў нафрати зиёд дошт, аз тамоми ислоњот ва дастовардњои замони ў даст кашид. Акнун мисли пеш- 172 тара њукумати марказї ва њайате, ки аз садри аъзам, вазифањои до- хила, хориља, молия ва дигар вазоратхонањо иборат бошад, вуљуд надошт, балки низоми чунин соњањои идоракунї мувофиќи хости худи Абдурањмонхон тавассути чанде аз мирзоњо сурат мегирифт. Риштаи њамаи корњо дар дасти худи амир буд, зеро ў ба њељ ка- дом аз соњибмансабонаш бовар надошт, аз ин рў, њатман ба тамо- ми корњои мулкї ва низомї худаш дахолат мекард. Рўњониён низ зери назорати сахти њукумати амирї ќарор гирифтанд. Як ќисми онњо аз имтиёзњои собиќ мањрум гардиданд. Мулкњои ваќфї ба зери назорат гирифта шуд. To соли 1895 Нуристон мухтор буд. Амир Абдурањмонхон ин мулкро низ (с. 1895) ба давлати худ њамроњ намуд. Ба чунин иќдоми ў ќисми ѓарбии Нуристон муќобилати сахт нишон дод, вале шикаст хўрд. Баъди ин ќисми зиёди нуристонињо дини ис- ломро ќабул карданд. Њамин тавр, бо њамроњ намудани Нурис- тон давлати Афѓонистон дар њудуди имрўзаи худ комилан ташак- кул ёфт ва мутамарказ гашт. Он аз љињати маъмурї ба панљ ви- лоят: Кобул, Њирот, Ќандањор, Мазори Шариф, Љалолобод ва њафт њукумат: Бадахшон, Маймана, Фарох, Ѓазнї, Хуст ва ѓайра таќсим мешуд. Амир Абдурањмонхон ба ќувваи њарбї диќќати љиддї медод. Мувофиќи тартиботи ў, аз 8 нафар мард як нафар ба хизмати дои- мии аскарї даъват карда мешуд. Аз соли 1887 њар 20 хонавода бо Яке аз дуконњои њунармандии шањри Кобул дap охири асри XIX ва аввали асри XX 173 маош ва масрафи худашон барои як сол як нафар аскар медоданд, ки ў сарњадбонї мекард. Ба вуљуд омадани корхонаи саноатї дар Афѓонистон ба њамин давр мувофиќ меояд. Масалан, соли 1886 дар Кобул корхо- наи калони саноатии «мошинхона» сохта шуд, ки дорои шуъбаи тўпсозї, туфангсозї, борутсозї, зарробхона, нассољї, шамърезї, собунпазї ва ѓайра буда, дар онњо беш аз 4 њазор коргар кор ме- кард. Дар ин мошинхона мутахассисони фаронсавї, англис ва њинду ба сифати муњандис ва усто љалб карда шуда буданд. Вазъияти ором ба рушди њунармандї дар шањрњои Ко- бул, Ќандањор, Мазори Шариф ва ѓайра мусоидат намуд. Дар кишоварзї тавассути ширкатњои тиљоратии англисию њиндї кишти пахтаи навъи амрикої оѓоз гардид. Дар натиљаи назора- ти сахти њукумат дуздию ѓоратгарї хеле кам шуда, корвонњои тиљоратї озодона њаракат мекарданд. Табаќаи махсуси буржуа- зияи тиљоратї ба вуљуд омад, ки мартабаи он ба дараљаи амалдо- рони њукуматї баланд бардошта шуд. Тољирони ѓайримусулмон њаќ надоштанд, ки бо маќсади муомилоти тиљоратї дохили Афѓонистон шаванд. Молњои муњимтарини тиљорати хориљї, дар ќатори сангњои ќиматбањои Афѓонистон, ѓалла, чорво, писта, бо- дом ва ѓайра буд. Амир Абдурањмонхон бо маќсади нигоњ доштани низоми муносибатњои пулї зарби сиккањоро танњо дар ихтиёри зарроб- хонаи Кобул нигоњ дошта, зарробхонањои Њирот ва Ќандањорро баст. Сиккањои нуќра ва мисини кобулї васеъ дар муомилот буд. Бо маќсади рушд додани тиљорат амир аз хазинаи давлат ба њар тољир аз 5 то 50 њазор рупия ва ба намояндагињо то 150 њазор ру- пия ќарзи њасана, яъне бесуд медод. Як рупияи кобулї аз 60 пай- са иборат буд. Тиљорати пўсти ќарокўлии Афѓонистон тавассути Бухоро ба амал меомад, ки он њар сол ба хазинаи амири Афѓонистон 250 њазор рупия даромад меовард. Тиљорати солонаи байни Афѓонис- тону Бухоро 3 млн рубли (њамонваќта) русиро ташкил медод. Умуман, агар дар асри XIX (ба љуз охири аср) Афѓонистонро хатари истилои хориљї ба гирдоби харобї кашида бошад, пас дар охири асри XIX оромї ва ягонагї ба он имкон дод, ки нисбат ба даврањои гузашта дар тамоми љабњањои зиндагї ба муваффаќиятњои назаррасе ноил гардад. 174 Сарчашма: Амир Абдурањмонхон дар сиёсати дохилии худ аз раќобати ќавмии мардуми Афѓонистон истифода кардааст, зеро њарчанд ў «...дар бораи вањдат ва ягонагии мардуми мусулмони Афѓонистон ташвиќу талќин мекард, вале дар амал ќавмњо ва ќабилањои гу- ногуни њамљавори ѓилзоињоро муќобили њамдигар мегузошт ва онњоро ба муборизаи зидди ѓилзоињо даъват менамуд. Ин даъватњои вай дар байни ќавму ќабилањои дигар, ба истинои ќисмате аз њазорањо, њамовозї пайдо накард, зеро њамаи онњо аз љабру ситами њукумати амир доду фиѓон доштанд ва мунта- зири фатњу фирўзии ѓилзоињо буданд, ки ба муборизаи умумї њамроњ шаванд. Мањз аз њамин љињат ба амир лозим омад, ки ба њамќавмони худ, яъне дурронињо мурољиат намояд ва онњоро дар асоси хусумат ва душмании анъанавии дурронињо ва ѓилзоињо даъват намояд. Бинобар ин амир фармон дода буд, ки ба њар ка- дом аз навкарони довталаби дурронї, ѓайр аз яроќу аслиња ва орди хўрока, боз 10-рупиягї маош бидињанд, дар сурате, ки ма- оши аскарони ќатории низомї 8 рупия буд». (Ниг.: Назаров Њ. Маќоми тољикон дар таърихи Афѓонистон. - С. 261–263). Санањои муњим: 1880 – 1901 – солњои њукмронии амир Абдурањмонхон. 1885, 30-юми март – љанги Панљдењ. 1886 – дар Кобул сохта шудани «мошинхона». 1893, 12-уми ноябр – имзои шартномаи Дюранд. 1895, сентябр – шартномаи Русия ва Англия оид ба сарњади нуфузи байни худ ќарор додани дарёи Панљ. 1895 – тобеи марказ карда шудани Нуристон. Савол ва супоришњо: 1) Абдурањмонхон чї тавр ба сари ќудрат омад? 2) Абдурањмонхон баробари ба њокимият соњиб шудан бо англисњо чї гуна сиёсатро пеш гирифт? 3) Дар бораи љанги Панљдењ чї медонед? 4) Оќибатњои шартномаи Дюранд чист? 5) Дар байни Русия ва Англия аз кай дарёи Панљ њамчун сарњади нуфуз ќарор гирифт? 6) Дар бораи идораи Абдурањмонхон ва тадбирњои ў барои ривољи иќтисоду тиљорат чї медонед? 7) Бо маќсади нигоњ доштани низоми муносибатњои пулї чї тадбирњо анде- шида шуд? 8) §§ 34 ва 35-ро такрор кунед. 175 БОБИ 11 АФЃОНИСТОН ДАР АВВАЛИ АСРИ XX §37 – 38. ТАДБИРЊОИ ЊАБИБУЛЛОХОН БАЊРИ РУШДИ ИЌТИСОД ВА ТИЉОРАТИ МАМЛАКАТ Ба сари њокимият омадани Њабибуллохон. Октябри соли 1901 баробари вафоти амир Абдурањмонхон тартиботи истибдо- дии ў низ поён ёфт. Ба сари њокимият писари ў–Њабибуллохон (1901–1919) омад. Амири љавонро, њарчанд ў ба сиёсати дохилї ва хориљии падар содиќ мондани худро ваъда дода буд, вазъи Афѓонистон маљбур намуд, ки барои дар байни мардум ба даст овардани обрў ва эътибор ба як идда иќдомоти хайрхоњона даст занад. Масалан, љуброн кардани ќарзи чандсолаи фуќаро аз хази- наи давлатї; 2-рупиягї зиёд кардани маоши аскарон; ба муњлати то 10 сол аз супоридани молиёт (андоз)-и замин озод намудани мардуми фаќиру бенаво; озод кардани мањбусоне, ки солњои да- роз бе гуноњ гирифтори азобу шиканљањои сахт буданд; бекор кардани љазоњои вањшиёнаи замони Абдурањмонхон, ба монан- ди пора кардан, равѓани доѓ рехтан ва ѓайра; афви умумии онњое, ки тарки ватан намудаанд ва њоказо аз тадбирњои нахустини амир ба њисоб мерафт. Баробари ин дар кўчаю бозор бекор гаштани занњоро манъ кард. Њангоми зарурат онњо танњо бо болопўши хокї ва беранг берун шуда метавонистанд, то ки назари мардуми ѓайрро ба худ љалб нанамоянд. Инчунин, бо маќсади нишон до- дани гўё тарафдори ахлоќи поки исломї буданаш сурудхонї ва раќси занонро дар мањаллаи Хароботи шањри Кобул манъ кард. Дар 11 шањри Афѓонистон мадраса таъсис намуда, харољоти онњоро аз њисоби давлат пардохт. Аммо дар њукуматдории Њабибуллохон равиши ягона дида намешуд. Бисёр фармонњои ў амалї намегардиданд. Махсусан, корњои хайри худро камтар ба субут мерасонид. Бинобар ин ањди њукмронии ўро ба ду давра таќсим мекунанд. Агар дар дањсолаи аввал амир нисбат ба корњои мамлакатдорї дилгармии зиёд ни- шон дињад, дар дањсолаи дуюм ў аз корубори салтанат дур шуда, бештар ба сайругашт, шикор ва айшу ишрат бо ањли њарам, ки бештар аз сад зани љавонро дар бар мегирифт, машѓул будааст. Амир Њабибуллохон бар хилофи падараш –Абдурањмонхон, ки риштаи тамоми корњои мулкї ва низомиро ба дасти худ гириф- 176 та, ба њељ кас бовар надошт, наздиконашро ба вазифањои масъул таъйин намуд. Масалан, бародари худ Насруллохонро нойибус- салтана таъйин намуд, ки ў њамзамон вазифаи садри аъзам ва ва- зири дохиларо низ иљро мекард ва њатто аз назорати амир озод буд. Фарзанди худаш Иноятуллохонро муинуссалтана таъйин кард, вазифаи вазири њарбиро ба ў супорид. Яъне бародар ва фар- занди Њабибуллохон ду соњаи муњими идораи мулкї ва низомии мамлакатро дар ихтиёри худ доштанд. Ба ањкоми динии мамлакат ќозиюлќуззот сарварї мекард. Бо тавсияи ў амир, ноибуссалтана, муинуссалтана, соњибмансабони идорањои шаръї, аз ќабили ќозї, муфтї, муњаррирон (нозирон) ва котибони онњоро таъйин мекард. Тољикон дар замони Њабибуллохон ба таври васеъ дар идорањои мулкї ва низомии мамлакат ба кор љалб карда шуда буданд, вале ба таври умум идорањои марказї ва њукуматњои мањаллї ба иљрои вазифањои худ чандон машѓул набуданд. Ришвахўрї, туњфагирї, хешутаборбозї, хариду фурўши вазифањои муњими давлатї дар ављ буд. Ба тамоми ин норасоињо нигоњ накарда, чандин иќдомњои муњими иќтисодї, иљтимої ва фарњангї гузаронида шуд, ки онњо дар рушду тараќќии мамлакат наќши худро гузоштаанд. Рушди саноат. Вазъи нисбатан ороми мамлакат ба њунармандї ва шаклњои гуногуни саноат мусоидат кард. Масалан, пўстинњое, ки њунармандони Ќандањор, Ѓазнї, Кобул ва Њирот тайёр ме- карданд, хеле шуњрат пайдо намуда буданд. Дар шањрњо њазорон дуконњо, устохонањои касбиву њунарї ба таври анъанавї фаъ- олият мекарданд. Дар баъзе корхонањо љараёни истењсолот таќсимбандї шуда, шакли истењсоли мануфактуриро гирифта буд, ки як мањсулотро пайдарњам чанд нафар усто тайёр мекарданд. Дар ибтидои асри XX фаъолияти мошинхонае, ки соли 1886 сохта буд, хеле васеъ карда шуд. Дар заминаи устохонаи чармгарї соли 1909 дар Кобул фабрикаи чармгарї ба кор даромад, ки дар он мўза, зини асп ва дигар мањсулоти чармиро ба тариќи механикї истењсол мекарданд. Инчунин, заводи собунпазї сохта шуд, ки дар баробари собун боз шамъ њам тайёр менамуд. Соли 1914 дар Кобул фабрикаи пашмбофї ба кор даромад. Мањсулоти ин корхонањо дар баробари ба корњои њарбї сарф шудан, як миќдор дар бозор низ фурўхта мешуд. Сохтмони аввалин дастгоњи барќї соли 1907 дар Парвон шурўъ шуда, соли 1919 ба кор даромад, ки иќтидораш 1,5 њазор киловатро ташкил медод. 177 To охири асри XIX ва ибтидои асри XX роњњои асосии Афѓонистонро роњњои корвонгузар ва дар байни шањрњо роњњои аробагард ташкил медоданд. Пайдо шудани аввалин автомобилњо масъалаи сохтани роњњои автомобилгард ва тайёр намудани ро- нандагони ин навъи техникаро ба миён гузошт. Масалан, соли 1909 аввалин бор як дастаи 57-нафараи љавонон барои омўхтани касби ронандагї ва механикї ба Њиндустон фиристода шуданд. Соли 1912 ширкати махсуси боркашии автомобилї таъсис ёфт, ки асосан, бо кашондани борњои байни Афѓонистону Њиндустон машѓул буд. Дар натиља, зарурати сохтмони роњњои автомобил- гарди байни Кобул-Љалолобод, Кобул-Парвон, Кобул – Лугар ва Кобул – Ѓазнї – Ќандањор ба вуљуд омад. Дар дигар ноњияњо ва нуќтањои мамлакат роњњои аробагард ва корвонсароњои зиёде сохта шуданд. Вазъи кишоварзї. Ташаккулёбии њукумати мутамарказ барои ба вуљуд омадан ва рушди муомилоти молию пулї дар сохтори заминдорї ва тариќи истифодаи он таѓйирот ба вуљуд овард. Ма- салан, дар мамлакат дар натиљаи барои соњибмансабони низомї ва мулкї аз њисоби хазинаи давлат љорї гардидани маоши наќдї, шаклњои заминдории ќадима ва анъанавии «љойгир» ва «тиюл», ки ба ивази хизматашон дода мешуд, аз байн рафт. Минбаъд заминдорї ба се шакл – давлатї, хусусї (феодалї ва дењќонї) ва ваќфї таќсимбандї мешуд. Махсусан, заминњои давлатї аз њисоби мусодираи мулкњои хонњо, маликњо, феодалњои саркаш ва шўришгарони халќї васеъ мегардид. Инчунин, молу мулки дењќононе, ки молиёт (андоз)-и вазнини њукуматиро пардохта на- метавонистанд, мусодира мешуд. Дар ин байн баъзе ашроф ва феодалони калон бо роњњои гуногун ќитъањои зиёди заминро ба даст меоварданд. Заминњои ваќфї дар Афѓонистон чандон зиёд набуданд. Ал- батта, тамоми мазорњо, зиёратгоњњо, мадрасањо ва баъзе масљидњо соњиби замини ваќфї буданд. Соњибони заминњои ваќфї ва феодалї одатан, дар шањрњо ва марказ иќомат карда, бо корњои идораи низомї, мулкї ва тиљорат машѓул буданд. Бинобар ин киштукори тамоми заминњои давлатї, хусусии феодалї ва ваќфї ба уњдаи дењќонони иљоракор гузошта шуда буд. Дар ин хољагињо бештар усули нисфикорї (яъне нисфи њосил ба соњиби замин ва нисфи дигараш ба дењќон), сеяккорї, чоряккорї, панљяккорї ва ѓайра дида мешуд. 178 Андоз. Замони њукмронии Њабибуллохон на танњо шаклу миќдори андозњо таѓйир наёфт, балки андозњои нав њам љорї карда шуданд. Дар байни навъњои андоз, мисли пештара, хирољ навъи асосї ба њисоб мерафт, ки он аз мањсулоти кишоварзон си- тонида мешуд. Хирољи заминњои обї назар ба њосилнокї ва тар- зи обёрї аз сеяк то панљяки њиссаи мањсулоти заминро ташкил ме- дод. Таѓйирот аз он иборат буд, ки акнун њукумат бештар кўшиш мекард, ки андозњоро то њадди имкон бо пули наќд рўёнад. Яке аз андозњои наве, ки мањз дар замони Њабибуллохон ба вуљуд омадааст, туруќпулї ном дошт. Онро бо маќсади пўшонидани харољоти сохтмони роњњои автомобилгард ва аро- багард љорї намудаанд. Туруќпулї баробари хаљми чарогоњпулї буд ва њамаи чорводорон маљбур буданд, ки онро ба фоидаи ха- зинаи давлат супоранд. Дар натиља, даромади хазинаи давлатї сол то сол меафзуд. Умуман, даромади накдии хазинаи амир Њабибуллохон ба 80 млн рупия расида буд. Њукумати марказї ба фаъолияти на њамаи љамъкунандагони андоз – мустаљирон ва таксилдорон назорат карда метавонист. Би- нобар ин онњо бо маќсади азхуд намудани як њиссаи даромад, нис- бат ба халќ њар гуна зулму љабр ва бедодгариро раво медиданд. Рушди тиљорат. Вазъи нисбатан ороми мамлакат боиси руш- ди тамоми соњањои иќтисод ва тиљорат гардид. Дар ин давр мах- сусан шарњрњои Кобул, Њирот, Ќандањор, Мазори Шариф хеле Испорњои чўбини мардуми Афѓонистон дap аввали асри XX 179 тараќќї карда, ба марказњои асосии тиљорат мубаддал гаштанд. Дар ин шањрњо на танњо касбу њунарњои пешина нашъунамо ёф- танд, балки онњо оњиста-оњиста ба муомилоти бозоргонї љалб ме- шуданд. Баъзе мањсулоти њунармандии ин мамлакатро на танњо дар бозорњои дохилї, балки берун аз он њам пайдо кардан мум- кин буд. Барои ба ин мамлакат cap даровардани молњои саноатии русї дар њудуди Осиёи Марказї сохта шудани роњњои оњан тако- ни љиддї бахшид. Амир Њабибуллохон бо маќсади рушд додани тиљорати дохи- лию хориљї ба тољирон аз хазинаи давлат 1.800 њазор рупия ќарз дода, тамоми ќарзњои пешинаи онњоро (аз замони Шералихон то замони худ) бахшида буд. Соли 1912 дар Кобул як муассисаи Бон- ки давлатї таъсис ёфт, ки на танњо ба тољирон ва дигар мушта- риён ќарз медод, балки дигар муомилоти пулї ва бонкиро низ иљро мекард. Амир Абдурањмонхон ба тољирони афѓон истифо- даи роњњои оњанро ќатъан манъ карда буд. Амир Њабибуллохон ин амрро бекор кард. Шароити мусоиде, ки амир Њабибуллохон барои рушди тиљорат ба вуљуд оварда буд, сабаби зиёд шудани боѓу токзорњо гардид. Масалан, дар давоми 5 сол тамоми заминњои атрофи Ќандањор ба боѓ табдил дода шуд ва содироти мева аз ин мулк дар муддати кўтоњ се баробар афзоиш ёфт. Умуман, дар муддати 10 сол (1904 – 1915) тиљорати хориљии Афѓонистон бо Њиндустон ва Русия бештар аз ду баробар зиёд гардид. Агар аз мамлакатњои Њиндустон ва Русия ба Афѓонистон навъњои гуногуни мањсулоти саноатї ворид шаванд, аз Афѓонистон ба он мамлакатњо асо- сан мањсулоти зироат ва чорво, пеш аз њама, ѓалла, пахта, пашм, пўсти ќарокўлї ва меваљот содир мешуд. Дар ин давр Мазори Ша- риф – маркази асосии истењсоли ѓалла, шолї, Њазораљот – марка- зи истењсоли пашм, ѓалла ва равѓан, Ќандањор – маркази парва- риш ва фурўши асп ба њисоб мерафт. Масалан, дар намоишгоњи њарсолаи Ќандањор то 3 њазор асп хариду фурўш мешуд. Ба вуљуд омадани табаќаи коргар ва буржуазия. To охири асри XIX аз љињати табаќабандї мардуми Афѓонистонро асосан дењќонон феодалон (заминдорон ва чорводорони калон), тољирон, рўњониён, њунармандон ва косибон ташкил медоданд. Дар нимаи дуюми асри XIX Афѓонистон ба тасарруфи империяи Британи- яи Кабир, ки давлати таракќикардаи сармоядорї ба њисоб ме- рафт, кашида шуд. Аз ин рў тавассути Њиндустон, ки он низ мус- 180 тамликаи Англия буд, ба ќаламрави Афѓонистон муносибатњои сармоядорї cap дароварда, рушд меёфт. Дар Афѓонистон муно- сибатњои молию пулї ба вуљуд меомад. Мањсулоти кишоварзон, косибон ва њунармандон бештар вобастаи бозор мегардиданд. Ба вуљуд омадани муносибатњои молию пулї дар дењот им- кон медод, ки њиссаи бузурги моликият – замин дар дасти гурўњи хурди њаннотон љамъ гардад ва ќисме аз ањолии дењот – дењќонон аз замини худ мањрум шаванд. Ќисме аз ин гурўњи дењќонон њамроњи косибон ва њунармандони муфлисшуда минбаъд дар корхонањои саноатї ба кор даромада, аввалин дастањои корга- рони мањаллии Афѓонистонро ташкил медоданд. Масалан, танњо дар мошинхонањои Кобул 5 њазор коргар кор мекарданд. Шарои- ти мењнати онњо хеле вазнин буд ва маоши ночиз (8 рупия) меги- рифтанд. Дар корхонањои саноатї, сохтмони роњњо, муассисањои љустуљўйи маъдан мутахассисони хориљї ба кор љалб шуда бу- данд. Коргароне, ки дар дигар корхонањои саноатї, устохонањо, сохтани роњњо, корвонсаройњо ва ѓайра кор мекарданд, хеле сер- шумор буданд, вале шароити кор ва зиндагии онњо њам чандон хуб набуд. Буржуазияи миллии Афѓонистон асосан, аз њисоби тољирон ва заминдорону чорводорони калон ташаккул меёфт, аммо фаъо- лияти онњо бештар бо роњи судхўрї пеш мерафт. Яке аз падидањои наве, ки дар муомилоти байни заминдорони калон ва дењќонони иљоракор дар ин давра арзи вуљуд кард, пайдо шудани табаќаи махсуси мустаъљирон мебошад. Онњо дар байни заминдорони ка- лон ва дењќонони иљоракор мавќеи миёнаравиро ишѓол мекар- данд. Мустаљирон киштзорњои васеи зироатии давлатї ва фео- далиро барои чандин сол иљора гирифта, дар байни дењќонони кироякор ба њиссањои хурд-хурд таќсим намуда, аз онњо андо- зи замин ё кирояи заминро аз меъёри муќаррарї зиёдтар меси- тониданд. Дар натиљаи чунин амалиёт мустаъљирон сол то сол бодавлаттар гардида, соњиби сармояи муфт мешуданд. Фаъоли- яти онњо на танњо аз пайдо шудани муомилоти сармоядорї дар зироаткорї шањодат медод, балки он гувоњи ташаккулёбии бур- жуазияи дењот буд. Сарчашма: «...Аз дасти зулм ва тааддиёти мустаљирон ва таксилдо- рон мардум аз љони худ безор мешуданд ва маљбур буданд, ки 181 ё молу мулк ва њатто фарзандони худро дар бадали ќимати но- чизе бифурўшанд, ё љамъулљамъ мисли љамшедињо ба кишварњои бегона фирор намоянд, ё нињоятан, даст ба ќиёми умумии зид- ди истибдодњои феодалї бардоранд. Аз ин љо буд, ки дар ибти- дои асри XX њам, мисли замони амир Абдурањмонхон, шўриш ва ќиёмњои халќї ва зидди зулми феодалї њамоно башиддат да- вом мекард. Агар пештар муборизони фаъоли ин љунбишњо асо- сан дењќонони мазлум ва бенаво бошанд, акнун сафи онњо аз њисоби ањолии шањрњо, аскарони ќаторї ва гурўњњои буржуазї- либералии низомї ва мулкї, инчунин уламо ва равшанфикрон ва- сеъ шуда буд». (Ниг.: Назаров Њ. Маќоми тољикон дар таърихи Афѓонистон. С.287). Санањои муњим: 1901 – 1919 – солњои њукмронии амир Њабибуллохон. 1907 – 1919 – сохтани аввалин дастгоњи барќї дар Парвон. 1909 – ба кор даромадани фабрикаи чармгарї дар Кобул. 1909 – ба Њиндустон фиристода шудани гурўњи 57-нафараи љавонон барои омўхтани касби ронандагї ва механикї. 1912 – таъсис ёфтани ширкати махсуси боркашии автомобилї. 1912 – таъсис ёфтани муассисаи Бонки давлатї дар Кобул. Савол ва супоришњо: 1) Тадбирњои аввалини амир Њабибуллохон аз чињо иборат буд? 2) Вазъи кишоварзї, саноат ва роњњои Афѓонистон чї гуна буд? 3) Дар бораи андозњои Афѓонистон чї медонед? 4) Барои рушди тиљорат аз тарафи њукумати Афѓонистон чї тадбирњо андешида шуд? 5) Охири асри XIX ва махсусан ибтидои асри XX дар Афѓонистон кадом табаќањои нави иљтимої ба вуљуд омаданд? 6) Тањти мафњуми мустаљирон кињо дар назар дошта мешаванд? 7) §§ 35 ва 36-ро такрор кунед. §§39-40. ЊАРАКАТИ МАШРУТАХОЊЇ ВА ЭЪЛОНИ ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТИ АФЃОНИСТОН Падидањои нави фарњангї. Мактаби Њабибия. Аз љињати иќтисодї ва маънавї паст будани мамлакат зиёиёни пешќадамро ба њаёти нав бедор намуд. Дар ташаккулёбии онњо њаёти маъ- навии мамлакатњои атроф таъсири зиёд доштанд. Зиёиёни 182 пешќадам иќрор буданд, ки мардуми Афѓонистон аз маънавиёт хеле ќафо мондаанд. Онњо аз чунин њолат баромаданро дар бунё- ди мактабњои замонавї, мувофиќи таќозои замон тарбия намуда- ни љавонон медиданд. Худи амир Њабибуллохон њам дар чунин аќида буд. Вай ба падидањои наве, ки дар байни зиёиёни миллї пайдо шуда буд, монеъ нашуд. Соли 1903 дар Кобул аввалин мактаби миёнаи замонавї– Њабибия таъсис ёфт, ки онро баъзан литсей ва ё мадраса ном ме- баранд. Мактаби Њабибия аз се зина: ибтидої, рашидї ва эъдодї иборат буд. Дар давоми тањсил ѓайр аз забон, адабиёт, аќидањои динї, инчунин, таърих, љуѓрофия, љабр ва муќобала, мусалла- сот, њандаса, тањлили механика, њикмати табиї, кимиё ва забо- ни англисї омўхта мешуд. Ѓайр аз ин, дар 6 њавзаи шањри Кобул мактабњои нави ибтидої барпо карда шуд. Бар замми ин, тамоми мактабњои анъанавї вазифадор карда шуданд, ки аз рўйи барно- маи таълимии вазорати маориф ба омўхтани илмњо ва фанњои нав машѓул шаванд. Дар муддати хеле кўтоњ шумораи умумии толи- билмони мактаби Њабибия аз 269 то ба 1534 нафар зиёд шуд. Дар мактабњои ибтидої 700 нафар шогирдон таълим мегирифтанд. Мувофиќи талабот дар Кобул як дорулмуаллимини ибтидої низ ташкил гардид, ки дар муддати хеле кўтоњ миќдори толибилони он аз 150 то ба 900 нафар расид. Дар мактабњои номбурда аввалин соњибмансабони мулкї ва афсарони низомї аз байни ашрофзодагони мамлакат тарбия ги- рифта, ба камол расиданд. Дар таълиму тарбияи мактабњо усто- дон аз Њиндустон, Туркия ва ѓайра љалб шуда буданд. Ѓайр аз мактабњо, дар Кобул аввалин чопхона, хатти телефо- нии байни Кобул – Љалолобод, Кобул – Парвон, шифохонањои за- нона ва мардона (бо озмоишгоњњояшон) таъсис гардиданд. Амир Њабибуллохон баъди сафараш (соли 1907) ба Њиндустон, тамоми соњибмансабони мулкї ва низомиро амр карда буд, ки њатман ли- боси расмии аврупоии тобистонї ва зимистонї дошта бошанд. Умуман, таѓйироти фарњангию иќтисодии дар Афѓонистон бавуљудомада аз он гувоњї медоданд, ки амир Њабибуллохон, ба истиснои тамоми камбудињо, дар муќоиса бо амирони охирини Бухоро – Абдулањадхон ва Олимхон замони худро нисбатан ду- руст дарк карда буд. Аз ин рў вай барои пешрафти мамлакати худ ба сўйи тамаддун баъзе ќадамњои бољуръатона гузошт. Машрутахоњон, љавонафѓонњо ва маорифпарварї. Бо вуљуди 183 нисбатан ором будани вазъи мамлакат њар љо-њар љо љунбишњои иљтимоии мардумї тез-тез ба амал меомаданд. Мардуми мењнаткаш, аз љумла мустаљирон, бо њамин роњ эътирози худро нисбат ба беадолатињои замон, махсусан, зулму истибдоди амал- дорон, феодалон, ба муќобили вазнинии андозњо баён мекарданд. Махсусан, дар Њазораљот ва Њирот шўришњои мардумї бештар ба амал меомаданд. Масалан, шўриши мардуми Њирот бо сарварии Саид Ањмадхон 2 сол давом кард. Солњои 1910–1912 љунбишњои халќї ќариб тамоми ќаламрави Афѓонистонро фаро гирифта буд. Аксари он љунбишњо бо ќувваи аскарон пахш карда мешуданд. Ифодакунандаи асосии манфиати мардуми мењнаткаш машрутахоњон ва маорифпарварон ба њисоб мерафтанд, зеро маќсади асосии мардуми ба мубориза бархоста таъмини баробарї, адолати иљтимої, њаќиќат, њукумати халќї ва ѓайра буд. Машрутахоњон ва маорифпарварон амалї шудани ин ормонњоро дар симои подшоњи одил, тараќќихоњ, мардумпарвар ва мао- рифпарвар медиданд. Дар бисёр маъхазњои илмї машрутахоњон њамчун ислоњотхоњон ё худ «љавонафѓонњо» ном бурда шудаанд. Албатта, ин беасос нест, зеро иштирокчиёни ин њаракат аксар љавонони нав бедоргаштаи Афѓонистон буданд, ки дар мавќеи ислоњотхоњї меистоданд. Аз ин љињат дар марому маќсади машрутахоњони Афѓонистон ва љадидон–љавонбухороиёни Бухо- ро умумият дида мешавад. Пешоњанги њаракати машрутахоњї «Анљумани уламо» буд, ки 50 нафар олим ва ашхоси бомаърифати замонро муттањид мекард. Он аз тарафи њукумат бунёд гардида, вазифадор карда шуда буд, ки дар асоси омўхтани вазъи молї ва идории мамолики њамљавор ва мутолиаи рўзномањои эронї, њиндї, арабї ва ѓайра пешнињодоти худро оид ба такмилу рушди мамлакатдорї ба амир манзур на- моянд ва вобаста ба онњо дастуру низомномањои зарурї низ тар- тиб дињанд. Яке аз манбаъњои муњими ѓоявї ва назариявии онњо рўзномаи «Њабл-ул-матин» ба шумор мерафт, ки аз соли 1893 бо саъю кўшиши тарафдорони мактаби сиёсии Сайид Љамолиддини Афѓонї дар Калкутта нашр мегардид. Баъди таъсиси литсей ё худ мадрасаи Њабибия он ба яке аз марказњои муњими машрутахоњї табдил ёфт. Вале доираи машрутахоњї ва маорифпарварї аз до- ираи ин мадраса њам баромада, љавонони зиёдеро фаро гирифта буд, ки онњо аз табаќањои гуногуни ањолї буданд. Нањзат ё худ њаракати машрутахоњї соли 1906 таъсис ёфт. 184 Муассисони он дар як хонаи торик љамъ омада, њамдигарро фарќ намекарданд ва бо ин восита онњо мехостанд сирру асрорашон пўшида монад. Ќуръон ва шамшер рамзи мубориза ва фаъолияти онњо њисоб мешуд. Бо ин онњо садоќат ва вафодории худро нис- бат ба дини ислом, истиќлолхоњї ва маорифпарварї нишон медо- данд. Роњбари умумии онњо Муњаммадсарвари Ќандањорї – усто- ди мадрасаи Њабибия интихоб гардида буд. Шумораи умумии аъ- зои нањзати машрутахоњон танњо дар шањри Кобул ба 300 нафар мерасид. Машрутахоњон нисбат ба њељ кадом аз ќавму ќабилањо, табаќањои иљтимої ва пайравони дину мазњаб таассуб ва тангназарї зоњир накарда, онњо њадафњои олии миллии худро иборат аз татбиќи ислоњоти дохилї, таъмини рушду тараќќии иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва ба даст овардани истиќлоли си- ёсии Афѓонистон медонистанд. Њамин нуктањо мазмуни асосии талабномањои онњоро ташкил медод. Масалан, дар талабномаи онњо омадааст: итоат ба тамоми ањкоми ислом; ба даст оварда- ни њукуќи миллї; таъмини маорифу макотибу васоили бедории мардум ва матбуот; таъсиси маљлиси Шўрои миллї бо роњи инти- хоботи озоди намояндагони мардум; таъмини истиќлоли сиёсию озодии Афѓонистон ва густариши равобити сиёсию иќтисодї бо дунёи хориљ; таъмини адолати иљтимої ва ѓайра. Хулоса, низоме, ки машрутахоњон дар пайравии таълимоти Сайид Љамолиддини Афѓонї ба миён гузошта буданд, таќозо ме- кард, ки дар асоси интихоботи озод, тарњрезии ќонун ва ќонуният як њукумати миллї ташкил карда шавад, ки дар назди халќ масъ- ул ва љавобгар бошад. Соли 1909 машрутахоњон дар Љалолобод талабномаи худро ба амир Њабибуллохон расониданд. Дар аввал амир он талабњоро хуш пазируфт, вале ќуввањои иртиљоии дохилї ва хориљї ба ў фи- шор оварда, исбот карданї шуданд, ки машрутахоњон вайро сар- нагун кардан мехоњанд. Баъди ин амир сахт бадгумон шуда, ба љазо додани машрутахоњон фармон дод. Дар натиља 85 нафар, аз љумла Муњаммадсарвари Ќандањорї (Возиф) ќатл карда шуданд. Њаракати машрутахоњї, ѓайр аз Кобул, шањрњои Ѓазнї, Љалолобод, Ќандањор, Њирот ва Мазори Шарифро низ фаро ги- рифта буд. Масалан, машрутахоњони Њирот дар натиљаи таъсири инќилоби Эрон ва инќилоби якуми рус масъалаи таъсис намуда- ни маљлиси миллї, аз њукумат дур намудани Њабибуллохон ва ба 185 љойи ў ба сари кудрат овардани Насруллохонро ба миён гузошта буданд. Њиротиён амир Њабибуллохонро мутеи англисњо њисоб мекарданд. Бинобар ин сабабњо, дар тамоми ќаламрави Афѓонистон таъќибу фишори машрутахоњон ва пайравони онњо ављ гирифт ва он дар натиља соли 1909 шикаст хўрд ва пароканда гардид, вале аъзои њаракат ба дастањои хурд таќсим шуда, амалиёти худро хеле махфї нигоњ доштанд ва ба љунбиши бузурге ибтидо гузоштанд. Минбаъд таълимоти онњо дар шароити вазнини Афѓонистон дар зери пардаи ѓояњои маорифпарварї ташвиќу тарѓиб карда ме- шуд. Ин таѓйирот аз хусуси ба охир расидани марњалаи аввали машрутахоњї ва оѓози марњалаи дуюми он шањодат медињад. Мањмуди Тарзї. Марњалаи дуюми фаъолияти машрутахоњон. Давра ё худ марњалаи дуюми фаъолияти машрутахоњон дар шак- ли маорифпарварї зоњир гардида, ба номи Мањмуди Тарзї ва рўзномаи «Сирољ-ул-ахбор», ки ифодагари мафкурањои сиёсї ва иљтимоии онњо мебошад, вобастагии ќавї дорад. Мањмуди Тарзї (1867–1933) дар Ќандањор, дар хонадони Ѓуломмуњаммади Тарзї, ки душмани англисњо буд, ба дунё ома- дааст. Бинобар њамин баробари ба сари ќудрат омадани амир Абдурањмонхон, соли 1881 ањли оилаи Ѓуломмуњаммади Тарзї аз Афѓонистон табъид карда шуд. Онњо ба Њиндустон, Эрон ва Ироќ муњољират карда, нињоят, бо иљозати султони Туркия дар Сурия маскан гирифтанд. Дар ташаккули љањонбинии Мањмуди Тарзї адабиёти пешќадами давр, махсусан, эљодиёти маориф- парварони Фаронса ва шиносої бо Сайид Љамолиддини Афѓонї таъсири бузург гузоштааст. Вай соли 1903 баъди афви умумї ба Афѓонистон баргашт. Мањмуди Тарзї бо сабаби шахси фозилу бомаърифат ва ашрофзода буданаш, ба зудї ба дарбор роњ ёфт ва яке аз муќаррабони амир Њабибуллохон гардид. Баъди он ки ду духтари худро ба никоњи шоњзодагон Иноятуллохон ва Амонуллохон да- ровард, маќому манзалаташ мустањкамтар шуд. Чунин мавќеъ ба Мањмуди Тарзї имкон дод, ки соли 1911 нашри рўзномаи «Сирољ- ул-ахбор»-ро аз сар бигирад. Ин рўзнома соли 1906 як шумора дар њаљми 36 сањифа нашр гардида, баъдан баста шуда буд. Рўзномаи «Сирољ-ул-ахбор», ки сармуњаррири он худи Мањмуди Тарзї буд, як гурўњ љавонони тараќќипарварро муттањид намуда, ѓояњои маорифпарвариро эњтиёткорона тарѓиб 186 мекард. Ба андешаи онњо, масъалаи аз њама муњим бартараф кар- дани аќибмондагии иќтисодї, иљтимої ва фарњангии Афѓонистон буд. Онњо сабаби њамаи нокомињоро дар бетафовутии мусулмо- нон ба комёбињои илму фанни олами пешрафтаи Ѓарб медиданд. Бинобар ин пайравони Мањмуди Тарзї, яъне маорифпарварони Афѓонистон, вазифаи аввалин ва асосии худро дар он медиданд, ки њамватанони худро аз љањолат, нодонї ва таассуб дур намуда, онњоро ба омўхтани илму фанни замонї даъват намоянд. Онњо инчунин тарафдори гузаронидани ислоњоти ќатъї буда, дар мам- лакат љорї намудани тартибу низом ва ќонуну конуниятро низ таќозо мекарданд. Ба андешаи онњо, подшоњ бояд оќилу доно, одилу бомаърифат бошад, барои рушди илму дониш ѓамхорї зоњир намояд. Даъватњои љасуронаи Мањмуди Тарзї, ки оид ба даст оварда- ни истиќлоли Афѓонистон 17-уми январи соли 1916 дар рўзномаи «Сирољ-ул-ахбор» нашр гардида буд, мардумро рўйрост ба мубориза даъват мекард. Он солро санаи ба вуљуд омадани машрутахоњони насли дуюм њисоб мекунанд. Даъватњои Мањмуди Тарзї боиси эътирози шадиди ањли дарбори амир Њабибуллохон гардид ва он шумораи рўзномаро фавран манъ намуданд. Ба худи Мањмуди Тарзї марг тањдид мекард, вале ўро мавќеъ ва маќомаш аз марг наљот дод ва кор бо танњо 26 њазор рупия љарима, ки аз та- рафи домодаш Амонуллохон пардохта шуд, анљом ёфт. Вале нањзати машрутахоњони дуюм, мисли нањзати машрутахоњони аввал созмони васеи сиёсї ва иљтимої набуд ва онњо асосан, дар атрофи рўзномаи «Сирољ-ул-ахбор» муттањид шуда, марому маќсади худро тавассути ин рўзнома бо сарпарас- тии Мањмуди Тарзї ифода мекарданд. Њатто шоњзода Амонул- лохон њам яке аз њаводорони намоёни машрутахоњони дуюм ба њисоб мерафт. Эълони истиќлоли Афѓонистон. Амир Њабибуллохон дар масъалаи муносибат бо Англия кўшиш мекард, ки садоќатмандии худро нишон дињад Дар дохили мамлакати Афѓонистон та- рафдорони истиќлол сол то сол меафзуданд. Пешоњанги онњо машрутахоњон буданд. Ба онњо воќеањои соли 1917-и Русия, яъне сараввал сарнагун карда шудани њукумати подшоњї ва сипас дар натиљаи Инќилоби октябр бунёд гардидани Њокимияти Шўравї рўњияи тоза бахшид, вале машрутахоњон ба хулосае омаданд, ки то амир Њабибуллохон дар сари ќудрат аст, Афѓонистон соњиби 187 озодї ва истиќлол шуда наметавонад. Аз ин рў, баъзеи онњо, аз љумла Абдурањмони Лудин масъалаи сарнагун кардани амирро гузошт ва бањори соли 1918 ба муќобили Њабибуллохон суиќасд ташкил карда шуд, вале он бебарор анљом ёфт. Њабибуллохон солњои охир ба айшу ишрат дода шуда, нис- бати сарнавишти мамлакат бепарво буд. Чунин рафтор дар бай- ни дарбориён низ норизої ба вуљуд оварда буд. Њатто дар ни- зоми оилавии амир њам ягонагї вуљуд надошт. Масалан, амир муттасил њарами худро аз њисоби занњои зебо ва канизони љавон нав мекард, ки њамаи ин боиси норизоии модари Амонуллохон – Сирољулхотун гардида буд. Дар асоси мољароњои хонаводагї Сирољулхотун талоќ гирифта, њамроњи писараш ба сафи мухоли- фони амир њамроњ шуд. Аз тарафи баъзе дарбориён бо иштироки сипањсолор М.Нодирхон бар зидди амир Њабибуллохон наќшаи суиќасд тартиб дода шуд. Суиќасд ба љони Њабибуллохон бояд соли 1918 њангоми сай- ри шикори навбатї амалї мешуд ва ба љояш нойибуссалтана Насруллохон ба тахт менишаст. Вале дар натиљаи бељуръатии худи Насруллохон суиќасд танњо 21-уми феврали соли 1919 дар Лаѓмон амалї гардид. Насруллохон худро подшоњ эълон на- муд. Вале даъвогари асосии тољу тахти подшоњї Амонуллохон, ки њангоми кушта шудани падар дар Кобул вакили салтанат буд, Насруллохонро ба ќатли падар муттањам намуда, худро подшоњ эълон кард. Мувофиќи талаб ва хоњиши мардуми мамлакат 28- уми феврали соли 1919 Афѓонистон давлати мустаќил эълон кар- да шуд. Њамин тавр, муборизаи дурударози халќњои Афѓонистон ба- рои истиќлол бо ѓалаба анљом ёфт. Ин ба давлати Афѓонистон имкон дод, ки минбаъд муносибати берунии худро мустаќилона муайян намояд. Сарчашма: Даъвати Мањмуди Тарзї ба мардуми Афѓонистон, ки 17-уми январи соли 1916 дар рўзномаи «Сирољ-ул-ахбор» чоп шудааст: «... Эй миллати наљиби афѓония, шарофати миллї ва азамати ќавмии худро муњофиза кунед! Истикдол ва њокимияти давлатии худро сиёнат намоед! Афѓонњои ба диёнат ва диндорї, шуљоат ва бањодурї, ба ѓайрат ва номусшиорї дар тамоми дунё машњур 188 шуда бошад, оё инро барои виљдону имону шараф ва номуси худ чї сон гуворо карда метавонад, ки номи њимоят ва тобеияти дав- лати аљнабии ѓайридин ва миллате бар ў бошад... маънии софу сарењи тобеият ва њимоят ин аст, ки як давлате ба дигар давла- те бигўяд, ки ба ѓайр аз ман дигарро нашинос! Ба ѓайр аз ман ба дигар давлат на сафир бифирист ва на сафир ќабул кун! Маънии соф ва сарењи истиќлолияти том ва озодии комила низ ин аст, ки њар давлат дар њама чизњое, ки дар боло мазкур гардид, мустаќил ва озод бошад. To ба њол њар чї, ки буд, њар чї шуд, шуд! Ле- кин баъд аз ин афѓон он афѓоне нест, ки аз њуќуќи худ чашмпўшї битавонад...». (Пора аз китоби: Назаров Њ. Маќоми тољикон дар таърихи Афѓонистон. С. 304). Санањои муњим: 1867 – 1933 – солњои зиндагии Мањмуди Тарзї. 1893 – оѓози нашри рўзномаи «Њабл-ул-матин» дар Калкутта. 1903 – таъсиси аввалин мактаби замонавї–Њабибия дар Ко- бул. 1906 – таъсиси нањзат ё худ њаракати машрутахоњї. 1906 – нашри рўзномаи «Сирољ-ул-ахбор». Дар ин сол танњо як шумора баромада, аз соли 1911 мунтазам нашр гардид. 1909 – таъсиси мактаби миёнаи њарбї. 1909 – таъќиб ва ќатли машрутахоњон. 1916 – ба вуљуд омадани машрутахоњони дуюм ё худ оѓози давраи дуюми машрутахоњї. 1919, 28-уми феврал – эълони истиќлоли Афѓонистон. Савол ва супоришњо: 1) Падидањои пешравї дар њаёти фарњангии Афѓонистони аввали асри XX дар чї зоњир мегардад? 2) Дар бораи макта- би Њабибия чї медонед? 3) Машрутахоњон (љавонафѓонњо) кї буданд ва чї мехостанд? 4) Соли 1909 машрутахоњон чаро ба таъќибу ќатл гирифтор шуданд? 5) Мањмуди Тарзї кї буд ва фаъолияти ў аз чї иборат аст? 6) Дар бораи рўзномаи «Сирољ- ул-ахбор» чї медонед? 7) Фарќи машрутахоњони дуюм аз якум чист? 8) Истиќлоли Афѓонистон чї тавр ба даст омад ва кай эъ- лон гардид? 9) § 37 – 38-ро такрор кунед. 189 ФАСЛИ III БАРПО КАРДА ШУДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ БОБИ 12 БАРЊАМ ХЎРДАНИ ЊОКИМИЯТИ ПОДШОЊИИ РУСИЯ ДАР ГЕНЕРАЛ – ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН §41. ЃАЛАБАИ ИНЌИЛОБИ ФЕВРАЛ ДАР РУСИЯ ВА БАРЊАМ ДОДА ШУДАНИ ТАРТИБОТИ ПОДШОЊЇ ДАР КИШВАРИ ТУРКИСТОН Ѓалабаи Инќилоби феврал дар Русия. Иштироки њукумати подшоњии Русия дар Љанги якуми љањонї вазъияти иќтисодию сиёсии мамлакатро хеле вазнин намуд. Охири феврали соли 1916 ва аввали соли 1917 дар Русия вазъияти нави инќилобї ба вуљуд омад. Пешсафи њаракати инќилобї коргарони пойтахти Русия – шањри Петроград (Санкт-Петербурги имрўза) ба њисоб мераф- танд. Дар арафаи Инќилоби феврал дар Русия беш аз 10 њизби асосии марказї вуљуд доштанд, ки дар гўшаю канори империя, аз он љумла дар кишвари Туркистон низ фаъолият мекарданд. Аз онњо 5 њизби буржуазї ва помешикї: иттифоќи халќи рус, натсионалистњо, октябристњо, погрессистњо ва кадетњо тарафдо- ри нигоњ доштани мутлаќият (ќисме аз онњо тарафдори бо баъзе таѓйирот дар он), 5 њизби боќимонда: трудовикњо, сотсиалисто- ни халќї, эсерњо, меншевикњо ва болшевикњо тарафдори барњам дода шудани мутлаќият буданд. Ба љойи мутлаќият болшевикњо бунёди љумњурии демократї, њизбњои боќимонда љумњурии бур- жуазиро мехостанд. Дар бисёр мавридњо болшевикон ва менше- викон бо номи ягонаи сотсиал-демократњо амал мекарданд. 17-уми феврали соли 1917 дар калонтарин корхонаи шањри Петроград – заводи Путиллов корпартої ба амал омад. 23-юми феврал (8уми март) онњо аввалин шуда бо шиорњо ба маркази шањр баромаданд. Ба онњо коргарони заводњои дигар низ њамроњ шуданд. Шиори намоишчиён: «Нон!», «Нест бод љанг!», «Нест бод мутлаќият!» буд. 25-26-уми феврал дар кўчањои шањр бо политсия задухўрдњо ба амал омад. Намоиш ба шўриши мусаллањона таб- дил ёфта, тамоми шањрро ба зудї фаро гирифт. Ќисме аз аска- 190 рони гарнизони шањрї ба тарафи шўришчиён гузаштанд. 27-уми феврал шањр пурра дар ихтиёри шўришчиён буд. Рўзи 27-уми феврал аъзои Думаи давлатї бо дастгирии њизбњои буржуазї ва помешикии Русия, бо маќсади дар пойтахт љорї намудани тартибот Кумитаи Муваќќатиро интихоб наму- данд. Ин кумита њанўз маќсади гирифтани њукуматро надошт, вале он аз подшоњ Николайи II хоњиш намуд, ки ба фоидаи пи- сараш аз тахт даст кашад. Чунин талабро сарварони тамоми фронтњо низ дастгирї намуданд. Дар натиља он рўз подшоњ ма- нифестеро имзо намуд, ки мувофиќи он, ў аз номи худ ва аз номи писараш ба фоидаи бародараш – Михаил аз њокимият даст ка- шид. Њамин тавр, дар Русия њукумати подшоњї, яъне мутлаќият, сарнагун гардид. 2-юми мар- ти соли 1917 дар асоси шарт- номаи байни Кумитаи Му- ваќќатии Думаи давлатї ва сарварони шўроњои намо- яндагии коргарон ва аска- рони Петроград, бо сарва- рии княз Г.Е.Лвов Њукумати Муваќќатї ташкил карда шуд, ки дар таърих бо номи Њукумати буржуазї њам маъ- лум аст. Бо њамин дар Русия ин- ќилоби дуюми буржуазию демократї бо ѓалаба анљом ёфт. Он мутлаќиятро, ки ни- шонаи љамъияти феодалї ба њисоб мерафт, сарнагун на- муд. Аммо дар мамлакат ду- њокимиятї – Њукумати Му- ваќќатї ва Шўроњои намоян- дагии коргарон ва аскарон ба амал омад. Шўришгарон дар симои шўроњо њокимияти асо- сии худро медиданд ва фаќат аз рўйи дастурњои он амал ме- карданд. Сарварони шўроњо, яъне меншевикон ва эсерњо мегуф- танд, ки ин инќилоб – инќилоби буржуазию демократї аст, би- Ба охир расидани умри мутлаќияти рус (нишонањои њокимияти подшоњии Русияро месўзонанд. Феврали с. 1917) Навбати нон дap ш. Петроград. 191 нобар ин, њокимият бояд ба ихтиёри буржуазия гузарад. Вале Њукумати Муваќќатии буржуазї, ки њукумати расмї ба њисоб ме- рафт, дар назди инќилобиён – коргарон ва аскарон њанўз обрў ва эътиборе надошт. Аз ин рў дар Русия то воќеањои июлии соли 1917 дуњокимиятї мављудияти худро нигоњ дошт. Барњам дода шудани тартиботи подшоњї дар кишвари Тур- кистон. Чун дар маркази империяи Русия – шањри Петроград, дар гўшаю канори он, аз љумла дар кишвари Туркистон њам дуњокимиятї, яъне њукумати муваќќатии буржуазї ва шўроњои намояндагии коргарон ва аскарон бунёд гардиданд. 1-уми марти соли 1917 хабари ѓалабаи Инќилоби феврал дар Петроград ба Тошканд низ расид, аммо бо тавсияи генерал- губернатори кишвари Туркистон А.Н. Куропаткин амалдорони њукумати подшоњї ин хабарро аз мардум пинњон доштанд. Танњо 3-юми март бо омадани рўзномањо, ки аз ѓалабаи инќилоб ва сарнагун шудани мутлаќият хабар медоданд, мардум аз њаќиќат воќиф гардиданд. Дар шањрњои гуногуни кишвари Туркистон љамъомаду гирдињамоињо барпо гардиданд, ки дар онњо шўроњои намояндагии соњањои гуногун интихоб карда мешуданд. 1-уми март дар Тошканд бо ташаббуси коргарони устохо- наи роњи оњани Осиёи Миёна гирдињамоие ба вуљуд омад. Дар он њозирон якдилона шўрои намояндагии коргаронро дар њайати 12 нафар интихоб намуданд. 3-юми март шўрои намояндагии корга- рони Тошканд аз њисоби њайати заводњо, корхонањо ва гурўњњои демократию сотсиалистї шўрои намояндагон ташкил карданд. Ин нахустин шўрои намояндагии коргарон дар Осиёи Марказї ба њисоб мерафт. 5-уми март шўрои аскарони Тошканд ташкил ёфт. Њамон моњ дар Самарќанд, Хуљанд, Андиљон, Скобелев ва ѓайра, инчунин, дар кони нафти САНТО, кони ангишти Ќизилкия, аз мањаллањои руснишини аморати Бухоро–Бухорои Нав (Когон) шўроњо ба вуљуд омаданд. 9-уми март дар Хуљанд низ шўрои на- мояндагон ташкил ёфт. Шикастани тартиботи њукумати подшоњї дар шароити кишвари Туркистон на аз барњам додани њукумати марказї чун дар њудуди империяи Русия, балки аз ташкил карда шудани њукуматњои мањаллї оѓоз ёфт. 6-уми марти соли 1917 дар Тошканд бо ташаббуси Думаи шањрї маљлиси ташкилотњои гу- ногуни љамъиятї барпо гардид. Дар он иборат аз 19 нафар Ку- митаи иљроияи муваќќатї интихоб намуданд, ки он идоракунии шањрро ба даст гирифт. 192 Таѓйироте, ки дар соњаи идоракунї дар маркази генерал- губернаторї ба амал омад, ба марказњои вилоятњо ва уездњо низ таъсир расонид. 21-уми марти соли 1917 дар Хуљанд бо талаби шўрои шањрї сарвари уезд Арсишевскийро аз вазифааш озод кар- да, политсия ва жандармњо аз шањр бароварда шуданд. Бо ќарори шўро муњофизати шањрро аскарони гарнизони шањрї ба уњда ги- рифтанд. Минбаъд бо ташкил шудани милитсия муњофизати шањр ба ихтиёри он гузашт. Идоракунии уезд ба ихтиёри Куми- таи иљроияи Њукумати Муваќќатї гузашт, ки он бо кумаки шўрои шањрии Хуљанд бунёд гардид. Кумиљроияи Хуљанд 36 нафар аъзо дошт, ки ба њайати он худи аъзои шўро низ дохил буданд. Ба он дар ќатори амалдорони собиќи подшоњї, инчунин, намояндагони сармоядорон њам дохил шуданд. Генерал-губернатори Туркистон Куропаткин њанўз дар сари ќудрат буд. Ў вазъиятро ба назар гирифта, худро намояндаи Њукумати Муваќќатї эълон кард. Ў аз амалдорони вилоятию уездї ва волостї талаб кард, ки ќарорњои њукумати навро бе ягон мамониат амалї намоянд, вале сарварони шўроњо ба садоќати Куропаткин нисбат ба режими нав шубња доштанд. 30-юми мар- ти соли 1917 дар маљлиси васеи шўроњои муттањидаи намояндаго- ни коргарон ва аскарони Тошканд масъалаи аз вазифа озод кар- да шудани генерал-губернатор Куропаткинро баррасї намуданд. Дар он ќарор карда шуд, ки то гирифтани тавсияи Њукумати Муваќќатї Куропаткин бо ёвараш генерал Ерофеев ва сардори штаби округ–генерал Сиверс ба њабси хонагї гирифта шаванд. Ин ќарор 31-уми март, соати 10-и пагоњї амалї гардид. Худи њамон рўз ба вазифаи сарвари ќуввањои њарбии округ коменданти шањр полковник Черкесро интихоб намуданд. 7-уми апрели соли 1917, мувофиќи ќарори Њукумати Муваќќатї, иборат аз 9 нафар бо сарварии кадет Шепкин Кумитаи Туркистонї ташкил ёфт. Ин кумита бояд ќарорњои Њукумати Муваќќатиро дар тамоми Осиёи Марказї (аз љумла дар аморати Бухоро ва хонии Хева низ) амалї мекард. Ташкил намудани шўроњо ва иттифоќњо дар кишвари Тур- кистон минбаъд њам дар шаклњои гуногун давом дошт. Маса- лан, 25-уми май шўрои намояндагии мардикорони шањри Хуљанд интихоб шуд. Ба њайати садорати он Љўра Зокиров, Абдуќодир Рањимбоев, Њайдар Усмонов, Рањимбердї Эгамбердиев, Љўра Шокаримов ва дигар болшевикон дохил гардиданд. Охири моњи 193 май дар Ўротеппа низ чунин шўро ташкил ёфт, ки ба њайати он 14 нафар намоянда интихоб шуданд. Моњњои май-июли соли 1917 дар Тошканд, Самарќанд, Ќўќанд, Хуљанд, Андиљон ва дигар шањрњо иттифоќњои мењнаткашони мусулмон ташкил ёфтанд. Онњо дар кори муттањиду муташак- кил кардани мењнаткашони миллатњои мањаллї ва ба њаёти сиёсї љалб намудани онњо наќши калон бозиданд. Баъди Инќилоби Октябр ин иттифоќњо бо шўроњои намояндагии коргарон ва аска- рон муттањид шуданд. Дигаргунињо дар идоракунии Бадахшон. 3-юми апрели соли 1917 хабари сарнагун гардидани њукумати подшоњии Русия то Ба- дахшон њам расид. Ќисми ѓарбии Бадахшон бо номи бекигарии Шуѓнону Рўшон аз љињати идоракунї расман дар њайати амора- ти Бухоро бошад њам, амалан чун ќисми шарќї дар ихтиёри отря- ди дар Помир будаи Русия буд, ки њам сарњади байни Бадахшону Афѓонистон ва њам оромии Бадахшонро назорат мекард. Аз ин рў вазъи сиёсии Бадахшон асосан, ба мавќеи афсарон ва аскарони ин отряд вобастагии ќавї дошт. Афсарон ва аскарони отряди Помир хабари барњам хўрдани тартиботи подшоњии Русияро хуш ќабул намуданд. Бо сарварии П.Волков Кумитаи Умумипомирии аскарон таъсис ёфт, ки он дар шароити Бадахшон бояд вазифаи Шўрои намояндагии аскаронро иљро мекард. Аммо аз сабаби камшумории ќисмњо ва аскарон дар шароити Бадахшон ташкил ёфтани чунин шўро имконнопазир буд. Дар нимаи дуюми моњи апрели соли 1917 дар Бадахшон бо сардории собиќ амалдори подшоњї Белов Кумитаи Умумипоми- рии Њукумати Муваќќатї ташкил ёфт. Ў њамзамон сардори отря- ди Помир ва комиссари Њукумати Муваќќатї ба њисоб мерафт. Дар ташкили ин кумита тамоми афсарон ва аскарони отряди По- мир фаъолона иштирок намуданд. Аз ин сабаб дар Бадахшон мављудияти дуњокимиятї чандон эњсос намешуд. Аз ихтиёри идораи Бухоро ба Русия гузаштани Бадахшони Ѓарбї. Баъд аз Инќилоби феврал (соли 1917)-и Русия масъалаи Бадахшон як муддат дар байни амалдорони Њукумати Муваќќатї ва њукумати амирии Бухоро мавзўи бањс гардид, зеро то моњи апрели соли 1917 дар Бадахшон намояндаи амири Бухоро – бек низ ба таври расмї фаъолият мекард. Њарчанд њокимият ба таври расмї ба дасти намояндаи аморати Бухоро буд, вале чунон ки хо- тирнишон кардем, амалан дар ихтиёри отряди Помир буд. Моњи 194 апрел намояндаи амир – Мирзо Касири мирохур, ки беки Шуѓнон буд, вафот кард. Баъди ин воќеа, 8-уми майи соли 1917 Кумитаи иљроияи волости Шуѓнон ќарор кард, ки «Помири Ѓарбї ба усу- ли худидоракунї мегузарад». Бо ташаббуси Кумитаи иљроияи Туркистонии Њукумати Муваќќатї дар асоси принсипњои идо- ракунии кишвар «Низомномаи муваќќатї оид ба идоракунии ноњияњои Помир» тартиб дода шуд. Дар асоси ин њуљљат идора- кунии ноњия ба уњдаи комиссари ноњиявии Помир гузашт. Авва- лин комиссар ва раиси кумитаи ноњияи Бадахшон шарќшинос И.И.Зарубин (профессор, доктори илми филология) интихоб гар- дид. Аз љињати идоракунї Бадахшон тобеи вилояти Фарѓонаи кишвари Туркистон ба њисоб мерафт. Сарчашма: Дар манифести Њизби сотсиал-демократии коргарии Русия, ки бо номи «Ба њамаи гражданњои Русия» 27-уми феврал (12-уми март)-и соли 1917 дар љараёни инќилоб њамчун вараќа пањн кар- да шуд, дарљ гардидааст: «Гражданњо! Ќалъаи сангини њукумати подшоњии рус сарна- гун шуд. Валинеъматии дастањои ѓоратгари подшоњї, ки ба зул- му истибдоди халќ асос ёфта буд, барбод рафт. Пойтахт дар дас- ти халќи шўришгар аст. Ќисмњои ќўшунњои инќилобї ба тара- фи шўришгарон гузаштанд. Пролетариати инќилобї ва армияи инќилобї мамлакатро аз њалокат ва шикасти ќатъї, ки њукумати подшоњї онро ба ин њолат расонида буд, бояд наљот дињад. Халќи рус бо азми ќавї, ба ивази ќурбонињои зиёд аз ѓуломии чандинас- ра рањої ёфт...». (КПСС дар резолютсияњо. Нашри 8-уми русї. Љилди 1 – М. 1970. С. 427). Санањои муњим: 1917, 27-уми феврал–дар Русия ѓалаба кардани инќилоби бур- жуазию демократї ва барњам хўрдани њукумати подшоњї. 1917, 2-юми март–дар Русия ба вуљуд омадани дуњокимиятї. 1917, март – дар ќаламрави кишвари Туркистон ба вуљуд омадани шўроњо, иттифоќњо ва кумитањои иљроияи Њукумати Муваќќатї. 1917, 30-31-уми март – дар кишвари Туркистон барњам дода шудани тарзи идоракунии генерал-губернаторї. 195 1917, 7-уми апрел – ташкил карда шудани Кумитаи Туркисто- нии Њукумати Муваќќатї. 1916, апрел – дар Бадахшон ташкил ёфтани Кумитаи Умуми- помирии Њукумати Муваќќатї. 1917, май – аз ихтиёри идоракунии амири Бухоро ба Њукумати Муваќќатии Русия гузаштани ќисми ѓарбии Бадахшон. 1917, аввали июл–дар Русия ба охир расидани дуњокимиятї. Савол ва супоришњо: 1) Инќилоби буржуазию демократии феврал (соли 1917) дар Русия бо чї анљом ёфт? 2) Барои чї дуњокимиятї мегўянд ва он дар Русия кай ба вуљуд омада, то кай давом кард? 3) Оё дар Русия ба вуљуд омадани дуњокимиятї ба кишвари Туркистон њам дахл дошт? 4) Дар кишвари Туркистон тарзи идоракунии генерал-губернаторї кай барњам дода шуд? 5) Дар ќаламрави кишвари Туркистон чї гуна шўроњо ва иттифоќњо ба вуљуд омаданд? 6) Баъди инќилоби буржуазию демократии феврали (соли 1917-и) Русия дар идоракунии Бадахшон чї дигаргунињо ба амал омад? 7) §§ 26 ва 28-ро такрор кунед. §42. ЊАРАКАТИ ЉАМЪИЯТИЮ СИЁСЇ ДАР КИШВАРИ ТУРКИСТОН Шўрои исломия ва Шўрои уламо. Дар шароити кишвари Тур- кистон яке аз ташкилотоњои сернуфуз Шўрои исломия ба шумор мерафт. Он 9-уми марти соли 1917 дар шањри Тошканд ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунаввар-ќорї Абдурашидов буд, ки дар марњалаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарварї намудааст. Дар таъсиси ин шўро инчунин Мустафо Чоќаев (хатмкардаи шуъбаи њуќуќшиносии донишгоњи Петроград) ва Абдулвоњид-ќорї; намояндагони буржуазияи миллї: Миркомил Муъминбоев ва Ањмадхон (Ањмадбек) Темирбеков њисса гузош- таанд. Худи њамон моњ шуъбањои он ќариб дар тамоми шањрњои кишвари Туркистон ва њатто мањаллањои руснишини аморати Бу- хоро ташкил шуданд. Ба Шўрои исломия намояндагони зиёиёни миллї, аз љумла љадидон, буржуазияи ба тозагї ташаккулёбандаи миллї, рўњониён, заминдорони калон (феодалон), коргарон, ко- сибон, њунармандон ва дењќонони мањаллї дохил мешуданд. Шўрои исломия дар њайати Русия аз љињати миллї ва динї 196 мухтор будани кишвари Туркистонро мехост. Нисбат ба замин тарафдори нигоњ доштани моликияти хусусї буд. Он муќобили људоии синфї буда, хостори муттањидии тамоми мусулмонон, аз он љумла мусулмонони кишвари Туркистон, яъне дар мавќеи исломгарої буд. Дар масъалаи миллї аксари сарварони он мавќеи туркпарастиро ишѓол мекарданд. 16 – 23-юми апрели соли 1917 дар Тошканд анљумани аввали- ни Шўрои исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шуъ- баи шўро иштирок доштанд. Анљуман ќарор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз љињати сиёсию фарњангї кишвари мухтор ва мустаќил бошад. Анљуман Њукумати муваќќатии Русияро эъти- роф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъќул шуморид. Дар анљуман Шўрои кишварии мусулмонони Туркис- тон дар њайати М.К.Абдурашидов, М.Чоќаев, М.Бењбудї ва ди- гарон интихоб шуд. Аммо дар њайати сарварони Шўрои исломия якдилї вуљуд надошт. Муборизаи гурўњњо барои ба даст овар- дани сарварии шўро мушоњида мешуд. Махсусан, намояндаго- ни рўњониён аз фаъолияти он чандон ќаноатманд набуданд, зеро онњо мехостанд, ки шўро танњо дар асоси талабњои Ќуръони ша- риф ва шариат амал кунад. Инчунин, тамоми фаъолияти Шўроро дар зери назорати худ гирифтанї буданд, то ин ки Шўро аз рўйи наќшаи онњо амал кунад. Аксари аъзои Шўрои исломия Ќуръони шариф ва шариатро муќаддас њисоб кунанд њам, кори шўроро мувофиќи талаботи замон пеш бурданї буданд. Дар натиља на- мояндагони рўњониён аз амалї гардидани маќсадњои худ ноумед шуда, моњи июни њамон сол аз њайати Шўрои исломия барома- данд ва ташкилоти мустаќили худро бо номи Шўрои уламо бун- ёд карданд. Ба Шўрои уламо намояндагони рўњониён, заминдорони ка- лон, ќисман зиёиён, умуман онњое, ки маќоми динро дар њаёти љамъиятию сиёсї баланд бардошта, асосњои шариатро пурра љорї карданї буданд, дохил гардиданд. 17 – 20-уми сентябри соли 1917 онњо низ дар шањри Тошканд анљуман даъват карданд. Дар он ќарор карда шуд, ки шуъбањои шўроро дар њамаи шањрњои кишвари Туркистон бунёд намоянд. Шўрои исломия ва Шўрои уламо оид ба такдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан њамфикр буданд, яъне онњо мухто- рияти фарњангию сиёсии кишварро тарафдорї мекарданд. Ба ин Анљумани III мусулмонони кишвари Туркистон, ки бо ташаббуси 197 шўроњои номбурда моњи сентябри соли 1917 дар Тошканд љамъ омад, гувоњї медињад. Фаъолияти њизбњои сиёсї. Ѓалабаи Инќилоби феврал дар ав- вал ба фаъолияти њизбњои Русия такони љиддї дод. Махсусан, он њизбњое, ки тарафдори сарнагун карда шудани мутлаќият буданд (аз љумла болшевикон, меншевикон, эсерон, сотсиалистони халќї ва трудовикњо) аз натиљаи инќилоб асосан ќаноатманд буданд. Акнун онњо фаъолияти худро ба шароити нав мутобиќ менаму- данд. Масалан, болшевикон дар Русия аз фаъолияти пинњонкорї баромада, бо сарварии асосгузори њизби худ В.И.Ленин барои ба таври осоишта ба инќилоби сотсиалистї табдил додани инќилоби буржуазию демократї тайёрї медиданд. Дар шароити кишвари Туркистон дар арафа ва рўзњои Инќилоби феврал болшевикон ва меншевикон дар доираи ташкилотњои ягонаи сотсиал-демократї пинњонї амал мекарданд. Назар ба марказ људоии байни болше- викон ва меншевикон дар шароити кишвар ба зудї ба амал нао- мад. Ѓайр аз ин, болшевикон ва меншевикони кишвар маќсади људогона амал карданро њам надоштанд. Махсусан, меншевико- ни кишвар, ки нисбат ба болшевикон сершумор буданд, маќсади ягона нигоњ доштани ташкилоти сотсиал-демократиро доштанд. 21–27-уми июни соли 1917 дар шањри Тошканд Анљумани II кишварии Њизби сотсиал-демократї барпо гардид. Дар он аз 31 на- моянда 11 нафар ва аз 22 ташкилот 12-тоаш ба болшевикон, боќї ба меншевикон тааллуќ доштанд. Дар анљуман масъалаи «Дар бо- раи ягонагии њизбї» ба тарзи васеъ баррасї гардид. Ин аз он дало- лат мекунад, ки болшевикони Туркистон њанўз дастури марказ «Ба муттањидї хотима гузоред!»-ро нагирифта буданд, зеро мувофиќи он болшевикон бояд аз њар гуна созиш бо меншевикон худдорї мекарданд. Дар ин анљуман ягон нафар болшевик масъалаи људої аз меншевиконро ба миён нагузошт. Баръакс, мувофиќи ќарори анљуман, муттањидии тамоми ќуввањо ва равияњо зарур шумори- да мешуд. Инчунин, таъкид карда мешуд, ки људої, фраксиябозї боиси њалокати њаракати сотсиал-демократии Русия мегардад. Ба андешаи онњо, гуногунии аќида ањамият дошта бошад њам, он на- бояд сабаби азњампошии ташкилот гардад. Аввали моњи июли соли 1917 дар Петроград Њукумати Муваќќатї намоиши коргаронро тирборон кард ва бо ин давраи дуњокимиятї дар Русия ба охир расид. Баъд аз ин људоии бай- ни болшевикон ва меншевикон боз њам зиёдтар шуд. Як ќисми 198 меншевикњо мавќеи ростро ишѓол карда, ба њизбњои буржуазї наздик шуданд ва муќобили болшевикон буданд. Ќисми дигари меншевикон мавќеи чапро ишѓол намуда (онњоро меншевикони интернатсионалист њам мегўянд), ба болшевикон нисбатан наз- дик шуданд. Њизби эсерњо дар кишвари Туркистон баъди сотсиал- демократњо аз њизбњои бонуфузтарини марказї ба њисоб мерафт. Он солњои 1907–1910 ба парокандагї дучор шуда, баъди инки- лоби феврали соли 1917 фаъолияти худро, аз љумла дар кишвари Туркистон аз нав оѓоз намуд ва то моњњои июл-август бо болше- викон якљо амал мекард. Дар шароити кишвари Туркистон эсерњо дар шўроњо аксариятро ташкил медоданд. Моњи майи соли 1917 дар шањри Тошканд анљумани эсерњои кишвар баргузор шуд. Эсерњо ба ќанотњои чап ва рост таќсим шуда буданд. Дар бис- ёр шањрњои кишвар: Самарќанд, Ќўќанд, Бухорои Нав, Хуљанд ва ѓайра нуфузи эсерони чап назаррастар буд. Онњо сиёсати нисбат ба дењќонон номаълуми Њукумати Муваќќатиро ба зери танќид мегирифтанд, созиши ин њукуматро бо заминдорон ва буржуази- яи калон сарзаниш мекарданд. Чунин мавќеъ эсерони чапро бо сотсиал-демократњо наздик менамуд. Эсерњои рост, баръакс, сиё- сати Њукумати Муваќќатии буржуазиро аз њар љињат тарафдорї мекарданд. Сарчашма: Яке аз фаъолони њаракати љадидї Абдуррауф Фитрат дар хитобааш ба мардуми кишвари Туркистон гуфтааст: «Мусул- монони Туркистон! Биёед, аз барои Пайѓамбар, аз барои дин, аз барои илм муттањид шавем: ба низои байнихудї ва тафриќаи синфї чашм пўшем, худро бо риштањои дўстию иттињод барбан- дем, ки нахустпанди ислом аст, биёед, даст ба њамдигар дињем». (Рўзномаи «Њуррият», 1917, 25-уми июн). Санањои муњим: 1917, 9-уми март – ташкилёбии Шўрои исломия. 1917, 16 – 23-уми апрел – анљумани 1-уми Шўрои исломия. 1917, май - Анљумани Њизби эсерњои кишвари Туркистон. 1917, 21 – 27-уми июн – анљумани II кишвари Туркистонии Њизби сотсиал-демократ. 199 Савол ва супоришњо: 1) Шўрои исломия кай ташкил ёфт ва ташкилкунандаго- ни он кињо буданд? 2) Ба Шўрои исломия кадом табаќањои ањолї дохил мешуданд? 3) Маќсади Шўрои исломия аз чї ибо- рат буд? 4) Тарафдорони Шўрои уламо чї мехостанд ва чаро онњо аз Шўрои исломия људо шуда, ташкилоти алоњида бунёд карданд? 5) Муносибати њизбњои сиёсии Русия нисбати ѓалабаи инќилоби буржуазию демократии феврал чї тавр буд? 6) Дар шароити кишвари Туркистон фаъолияти њизбњо, аз љумла сотсиал-демократњо, дар арафа ва баъди Инќилоби феврал (-и соли 1917)-и Русия чї тавр буд? 7) §§ 26 ва 41- ро такрор кунед. 200 БОБИ 13 ТАЪСИРИ ЃАЛАБАИ ИНЌИЛОБИ ФЕВРАЛИ РУСИЯ БА АМОРАТИ БУХОРО §43. ИНЌИЛОБИ ФЕВРАЛИ РУСИЯ ВА АМОРАТИ БУХОРО Мавќеи амир Олимхон нисбат ба инќилоб. Хабари ѓалабаи Инќилоби буржуазию демократї (феврал)-и Русия ба воситаи кормандони Агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия ба зудї то ба њукумати амирии Бухоро расид. Махсусан, аз тахт мањрум гардидани подшоњ Николайи II аз њама бештар амири Бухо- ро – Олимхонро ба ташвиш андохт, зеро, тавре ки зикр гардид, подшоњи Русия барои њукумати амирии Бухоро пушту паноњи асосї ба њисоб мерафт. Аз њамин сабаб амир Олимхон бо шунида- ни хабари барњам хўрдани мутлаќияти Русия, ба ибораи С.Айнї «якбора сарриштаи кори худро гум карда, пойро аз cap намеши- нохт ва метарсид, ки фирќаи ањрор ва асокири Русия мабодо таб- дили асоси њукумати Бухороро хоњон шаванд, амир ва атбоаш- ро мисли Николай ва арконаш аз беху бунёд барњам зананд». Би- нобар ин њукумати амирї тамоми чорањоро андешид, ки дар сар- замини аморат ба хуруљњои халќї роњ надињад. Ў дар амалиёт бо кормандони Агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия якљоя амал мекард. Таъсири инќилоб ба аморати Бухоро. Мардуми аморати Бу- хоро танњо 4-уми марти соли 1917 бо омадани матбуоти даврї аз ѓалабаи Инќилоби феврали Русия ва аз тахт рафтани подшоњ огоњ гаштанд. Баъди ин ба Агенти сиёсии Бухоро аз эълон на- мудани он, ки гўё подшоњ «бо ихтиёри худ» рафтааст, чораи ди- гар намонда буд. Ў дар навбати худ даъват намуд, ки на танњо дар ќаламрави аморат, балки дар мањаллањои руснишини он низ оромї ва тартибу интизомро риоя намоянд. Вале ќатъи назар аз кўшишњои њукумати амирї ва кормандони Агентии сиёсї, дар сарзамини аморат, аз љумла дар истгоњи роњи оњани назди дарво- заи Ќаршии шањри Бухорои Куњна ва дар Бухорои Нав (Когон) бахшида ба Инќилоби феврали Русия љамъомаду митингњо бар- по гардиданд. Моњи март дар Бухорои Нав, Чорљўйи Нав, Каркї ва Тирмиз шўроњои намояндагии коргарон ба вуљуд омаданд, ки аксари онњоро эсеру меншевикон сарварї менамуданд. Дар ин 201 мањалњо инчунин кумитањои иљроияи Њукумати Муваќќатї низ бунёд гардиданд, ки дар ибтидо ба онњо бояд Агенти сиёсї назо- рат мекард. 17-уми марти соли 1917 Агентии сиёсї ба резиденсияи Русия дар Бухоро табдил дода шуд. Аслан чунин таѓйирот фаќат дар ном буд, зеро дар иљрои вазифаи онњо таѓйироте дида намешуд. Болоравии њаракати ислоњотхоњонаи љавонбухороиён. Ѓала- баи Инќилоби буржуазию демократии феврали Русия ба фаъ- олияти љавонбухороиён такони љиддї дод. Онњо, ки дар натиљаи таъќиби њукуматдорони аморат пинњонї амал мекарданд, аз маѓлубияти пушту паноњи амири Бухоро, подшоњ Николайи II рўњбаланд гардида, дар роњи ислоњот нисбатан љиддитар амал карданд. Љамъияти махфии онњо, ки дар дохили шањри Бухорои Куњна фаъолият дошт, дар гўшањои шањр низ шуъбањои худро ку- шод. Сафи љавонбухороиён, махсусан, аз њисоби толибилмони мадрасањои шањр рўз то рўз меафзуд. Бояд таъкид кард, ки дар натиљаи таъсири Инќилоби февра- ли Русия дар фаъолияти љавонбухороиён таѓйирот ба вуљуд омад. Онњо дар шароити нав талаботи ислоњоти мактабу мадрасањо ва усули дарсдињиро дуюмдараља њисобида, дар чашмандози ав- вал ислоњоти њукумати амирии Бухороро гузоштанд ва дар ин роњ ба кумаки Њукумати Муваќќатии Русия умед доштанд. Бо њамин маќсад, љавонбухороиён ба номи он њукумат барќияњо фи- ристода, аввал њукумати навро табрик гуфта, сониян, кумаки онро дар ислоњи тартиботи амирии Бухоро хоњиш карданд, вале на њамаи намояндагони Њукумати Муваќќатии Русия тарафдо- ри ислоњоти тартиботи амирии Бухоро буданд. Масалан, вазири адлия А.Ф.Керенский (ходими њизби трудовикњо ва баъд эсерњо, аз 8-уми июл то 26-уми октябр сарвари Њукумати Муваќќатї) љонибдори ба Русия њамроњ карда шудани аморати Бухоро буда- аст. Умеди љавонбухороиён ба «кумак»-и Њукумати Муваќќатї барбод нарафт. Ба кормандони резиденсия ва худи амир хабари тарафдори ислоњоти тартиботи амирї будани њукумати нави Ру- сия ворид шуд. Мувофиќи он ризоят, ташаббуси татбиќи ислоњот ба уњдаи худи «љаноби олї» – амир Олимхон гузошта мешуд. Њукумати амирии Бухоро дар вазъияти нињоят мушкиле мон- да буд, зеро аз як тараф, дар дохили мамлакат љавонбухороиён њамчун ќувваи ягонаи мухолиф аз амир ислоњот талаб кунанд, аз 202 тарафи дигар, Њукумати Муваќќатии Русия њам ин гуна ислоњотро хоњиш намудааст. Кормандони резиденсия, ки маслињатгари асо- сии амир ва њукумати ў ба њисоб мерафтанд, тарафдори ислоњот буданд. Аз ин рў барои амир Олимхон ва њукумати ў ѓайр аз љорї кардани ислоњот роњи дигаре набуд. Масалан, ќўшбегї Насрулло низ аз хусуси зарурати ислоњот сухан гуфтааст. Вале муќобилони ислоњот аз вазъияте, ки баъди Инќилоби феврали Русия ба вуљуд омада буд, хулосаи дуруст набаро- варда буданд. Масалан, ќозикалон Бурњониддин ва Мир- зо Низомиддинхољаи урганљї, ки баъд аз ќўшбегї ашхоси дуюм дар њукумати амирї ба њисоб мерафтанд, ба њар кор љуз «намехоњам» љавобе надоштанд. Муќобилони ислоњот амалиёти худро пинњон надошта, нисбат ба тарафдорони ислоњот, махсу- сан љавонбухороиён, њар гуна буњтонњо мебофтанд. Онњо динро њамчун аслиња ба муќобили љавонбухороиён истифода карданд. Чунин ањвол вазъияти њукумати амириро боз њам вазнинтар гар- донид. Бинобар ин амир ва ќўшбегї маљбур шуданд, ки дар роњи ислоњот њар гуна амалиёти худро аз душманони ислоњот пинњон доранд. Таѓйирот дар њукумати амир. Амир ва ќўшбегї вазъиятро ба назар гирифта, бо маќсади наљот додани салтанати худ ба ислоњот розї шуданд. Њарчанд онњо инро намехостанд, дар ин кор якљо бо кормандони резиденсияи Русия лоиња ва дигар дастурњои за- руриро њозир намуданд. Њукумати Муваќќатии Русия ба мансабдорони аморати Бу- хоро симои њаќиќии худро нишон дод. Акнун амир ва њукумати ў дар симои њукумати нави Русия ба худ пушту паноњи тозае пайдо карда буданд. Мувофиќи баъзе маълумот, ќўшбегї Насрулло бо маќсади таваљљуњи кормандони њукумати нави Русияро ба тара- фи њукумати амирии Бухоро равона кардан харљи зиёд кардааст. Вале ба доираи васеъ пањн гардидани масъалаи ислоњоти Бухоро амир ва ќўшбегиро ором намегузошт. Махсусан љавонбухороиён бесаброна мунтазири ислоњот буданд. Амир на- мехост, ки худро дар назди љомеа, пеш аз њама матбуоти давр, њокими мустабид нишон дињад. Амир ва њукумати ў ќуввањои зиддиислоњотии Бухороро чан- дон дуруст арзёбї накарда буданд. Онњо дар аввал бо маќсади осудагии амалиёташон муќобилони ислоњотро аз њокимияти марказї дур карданд. Масалан, амир 25-уми марти соли 1917 203 Бурњониддинро аз вазифаи ќозикалон озод намуда, ба љояш ќозии Ѓиждувон, тарафдори ислоњот, яке аз маърифатпарварони номии ибтидои асри ХХ-и Бухоро Шарифљон Махдуми Садри Зиёро таъ- йин кард. 26-уми март раиси Бухоро Абдуллохољаро низ аз ман- саб озод намуда, ба љояш ќозии Чорљўй, маърифатпарвари номї Абдусамадхољаро, 27-уми март ќозии Вобканд – Орифхољаро, ки тарафдори ислоњот буд, муфтиаскар таъйин намуд. Муфтиаскари собиќ Изомиддинхољаи Мусаннифро ба Ѓиждувон, раиси собиќ Абдуллохољаро ба Чорљўй ќозї таъйин намуд. Душмани ашад- дии ислоњот Мирзо Низомиддинхољаи урганљиро бо бањонаи хиз- мат ба Ќаршї равон кард. Пас аз чунин таѓйирот њукумати амир худро барои эълон намудани фармони ислоњот гўё аз њар љињат озод њис мекард. Њол он ки муќобилони ислоњот дер боз дар мак- табу мадрасањо ва гузарњои ањолинишини шањр ташвиќот бурда, як њиссаи мардумро ба тарафи худ кашида буданд. Сарчашма: С.Айнї дар бораи мавќеи арбобони њукумати амирии Бу- хоро нисбати масъалаи ислоњот навиштааст: «Дар марњалаи ав- вал аз арбобони њукумати Бухоро амир ва Насрулло-ќўшбегї бо мулоњизаи ин ки «бе ислоњот њукумати њозираро нигоњ доштан мумкин нест, агар инод кунем, њурриятпарастони рус, корга- ру аскарон ва њукумати муваќќатї ба муќобили мо бармехезанд ва дар натиља тахту тољи мо њам барбод меравад», як дараља ба ислоњот роѓиб менамуданд. Аммо Низомиддинхољаи урганљї ва ќозикалон Бурњониддин њатто номи ислоњотро шунидан намехос- танд. Насрулло-ќўшбегї, азбаски фикр ва орзуи ин ду нафарро наѓз медонист, маслињат кардан бо онњо, њатто огоњонидани онњоро њам дар бораи фикр ва ниятњои амир ва худаш лозим надид». (Ниг.:Айнї С. Таърихи инќилоби Бухоро, C.141). Санањои муњим: 1917, 17-уми март – Агенти сиёсии Русия дар Бухоро ба рези- денсия табдил дода шуд. 1917, 25-уми март–Бурњониддин аз мансаби ќозикалон озод карда шуд ва ба љойи ў Шарифљон Махдуми Садри Зиё таъйин гардид. 204 §44. ИСЛОЊОТИ АМИР OJIИMXOН Эълони ислоњот. Лоињаи фармони ислоњот, ки аз тарафи њукумати амир бо иштироки кормандони резиденсия тањия кар- да шуда буд, баъди дар Вазорати корњои хориљии Њукумати Муваќќатии Русия баррасї шудан, 4-уми апрели соли 1917 аз та- рафи њукумати нави Русия тасдиќ гардид. 7-уми апрсл ин лоиња дар мењмонхонаи «Рањимхонї»-и Арки Бухоро, дар њузури даъ- ватшудагон ва мењмонон эълон карда шуд. Мувофиќи лоињаи ислоњот, амир бояд дарбориёни худро ди- гар мекард; барои њамаи амалдорон аз хазина моњона таъйин ме- намуд (то ки онњо мардумро худсарона торољ накунанд); закот, хирољ ва дигар андозњо ба тартиб дароварда мешуд, ба худсарию бедодгарии амалдорон хотима мегузоштанд; аз њисоби марду- ми доно ва соњибдониши Бухоро дар назди њукумат як маљлиси машваратї таъйин карда мешуд; харљу дахли хазинаи њукуматиро ба њисоб мегирифтанд; барои маърифатнокии мардум дар Бухоро як чопхона мекушоданд ва ѓайра 8-уми апрели соли 1917 амир Олимхон ба номи сардори Њукумати Муваќќатии Русия княз Лвов ва вазири корњои хориљї Милюков аз хусуси эълони фармони ислоњот барќия фиристод. Дар oн ќайд шудааст, ки гўё «ќарори ў барои аз рўйи шариат гу- заронидани ислоњот ќатъї мебошад». Намоиши шукронаи љавонбухороиён. Эълони фармони ислоњот тарафдорон ва муќобилонашро ба њаракат даровард. Љавонбухороиён ба намоиш тайёрї дида, ќуввањои иртиљоии Савол ва супоришњо: 1) Чаро амир Олимхон аз ѓалабаи Инќилоби февра- ли Русия метарсид? 2) Инќилоби феврали Русия ба Бу- хоро чї гуна таъсир кард? 3) Љавонбухороиён хабари Инќилоби феврали Русияро чї гуна пешвоз гирифтанд? 4) Баъди Инќилоби феврали Русия дар талабот ва фа- ъолияти љавонбухороиён чї таѓйирот ба амал омад? 5) Чаро њукумати амирї роњи ислоњотро пеш гирифт ва оё ин сидќан буд? 6) Дар арафаи эълони лоињаи ислоњот дар њукумати амирї чї таѓйирот ба амал омад? 7) §§ 17, 31 ва 42-ро такрор кунед. 205 аморат, яъне мавќеи мухолифони ислоњотро ба эътибор нагириф- танд. Њол он ки мухолифони ислоњот њам аз њамон лањзаи эълони фармони ислоњот, аз нав ба љунбиш даромаданд. Намояндагони онњо њанўз њангоми хондани фармони ислоњот эътироз баён кар- данд. Баробари ба мухолифони ислоњот расидани хабари тарад- дуди намоиши љавонбухороиён онњо њам барои ба майдон баро- мадан омодагї медиданд. 8-уми апрел, соати 8-и пагоњї, намоиши љавонбухороиён оѓоз ёфт. Онњо бо шиорњои: «Зинда бод амир Олимхон!», «Зин- да бод ислоњот!», «Зинда бод амири озодихоњ!», «Зинда бод ами- ри њурриятпарвар Олимхон!», «Зинда бод озодї, конститутсия, озодии матбуот ва истиќлоли мактаб!» ба майдон баромада бу- данд. Шумораи намоишгарон дар оѓоз таќрибан њазор нафар буд, оњиста-оњиста аз њисоби шањриён афзуда, то ба 5 – 7 њазор нафар расид. Дар намоиш тољикон, яњудињо, эронињо, ўзбекњо, тоторњо ва дигар мардуми шањр иштирок карданд. Ваќте ки љавонбухороиён аз Чорсўи Бухоро ба роњ баромада то Хиёбон расиданд, аз тарафи дигар мухолифони ислоњот низ ба Регистони Бухоро, яъне ба майдони назди Арк ворид шуданд. Ак- сари аксулњаракатчиён аз љумлаи диндорони иртиљоъпараст бу- данд. Онњо аз гумроњии мардуми Бухоро истифода карда, Чунон ки С. Айнї ба хотир меоварад, ба миёни худ фўта баста, дод зада мегуфтанд: «Во шариато! Во дино! Во ќурбоно! Эй мусулмонњо! Дин аз даст рафт, шариат тамом шуд, акнун рўйи занњоятонро ме- кушоянд, ба номуси духтаронатон таљовуз мекунанд, фарзандона- тонро дар мактаби кофирї мехононанд». Дар натиљаи ташвиќот як њиссаи дигари мардуми ѓофили шањр ба тарафи аксулњаракат гузаштанд. Бо њамин роњ мухолифони ислоњот тавонистанд, ки шумораи тарафдорони худро то ба 7 – 8 њазор нафар расонанд. Баъд аз cap шудани аксулњаракат, амир ва ќушбегї аз ин воќеа ба воњима афтода, муносибати худро нисбат ба ислоњотхоњон зуд таѓйир дода, тарафдори гурўњи мухолифон шуданд. Тамоми ќувваи њукуматї њам ба муќобили љавонбухороиён ва намоиши ташкил- кардаи онњо нигаронида шуд. Дар натиља намоиши шукронаи љавонбухороиён пароканда карда шуд. Иштирокчиёни он ба њар тараф гурехтанд. Як ќисмашон барои халосии љони худ њатто ба та- рафи аксулњаракат гузаштанд. Бинобар ин «њар кас, – ба хотир мео- варад С.Айнї – барои њифзи љони худ дигареро «ин љадид аст» гуф- та, тањќир мекард ва сабаби дастгир шудани он бечора мегардид». 206 Аксулњаракатчиён на танњо ба љавонбухороиён, балки ба аш- хоси бонуфузи ислоњотхоње, ки дар њукумат вазифа доштанд, низ тањдид мекарданд. Аз љумла онњо ќозикалон Шарифљон Махду- ми Садри Зиёро њангоми аз хонааш ба Арк омадан дар майдони Регистон, дар он љое, ки чашми амир меафтод, тањќир карда, зада аз асп афтонда, бењуш намуданд. Раис Абдусамадхољаро дар наз- ди худи ќўшбегї зада маъюб карданд. Рўзњои 8-ум ва 9-уми апрел аз тарафи њукумати амирї ќариб 150 нафар иштирокчиёни намоиш, махсусан, љавонбухороиён, аз он љумла С.Айниро њабс карданд (агарчи ў муќобили намо- иш буду дар он иштирок надошт, бо вуљуди ин дастгир шуда, 75 чўб љазо дид). Ќисми зиёди љавонбухороиён, аз љумла сарварони онњо, ба Бухорои Нав (Когон) паноњ бурданд, вале маълум меша- вад, ки ин фољиа барои сарварони љавонбухороиён њанўз њам дар- си ибрат нашуда будааст. Онњо барои оштї бо амир розї шуда, 12 нафар намояндаи худ (асосан њама аъзои Кумитаи Марказї бо сарварии раиси он Муњиддин Мансуров)-ро 14-уми апрел барои гуфтушунид ба њузури амир фиристоданд. Кормандони резиден- сия дар ин чорабинї наќши миёнаравро бозиданд. Ваќте ки на- мояндагони љавонбухороиён ба Арк даромаданд, ба њабс гириф- та шуданд. Онњо танњо бо тањдиди Шўрои намояндагии коргаро- ни Бухорои Нав ва аскарони инќилобї аз ќатл рањої ёфтанд. 15-уми апрел дар Бухорои Нав бо ташаббуси Шўрои намоян- дагии коргарони шањр маљлиси серодаме барпо гардид. Дар он амалиёти кормандони резиденсияи Русияро дар рўзњои фољиаи Бухоро муњокима намуда, ќарор карданд, ки сарвари он Миллер ва муовинаш Шулга ба њабс гирифта шаванд. Ављи иртиљоъ дар Бухоро. Дар Бухоро баробари парокан- да карда шудани намоиши љавонбухороиён иртиљоъ тантана кард. Амир аз гузаштњои худ ва ислоњоти эълонкардааш даст ка- шид. Оњиста-оњиста тамоми мансабњо боз ба ихтиёри мухолифо- ни ислоњот гузашт. Масалан, 15-уми апрел ќўшбегї Насрулло аз вазифа маъзул гардид ва ба љойи ў душмани ашаддии ислоњот ва љавонбухороиён Мирзо Низомиддинхољаи урганљї нишаст. Мирзо Насруллоро бо тамоми ањли оилааш табъид ва њабс карда, баъдтар њамаашонро бо њукми амир ба ќатл расониданд. 31-уми июли соли 1917 Шарифљон Махдуми Садри Зиёро низ (њарчанд ў аз рўзи 8-уми апрел инљониб дар мансаб набуд ва бемори бистарї буд) бо њукми амир аз вазифаи ќозикалон озод карда, ба љойи ў 207 Бурњониддинро такроран таъ- йин карданд. Дар аморати Бухо- ро гурўњи иртиљоъпарастон ѓалабаи худро тантана ме- карданд. Таъќиби на танњо љавонбухороиён, балки хайр- хоњони онњо низ давом дошт. Иртиљоъпарастони аморат њатто аз мавќеъ ва амалиё- ти худи амир Олимхон оид ба масъалаи ислоњот розї набу- данд. Аз њамин сабаб онњо ав- вали моњи май масъалаи аз мансаби амир озод намудани Олимхон ва ба љойи ў таъйин кардани амакаш – беки Ѓузор иртиљоъпарасти ашаддї – Акрамхонро ба миён гузоштанд, вале ин гурўњ аз иќтидори њукумати Русия дар тарс буданд. Аз ин рў, онњо нияти иваз намудани амирро амалї карда натавонистанд. Бо њамин ислоњоти аз тарафи амир эълоншуда худ аз худ аз байн рафт. Њукумати амирии Бухоро дигар ба ин масъала барна- гашт. Воќеањои апрелии соли 1917-и Бухоро ба баъзе љавонбухо- роиён таъсири љиддї расонид. Онњо дигар ба ислоњ шудани њукумати амирї бовар надоштанд. Масалан, њанўз дар моњи апрели соли 1917 Фатњуллохоља ном шахс дар маљлиси гурўњи љавонбухороиёни Бухорои Нав масъалаи «њатман тайёр наму- дани шўриши яроќноки бухороиён»-ро ба миён гузоштааст. Ин гурўњ дар њуљљатњои бойгонї баъзан «љавонбухороиёни ашаддї» ном бурда мешавад. Сарчашма: Асли фармони ислоњоте, ки амир Олимхон 7-уми апрели соли 1917 эълон кардааст: «Њувалмустаон! Манфиат ва хайрияти умуми фуќарои худро малњузи хотир гардонида, ибтидо ба ризои умум ва хоњиши миллат намуда, Тахтапушти бараҳнаи С.Айнӣ баъди 75 зар- баи дурра, ки бо ҳукми амири Бухоро иҷро гар- дидааст. (апрели соли 1917) 208 иќдомот менамоем, ки идорањои њукумати мо бо ислоњоти васеъ, бар ваќфи тартиб иљро гардида, рафторњои худсарона ва афъоли собиќонаро барњам дињонем, Гўшзади хотири фуќарои худ мегардонем, ки љамеи ислоњот ва табаддулоти идорањои њукуматии мо бар ваќфи шаръи шариф шуда, орзу дорем, ки умуми фуќарои мо ба ин тариќа иќдомати мо ёрмандї ва ионатрасон бошанд, ки ба нури улум зуњури та- маддун ва тараќќї гардида, боиси зиё ва анвори Бухоро гардад. Аввало, иќдомоти мо барои ислоњи ќозихонањо ва истифо (пардохти молиёт – андоз) ва ахзи њиссатулхирољ ва закот ва ди- гар њаќќи султонї ва тараќќии саноат ва тиљорати мамлакат мах- сус бо давлати ќавишавкати Русия буда ва ба љомеи амалдорон ва маъмурин ва хидматгорони давлатхона мавољиби махсуси му- айян муќаррар карда, барои бар сабили адл хидматгузор шуда- ни онњо муфаттиши махсус таъйин намуда ва дигар тариќи инъо- моти собиќ њар кадом фарохури њолашон доштаро масдуд наму- дем. Мо бояд љамеи иќдомату тарвиљ ва тараќќии улум ва фуну- ни худро бар ваќфи шаръи шариф ба амал оваронем ва барои ма- нофеъ ва осоиши раиягони худ, ки ба пойтахти мо истиќомат до- ранд, хоњиш дорем, ки умуми миллати сокинини пойтахт аз бай- ни худњошон ашхоси соњибмашварат ва мунавварулафкорро ин- тихоб намуда, таъсис ва ташкили маљлис карда, барои ислоњот ва тараќќиёт ва танзим ва њифзуссињњои пойтахт саъй ва иљтињод на- моянд. Алваќт лозим медонем, ки албатта, як хазинахонаи њукуматї кушода, ќарор медињем, ки њисоби харљ ва мадохили муайяни мамлакатро ба давлатхонаи мо лозим ва зарур гардонад. Барои умуми раиягони мо лозим дониста, хусус љамеи иљтињодат ва умуратро ба ваќташ табъ кунонда, ба мамлакати Бухоро барои хайрият ва бањраманд гардидан нашр карда меша- вад, чунки матбаа барои табъ кунонидани таснифот ва таълифот ва нашриёт ва ахбор манофеи умум гардида ва ахбори зарури- ро бухороиён иттилоъ меёбанд. Зоти мо барои фуќарои худ баз- ли њиммат ва саъйи мавфур дорем, ки дар оянда иљрои умурати идорањои њукуматии мо ба ќадри лозимаи муайян мегардидааш ба машварати љамъият љорї шуда, ба манофеи фуќарои мо ша- вад. Бинобар сабаби хушбахтии мусовоти њомии мо, ки давлати ќавишавкати Русияанд, зоти мо раъй дорем, ки аз мањбусони ба 209 њабсхонаамон хобида ба ризои фуќарои ватани маълуф мањбусњо аз ќайд мураххас мегардонем. Явми љумъа, 28-и љамодиюссонии санаи 1335 њиљрї». (Ниг.: Айнї С. Таърихи инќилоби Бухоро.– Душанбе, 1987. С.153 – 154) С.Айнї дар бораи аз ислоњот даст кашидани амир Олимхон навиштааст: «... амир дар фикри њарчи зудтар гардонда гириф- тани он фармони манњус буд. Ў аз тарафи Њукумати Муваќќатї хотирљамъ шуда, фармони ислоњот бароварда, дар назди афко- ри умумї низ вазифаи худро ба љо оварда буд. Ба амир барои пас гирифтани ин фармон бањонае лозим буд. Азбаски аксулњаракат ба сабаби намоиши љавонон cap шудааст, тамоми масъулият ба љавонњо меафтод. Ин њам аз омади толеи амир буд. Барои њамин, амир бо cap шудани балво ба њабс кардани љавонон фармони умумї дод». (Ниг.: Айнї С. Таърихи инќилоби Бухоро. С.164). Санањои муњим: 1917, 4-уми апрел – аз тарафи Њукумати Муваќќатии Русия тасдиќ гардидани лоињаи ислоњоти пешнињодкардаи амири Бухо- ро. 1917, 7-уми апрел – лоињаи фармони ислоњот аз тарафи њукумати амирї эълон карда шуд. 1917, 8-уми апрел – намоиши шукронаи љавонбухороиён ба муносибати эълони лоињаи фармони ислоњот ва пароканда гар- дидани он. 1917, 8 – 9-уми апрел – аз тарафи њукумати амирї њабс карда шудани фаъолони намоиш ва љавонбухороиён. 1917, 15-уми апрел–маъзул гардидани ќўшбегї Мирзо Нас- рулло ва ба љойи ў таъйин шудани Мирзо Низомиддинхољаи урганљї. 1917, 31-уми июл–маъзул шудани ќозикалон Шарифљон Махдуми Садри Зиё ва ба љойи ў такроран таъйин гардидани Бурњониддин. 210 Савол ва супоришњо: 1) Лоињаи фармони ислоњоти амир кай эълон карда шуд? 2) Мазмуни лоињаи фармони ислоњоти эълонкар- даи амир аз чї иборат буд? 3) Чаро љавонбухороиён ба муносибати эълони лоињаи фармони ислоњоти амир на- моиши шукрона ташкил карданд? 4) Њангоми намоиш љавонбухороиён чї гуна шиорњо доштанд ва муќобилони ислоњот чї гуна ташвиќот бурданд? 5) Иштирокчиё- ни намоиш аз њар ду тараф, яъне њам тарафдорон ва њам муќобилон кињо буданд? 6) Чаро амир ва ќўшбегї якбора ба тарафи муќобилони ислоњот ва намоиш гузаштанд? 7) Он намоиш бо чї анљом ёфт? 8) Таќдири лоињаи фармони ислоњоти эълонкардаи амир ва гузаштњои ў чї шуд? 9) §§ 31 ва 43-ро такрор кунед. 211 БОБИ 14 ЃАЛАБАИ ИНЌИЛОБИ ОКТЯБР ДАР РУСИЯ ВА БАРПО КАРДА ШУДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР ТОЉИКИСТОНИ ШИМОЛЇ ВА БАДАХШОН §§ 45 – 46 БАРЌАРОР ШУДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР УЕЗДИ ХУЉАНД ВА БОЛООБИ ЗАРАФШОН Ѓалабаи Инќилоби октябр дар Петроград. Дар Русия баъ- ди ба охир расидани дуњокимиятї ва яккањукмрон гардидани Њукумати Муваќќатї њам (аз аввали моњи июли соли 1917) вазъ- ият бењтар нагардид. Љанги якуми љањонї, ки Русия яке аз ишти- рокчиёни фаъоли он буд, давом дошт. Дар мамлакат мисли пеш- тара гуруснагї, беќурбшавии пул њукмфармої мекард. Ин бои- си норизоии на танњо мардум, балки аскарони рус низ гардид. Чунин вазъият аз хусуси дар Русия сабзида расидани нишонањои шўриши навбатї дарак медод. Махсусан, дар маркази империя – шањри Петроград хавфи таркиш эњсос мешуд. Њизби болшевикии Русия аз вазъияти бавуљудомада ба хубї истифода кард. Он ягона њизбе буд, ки бо Њукумати Муваќќатї созиш накард ва созиш кардан њам намехост. Баръакс, баъди воќеањои июлии соли 1917 дар Петроград (тирборон карда шу- дани намоиши осоиштаи коргарон ва поён ёфтани дуњокимиятї) Њизби болшевикї бо маќсади гирифтани њокимият мардумро ба шўриши навбатии мусаллањона даъват мекард. 24-уми октябри соли 1917 шўриш дар Петроград cap шуд. Ба он дар ќатори коргарон, инчунин, аскарони аз сиёсати Њукумати Муваќќатї норозї иштирок намуданд. Сарварии шўриш аз лањзањои аввал ба ихтиёри Њизби болшевикї гузашт. Дар ин роњ ба болшевикон танњо эсерњои чап ва меншевикњои чап то андо- зае хайрхоњ буданд. Њизбњои дигар: эсерони рост ва меншеви- кони рост, октябристњо, прогрессистњо, кадетњо, трудовикњо, иттифоќи халќи рус, натсионалистњо ва сотсиалистони халќї њам дар атрофи Њукумати Муваќќатї муттањид шуда, муќобили њар гуна шўриш буданд. Вале муттањидии онњо дигар Њукумати Муваќќатиро наљот дода натавонист. Шаби 24-ум ба 25-уми октябр дар Петроград тамоми пулњои дарёи Нева, вокзалњои роњи оњан, телеграф, телефон, почтамт, истгоњи барќї, Бонки давлатї ва ѓайраро шўришгарон ишѓол на- 212 муданд. Нињоят, шаби 25-ум ба 26- уми октябр (соати дую дањ даќиќаи шаби 26-уми октябр) ќароргоњи Њукумати Муваќќатии Русия – Ќасри Зимистона (њоло осорхонаи Эрмитаж) низ ба дасти шўришгарон гузашт. Аксари аъзои он њабс карда шуданд. Дар Петроград њокимият ба ихтиёри Кумитаи њарбии инќилобї, ки аз тарафи њизби болшевикї дар арафаи оѓози шўриш ташкил карда шуда буд, гузашт. 24-уми окгябр, соати 22.40 даќиќаи бегоњї дар ќасри Смолнийи Петроград Анљумани II Умумиру- сиягии шўроњои намояндагони кор- гарон ва аскарон ба кори худ шурўъ намуда, тањти назорати њизби болшевикї мегузашт. Аз ин рў 25- уми октябр (бо санаи нав 7-уми ноябр)-ро њамчун рўзи ѓалабаи Инќилоби октябр ва бунёди Њокимияти Шўравї љашн мегириф- танд. 24-уми октябр анљумани номбурда сарнагун гардида- ни Њукумати Муваќќатиро эълон кард. Њокимияти Шўравї– Шўрои Комиссарони Халќї (ШКХ) бо сарварии В.И.Ленин ба сари ќудрат омад. Анљумани мазкур њуљљатњои барои мардуми Русия њаётан зарур – «Декрет дар бораи сулњ» ва «Декрет дар бо- раи замин»-ро ќабул кард. Мувофиќи њуљљати аввала, Русия бояд аз љанги харобиовари љањон баромада, мардум ба њаёти осоишта бармегашт. Дар асоси њуљљати дуюм замин ба дењќонон барои ис- тифодаи доимї дода мешуд. 14-уми феврали соли 1918 дар Русияи Шуравї ба солшумо- рии григорянї гузаштанд, ки он аз солшумории пештараи Русия 13 рўз фарќ мекунад. Анљуман ќарор ќабул кард, ки дар тамоми сарзамини Ру- сия, аз он љумла кишвари Туркистон, њокимият бояд ба ихтиё- ри шўроњои намояндагии коргарон ва аскарони мањаллї гузарад. Вале на дар њамаи шањру вилоятњои Русия ин ќарорро хуш пази- руфтанд. Дар баъзе мањалњо тарафдорони Њукумати Мувакќатї барои бунёди њокимияти нав – шўравї муќобилати сахт нишон В.И.Ленин. Портрет. Асосгузори њизби болшевикии Русия ва Давлати Шўравї. 213 медоданд. Чунин муќобилат дар маркази кишвари Туркистон – шањри Тошканд низ дида мешуд. Ѓалабаи шўриш дар Тошканд. Шўриш дар Тошканд 28-уми октябри соли 1917 сар шуд. Бо ташаббуси болшевикон барои сарварї кардан ба шўриш Кумитаи инќилобї ташкил ёфт. Сар- вари Кумитаи Туркистонии Њукумати Муваќќатї генерал Крав- ченко дар шањри Тошканд кофї набудани ќувваи ба худ содиќро эњсос намуда, ба муќобили шўришгарон аз Фарѓона ќувва даъ- ват намуд. Аз чунин маќсади ў болшевикони Хуљанд огоњ гарди- да, барои он ки ќуввањои њарбї аз Фарѓона ба Тошканд рафта на- тавонанд, аз 28-уми октябр то 2-юми ноябр њаракати поездњоро аз истгоњи роњи оњани Хуљанд ќатъ карданд. Дар натиља, сарвари Њукумати Муваќќатии кишвар аз кумаки аскарони ба худ содиќ мањрум гардид. Бинобар ин, ба вай лозим омад, ки барои саркўб намудани шўриш асосан, ба ќуввањои дар шањри Тошканд буда такя намояд. Дар Тошканд чор рўз (аз 28-уми октябр то 1-уми ноябр) љангњои шадид ба амал омад. Болшевикони Тошканд тавонис- танд, ки ба аскарони мусаллањи генерал Кравченко аз њисоби мардум ќувваи бисёрро муќобил гузоранд. Нињоят, 1-уми ноябр (ба таќвими нав 14-уми ноябр) њокимият дар Тошканд ба ихтиё- ри Кумитаи инќилобї гузашт. Худи њамон рўз аз тарафи Шўрои намояндагии коргарон ва аскарони Тошканд мурољиатномаи «Ба мардум!» бароварда шуд. Тавассути он дар кишвари Тур- кистон ба ихтиёри Шўрои кишварї ва Кумитаи иљроияи шўрои шањрии намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани њокимият эълон карда шуд. Баробари оѓози шўриш дар истгоњи роњи оњани Урсатевск (Хавос) ва Драгомирово њокимият ба ихтиёри Куми- таи инќилобї гузашт. Дар конњои Сулукта ва Шўроб, кони наф- ти САНТО шўроњо бе њеч муќобилат ба њокимият соњиб шуданд. Аз 15-ум то 22-юми ноябри соли 1917 дар шањри Тошканд Анљумани III шўроњои намояндагии коргарон ва аскарони киш- вар барпо гашт. Анљуман баъди кашмакашњои хеле зиёд оид ба дар кишвари Туркистон барпо гардидани Њокимияти Шўравї ќарор ќабул кард. Яке аз масъалањои муњимтарине, ки анљуман баррасї кард, ташкили њокимияти кишварї буд. Нињоят, бо пешнињоди муштараки болшевикон ва максималистон1 аввалин 1 Максималистон – гурўње, ки њанўз соли 1904 дар њизби эсерњо ба вуљуд омада буд. 214 њокимияти шўравии кишвари Туркистон дар шакли Шўрои Ко- миссарони Халќї (ШКХ) ташкил ёфт. Раиси он болшевик Ф.И. Колесов интихоб гардид. Ба ихтиёри шўроњо гузаштани њокимият дар Хуљанд. Дар ара- фаи Инќилоби Октябр уезди Хуљанд њанўз њам ба њайати вилоя- ти Самарќанд дохил мешуд. Бинобар ин њалли таќдири њокимият дар ин маркази уездї ба таќдири њокимияти вилоятї, яъне Самарќанд, вобастагї дошт. Шўроњои Хуљанд ва Самарќанд нис- батан сернуфуз ва асосан дар ихтиёри эсерњо ва меншевикон бу- данд. Болшевикон асосан дар байни коргарон ва хизматчиёни роњи оњани Самарќанд нуфузи зиёд доштанд. 31-уми октябр коргарон ва хизматчиёни ин истгоњ дар љамъомади умумии худ иборат аз 10 нафар Кумитаи инќилобї ташкил намуданд, вале ин кумита аз тарафи шўроњо ва дигар њизбњои Самарќанд дастгирї наёфт. Зеро меншевикњо ва эсерњои ин шањр, ки шўроњои шањрї ва вилоятиро дар ихтиёр доштанд, аз гирифтани њокимият худдорї карданд. Аммо эсеру меншевикњои Хуљанд бар хилофи мавќеи эсеру меншевикњои Самарќанд њокимиятро ба дасти худ гирифтанд. 11-уми ноябри соли 1917 дар Хуљанд маљлиси васеи шўроњои намояндагии коргарон ва аскарон бо якљо бо намояндагони Иттифоќи мењнаткашон, думаи шањрї ва кумитањои иљроияи волостњои Ќистакўз ва Унљї барпо гардид. Ин љамъомад дар шањр ва уезди Хуљанд ба ихтиёри шўроњо гузаштани њокимиятро эълон карда, ба тарафдории дар кишвари Туркистон барпо кар- да шудани њокимияти шўроњо овоз дод. Худи њамон рўз шўрои шањрии Хуљанд дар шањр њокимиятро ба дасти худ гирифт. Дар ин шўро аксариятро аъзои њизбњои эсерњо ва меншевикњо таш- кил мекарданд. Сарвари шўроњои Хуљанд низ узви њизби эсерњо Т.Тараненко буд. Дар ибтидо (яъне аз ноябри соли 1917 то марти соли 1918) муносибати байни њокимияти марказии болшевикии кишвар бо њокимият (шўроњо)-и эсеру меншевикии Хуљанд чандон самимї набуд. Бинобар ин њукумати кишвар барои дар Хуљанд љорї на- мудани сиёсати худ бештар ба фраксияи болшевикон такя мекард. Болшевикони Хуљанд ба ќувваи аскарони сурх такя намуда, баробари мањви «Мухторияти Ќўќанд» (22-юми феврали соли 1918) ба иттифоќчиёну пайравони он – Шўрои исломия ва Шўрои уламои Хуљанд низ зарбаи ќатъї зада, мавќеи эсеру меншевикон- 215 ро хеле мањдуд намуданд. Моњи марти соли 1918 бо ташаббуси болшевик (узви шўрои кишварї) И.Калугин њайати нави шўрои намояндагони Хуљанд ташкил гардид. Акнун он махсусан, аз њисоби аъзои Иттифоќи мењнаткашон меафзуд. Худи шўро њам минбаъд номи Шўрои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмо- нон ва дењќонони Хуљандро гирифт. Ба он Г.Стерлингов (сарвари мањаллии эсерони чап) њамчун раис ва муовинони ў болшевикон: Е.А.Иванитский ва Љўра Шокаримов интихоб шуданд. Ин чунин маьно дошт, ки шўрои Хуљанд ба мавќеи болшевикї гузаштааст. Дар Хуљанд ва аксари маркази волостњои он ( ѓайр аз Ўротеппа ва то андозае Ќистакўз), аз љумла дар Унљї, Ѓўлакандоз, Нов, Ис- фана, Чапќулоќ, Бокса-Себиргон, Сретен, Уралск (Дилварзин) аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 тартиботи шўравї ба тарзи осоишта барќарор карда шуд Барпо карда шудани Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа ва Мастчоњ. Дар арафаи бунёд карда шудани Њокамияти Шўравї дар Ўротеппа ва ноњияњои атрофи он вазъият чандон мураккаб набуд, баръакс, то андозае оромї њукмфармої мекард. Ба ноњияи Ўротеппа волостњои Ўротеппа, Ѓончї, Шањристон, Басманда, Далён ва Мастчоњ, ки то моњи майи соли 1919 дар њайати уезди Хуљанд буданд, дохил мешуданд. Дар худи Ўротеппа њокимият моњи ноябри соли 1917 ба шўрои мањаллї, ки дар ихтиёри эсе- ру меншевикњо буд, гузашт. Аз моњи ноябри соли 1917 то моњи марти соли 1918 дар волостњои Шањристон, Басманда, Далён, Мастчоњ ва Ѓончї њам ба ихтиёри шўроњои мањаллї гузаштани њокимият эълон гардид. Аммо дар баъзеи ин мањалњо, аз љумла дар Ўротеппа Њокимияти Шўравї њанўз амалан бунёд нагарди- да, ба зудї сарнагун гардид. Шўрои шањри Ўротеппа баробари ба даст гирифтани њокимият аз маркази кишвар – шањри Тошканд супориш ги- рифт, ки барои наљоти мардум аз гуруснагї (кишвари Туркистон- ро кайњо фаро гирифта буд) маъракаи мусодираи ѓалла гузаро- над. Дар натиљаи ин тадбир ѓаллаи мардум дар бозор ва аз ду- кону хонаашон мусодира карда мешуд. Чунин тадбир дар шањр вазъиятро хеле мураккаб гардонид. Худи аъзои шўро, ки асосан аз љумлаи эсеру меншевикон ва пайравони онњо буданд, чандон хоњиши иљрои ин супоришро надоштанд. Нуфузи болшевикон њанўз њам дар ин љо назаррас набуд. Ташкилоти мањаллии Шўрои исломия аз вазъияти баамало- 216 мада истифода карда, думаи шањриро аз нав барќарор кард. Бо ташаббуси ташкилоти мањаллии Шўрои уламо љамъияти маъна- вии диние бо номи «Нури ислом» бунёд гардид. Аъзои он рўйрост ба муќобили сиёсати мусодиракунии ѓалла баромаданд. Дар шањр як муддат на танњо њолати ба дуњокимиятї хос, яъне аз як тараф комиљроияи шўроњо ва аз тарафи дигар думаи шањрї, бал- ки бењокимиятию бесарусомонї низ њукмфармо гардид. Вазъияти дар шањри Ўротеппа баамаломада русзабонњои шањрро ба воњима андохт. Сарварони онњо 4-уми феврали соли 1918 ба комиљроияи шўроњои мањаллї (яъне Шўрои намоянда- гии коргарон ва аскарон) мурољиат карда, барои муњофизати худ аслиња хостанд. Дар комиљроияи шањр, ки чун шўрои мањаллї аксариятро эсеру меншевикњо ташкил медоданд, ин дархостро маъќул шумориданд. 18-уми феврали соли 1918 бо пешнињоди судяи шањри Ўротеппа монархист В.И.Владимиров маљлиси муштараки шањрвандон ва аскарони русзабон љамъ омад ва дар он ќарор карда шуд, ки ба- рои таъмини амнияти русзабонњои Ўротеппа аз њисоби мардо- ни русзабон дружинаи халќї ташкил дода шавад. Чун органи роњбарикунанда шўрои дружинаро иборат аз панљ нафар инти- хоб намуданд. Ба њайати ин шўро комиссари мањаллї Шомирзо Шокаримбоевро, ки забони русиро медонист, низ дохил карданд. Њамин тавр, ташкилоти аксулинќилобии «дружинаи халќии рус» ба вуљуд омад. Маќсади асосии ин дружина дар баробари таъми- ни амнияти русзабонњо, соњиб шудан ба њокимият низ буд. Дружиначиёни Ўротеппа дар њайати њукумати кишвари Тур- кистон дар симои комиссари халќї оид ба корњои шањрвандї ва маъмурї Агапов такягоњи боэътимоде доштанд. Агапов аз номи раиси Шўрои Комиссарони Халќии Туркистон фармонеро имзо кард, ки мувофиќи он, дар Ўротеппа њокимият пурра ба ихтиёри дружина мегузашт. 13-уми апрели соли 1918 дар бинои думаи шањрї маљлиси дружиначиён ва тарафдорони онњо барпо гардид. Дар он оид ба барњам додани Шўрои намояндагии коргарон ва аскарони Ўротеппа ќарор ќабул карда шуд. Комиљроияи шўрои шањр, ки аксари кормандонаш њанўз њам дар мавќеи эсеру меншевикњо бу- данд, ба муќобилати болшевикон ањамият надода, ба якљоя шу- дан бо «дружинаи халќии рус» ризоят доданд. Њамин тавр, дар шањри Ўротеппа Њокимияти Шўравї расман барњам хўрд. 217 Моњи майи соли 1918 бо ташаббуси болшевикони Ўротеппа, аз њисоби мухолифони дружиначиён Њизби коргарон ва дењќонони мусулмон бунёд гардид. Онњо шўрои намояндагии коргарон ва дењќононро низ аз нав ташкил карданд. Маќсади асосии ин ташкилотњо аз нав барќарор намудани Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа буд. Бо ин маќсад њизби нав мардумро ташвиќ мекард, ки барои дар Ўротеппа ба ихтиёри Шўрои намояндагии корга- рон ва дењќонон гузаштани њокимият ба мубориза бархезанд. Дар натиља муќобилони Њокимияти Шўравї дар атрофи шўрои дружина ва тарафдорони Њокимияти Шўравї дар атрофи шўрои намояндагии коргарон ва дењќонон љамъ омада буданд. Чунин њолат аз он гувоњї медињад, ки дар Ўротеппа боз дуњокимиятии нав ба вуљуд омадааст. 8-уми июли соли 1918 аз Хуљанд ба Ўротеппа ќисмњои аска- рони сурх фиристода шуданд ва онњо худи њамон рўз шањрро тањти назорат гирифтанд. Шўрои дружиначиён пароканда кар- да шуд. 10-уми июл ба ихтиёри Шўрои намояндагии коргарон ва дењќонон гузаштани тамоми њокимият дар Ўротеппа эълон кар- да шуд. Њамин тавр, Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа аз нав барќарор карда шуд. Баъди аз нав барќарор карда шудани Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа дар назди њукуматдорони кишвари Туркистон њалли масъалаи Мастчоњ ба миён омад, зеро дар ин гўшаи дур- даст Њокимияти Шўравї вуљуд надошт. Моњи феврали соли 1918 дар Мастчоњ низ ба љойи комисса- ри волостии собиќ Њукумати Муваќќатї ташкил ёфтани куми- таи иљроияи шўравиро эълон карданд. Тобистон дар ин љо њам маъракаи аз мардуми доро ва миёнањол ситондани ѓалла (чунон- ки дар Ўротеппа буд) яке аз сабабњои асосии аз байн рафтани Њокимияти Шўравї гардид. Моњи сентябр бо ташаббуси намо- яндаи кумитаи иљроияи вилояти Самарќанд Чечевичкин куми- таи иљроияи волости Мастчоњ таъсис ёфт, ки он танњо дењањои поёнї (ќисми ѓарбї)-и волостро дар бар мегирифт. Ќисми болої (шарќї)-и Мастчоњ аз ин воќеањо бехабар буданд. Раиси комиљроияи волости Мастчоњ Исо Олимбоеви ўротеппагї, ки худ дар мавќеи зиддишўравї меистод, интихоб гардид. Моњи ноябри соли 1918 дар Мастчоњ исёни зиддишўравї ба амал омад, ки яке аз ташаббускорони он худи Исо Олимбоев буд. Шўришгарон Њокимияти Шўравиро дар Мастчоњ сарнагун наму- 218 данд. Баъди дар Ўротеппа сарнагун карда шудани «дружиначи- ён», аз Ўротеппа ба сўйи Мастчоњ бо маќсади аз нав барќарор на- мудани Њокимияти Шўравї бо сарварии С. Я. Хохлов ба воситаи аѓбањои Камодон ва Оббурдон отряди махсуси 20-нафараи аска- рони сурх фиристода шуд. Вале ин отряд дар наздикии дењањои Мадрушкат ва Ревомутк аз тарафи мастчоњиён торумор карда шуд. Баъди ин аз Хуљанд бо сарварии раиси комиљроияи уезди Хуљанд Тихонов як отряди 56-нафара ба сўйи Мастчоњ рањсипор гардид. Аз Самарќанд низ ба сўйи Мастчоњ отряди дигаре бо сар- варии Н.А. Силченко ба роњ баромад. Бо маќсади пешгирї аз хунрезї кумитаи њарбии инќилобии Ўротеппа ќарор кард, ки бо ќуввањои зиддишўравии Мастчоњ роњи мусолињаро пеш гирад. 30-юми ноябр дар дењаи Овчї гуф- тушуниди тарафайн барпо шуда, сулњ имзо гардид. Мастчоњиён ваъда доданд, ки Њокимияти Шўравиро эътироф намуда, ба хуруљњои зиддишўравї хотима медињанд. Барпо карда шудани Њокимияти Шўравї дар Ашт. Бунёди Њокимияти Шўравї на танњо дар волости Ашт, балки дар Исфа- раю Конибодом њам, ки ба вилояти Фарѓона дохил мешуданд, ба воќеањои дар ин вилоят рўйдода сахт вобастагї дошт. To моњи де- кабри соли 1917 аксари ноњияњои ин вилоят, аз љумла волостњои номбурда, ба доираи идоракунии Мухторияти Ќўќанд дохил ме- шуданд. Танњо дар конњои нафти САНТО ва ангишти Шўроб моњи ноябр Њокимияти Шўравї барќарор карда шуд. 6-уми де- кабр дар натиљаи амалиёти љангии ќисмњои аскарони сурх марка- зи вилояти Фарѓона – шањри Скобелев (шањри Фарѓонаи имрўза) ба ихтиёри Њокимияти Шўравии Туркистон гузашт. 6–7-уми декабр дар шањри Скобелев анљумани шўроњои на- мояндагии коргарон, аскарон ва мусулмонони вилояти Фарѓона барпо гардид. Ин анљуман дар тамоми њудуди вилоят ба ихтиё- ри шўроњо гузаштани њокимиятро эълон кард, вале ин ќарор (аз ноњияњои номбурда) танњо дар њудуди волости Ашт амалї гар- дид, зеро дар Ашт нуфузи Шўрои исломия ва Шўрои уламо нис- батан суст буд. Ѓайр аз ин, волости Ашт аз маркази мухторият- чиён – шањри Ќўќанд нисбатан дур буд. Амалї намудани ќарори анљуман дар њудуди ин волост ба ягон муќобилат дучор наомад. Ин чунин маъно дорад, ки дар волости Ашт, бо вуљуди нуфузи зиёд надоштани болшевикон, Њокимияти Шўравї ба таври осо- ишта барќарор карда шудааст. Волостњои Исфараю Конибодом 219 минбаъд њам то охири феврали соли 1918 дар њайати Мухтория- ти Ќўќанд монданд. Барпо карда шудани Њокимияти Шўравї дар болооби Зараф- шон. Барпо карда шудани тартиботи шўравї дар мулкњои боло- оби Зарафшон, ки аз волостњои Панљакент, Фалѓар, Мастчоњ, Искандарї, Моѓиёну Зарафшон, Фороб, Офтобрў ва Киш- тут иборат буд, ба вазъи Самарќанд вобастагии ќавї дошт. Аз волостњои номбурда танњо Мастчоњ аз љињати маъмурї ба воситаи Ўротеппа ба уезди Хуљанд дохил мешуд. Волостњои боќимонда якљоя минтаќаи Панљакентро ташкил дода, ба њайати уезди Самарќанди вилояти Самарќанд шомил буданд. 13-уми декабри соли 1917 дар шањри Самарќанд анљумани II шўроњои вилоятї ба кор шурўъ намуд ва дар тамоми њудуди вилоят ба ихтиёри шўроњо гузаштани њокимиятро эълон кард. Дар њамин моњ кумитаи инќилобии Самарќанд намояндагони Њукумати Муваќќатиро, ки њанўз дар болооби Зарафшон сарва- рони волостњо буданд, аз вазифањояшон озод карда, барои бунё- ди Њукумати Шўравї намояндагони худро фиристод. Њамин тавр, моњи декабри соли 1917 дар болооби Зараф- шон, аз љумла дар волостњои Панљакент, Фалѓар, Искандарї, Моѓиёну Киштут, Фороб ва Офтобрў бе ягон муќобилати љиддї Њокимияти Шўравї барпо карда шуд. Сарчашма: Дар хитобномаи Анљумани II умумирусиягии шўроњо «Ба коргарон, солдатњо ва дењќонон!», ки 25-уми октябр (7-уми ноябр)-и соли 1917 ќабул гардидааст, аз љумла гуфта мешавад: «Њокимияти Советї ба њамаи халќњо сулњи фаврии демократї ва дар њамаи фронтњо муторакаи фаврї таклиф мекунад. Вай бе- пул ба ихтиёри кумитањои дењќонон додани заминњои помешикї, уделї ва монастириро таъмин менамояд, бо роњи комилан демо- кратикунонии армия њуќуќњои солдатро њимоя мекунад, аз бо- лои истењсолот назорати коргарї муќаррар менамояд, сари ваќт даъват кардани Маљлиси муассисонро таъмин менамояд, дар бо- раи ба шањрњо расонда истодани ѓалла ва ба дењот расонда ис- тодани заруртарин маводи зиндагї ѓамхорї мекунад, ба њамаи миллатњои сокини Русия њуќуќи њаќиќии худмуайянкуниро таъ- мин менамояд». (Ниг.: КПСС дар резолютсияњо.Љилди 2, Душан- бе, 1975. С.11). 220 Санањои муњим: 1917,25-уми октябр (7-уми ноябр) – ѓалабаи Инќилоби октябр дар Петроград. 1917, 1 (14) -уми ноябр – ѓалабаи шўриш дар Тошканд. 1917, 11 (24)-уми ноябр – ба ихтиёри шўроњо гузаштани њокимият дар Хуљанд. 1917, 15 – 22-уми ноябр – Анљумани III Шўроњои намоян- дагии коргарон ва аскарони кишвари Туркистон. Ташкил ёфта- ни њокимияти шўравии кишвар дар шакли Шўрои Комиссарони Халќї. 1917, ноябр-декабр – ба ихтиёри шўроњо гузаштани њокимият дар Ашт, Ўротеппа, Панљакент, Фалѓар, Искандарї, Моѓиёну Киштут, Фороб ва Офтобрў. 1917, 14-уми феврал – ба солшумории григорянї гузаштани Русияи Шўравї. 1918, 13-уми апрел – аз тарафи дружиначиён барњам дода шу- дани Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа. 1917, 10-уми июл – аз нав барќарор карда шудани Њокимияти Шўравї дар Ўротеппа. 1917 – барњам дода шудани Њокимияти Шўравї дар Мастчоњ. 1918, 30-юми ноябр – имзои сулњ дар дењаи Овчї. Мувофиќи он, аз тарафи мастчоњиён эътироф карда шудани Њокимияти Шўравї. Савол ва супоришњо: 1) Дар бораи ѓалабаи Инќилоби октябр дар Петро- град чї медонед ва дар натиљаи ѓалаба њокимият ба их- тиёри кї гузашт? 2) Шўриш дар Тошканд чї тавр ѓалаба кард? 3) Дар Хуљанд чї тавр њокимият ба ихтиёри шўроњо гузашт? 4) Сарварии шўроњои Хуљанд дар ихтиёри ка- дом њизбњо буд? 5) Дар Ўротеппа Њокимияти Шўравї чї тавр барпо карда шуд? 6) Дружиначиёни Ўротеппа кињо буданд ва чї мехостанд? 7) Дар Мастчоњ Њокимияти Шўравї чї тавр барпо карда шуд? 8) Дар Ашт њокимият ба ихтиёри шўроњо кай ва чї тавр гузашт? 9) Дар мањалњои болооби Зарафшон Њокимияти Шўравї кай ва чї тавр барпо карда шуд? 10) §§ 41 ва 42-ро такрор кунед. 221 § 47 МУХТОРИЯТИ ЌЎЌАНД Ба миён омадани масъалаи мухторияти Туркистон. Чунон ки таъкид кардем, аќидаи мухторияти Туркистон дар байни зи- ёиёни кишвар њанўз то барњам хўрдани њукумати подшоњї вуљуд дошт. Он пас аз шўриши миллию озодихоњии соли 1916 дар Оси- ёи Марказї ва махсусан, баъд аз ѓалабаи Инќилоби буржуазию демократии (феврали соли 1917) Русия боз бештар пањн гардид. Дар маркази ин њаракат ташкилотњои Шўрои исломия, Шўрои уламо, инчунин љадидони Туркис-тон меистоданд, ки дар њайати худ ќисми бузурги зиёиёни бедоргаштаи кишварро муттањид ме- карданд. Аммо амалдорони Њукумати Муваќќатии Русия чандон тарафдори фавран ба Туркистон додани њуќуќи мухторият набу- данд, вале ин дархостро рад њам накарданд. Моњи сентябри соли 1917 дар шањри Тошканд Анљумани III мусулмонони кишвари Туркистон ба тарафдории Мухторияти Туркистон ќарор ќабул кард. Дар анљуман муносибати минбаъ- даи Туркистону Русия низ муайян карда шуд. Мувофиќи он, Русия танњо муњофизати сарњади Туркистонро ба уњда дошта, ба корњои дохилии он набояд дахолат мекард. Барои нигањдории оромии дохилї Мухторияти Туркистон бояд ќўшунњои худро ташкил ме- дод. Ба андешаи мухториятхоњон, нуќтаи охирини њалли ин масъ- ала Маљлиси муассисони умумирусиягї ба њисоб мерафт. Тарафдорони Мухторияти Туркистон умеди комил доштанд, ки Маљлиси муассисони умумирусиягї ќарори Анљумани III му- сулмонони кишвари Туркистонро оид ба мухторият тасдиќ хоњад кард, вале Инќилоби Октябр умеди онњоро барбод дод. Њукумати Муваќќатии Русия, ки бо он тарафдорони мухторият њамкорї доштанд, сарнагун карда шуд. Дар Русия ба сари њокимият бол- шевикон омаданд. Сабабњои фаьолшавии мухториятхоњон. 2 (15)-уми ноябри соли 1917 аз тарафи Њокимияти Шўравї «Эъломияи њуќуќи халќњои Русия» ва 20-уми ноябр (3-юми декабр)-и њамон сол мурољиати он «Ба њамаи мењнаткашони мусулмони Русия ва Шарќ» интишор гардид. Ин њучљатњо ба халќњои собиќ мазлу- ми Русия њуќуќи мустаќилии миллї, аз љумла мухторият дод, вале амалї гардидани он њуљљатњо ба мавќеъ ва кордонии њукуматњои мањаллї вобаста буд. Аммо њукумати навтаъсиси шўравии Туркистон аќидаи 222 мухториятро рад накард, вале дастгирї низ нанамуд. Яъне, ба аќидаи он, њанўз Туркистон гўё ба мухторият омода набудааст. Чунин мавќеъ мухториятхоњонро норозї намуд. Ба аќидаи онњо, њокимияти марказии шўравї (яъне Федератсияи Русия) гўё дар асоси он њуљљатњо барои туркистониён њуќуќи мухториятро до- дааст, аммо њокимияти кишварї онро нахостааст. Бинобар ин мухториятхоњони кишвар фаъолтар амал карданро зарур шумо- риданд. Анљумани мухториятхоњон дар Ќўќанд, эълон гардидани Мухторияти Туркистон. 26-уми ноябр (9-уми декабр)-и соли 1917 дар шањри Ќўќанд Анљумани IV таъљилии мусулмонони кишвар, бо иштироки 205 намоянда ба кор шурўъ кард. Дар анљуман на- мояндагони ѓайримусулмон, аз љумла русњо ва яњудињо низ ишти- рок доштанд. 27-уми ноябр (10-уми декабр) анљуман мухторияти кишва- ри Туркистонро эълон кард. Дар ќарори анљуман аз љумла гуф- та мешуд, ки «анљуман хоњиши тамоми миллатњои сокини Тур- кистонро оид ба худмуайянкунї, ки Инќилоби бузурги Русия (яъне Инќилоби октябр – Н.Њ.) дод, ба инобат гирифта, Тур- кистонро њамчун сарзамини мухтор дар њайати Љумњурияти Де- мократии Федеративии Русия эълон намуда, (барои тасдиќ) ба Маљлиси муассисони Туркистон пешнињод мекунад». Анљуман инчунин муњофизати манфиати миллатњои камшумори киш- варро низ эълон намуд. Яке аз роњбарони фаъоли њизби мил- лии ќазоќњо «Алаш-Ордї», собиќ узви кумитаи туркистонии Њукумати Муваќќатии Русия, пантуркисти ашаддї Мустафо Та- нишбоев сарвари њукумати муваќќатии Мухторияти Туркистон таъйин гардид. Ба њайати њокимияти мухториятхоњон намоян- дагони ширкатњои машњури тиљоратию саноатї – Вадяев ва По- теляхов (њар ду намояндагони яњудиёни мањаллї) низ дохил шу- данд. Мустафо Чоќай нозири корњои хориљї таъйин гардид. Дар натиља, дар кишвари Туркистон дуњокимиятии нав: њокимияти шўравии Туркистон (марказаш дар Тошканд) ва дига- ре њокимияти Мухторияти Туркистон (марказаш дар Ќўќанд) ба вуљуд омад. Дувумї дар таърих бо номи «Мухторияти Ќўќанд» маълум аст. Тезутунд шудани муносибатњои Њокимияти Шўравии кишва- ри Туркистон ва мухториятхоњон. 6-уми декабри соли 1917 дар мадрасаи Бекларбегии шањри куњнаи Тошканд бо ташаббуси 223 Шўрои исломияи шањр чамъомади шањриён барпо гардид. Дар он ќарор карда шуд, ки 13-уми декабр барои дастгирии њукумати мухториятхоњон намоиш ташкил карда шавад. Бо њамин маќсад онњо кумитаи ташкилї интихоб намуданд, ки он барои гузарони- дани намоиш аз сарварони шањр иљозат хост. Намоиш дар рўзи муайяншуда, яъне рўзи иди мавлуди ша- рифи Муњаммад-пайѓамбар барпо гардид. Њукуматдорони Тош- канд намоишро фаќат дар ќисми куњнаи шањр – Ўрда иљозат до- данд, вале он тамоми шањрро фаро гирифт. Дар он на танњо мар- думи тањљойї: тољикон, ўзбекњо, ќазоќњо ва ѓайра, балки ќариб 2-3 њазор нафар русу русзабонњо низ фаъолона иштирок карданд. Мувофиќи наќша, намоишгарон бояд яке аз аксулинќилобиёни номї – Доррерро аз њабс озод намуда, дар Тошканд ба сари њокимият менишоданд. Ваќте ки Доррер аз њабс озод карда шуд, бо супориши сарвари гарнизони Тошканд, ба муќобили намоиш- чиён аз ќувваи аскарон истифода карданд. Дар натиља намоиш пароканда гардид. Ќариб 20 нафар, аз љумла 15 нафар мардуми мањаллї њалок шуданд. Шўрои Тошканд дар шањр њолати њарбї эълон кард. Умуман, мављудияти њукумати «мухторияти Ќўќанд» Њукумати Шўравии Туркистонро ором нагузошт. Сарвари њукумати кишвари Туркистони Шўравї Ф.И.Колесов торумори «Мухторияти Ќўќанд»-ро, ки аввали декабри соли 1917 оѓоз на- муда буд, идома дод. Бо кумаки ќисмњои аскарони сурх 20-уми де- кабр дар Андиљон, 28-уми декабр дар ќисми нави шањри Ќўќанд (яъне Ќўќанди Нав) Њокимияти Шўравї барпо гардид. Њукумати мухториятхоњон кўшид, ки аз њисоби мардум сафи муњофизони худро зиёд кунад, вале, аз як тараф, чунин хоњишмандон хеле кам буданд, аз тарафи дигар, барои ин пули зиёд лозим буд, зеро Њукумати Шўравии Туркистон њамаи пул ва коѓазњои ќиматноки бонкњои дар Ќўќанд бударо мусодира карда буд. Њамаи ин мушкилот, махсусан, мураккабии њолати молиявї, сарвари њукумати муваќќатии мухториятхоњон Мустафо Таниш- боевро маљбур намуд, ки ба истеъфо равад. Ўро Мустафо Чоќай иваз намуд. Њукумати Мустафо Чоќай бо маќсади бењтар гардонидани вазъияти молиявии Мухторият ба миќдори 30 млн сум (бо пули њамонваќта) заёми дохилї баровард, вале хоњишмандони харида- ни чунин заём хеле кам буданд. Аз ин рў онро маљбуран, њатто бо 224 зўрї ба тољирони хурд, махсусан, ба дукондорон таќсим карданд. Чунин тадбир боиси норизоии тољирони хурди миллї гардид ва натиљаи дилхоњ надод. Ваќте ки аз њукумати Мустафо Чоќай њам умеди наљот на- монд, доираи болоии мухториятхоњон Эргашро ба хизмат даъват намуда, ўро сарфармондењи «ќўшунњои ислом» таъйин карданд. 17-уми феврали соли 1918 дар шањри нави Ќўќанд гуфтушу- ниди тарафи шўравї ва мухториятхоњон бањри сулњ оѓоз ёфт. 18- уми феврал низ гуфтушунид давом кард, вале дар ин рўз Эргаш баъзе аъзои њукумати мухториятхоњ, аз он љумла М.Танишбоевро њабс намуд. Мустафо Чоќай ва баъзе аъзои њукумати ў фирор кар- данд. Эргашро, ки махсусан, аъзои Шўрои уламо дастгирї мекар- данд, хони Ќўќанд эълон карданд. Ин њодиса дар таърих њамчун «табаддулоти уламо» ё худ «табаддулоти Эргаш» маълум аст. Мањв карда шудани «Мухторияти Ќўќанд». Барпо кар- да шудани Њокимияти Шўравї дар Исфара ва Конибодом. Баъ- ди табаддулоти Эргаш тарафи шўравї идомаи музокираро бо мухториятхоњон нолозим шуморида, ба муќобили он амалиёти љангї шурўъ намуд. 19-уми феврал комиссари њарбии Туркисто- ни шўравї Е. Перфилев бо ќувваи бузург ба Ќўќанд њозир шуд ва бо фармони ў аз соати яки рўз то нимаи шаб ба сўйи шањри куњнаи Ќўќанд аз 12 тўп оташ кушоданд. 20-уми феврал баъди тирпарронињои зиёд ќисмњои њарбии дашнакњо вориди Ќўќанд шуданд. Онњо асосан, мардумро ѓорат карданд. Эргаш бо назидикони худ гурехт. 21-уми феврал гуф- тушуниди байни намояндагии шўроњо ва мухториятхоњони маѓлубшударо давом доданд. 22-юми феврал шартномаи та- рафайн барои ќатъ гардидани амалиёти љангї имзо карда шуд. Мувофиќи он, бесилоњ гардонидани тамоми тарафдорони мухто- рият; аз тарафи мухториятхоњон эътироф карда шудани Њукумати Шўравии кишвар ва ѓайра дар назар дошта мешуд. Бо њамин «Мухторияти Ќўќанд» баъди мављудияти 86-рўза аз тарафи аскарони сурх барњам дода шуд. Ин воќеа имкон дод, ки дар ќатори дигар мулкњои собиќ мухторият, инчунин дар Ко- нибодом ва Исфара њам Њокимияти Шўравї барќарор карда ша- вад. Вале бо барњам дода шудани «Мухторияти Ќўќанд» тух- ми зиддикоммунистї ва зиддишўравї, ки дар доираи мухторият муттањид гардида буданд, дар тамоми сарзамини Осиёи Марказї пањн гардид. 225 30-юми апрели соли 1918 дар Анљумани V Шўроњои кишвари Туркистон дар хусуси ташкилёбии Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Туркистон ќарор ќабул гардид. 1-уми майи соли 1917 ин воќеаи таърихиро ботантана эълон карданд. Эълон на- мудани мухторияти Туркистон яке аз талабњои асосии зиёиёни мањаллї, аз љумла Шўрои исломия ва Шўрои уламо ба њисоб ме- рафт. Агар моњи ноябри соли 1917 сарварони болшевикии киш- вари Туркистон чунин талаби мухториятхоњонро рад накар- да, иљрояшро аќаллан ба ваќти дигар мавќуф мегузоштанд, аз эњтимол дур набуд, ки зиддияти ќуввањо дар кишвари Туркистон аз байн мерафт. Сарчашма: Анљумани III мусулмонони кишвари Туркистон (сентябри соли 1917) замин ва обро дар кишвари Туркистон моли халќ эъ- лон намуда, њалли пурраи онро ба ихтиёри маљлиси умумихалќї гузошт. Мувофиќи барномаи мухторияти Туркистон, ки онро анљуман муњокима намуд, минбаъд Туркистон дар корњои идоракунї, молия, дин, фарњангу маориф мустаќил буда, ба раи- яти мухторият озодии эътиќод, сухан, матбуот ва ташкил додани љамъият (иттифоќ)-њоро медод. Ѓайр аз ин, мухториятхоњон ният доштанд, ки системаи шиноснома (паспортї)-ро бекор намуда, дар дохили мухторият ва барои ба хориља сафар кардани раия- таш рафтуомади озодро љорї намоянд. Инчунин, ба тартиб овар- дани андозњо, ба донишкадањои олї додани њуќуќи мустаќилї низ дар назар дошта мешуд. (Наг.: Рўзномаи «Омўзгор», 1994, 19, 26-уми январ, № 3, 4). Санањои муњим: 1917, сентябр –дар шањри Тошканд барпо гардидани Анљумани III мусулмонони кишвари Туркистон. 1917, 2 (15)-уми ноябр – аз тарафи Њокимияти Шўравї эълон гардидани «Эъломияи њуќуќи халќњои Русия». 1917, 20-уми ноябр (3-юми декабр) – нашр гардидани мурољиатномаи Њокимияти Шўравї «Ба њамаи мењнаткашони мусулмони Русия ва Шарќ». 1917, 27-уми ноябр (10-уми декабр) – аз тарафи Анљумани IV таъљилии мусулмонони кишвари Туркистон, ки дар шањри 226 Ќўќанд мегузашт, эълон карда шудани Мухторияти Туркистон. 1917, 13-уми декабр – ташкил карда шудани намоиш дар шањ- ри Тошканд барои дастгирии њукумати мухториятхоњон. 1917, 18-уми феврал – «табаддулоти Эргаш» дар Ќўќанд. 1917, 22-юми феврал – аз тарафи аскарони сурх торумор карда шудани «Мухторияти Ќўќанд». 1917, 30-юми апрел – Ќарори Анљумани V Шўроњои кишвари Туркистон оид ба ташкилёбии Љумњурии Мухтори Шўравии Сот- сиалистии Туркистон. §48. БАРПО КАРДА ШУДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР БАДАХШОН Мавќеи отряди Помир нисбати Њокимияти Шўравї. Дар Ба- дахшони Кўњї (мисли пештара) њар гуна таѓйироте, ки ба амал меомад, ба мавќеи отряди сарњадии аскарони рус (отряди По- мир) вобаста буд. Аз тарафи дигар, сарварони отряд дар ќатори вазифањои њарбї, инчунин, вазифањои маъмуриро низ иљро ме- карданд. Хулоса, сарвари отряд сарвари њарбию маъмурї ба њисоб рафта, њуќуќњои нисбатан васеъ дошт. Сарвари отряд пол- ковник Фенин буд. Савол ва супоришњо: 1) Масъалаи мухторияти Туркистон дар байни зиёи- ёни миллї кай ба вуљуд омад? 2) Чаро баъди Инќилоби октябр мухториятхоњон якбора фаъол гардиданд? 3) Чаро Анљумани IV таъљилии мусулмонони кишвари Туркис- тон дар шањри Ќўќанд барпо гардид? 4) Мухторияти Туркистон аз тарафи мухториятхоњон кай ва чї тавр эъ- лон гардид? 5) Чаро «Мухторияти Ќўќанд» меноманд? 6) Чаро муносибати байни Њокимияти Шўравии кишвари Туркистон ва мухториятхоњон тезутунд гардид? 7) Саба- би ба инќироз дучор омадани њукумати мухториятхоњон чист? 8) «Табаддулоти Эргаш» кай ва бо кадом маќсад ба амал омад? 9) «Мухторияти Ќўќанд» кай ва аз тарафи кї барњам дода шуд? 10) Кишвари Туркистон кай Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистї эълон гардид? 11) §§ 31 ва 42-ро такрор кунед. 227 Роњбарияти Туркистони Шўравї то тобистони соли 1918 та- саввур њам намекарданд, ки сарвари отряди Помир ва афсаро- ни он мавќеи зиддишўравиро ишѓол менамоянд. Бинобар ин, дар Бадахшони Кўњї њанўз Њокимияти Шўравї барпо нагардида, њукумати Туркистони Шўравї мањз мавќеи муњими њарбию стра- тегии ин минтаќаи сарњадиро ба эътибор гирифта, 10-уми июни соли 1918 дар бораи аз њисоби мардуми мањаллї – тољикон ва ќирѓизњо ташкил намудани милитсияи мањаллии Помир (Бадах- шони Кўњї) ќарор ќабул карда буд. Чунин ќарорро дар Тошканд ќабул карданд, вале дар Бадахшони Кўњї њанўз вазъияти ба замо- ни Њукумати Муваќќатї хос њукмрон буд. To 2-юми июли соли 1918 на танњо дар Бадахшон, њатто дар њудуди отряди Помир њам аз сарнагун гардидани Њукумати Муваќќатї дар Петроград ва Тошканд хабар надоштанд. Танњо 2-юми июл дар кумитаи аскарони отряд мактуби аз Тошканд фи- ристодаи П.Воловикро хонда, муњокима намуданд, ки дар он оид ба сарнагун шудани Њукумати Муваќќатї хабар дода мешуд. Дар натиља, хабари дар марказњо бунёд гардидани Њокимияти Шўроњо ба зудї дар байни афсарону аскарони отряд ва оњиста- оњиста дар байни мардуми ноњияњои Бадахшони Кўњї низ пањн гардид. Афсарону аскарони отряд бунёди тартиботи навро ба тав- ри гуногун ќабул карданд. Пеш аз њама, афсарон бо capварии полковник Фенин ва як ќисми аскарони ќатории отряд, ки ба Њукумати Муваќќатї содиќ буданд, Њокимияти Шўравиро эъти- роф накарданд. Тобистони соли 1918 аз Тошканд бо маќсади љорї намудани робита бо отряди Помир (ба Бадахшон) бо сарварии собиќ по- ручики ќўшунњои подшоњї Афанасев отряди иловагї фиристода шуд. Вале аксари аъзои ин отряд њам, бо сарварии худи Афанасев, муќобили тартиботи нав буданд. Аз ин рў, отряди Помир якљо бо отряди Афанасев дар мавќеи зиддишўравї ќарор доштанд. 30-юми августи соли 1918 мувофиќи фармоне, ки барои ќисмњои аскарони сурх бароварда шуд, отряди Помир ба тобеи- яти сардори комиссариати њарбии Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Туркистон гузашт. Аммо полковник Фенин ва ди- гар афсарони отряд на танњо ин фармонро ба эътибор нагириф- танд, балки њамоно аз шинохтани Њокимияти Шўравї саркашї мекарданд. 228 Нињоят, моњи ноябри соли 1918 полковник Фенин ва ди- гар афсарони отряд бенатиља будани мавќеи худро эњсос на- муда, бо 32 нафар аскарони ќатории отряд тамоми маблаѓ ва аслињаи мављудаи отрядро бо худ гирифта, ба воситаи Вахон ба Њиндустон гурехтанд. Бо њамин Кумитаи Умумипомирии Њукумати Муваќќатї барњам хўрд. Дар постњои сарњадии Поми- ри Шарќї ва Ѓарбї ќисми ками аскарони рус монданд. Аз њисоби њамин аскарон бо сардории Волков кумитаи инкилобї ташкил карда шуд, ки он мебоист дар Бадахшони Кўњї њокимиятро ба даст мегирифт. Отряди А.А.Холмаков. Барпо карда шудани Њокимияти Шўравї дар Бадахшон. Охири моњи ноябри соли 1918 Кумитаи Иљроияи Марказии (КИМ) Љумњурии Туркистон баробари шуни- дани хабари ба хориља гурехтани полковник Фенин ва дигар та- рафдоронаш оиди ба Бадахшон фиристодани комиссияи њарбию сиёсї ва отряди ихтиёрї бо сарварии коммунист А.А.Холмаков ќарор ќабул кард. Дар њайати отряд 20 нафар болшевикон бу- данд. Комиссия ва отряд моњи феврали соли 1917 бо душворињои хеле зиёд ба Хоруѓ расид. To омадани онњо дар Бадахшон бењокимиятї њукмфармо буд. Дар мањалњо њанўз ягон ташкилот ё худ љамъиятњои сиёсию инќилобї вуљуд надоштанд. Вазифаи асосии комиссия ва отряди А.А.Холмаков дар мањалњо ташкил намудани органњои њокимияти инќилобии халќї ва муњофизати сарњади давлатии Федератсияи Русия дар Бадахшон ба њисоб ме- рафт. Бањори соли 1919 бо ташаббуси комиссия ва отряд дар якчанд мањаллаи Бадахшон кумитањои инќилобї ташкил карда шуданд. Анљумани ин кумитањо барпо гардида, дар онњо оид ба муттањид намудани кумитањои Помири Ѓарбї ва Шарќї ќарор ќабул кар- данд. Роњбарии умумиро дар Бадахшони Кўњї кумитаи отряд бо сарварии А.А.Холмаков ба ихтиёри худ гирифт. Дар назди отряд низ кумитаи инќилобї ташкил карда шуд, ки ба њайати он ѓайр аз А.А.Холмаков, њамчунин П.Волков ва Руднев шомил буданд. Њамин тавр, бањори соли 1919 дар Бадахшони Кўњї бо ташаб- буси комиссия ва отряди А.Холмаков Њокимияти Шўравї таш- кил карда шуд. 229 Сарчашма: Сарвари шўрои Ўш болшевик Сретенский оид ба њайати отря- ди Афанасев, то фиристодани он ба Помир, ба њукумати Туркис- тони Шўравї чунин хабар дода буд: «... њайати отряд нисбат ба Њокимияти Шўравї хайрхоњ нестанд. Дар байни онњо унсурони австриягї (асирони њарбии австриягї – Н.Њ.) зиёданд. Бинобар ин, њушёриро набояд аз даст дод, то ин ки онњо аслињаи худро ба муќобили худи мо нагардонанд». (Ниг.: Очерки по истории Со- ветского Бадахшана. - Душанбе, 1981 - С. 83). Санањои муњим: 1917, 10-уми июн – ќарори њукумати Туркистони Шўравї оид ба ташкил намудани милитсияи мањаллї дар Помир (Бадахшо- ни Кўњї). 1917, 2-юми июл – ба отряди Помир ва мардуми Бадахшон расидани хабари сарнагун гардидани Њукумати Муваќќатї. 1917, 30-юми июн – ба тобеияти сардори комиссариати њарбии Љумњурии Мухтори Шўравии Туркистон гузаронида шудани от- ряди Помир. 1918, ноябр – ба хориља гурехтани сарвари отряди Помир полковник Фенин бо афсарон ва ќисме аз аскарони отряд. 1918, феврал – ба Хоруѓ расидани отряди А.А.Холмаков. 1917, бањор – барпо карда шудани Њокимияти Шўравї дар Бадахшони Кўњї. Савол ва супоришњо: 1) Чаро дар Бадахшони Кўњї њанўз Њокимияти Шўравї барпо нагардида, њокимияти Туркистони Шўравї 10-уми июни соли 1918 оид ба ташкил намуда- ни милитсияи мањаллї ќарор ќабул кард? 2) Мавќеи от- ряди Помир нисбат ба Њокимияти Шўравї чї гуна буд? 3) Чаро сарвари отряди Помир бо афсарон ва ќисме аз аскарон ба хориља гурехт? 4) Отряди Холмаков бо кадом маќсад ташкил карда шуд ва он ба Хоруѓ кай омад? 5) Њокимияти Шўравї дар Бадахшони Кўњї кай барпо кар- да шуд? 6) §§ 14 ва 41-ро такрор кунед. 230 БОБИ 15 САРНАГУН КАРДА ШУДАНИ ТАРТИБОТИ АМИРЇ ДАР БУХОРОИ МАРКАЗЇ ВА ТАШКИЛ ЁФТАНИ ЉУМЊУРИИ ХАЛЌИИ ШЎРАВИИ БУХОРО §49. ШИДДАТ ГИРИФТАНИ ЗИДДИЯТИ БАЙНИ АМОРАТИ БУХОРО ВА ДАВЛАТИ ШЎРАВЇ Амири Буxopo – Олимхон тавассути кормандони резиденси- яи Русия дар Бухоро аз сарнагун шудани Њукумати Муваќќатї дар Петроград ва дар кишвари Туркистон cap шудани њаракатњои инќилобї зуд огоњ гардид. Олимхон аз пушту паноњи боэътимод, ки онро дар симои Њукумати Муваќќатии Русия ба тозагї пай- до карда буд, мањрум шуд. Аз ин рў вай минбаъд худро мустаќил њисобида, бо њукумати нави Русия њељ муносибат карданї набуд. Инќилоб зуд ба мањаллањои руснишини аморати Бухоро – Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав, инчунин, нуќтањои сарњадї – Тирмиз, Каркї ва ѓайра расид. 29-уми октябр кумитаи инќилобї дар Бухо- рои Нав ба ихтиёраш гузаштани њокимиятро эълон кард. 31-уми октябр дар Чорљўйи Нав низ њокимият ба ихтиёри шўроњо гузашт. 2 – 7 (15 – 20)-уми декабри соли 1917 дар Бухорои Нав (Когон) Анљумани II шўроњои мањаллањои руснишин ва сарњадии амора- ти Бухоро барпо гардид. Вай дар ин мањаллањо барњам додани комиљроияи вилоятии собиќ Њукумати Муваќќатї ва резиденсия- ро маъќул шуморида, ба ихтиёри шўроњо гузаштани њокимиятро ба ќонуният даровард. Тезутундшавии вазъи сиёсї. Баъди дар Бухоро барњам дода шудани резиденсия барои Њукумати Шўравии кишвари Туркис- тон яке аз масъалањои мураккабтарин масъалаи муносибат бо њукумати амирии Бухоро буд. Аз ин рў Анљумани II шўроњои мањаллањои руснишин ва сарњадии аморати Бухоро бо маќсади аз нав ба роњмондани муносибатњои байнидавлатї бо аморати Бу- хоро, аз номи Давлати Шўравї коллегия оид ба корњои Бухоро- ро иборат аз намояндагони шўроњои Бухорои Нав, Чорљўйи Нав ва Тирмиз ташкил дод. Аммо ин коллегия њељ коре карда ната- вонист. Зеро њукумати амирї на танњо ин коллегия, балки уму- ман Њукумати Шўравї, аз љумла дар мањаллањои руснишин ва сарњадии аморат барпо гардидани чунин њукуматро эътироф на- кард. Аз ин рў, як муддат вазифаи резидентро (баъди барњам дода 231 шудани он) на коллегия, балки намояндаи фавќулодаи Њукумати Шўравї оид ба корњои Бухоро иљро намуд. 29-уми ноябр (12-уми декабр)-и соли 1917 сарвари њукумати кишвари Туркистони Шўравї Ф.И.Колесов ба амири Бухоро Сай- ид Олимхон барќия фиристода, дар он таъкид намуд, ки Њукумати Шўравї ба таври ќатъї принсипњои нисбат ба давлатњои хурд эъ- лонкардашударо риоя менамояд. Мувофиќи он, таъкид мегар- дид, ки њангоми оромї дар сарзамини Бухоро Њукумати Шўравї тайёр аст бо њукумати амирї муносибати худро бењтар намояд ва соњибихтиёрии Бухороро ба таври расмї шиносад, зеро яке аз принсипњои ба миллатњои дигар эълоннамудаи Давлати Шўравї принсипи њаќќи таъйини сарнавишти миллатњо буд. Амалї гар- дидани ин принсип ба сиёсати пешгирифтаи Њокимияти Шўравї вобастагї дошт. Вале њукумати амирии Бухоро бо Њукумати Шўравї муноси- бати худро бењтар карданї набуд. Бинобар ин, муносибати байни Давлати Шўравї ва аморати Бухоро тезутунд боќї монд. Мавќеи љавонбухороиён. Сабабњои таљовузи Колесов. Ќисми зиёди љавонбухороиён, махсусан сарварони он, дар аввал аз сар- нагун гардидани Њукумати Муваќќатии буржуазии Русия ѓамгин гардида буданд, зеро бовари онњо нисбат ба он њукумат хеле зиёд буд. Дар замоне ки зиддияти байни Давлати Шўравї ва њукумати амирї боло мегирифт, вазъияти љавонбухороиён боз њам душ- вортар гардид. Чунки љавонбухороиён баъди моњи апрели соли 1917 аксаран имкони дар Бухорои Куњна осоишта зистанро аз даст дода, муваќќатан дар Бухорои Нав (Когон) ќарор гирифта буданд. Њарчанд Њукумати Шўравї дар ин љо њукмронї мекард, вале онњоро љосусони амирї ором намегузоштанд. Бинобар ин ба сарварони љавонбухороиён зарур буд, ки муносибати худро нис- бат ба Давлати Шўравї муайян намоянд. Дар ин љо онњо бе њеч калавиш ба тарафи шўроњо гузаштанд, зеро оштї шудан бо му- холифин номумкин буд. Ѓайр аз ин, љавонбухороиён аз тезутунд шудани зиддияти байни Давлати Шўравї ва аморати Бухоро шод буданд. Љавонбухороиён аз ављ гирифтани зиддияти байни Давла- ти Шўравї ва аморати Бухоро истифода карданї шуданд. Пеш аз њама, вазъият онњоро маљбур менамуд, ки дар атрофи куми- таи марказии њизби худ, ки моњи марти соли 1917 ташкил ёфта буд, муттањид шуда, дар масъалаи Бухоро якљо бо њукумати Тур- 232 кистони Шўравї амал намоянд. Бо њамин маќсад онњо њайатеро бо сарварии Ф. Хољаев барои гуфтушунид ба Тошканд фиристо- данд. 6-уми декабр њайат ба Тошканд омад. Њангоми гуфтушунид Ф.Хољаев Ф.И.Колесовро бовар кунонидааст, ки љавонбухороиён гўё дар дохили Бухоро 30 њазор нафар шахсони ба худ содиќ, аз љумла 4 њазор нафар шахсони мусаллањ доштаанд. Њамаи онњо гўё мунтазири фармон ё худ ишорае њастанд. Намояндаи љавонбухороиён, инчунин, аз сарвари њукумати Туркистон барои мусаллањ намудани тарафдорони худ аслиња хостааст. Њамин тавр, дар рўзномаи гуфтушунид масъалаи бо ќуввањои муттањидаи Туркистони Шўравї ва љавонбухороиён сарнагун на- мудани тартиботи амирии Бухоро матрањ буд. Ин масъала дар байни ќариб тамоми сарварони њизбию шўравии кишвари Тур- кистон њамовозї пайдо кард. Таљовузи Колесов ва оќибатњои он. Аз тарафи аскарони сурх торумор карда шудани «Мухторияти Ќўќанд» (22-юми февра- ли соли 1918) њалли масъалаи Бухороро тезонид. 28-уми февра- ли соли 1918 Ф.И.Колесов ба истгоњи роњи оњани Бухорои Нав њозир шуд. Бо ў беш аз 50 нафар муњофизон (чун муњофизони ра- иси њукумат) омада буданд. Дар ихтиёри ў дигар ќуввае набуд. Љавонбухороиён низ дар атрофи худ фаъолони зиёд надош- танд. Онњо метавонистанд дружинае иборат аз 200–300 нафар (асосан аъзои њизб) ташкил дињанд, вале онњо ба ин ањаммият на- дода, аз омадани Ф.И. Колесов рўњбаланд гардиданд ва барои роњбарии шўриш, бо сарварии Ф.Хољаев кумитаи инќилобї таш- кил доданд. Рўзи 28-уми феврал бо имзои Ф.И.Колесов – чун раиси њукумати Туркистон ва Ф. Хољаев – чун раиси кумиљроияи Њизби љавонбухороиён, ба номи амир Олимхон мактуб, даќиќтараш, тањдиднома (ултиматум) фиристода шуд. Дар он аз амир та- лаб карда мешуд, ки ў дар муддати 24 соат бояд њукуматашро пароканда намуда, идораи мамлакатро ба ихтиёри кумитаи иљроияи њизби љавонбухороиён супорад. Њукумати нав аз њисоби љавонбухороиён гўё бо ризояти амир ташкил карда мешавад. Яъне мувофиќи ин тахдиднома, амир дар мансабаш як муддат нигоњ дошта мешуд, вале ў бояд аз рўйи хоњиши љавонбухороиён амал мекард. Амир Олимхон бо маќсади ба иштибоњ андохтани Ф.И.Колесов ва Ф.Хољаев, ќўшбегї Мирзо Низомиддинхољаи 233 урганљиро, ки душмани ќаттоли чавонбухороиён буд, аз манса- баш озод карда, ба љойи ў Усмонбекро ќўшбегї таъйин намуд. Рўзи 1-уми март ў ба тахдиднома љавоб гардонд, вале барои аз њисоби љавонбухороиён ташкил кардани њокимият розї нашуд. Дар натиља, 2-юми марти соли 1918 љанги байни ќўшунњои Колесов ва амир оѓоз шуд, ки он дар таърих бо номи «таљовузи Колесов» маълум аст. Миќдори умумии ќўшунњои Колесов, ѓайр аз посбонони шахсиаш, таќрибан 450–500 нафарро ташкил ме- дод. Аз ин њисоб беш аз 200 нафарро дружинаи љавонбухороиён ва тахминан њамон миќдори дигарро отряди љангии коргарони Бухорои Нав ташкил мекарданд. Шумораи сарбозон ва фидоиё- ни амир њанўз дар рўзи якуми љанг нисбат ба ќўшунњои Колесов хеле зиёд буд, вале бо вуљуди чунин бартарї, натиљаи рўзи авва- ли љанг ба фоидаи отряди Колесов буд. Онњо њатто ду тўпи амир- ро ѓанимат гирифтанд. Роњбари умумии ќўшунњои амир Мирзо Низомиддинхољаи урганљї аз майдони љанг гурехт. Натиљаи рўзи аввали љанг амирро ба воњима гузошт. Амир Олимхон бо маќсади ба иштибоњ андохтани Колесов, рўзи ди- гар – 3-юми март ба назди ў њайати намояндагии худро бо сар- варии ќўшбегї Усмонбек барои гуфтушунид фиристод. Ин њайат ба Колесов нусхаи фармони ислоњоти 2-юми март имзонаму- даи амирро нишон доданд, ки мувофиќи он, амир гўё дар амо- рат ислоњоти васеъ мегузаронад, аз њисоби мардуми доно, пеш аз њама, љавонбухороиён, њукумати нав ташкил менамояд ва ѓайра Дар рафти гуфтушунид љавонбухороиён талаби нав – бесилоњ гардонидани сарбозони амирро ба миён гузоштанд. Намоянда- гони амир бо дили нохоњам ин талабро њам ќабул карданд. Аз тарафи Ф.И.Колесов, барои назорати бесилоњшавии сарбозо- ни амир гурўње аз 22 нафар бо сарварии В.П.Уткин фиристода шуд, ки њамаи онњо дар Арки Бухоро (дар тањхонаи ќўшбегї) бо вањшоният кушта шуданд. Ф.И.Колесов ва Ф.Хољаев ба гуфтушунид бовар њосил карда, мунтазири расидани хабари бесилоњшавии сарбозони амир бу- данд, вале амир аз фурсати мусоид (рўзи 3-юми март, ки амали- ёти љангї набуд) истифода карда, 4-уми март таќрибан 35 њазор нафарро бо сарварии Салимбек бар зидди ќувваи камшумори Ко- лесов муќобил гузошт. Сарбозони амир њамзамон ба вайрон кар- дани роњи оњани атрофи Бухорои Нав шурўъ намуданд. Дар натиља, рўзи 4-уми март Колесов дар њолати ногувор 234 монд. Лавозимоти њарбии ў дар арафаи тамом шудан буд. Вайро- нии роњи оњан умеди ўро аз њар гуна кумаки беруна канд. Бино- бар ин он рўз ќўшунњои Колесов аз ягона бартарии худ – тўпњо ис- тифода карданд, вале тири тўпњо њам ба нишон намерасид. Љанги рўзи 5-уми март барои онњо хеле душвор буд. Нињоят, шаби аз 5-ум ба 6-уми март Колесов маљбур шуд, ки роњи оњани вайрона- ро таъмир намуда, љангкунон оњиста-оњиста ба сўйи Ќизилтеппа ќафо гардад. Њамроњи Колесов тамоми мардуми русзабони Бухо- рои Нав њам ба роњ баромаданд. Мувофиќи маълумот, шумораи умумии мардуми њамроњи Колесов рафта ба 8 – 10 њазор нафар мерасид. Танњо хабари аз Тошканд омадани ќувваи имдод ба Коле- сов ва њамроњони ў рўњияи тоза бахшид. 17-уми март аз тарафи ќуввањои муттањидаи отряди Колесов ва ќуввањои тозанафас яке аз шањрњои бузургтарини аморат – Кармина забт карда шуд. Чу- нин њолат амирро ба имзои сулњ маљбур намуд. 25-уми марти соли 1918 дар Ќизилтеппа байни аморати Бу- хоро ва Туркистони Шўравї созишномаи сулњ имзо гардид. Мувофиќи он, тарафайн уњдадор шуданд, ки шарт-номаи соли 1873-и байни Бухоро ва Русияро риоя карда, асиронро иваз намо- янд. Њукумати амирї барои шинохтани Давлати Шўравї ва эъ- тирофи чунин њокимият дар мањаллањои руснишини аморат ваъ- да дод. Њукумати амирї њамчунин розї шуд, ки роњи оњани вай- ронкардаашро таъмир намояд, аскарони худро аз 12 њазор нафар зиёд накунад, ба ихтиёри њукумати Туркистон 100 вагон ѓалла фи- ристад ва ѓайра. Њамин тавр, љанги байни Давлати Шўравї ва аморати Бухо- ро анљом ёфт. Ин љанг ба њар ду тараф зарари моддию маънавї ва талафоти љонии зиёд овард. Бегуфтугў, он натиљаи хатои љиддии сарварони Њизби љавонбухороиён ва Туркистони Шўравї ба њисоб меравад. Махсусан, баъди он љанг сарзамини Бухоро ба як кушишхона табдил ёфта буд. Њар рўз садњо муќобилони тартибо- ти амириро гўсфандвор cap мебуриданд, ки ин њодисаи мудњиш дар повести машњури С.Айнї «Љаллодони Бухоро» муфассал тас- вир ёфтааст. Сарчашма: С.Айнї дар бораи вањшонияти њукумати амирии Бухоро ба муносибати таљовузи Колесов навиштааст: «Аз рўзи cap шуда- 235 ни љанг бо Колесов дар Бухоро майдони вањшоният кушода шуд. Муллоњо ба куштани њамаи њамфикрони љавонон фатво баровар- данд. Ин фатво ба таври хеле вањшиёнае ба амал татбиќ мешуд. Одамони амир, элнўкарњо, одамони ќушбегї, ќозї ва ѓазоталабон дар њар куљо, ки камзулпўшеро диданд, зада куштан гирифтанд... Дар њама љо одамони ришашон андак кўтоњ, либосашон андак калта кушта мешуданд». (Ниг.: Айнї С. Таърихи инќилоби Бухо- ро. - С.216). Санањои муњим: 1917, охири октябр ва аввали ноябр – дар мањаллањои русни- шин ва сарњадии аморати Бухоро барпо карда шудани тартибо- ти шўравї. 1917, 29-уми ноябр (12-уми декабр) – барќияи сарвари њукума- ти кишвари Туркистон Ф.И.Колесов ба амир Олимхон оид ба муносибатњои минбаъда. 1917, 28 - уми феврал – тањдиднома (ултиматум) - и Ф.И.Колесов ба номи амир Олимхон. 1917, 2-5-уми март – амалиёти љангии байни ќўшунњои ами- рии Бухоро ва отряди Ф.И.Колесов, ки бо номи «таљовузи Коле- сов» маълум аст. 1917, 25-уми март – имзои сулњ дар Ќизилтеппа. Савол ва супоришњо: 1) Инќилоби октябри Русия ба амир Олимхон ва сиё- сати ў чї таъсир расонд? 2) Дар мањаллањои руснишин ва сарњадии аморати Бухоро Њокимияти Шўравї кай барпо карда шуд? 3) Чаро муносибати байни Давлати Шўравї ва њукумати Амирии Бухоро тезутунд гардид? 4) Дар барќияи сарвари њукумати кишвари Туркистони Шўравї Ф.И.Колесов ба номи амир Олимхон аз 29-уми ноябр (12-уми декабр )-и соли 1917 чї гуфта мешуд? 5) Мавќеи љавонбухороиён дар арафаи таљовузи Колесов чї гуна буд? 6) Ф. Хољаев њангоми гуфтушунид бо Ф.И.Колесов чињо ваъда дод? 7) Таљовузи Колесов чї тавр cap шуд ва бо чї анљом ёфт? 8) Рафти амалиёти љангии байни ќўшунњои амир ва отряди Колесовро наќл кунед. 9) §§ 45 – 46-ро так- рор намоед. 236 §50. ТАШКИЛЁБИИ ЊИЗБЊОИ СИЁСЇ Муњољирати љавонбухороиён ба кишвари Туркистон. Баъд аз таљовузи Колесов барои љавонбухороиён на танњо дар сарзамини аморати Бухоро, балки њатто дар Бухорои Нав (Когон), ки шањри руснишин њисоб мешуд, зистан имконнопазир гардид, зеро фи- ристодагони њукумати амирї њар лањза ба љони онњо ќасд мекар- данд. Аз ин рў љавонбухороиён маљбур шуданд, ки барои хало- сии љони худ ба дарунтари кишвари Туркистон њиљрат намоянд. Аксари онњо бо кумитаи марказии њизби худ ба шањри Тошканд кўчиданд. Дар шањри Тошканд дар байни љавонбухороиён оид ба сабабњои фољиаи содиршуда (яъне таљовузи Колесов) бањсу мунозирањо ављ гирифт. Дар натиља, на танњо Кумитаи Мар- казии њизби љавонбухороиён, балки худи њизб њам ба гурўњњо таќсим шуд. Онњо якдигарро барои фољиаи содиршуда гунањкор мењисобиданд. Дар Тошканд гуруснагї ва ќањтї њукмфармо буд. Њизбњои гу- ногун – болшевикон, меншевикон ва эсерњо, инчунин гурўњњою љамъиятњои гуногун амал мекарданд. Албатта, ин ба фаъолияти љавонбухороиён бетаъсир намонд. Њизби љавонбухороиёни сотсиал-инќилобчї. Љавон-бухороиён дар шањри Тошканд бо фаъолияти њизбњои гуногун шинос шу- данд, вале диќќати онњоро дар аввал бештар њизби эсерњо ба худ љалб кард. Зеро ин њизб, ки асосан њимояи манфиати дењќононро маќсади худ ќарор дода буд (аксари мардуми аморати Бухоро њам дењќонон буданд), бинобар ин ба андешаи љавонбухороиён, бар- номаи Њизби эсерњо ба шароити Бухоро бештар мувофиќат мена- муд. Дар натиља, бањори соли 1918 як гурўњи љавонбухороиён бо сарварии Усмонхоља Пўлодхољаев, Ато Хољаев ва Ќорї Ѓулом аз њайати Њизби љавонбухороиён баромада, дар асоси барномаи эсе- рони чап Њизби љавонбухороиёни сотсиал-инќилобчиро ташкил намуданд. 7-уми июли соли 1918, баъди суиќасд ба љони сарва- ри Њокимияти Шўравї В.И.Ленин њизби эсерони чап аз тара- фи Давлати Шўравї пароканда карда шуд. Ин воќеа ба тараф- дорони туркистонї ва бухороии ин њизб низ бетаъсир намонд, даќиќтараш, фаъолияти онњо аз тарафи Њокимияти Шўравї манъ карда шуд. Дар натиља, дар њайати Њизби навбунёди 237 љавонбухороиёни сотсиал-инќилобчї боз људої ба амал омад. Ташкилёбии Њизби коммунистии Бухоро. 25-уми сентябри соли 1918 дар шањри Тошканд љамъомади 86 нафар собиќ аъзои Њизби љавонбухороиёни сотсиалинќилобчї барпо гардид. Дар он њозирон ќарор карданд, ки онњо аз њайати њизб ва аз мавќеи эсерњои чап баромада, ба мавќеи њизби болшевикї мегузаранд ва њизби навро бо номи «Њизби љавонбухороиён – коммунистон – болшевикон» бунёд мекунанд. Дар љамъомад кумитаи марказии њизби нав интихоб гардид, ки Азимљон Ёќубов (Ёќубзода) раис ва Муњаммад Ќулмуњаммадов муовин интихоб шуданд. Њамин тавр, Њизби коммунистии Бухоро ташкил ёфт. Он дар шањрњои Самарќанд, Бухорои Нав, Бухорои Куњна, Чорчўйи Нав, Каттаќўрѓон, Каркї ва дигар љойњо шуъбањо дошт. Ма- салан, ба шуъбаи дар шањри Бухорои Куњна буда Абдуллохоља Тўраев сарварї менамуд, ки ў минбаъд яке аз ќањрамонњои мус- бати романи «Дохунда»-и С.Айнї гардид. 23-юми октябри соли 1918 дар маљлиси навбатии Кумитаи Марказии Њизби коммунистии Бухоро барномаи њизб ќабул карда шуд. Мувофиќи он, њизб бояд: барои сарнагун кардани тартибо- ти амирї дар Бухоро ва бунёди љумњурии халќї; мусодираи зами- ни амиру бекњо ва дар байни дењќонон таќсим намудани онњо; ба љойи ќозї љорї кардани суди интихобї; баробарњуќуќии њамаи миллатњо, занону мар- дон, озодии сухан, матбу- от, таълиму табобати бепул ва ѓайра мубориза мебурд. Аз 30-юми май то 11-уми июни соли 1919 дар шањри Тошканд Анљумани якум (муассисон)-и Њизби комму- нистии Бухоро барпо гардид, ки он ташкилёбии њизбро ба ќонуният даровард. Аз 28-уми июни соли 1920 коммунистони Бухоро аввал дар Тошканд, баъд дар Бухорои Нав (Когон) ба наш- ри рўзномаи худ «Ќутулиш» Абдуллохоља Тўраев (дap мобайн), сар- дори шуъбаи ЊК Бухоро воќеъ дap шањри Бухорои Куњна, яке аз ќањрамонони рома- ни «Дохунда»-и С.Айнї 238 (Озодї) cap карданд. Ин рўзнома њамчун нашрияи љамъиятию сиёсї ва адабї њафтае ду дафъа ба забонњои ўзбекї ва форсии тољикї, то 3 њазор нусха нашр гардида, бепул пањн карда мешуд. Дар байни бухорои- ён инчунин аввалин маљаллаи фор- сии тољикии «Шуълаи инќилоб», ки дар Самарќанд нашр мегардид ва сармуњарририи онро Саидризо Али- зода ба уњда дошт, пањн карда ме- шуд. Ташкилёбии Њизби љавонбухоро- иёни инќилобчї. Дар аввали соли 1920 вазъи Њукумати шўравии Русия нисбатан бењтар гардид. Ќуввањои зиддишўравї асосан шикаст хўрданд. 2-юми феврали соли 1920 хони Хева њам сарнагун карда шуд ва ба љойи он Љумњурии Халќии шўравии Хоразм ба вуљуд омад. Аморати Бухоро дар Осиёи Марказї њамчун ягона такягоњи ќуввањои зиддишўравї боќї монд. Вазъи баамаломада тамоми ќуввањои зиддиамирї, аз љумла ќисми боќимондаи љавонбухороиёнро низ ба љунбиш овард, зеро як ќисми онњо Њизби коммунистии Бухороро ташкил дода, ба он дохил шуда бошанд њам, ќисми дигар худро канор гирифта, то ин лањза фаъолияти худро чандон нишон надода буданд. Масалан, яке аз пешвоёни ин њаракат Файзулло Хољаев ба Москва рафта, аз фаъолияти Њизби љавонбухороиён то андозае канда шуда буд. Моњи январи соли 1920 ў аз Москва ба Тошканд омада, Њизби љавонбухороиёнро аз нав ташкил дод. Дар љамъомади њизб, ки дар Тошканд гузашт, Бюрои Марказии Њизби љавонбухороиёни инќилобчї интихоб карда шуд. Он бо номи Бюрои Марказии Туркистонии Њизби љавонбухороиёни инќилобчї низ маълум аст. Њизби љавонбухороиёни инќилобчї барнома дошт, ки аз та- рафи худи Ф.Хољаев тартиб дода шуда буд ва конфронси њизбї онро 14-уми июни соли 1920 ќабул намуд. Аз барномаи он бар- меояд, ки њизб маќсадњои низомї доштааст: сарнагун наму- дани тартиботи амирї ва барќарор кардани љумњурии халќї; баробарњуќуќии њамаи миллатњо ва ѓайра. Дар барномаи њизб Саидризо Ализода (1892–1944) – сармуњаррири маљаллаи форсии тољикии «Шуълаи Инќилоб» 239 оид ба масъалаи дин таъкид карда мешуд, ки «дин ва шариат ифодакунандаи њаќиќат ва њимоятгари камбаѓалон мебошад». Бинобар ин њизб ният дошт, ки дин ва шариатро ба муќобили њукуматдорони аморат ва капитализм истифода кунад. Нисбати масъалаи замин Њизби љавонбухороиёни инќилобчї ният дошт, ки замини дар ихтиёри амир, бекњо ва дигар истисморгарон буда- ро мусодира намуда, дар байни дењќононе, ки дар њамон заминњо кор мекарданд, таќсим намояд. Барои ба таври ќатьї њал наму- дани масъалаи замин онњо анљумани дењќононро даъват карданї буданд. Дар барнома инчунин рушди саноат дар Бухоро, рўзи ко- рии 8-соата, рушди илму фарњанг ва ѓайра дар назар дошта шуда буд. Мувофиќи он, таълим дар мактабњои ибтидої бояд ба забо- ни њамон халќе љорї карда мешуд, ки он њалќ дар он мањал ак- сариятро ташкил менамояд, вале дар донишкадањои олї таълим бояд танњо бо «забони адабии туркї» љорї мегардид. Тољикон дар барнома яке аз ќабилањои турк њисоб карда мешуданд. Мувофиќи низомномаи њизб, љазо барои узви гунањкори њизб аз хориљ наму- дан аз њизб то ќатл муайян карда шуда буд. Њизби љавонбухороиёни инќилобчї дар баробари Тошканд ва Москва, инчунин дар худи аморат: Бухорои Куњна, Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав, Каркї, Шањрисабз ва дигар нуќтањо шуъбањо дошт. Аз 15-уми апрели соли 1920 дар Тошканд ба наш- ри рўзномаи худ – «Учќун» (Шарора) cap карданд, ки он моње ду дафъа, ба миќдори 5 њазор нусха ба забони ўзбекї нашр мешуд. Фарќи барномаи Њизби љавонбухороиёни инќилобчї аз барно- маи Њизби Коммунистии Бухоро. Фарќи љиддии барномаи Њизби љавонбухороиёни инќилобчї аз барномаи Њизби Коммунистии Бухоро он буд, ки барномаи коммунистон дар асоси барномаи Њизби коммунистї (болшевикон)-и Русия тартиб ёфта буд ва аз ин рў худро ќисми таркибии он њизб ва љумњурии ояндаи Бухороро ќисми таркибии Љумњурии Туркистон њисоб мекард. Аммо Њизби љавонбухороиёни инќилобчї худро њизби мустаќил ва љумњурии ояндаи Бухороро низ мустаќил мешуморид. Такя ба дину ша- риат ба љавонбухороиёни инќилобчї имкон медод, ки минбаъд мардуми зиёди аморатро ба тарафи худ кашанд, зеро ин нук- та дар барномаи коммунистон љой надошт. Баръакс, ба аќидаи пешвоёни коммунистони Бухоро, дар аморат бо такя ба корга- рон ва камбаѓалони шањру дењот инќилоби сотсиалистї имкон- пазир будааст. Ба аќидаи пешвоёни љавонбухороиёни инќилобчї, 240 инќилоби Бухоро бояд инќилоби халќии демократї бошад ва дар он бояд доираи васеи мардуми Бухоро, њатто буржуазияи миёна ва хурд, иштирок намоянд. Њамин тавр, дар арафаи сарнагун карда шудани тартиботи амирї дар Бухоро ду њизб амал мекард. Мувофиќи баъзе маълу- мот, Њизби коммунистони Бухоро гўё 5 њазор нафар аъзо ва 20 њазор нафар хайрхоњ, Њизби љавонбухороиёни инќилобчї – 800 нафар аъзо ва 10 њазор нафар хайрхоњ доштаанд. Аммо дар байни ин ду њизб иттифоќи мустањкам вуљуд надошт. Сарчашма: С.Айнї дар бораи зиёд шудани аъзо ва тарафдорони комму- нистони Бухоро ва љавонбухороиёни инќилобчї, ки онњоро «Ку- митаи љавонбухороиён» ном бурдааст, менависад: «Ба Кумитаи љавонбухороиён сиёсати дохилї ва хориљии амир Олимхон бисёр ёрмандї кард. Њар касе, ки њар ќадар зулм медид, њамон ќадар ба идораи њукумати Бухоро бо чашми нафрат ва ба кумита ба наза- ри дўстї нигоњ мекард. Зулмдидаеро, ки њукумати Бухоро таъќиб мекард ё дастгир карданї мешуд, агар маљол меёфт, ба кумита илтиљо мебурд». (Ниг.: Айнї С. Куллиёт. Љилди 10. С. 184). С.Айнї дар асари дигараш оид ба муносибати байни ташкилотњои коммунистии Бухоро ва љавонбухороиёни инќи- лобчї навиштааст: «Ин ташкилотњо дар шањри Бухоро ва вилоят- њои вай њам шуъбањои махфии худро доштанд. Аммо хоњ дар Тошканд бошад ва хоњ дар мањалњо, њамеша дар байни ин ду таш- килот низоъ ва љанљол буд, ки ин ба пеш бурдани инќилоби Бу- хоро сакта меовард...». (Ниг.: Айнї С. Куллиёт. Љилди 1. С. 92). Санањои муњим: 1918, бањор – бунёди Њизби љавонбухороиёни сотсиал- инќилобчї. 1918, 25-уми сентябр – таъсиси Њизби коммунистии Бухоро. 1920, январ – таъсиси Њизби љавонбухороиёни инќилобчї. 1920, 2-юми феврал – сарнагун карда шудани хонигарии Хева ва бунёди Љумњурии Халќии шўравии Хоразм. 241 Савол ва супоришњо: 1) Чаро љавонбухороиён ба кишвари Туркистон муњољират карданд? 2) Њизби љавонбухороиёни сотсиал- инќилобчї чї тавр бунёд гардид ва таќдири ояндаи он чї шуд ? 3) Њизби коммунисти Бухоро кай, дар куљо ва чї тавр ташкил ёфт? 4) Мувофиќи барнома маќсади коммунисто- ни Бухоро аз чї иборат буд? 5) Њизби љавонбухороиёни инќилобчї кай, дар куљо ва чї тавр ташкил ёфт? 6) Мувофиќи барнома маќсади љавонбухороиёни инќилобчї чї буд? 7) Дар барномаи љавонбухороиёни инќилобчї ва коммунистони Бухоро боз чї нуктањои фарќкунанда мављуд буд? 8) Њизбњои номбурда чї ќадар аъзо ва хайрхоњ доштанд? 9) §§ 44 ва 49-ро такрор кунед. §51. ОЃОЗИ БАРПО ШУДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР НОЊИЯЊОИ БУХОРОИ МАРКАЗЇ Сарнагун кардани амири Бухоро – вазифаи навбатии Давла- ти Шўравї. Соли 1919 барои Давлати Шўравї соли душворта- рин ба њисоб мерафт. Дар ин сол ќариб дар тамоми ноњияњои Ру- сияи Шўравї љанги дохилї идома дошт. Туркистони Шўравиро њаракати зиддишўравї фаро гирифта буд. Моњи август бо маќсади мубориза ба муќобили ќуввањои зиддишўравї аз њисоби ќисмњои аскарони сурхи дар ќаламрави ин кишвар ќарордошта фронти Туркистон (Туркфронт) ташкил ёфт. Моњи октябр бо та- шаббуси Кумитаи Марказии Њизби коммунистї (болшевикї) ва Њокимияти шўравии Русия бо маќсади расонидани кумаки амалї ба коммунистони Осиёи Марказї, аз љумла Туркистону Бухоро, Комиссияи Туркистонї (Турккомиссия) ташкил карда шуд. Мин- баъд Туркфронт ва Турккомиссия дар сарнагун намудани тарти- боти амирии Бухоро наќши муњиме бозиданд. Тобистони соли 1920 дар назди фармондењи фронти Туркис- тон М.В. Фрунзе масъалаи Бухоро аввалиндараља ба њисоб ме- рафт, зеро сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро вази- фаи навбатии Њокимияти шўравии Русия мањсуб мешуд. Чунин сиёсатро мухолифони тартиботи амирї бо он асоснок мекарданд, 242 ки аморати Бухоро дар самти љануб такягоњ ва макони асосии ќуввањои зиддишўравї гардидааст. Бинобар ин мувофиќи фармо- ни М.В. Фрунзе, ќисмњои аз муњорибањо озодгардидаи аскарони фронти Туркистон пайињам дар нуќтањои асосии аморат љойгир карда шуданд. Бояд таъкид кард, ки сиёсати берунии нисбат ба њукумати амирии Бухоро пешгирифтаи Давлати Шўравї хайрхоњона на- буд. Барои равшан намудани ин масъала ба гузориши муовини комиссари корњои хориљии Федератсияи Русия (ЉФШСР) Л.М. Карахан аз 20-уми майи соли 1920 ба номи В.И. Ленин менига- рем, ки онро роњбарони Њизби Коммунисти (болшевикї)-и Ру- сия аз њар љињат муњокима намуда, комилан маъќул шуморида буданд. Дар гузориш маркази ќуввањои зиддишўравї гардида- ни Бухоро, сиёсати зиддимардумии онро бори дигар нишон дода, таъкид намудааст, ки «Сиёсати мо... то њанўз ягон натиљае надод – Бухоро на бо мо, балки муќобили мост. Бинобар ин, мо пурра бо андешаи Турккомиссия, намояндагиамон дар Тошканд розї шуда, пешнињод менамоем, ки амирро сарнагун карда, ба сари њокимият љавонбухороиёнро (њоло коммунистонро) гузошта, Бу- хороро демократї эълон намоянд. Ин дар муддати якчанд моњ, дар натиљаи табаддулоти дохилї дар Бухоро ва дастгирї аз сарзамини мо, ба воситаи отрядњои бу- хороии аз њисоби гурезагони зиёди худи кўшунњои амир ташкил- ёфта имконпазир аст. Баъди ташкил гардидани њукумати нав мо метавонем ќўшунњои худро барои муњофизати роњи оњан ва сарњад дарорем». Аз гузориши Л.М. Карахан чунин бармеояд, ки он лањза дар комиссариати корњои хориљии Русияи Шўравї ба ќуввањои дохи- лии худи Бухоро аз будаш хеле зиёд бањо дода, таќдири њукумати амириро тавассути худи бухороиён њал карданї буданд. Амалиёт бе иштироки ќисмњои аскарони сурхи Русияи Шўравї татбиќ ме- гардид. Аммо мавќеи Турккомиссия ва пеш аз њама, сарвари фрон- ти Туркистон – М.В. Фрунзе дар њалли масъалаи Бухоро та- моман дигар буд. Онњо дар ин роњ бештар ба ќувваи аскарони сурх бовар доштанд. Амири Бухоро Олимхонро махсусан, дар мањаллањои руснишини аморат – Бухорои Нав (Когон), Чорљўйи Нав љойгир карда шудани ќисмњои аскарони сурх ба воњима ан- дохта буд. Зеро сарбозон ва навкарони аксар машќи љангї нади- 243 даи ў, ки тахминан ба 13 њазор нафар мерасид, ба ќисмњои 70- њазорнафараи аскарони сурхи дар майдонњои љанг обутобёфтаи фронти Туркистон муќобилат кардан наметавонистанд. Сиёсатмадорони шўравиро якравии амир ба ташвиш овар- да буд. Олимхон аз душманони ашаддии сохти шўравї буд. Аз ин рў њар се вохўрии сарвари фронти Туркистон М.В. Фрунзе бо амир бе натиља анљом ёфтанд. Дар ин мулоќотњо М.В. Фрун- зе бо њукумати амирї дар баробари бењтар намудани муносибат бо Давлати Шўравї талаб кард, ки ќисмњои аскарони сурхи дар Бухорои Нав, Ќаршї, Каркї, Чорљўйи Нав ва Тирмиз бударо бо хўрокворї таъмин намуда, хатти телеграфро барќарор намояд, аммо ба ивази ин њама М.В. Фрунзе ягон чиз пешнињод намекард. Амир талаб дошт, ки аз тамоми нуќтањои номбурда ќисмњои аска- рони сурх бароварда шаванд. Иѓвои 2- юми июл. Тобистони соли 1920 муносибати байни њукумати амирии Бухоро ва Њокимияти Шўравї андаке бењтар шуд. Даќиќтараш, њукумати амирї маљбур шуд, ки нисбат ба Давлати Шўравї муносибаташро бењтар намояд, зеро то ин ваќт амир ба ќуввањои зиддишўравии дохили Русия ва империалистони хориљї эътимоди ќавї дошт. Акнун њамаи он умедњо барбод раф- танд, ќуввањои зиддишўравї шикаст хўрданд. Давлати Шўравї, бар хилофи чашмдошти амир Олимхон ва дигар њамфикрони ў, рўз то рўз пурќувват мегардид. Илова бар ин акнун ќисмњои аска- рони сурх дар хоки Бухоро мавќеи мустањкам доштанд. 8-уми июни соли 1920 амир Олимхон комиссари корњои хориљии Федератсияи Русия Г.В. Чичеринро хабардор намуд, ки барои ба Маскав фиристодани њайати сафирони худ омода аст, вале чунин кўшиши њукумати амирї боиси норизоии сарварони Њизби Коммунистии Бухоро ва сарварони фронти Туркистон гар- дид. Зеро дар барномаи онњо масъалаи сарнагун намудани тарти- боти амирї матрањ буд. Бо њукумати амирї муносибати муътадил барќарор кардан иљрои ин масъаларо ба таъхир меандохт. 2-юми июли соли 1920 аз Бухоро ба сўйи Маскав њайати намо- яндагии амир (сафорати фавќулода) ба роњ баромад. Худи њамон рўз (баробари гусели њайат) дар Бухорои Нав (Когон), дар он биноњое, ки танњо ба њукумати амирии Бухоро тааллуќ доштанд, аз он љумла резиденсияи худи амир, бе ризояти ў ќисмњои аскаро- ни сурх љойгир карда шуданд. Сабаби ин иѓво чандон равшан на- буд. Гуфтушунидњои дипломатї онро њал кардан натавонистанд, 244 вале ин иѓво ќуввањои зиддишўравии Бухороро ба њаракат овард. Бо талаби онњо амир 7-уми июл ба фатвое имзо гузошт, ки дар асоси он бањри муњофизати дини ислом ва шариат њамаи мусул- монон ба љанги муќаддас даъват карда мешуданд. Омода карда шудани ќисмњои аскарони сурх. Фармондењи фронти Туркистон М.В. Фрунзе воќеаи дар Бухорои Нав (Когон) содиршударо дар хабари ба Маскав фиристодааш аз будаш зи- ёдтар ва ба манфиати худ шарњ дода, ризояти сарварони њарбию њизбии Федератсияи Русияро барои оѓози њуљум ба Бухоро хоњиш намуд. Ў 12-уми август тањти раќами 3504 «Дастур ба ќўшунњои фронт оид ба инќилоби Бухоро»-ро имзо кард, ки мувофиќи он, ќисмњои асосии ба муќобили сохти амирї нигаронидашудаи аска- рони сурх дар муддати кўтоњ аз 12-ум то 17-уми август, баробари љойгир намудани онњо дар нуќтањои муайяншуда бояд комилан омодаи чанг мегардиданд. 23-юми августи соли 1920 дар дењаи Шакарбозор (каме дур- тар аз Чорљўй) шўриш ба амал омад. Шўришгарон дењаро ишѓол карда, дар он љо Њокимияти Шўравиро эълон карданд, вале ба дастгирии ин шўриш дар Чорљўйи Куњна ва дигар дењањои атро- фи он ягон љунбише ба вуљуд наомад. 25-уми август бо имзои фармондењи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ва узви Шўрои њарбии фронт В.В. Куйбишев тањти раќами 3667 «Дастур ба аскарони фронт барои расонидани ку- мак ба мењнаткашони шўришбардоштаи Бухоро» баромад, ки он моњиятан наќшаи асосии сарнагун намудани њукумати амирии Бухоро буда, дар ќатори дастури раќами 3504 (аз 12-уми август) аз љумлаи њуљљатњои муњимтарин ба њисоб меравад. Аз љумла дар њуљљати 25-уми август муњлати оѓози амалиёти љангиро барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро ба шаби аз 28-ум ба 29-уми август муайян намуда, сарварии умумии он амалиётро М.В. Фрунзе пурра ба уњдаи худ гирифта буд. Аз тарафи аскарони сурх забт карда шудани ноњияњои мар- казии аморат. Мувофиќи дастури раќами 3667 (аз 25-уми август) наќшаи сарнагун намудани сохти амирии Бухоро, ки бо номи «амалиёти Бухоро» маълум аст, аз забти Чорљўйи Куњна оѓоз мегардид. Иљрои ин наќша вазифаи гурўњи Чорљўйии ќисмњои аскарони сурх бошад њам, даќиќтараш, он ба уњдаи отряди асо- сан, аз мардуми мањаллї ташкилёфтаи Ќулмуњаммадов гузош- та шуда буд. Ин отряд аз љињати миќдор ва сифат аз аскарони 245 беки Чорљўй хеле бартарї дошта бошад њам, таљрибаи шабона љанг кардан надошт. Бинобар ин отряди Ќулмуњаммадов, ки ба- рои њабси беки Чорљўй фиристода шуда буд, ба муњлати муайян- кардаи М.В. Фрунзе ањамият надода, худсарона субњро мунтазир шуд. Чунин ањвол сарварони ќисмњои аскарони сурхро ба таш- виш гузошт ва онњо ба отряди Ќулмуњаммадов ањамият надода, тавассути ќисмњои аскарони сурх Чорљўйи Куњнаро то соати 4-и субњ забт намуда, бекро њабс карданд. Ин ќисмњо то бегоњии 29- уми август шањри Ќарокўлро ба даст дароварда, баъд ба сўйи Бу- хорои Куњна њаракат карданд. Гурўњи каттаќўрѓонии аскарони сурх рўзи 29-уми август ба сўйи Хаттирчї њаракат карда, баъди љанги шадиди шашсоа- та онро забт намуданд. Онњо нисфирўзии 30-юми август мавзеи Зиёуддин ва сањарии 31-уми август Карминаро ишѓол карданд. Гурўњи самарќандии ќисмњои аскарони сурх 29-уми август Ки- тоб ва Шањрисабз, 1-уми сентябр Ѓузорро тасарруф намуданд. Ќисмњои аскарони сурхи дар роњи оњани Ќаршї буда рўзи 29-уми август шањрро ба даст дароварданд. Њангоми амалиёти љангї ба аскарони сурх муяссар шуд, ки танњо бек – њокими Чорљўйро њабс намоянд. Њокимони мулкњои дигар фирор карданд. Сарчашма: Дар «Дастур ба аскарони фронт оид ба расонидани кумак ба мењнаткашони шўришбардоштаи Бухоро» (тањти раќами 3667, ки сарвари фронти Туркистон М.В. Фрунзе имзо карда буд, омада- аст: «1. Тамоми отрядњо ва ќисмњои гурўњи Бухорою Самарќандї то шаби 28-уми августи соли љорї тайёрии њарбиро ба итмом ра- сонида, шаби аз 28-ум ба 29-уми август њаракати фаъолонаро cap кунанд. 2. Фармондењи отряди Чорљўй рафиќ Никитин бояд ќисмњои зиёди ќувваи рафиќ Ќулмуњаммадовро ба Чорљўй Куњна фиристад ва он аз соати 4-и сањарии 29-уми август дер намонда, бо имдоди шўриши мардуми яроќнок шањрро ишѓол намояд. Баъ- ди он, дар Чорљўйи Куњна гарнизони заруриро гузошта, рафиќ Ќулмуњаммадов ќуввањои савораи худро ба сўйи Норазм ва Бур- далик гардонад ва бо ишѓоли он нуќтањо роњњои аз сўйи Бухо- рои Куњна ба сўйи Каркї ва Тирмизро ба зери назорати ќатъї ги- ранд, то ин ки њангоми кўшиши ба сўйи Афѓонистон гурехтани 246 амир ва аъзоёни њукумати куњнаи Бухоро онњоро дастгир намо- янд». (Ниг.: Директивы командования фронтов Красной Армии. Сб. документов T.III. -М, 1976. С.350). Санањои муњим: 1918, август – ташкил карда шудани фронти Туркистон (Турк- фронт). 1917, октябр–ташкил карда шудани Комиссияи туркистонї (Турккомиссия). 1917, 20-уми май – гузориши Л.М. Карахан (ба В.И. Ленин) оид ба масъалаи Бухоро. 1920, 2-юми июл – ба сўйи Маскав фиристода шудани сафора- ти фавќулодаи амири Бухоро. 1920, 2-юми июл – иѓвои ќисмњои аскарони сурх дар Бухорои Нав. 1920, 7-уми июл – амир Олимхон ба фатвое имзо кард, ки мувофиќи он њамаи мусулмонон ба муќобили Давлати Шўравї ба љанги муќаддас даъват мешуданд. 1920, 12-уми август – М.В. Фрунзе тањти раќами 3504 «Дастур ба ќўшунњои фронт оид ба инќилоби Бухоро»-ро имзо кард. 1920, 23-юми август – шўриш дар Шакарбозор. 1920, 25-уми август – М.В. Фрунзе тањти раќами 3667 «Дастур ба ќўшунњои фронт оид ба расонидани кумак ба мењнаткашони шўришбардоштаи Бухоро»-ро имзо кард. 1920, 29-уми август – 1-уми сентябр – аз тарафи ќисмњои аска- рони сурх забт гардидани Чорљўйи Куњна, Ќарокўл, Хатирчї, Зи- ёуддин, Кармина, Ќаршї, Китоб, Шањрисабз ва Ѓузор. Савол ва супоришњо: 1) Туркфронт ва Турккомиссия бо кадом маќсад ташкил карда шуданд? 2) Онњо нисбати масъалаи Бухоро чї мавќеъ доштанд? 3) Л.М. Карахан дар гузориши худ ба но-ми В.И. Ленин чї пешнињод кардааст? 4) Ќисмњои аскарони сурх дар кадом нуќтањои аморати Бухоро љойгир карда шуданд? 5) Чаро «иѓвои 2-юми июл» мегўянд? 6) Дар дастури 12-уми ав- густи соли 1920 (тањти раќами 3504) чї супориш дода шуда- аст? 7) Дар дастури 25-уми августи соли 1920 (тањти раќами 247 3667) кадом масъала ба миён гузошта шудааст? 8) Аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 1920 аз тарафи ќисмњои аска- рони сурх кадом мулкњои аморати Бухоро забт гардиданд? 9) §§ 49 ва 50-ро такрор кунед. §52. ЗАБТИ БУХОРОИ КУЊНА ВА ТАШКИЛЁБИИ ЉУМЊУРИИ ХАЛЌИИ ШЎРАВИИ БУХОРО Забти Бухорои Куњна. Ишѓоли Бухорои Куњна – пойтахти аморати Бухоро мувофиќи дастури раќами 3667 пурра ба уњдаи гурўњи когонї гузошта шуда буд. Гурўњ баробари гирифтани ха- бари аз тарафи ќисмњои аскарони сурх забт гардидани Чорљўйи Куњна, соати 5:00-и субњи 29-уми август њуљумро аз Бухорои Нав ба сўйи шањри Бухорои Куњна оѓоз кард. Ба муќобили ин шањри бостонї аз тарафи аскарони сурх тамоми техникаи њарбии муай- яншуда, аз он љумла ёздањ аэроплани бомбаандоз, тўпњои вазни- ни дурзан, поездњои зирењпўш ва ѓайра истифода гардиданд. Амалиёти љанг барои забти Бухорои Куњна асосан дар сам- ти дарвозаи Ќаршии он мегузашт. Роњ аз шањри Бухорои Куњна ба сўйи Бухорои Нав (Когон) низ тавассути њамин дарвоза буд. Инчунин, дар наздикии њамин дарвоза истгоњ ва нуќтаи охирини роњи оњани Бухорои Нав – Бухорои Куњна воќеъ гардида буд. Љанг асосан дар байни ќисмњои аскарони сурх ва сарбозони амир, ки Лањзањои вориди шањри Бухорои Куњна шудани ќисмњои аскарони сурх (2-юми сентябри соли 1920) 248 ќалъаи Бухорои Куњнаро муњофизат мекарданд, мегузашт. Мар- думи Бухоро гўё дар ин воќеа бетараф буданд. Њатто њангоми амалиёти љангї бозор ва чойхонаи назди дарвозаи Ќаршии шањр њама ваќт серодам будааст. Аз љињати сифати лавозимоти њарбї ва техника бартарии аскарони сурх хеле зиёд буд. Аскарони амир асосан бо камонњои куњна мусаллањ буданд ва тирњои онњо аз болои ќалъа то ба аска- рони сурхи дар майдони назди дарвоза буда намерасид. Аскаро- ни сурх бе душворї ба воситаи тўпњо нуќтањои заруриро ба ни- шон мегирифтанд, аэропланњо њам озодона дар болои шањр пар- воз намуда, ба нуќтањои муњим 170 бомба партофтаанд. Вале бо вуљуди чунин бартарињо, амалиёти љангии рўзи 30-юми август барои ќисмњои аскарони сурх хеле вазнин буд. Аскарони амир аз самти дигар, аз дарвозаи Мазори Шариф ногањон баромада, ба ќисмњои алоњидаи аскарони сурх зарбаи ќатъї заданд. Ама- лиёти љангии ин рўзро М.В. Фрунзе тањлил намуда, њатто эъти- роф кардааст, ки мањз «парвози аэропланњои фарсудашудаи мо, ки саворагони муќобилро ба гурехтан маљбур намуд, отрядро аз нобудшавї наљот дод». Сањарии 1-уми сентябр дар назди дарвозаи Ќаршии шањр тар- кише ба амал омад ва он девори баландиаш 10 метр ва ѓафсиаш 5 метрро, ки cap то сари ин шањри бостониро пурра ињота ме- кард, сўрох намуда, барои аскарони сурх ба дохили шањр роњ ку- Гирдињамоие, ки дap майдони назди Арки Бухоро (Регистон) ба муносибати сарнагун карда шудани тартиботи амирї ташкил карда шуда буд (сентябри соли 1920) 249 шод. Баъди он, дар майдону гузарњои шањри Бухорои Куњна бай- ни аскарони сурх ва аскарони амирї љангњои шадид ба амал ома- данд, вале барои аскарони сурх пурзўр намудани њуљум ягон зару- рате надошт. Зеро шаби аз 30-юми август ба 1-уми сентябр амир Олимхон бо наздикони худ ва тахминан њазор нафар посбонон аз дарвозаи Самарќанди шањри Бухорои Куњна баромада, фирор карда буд. 1-уми сентябр, соати 10-и пагоњї Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Худи њамон рўз аз тарафи ќисмњои аскарони сурх Вобканд, Пирмаст, Ѓиждувон ва Ќизилтеппа низ ишѓол шуд. Ба дигар нуќтањои муњими Бухорои Марказї (Ѓарбї), аз љумла: Рометан, Зандане, Шофирком, Варгонзе ва ѓайра, ки дар он љойњо сарбозони амирї набуданд, ќисмњои аскарони сурх њуљум накарданд. Дар ин мањалњо тартиботи нав ба таври осоиш- та барпо карда шуд. Аммо дар шањри Бухорои Куњна њамоно вазъият мураккаб буд. Баъди аз тарафи аскарони сурх забт карда шудани шањр њам, сўхтор 20 рўзи дигар давом кард. Дар натиља 34 гузар, зиёда аз њазор хона сўхта, вайрон шуданд. Дар худи Арк беш аз 100 хона сўхта, валангор шудааст. Арки Бухоро мањз аз бомбањои партоф- ташуда хеле хароб гардида буд. Мењмонхонаи Рањимхонии Арк, ки чун љойи ќабулгоњи амирон ва яке аз биноњои зеботарини шањр ба њисоб мерафт, тамоман ба хок яксон карда шуд. Мардуми зиё- де њалок гардиданд. 2-3-юми сентябр шањриён барои гўронидани ќурбоншудагон сафарбар карда шуданд. Тамоми дороии хазинаи амир (тиллою нуќрањои он, ки бењисоб буд) ва ѓаниматњои аз тарафи аскарони сурх њангоми забти маркази бекигарињои ишѓолшуда бо бањонаи муњофизати муваќќатї аз торољгарї, аввал ба Самарќанд оварда, баъд ба Маскав фиристода шуд. Дар шањри Бухорои Куњна ва тамоми мањаллањои забтшуда кумитањои инќилобї (ревкомњо) ташкил карда шуд ва њокимият ба ихтиёри онњо гузашт. Ташкилёбии Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро. Баро- бари сарнагун карда шудани тартиботи амирї дар Бухорои Марказї (Ѓарбї) аввали сентябри соли 1920 Кумитаи инќилобии умумибухорої манифест бароварда, Бухороро Љумњурии Халќии Шўравї эълон кард. Дар љумњурї Кумитаи инќилобии умумибухорої њамчун органи олии давлатї, Шўрои нозирони 250 халќї – њокимияти иљроия ба њисоб мерафтанд. 6–8-уми октябри соли 1920 дар Ситорамоњихосса Анљуман (ќурултой)-и якуми муассисони умумибухороии намояндагони халќ баргузор гардид. Дар он 1950 намоянда иштирок дошт, ки онњоро дар митингњо, майдони бозорњо бо нишондоди Њизби ком- мунистии Бухоро «интихоб» карда буданд. Амалдорони собиќ, заминдорони калон аз њуќуќи ба намояндагї интихоб шудан мањрум буданд. Дар анљуман асосан намояндагони дењќонон, зи- ёиён, тољирон, косибон ва њунармандон иштирок доштанд. 8-уми октябр анљуман оид ба ташкилёбии Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро (ЉХШБ) ќарори таърихї ќабул кард. Ин гувоњи он буд, ки дар сарзамини Бухоро ба сохти яккањукуматдории иртиљоии амирию хонии асрњо боз идомадошта хотима гузошта шуд. Аввалин тадбирњои њукумати нави Бухоро. Баробари аз тара- фи аскарони сурх ишѓол шудани шањри Бухорои Куњна ба ин љо бо сарварии Файзулло Хољаев аз Бухорои Нав (Когон) њукумати њанўз пештар ташкилдодашудаи Бухоро кўчида омад. Ф. Хољаев на танњо вазифаи раиси Шўрои нозирони халќии Бухороро (ин вазифа њанўз пештар насиби ў гардида буд), балки вазифаи раи- си Кумитаи марказии инќилобї ё худ Кумитаи инќилобии уму- мибухороиро низ ба уњда дошт. Зеро Ањмадљон Абдусаидов (Њамдї), ки пештар ба ин вазифа пешнињод шуда буд, дар рўзњои Гирдињамоие, ки дap Ситорамоњихосса бахшида ба эълони таъсиси Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро ташкил гардидааст. 251 муњосираи шањри Бухорои Куњна гўё худро фаъол нишон надод. Даќиќтараш, мувофиќи баъзе маълумот, ў барои ба муќобили Бу- хорои Куњна истифода кардани тўпњои дурзан ва бомбаборон на- мудани он ризоят надодааст. Бинобар ин, ўро аз вазифааш озод намуда, вазифаи раиси Кумитаи инќилобии умумибухороиро низ муваќќатан ба уњдаи Ф. Хољаев гузоштанд. Кумитаи инќилобии умумибухорої аввали сентябри соли 1920 манифесте баровард, ки мувофиќи он заминњои дар ихти- ёри амир, амалдорони амир, ќозињо ва заминдорони калон бу- даро мусодира карда, онњоро дар байни дењќонони камзамину безамин таќсим менамуданд; хирољ, аминона ва дигар навъњои андозњо бекор карда мешуд; судњои ќозигиро бекор намуда, ба љойи онњо судњои халќї ташкил медоданд; баробарњуќуќии њамаи халќњо, новобаста ба фарќи нажодї, миллї ва динї, таъ- мин мегардид; љорї кардани таълими бепул; пароканда намуда- ни ќўшунњои амир; бекор кардани њукми ќатл, љазои љисмонї ва ѓайра эълон карда шуд. Вале вазъият дар шањри Бухорои Куњна мураккаб буд. Дуз- дию ѓоратгарї ва сўхтору кушокушї њанўз идома дошт. Бо маќсади бартараф намудани оќибатњои он 4-уми сентябри соли 1920 дар шањри Бухорои Куњна њолати фавќулода љорї карда, ко- миссияи фавќулода (Бухчека)-ро ташкил доданд. Барои таъмин намудани амнияти шањриён се њазор нафар милитсияи халќї таш- кил карда шуд. Њамин тавр, дар сарзамини Бухорои Марказї (Ѓарбї) баро- бари барњам дода шудани тартиботи иртиљоии амирї барои бун- ёди љамъияти нав аввалин тадбирњо андешида мешуд. Сарчашма: Яке аз комиссарони ќисмњои аскарони сурх Н.Д. Ратников њамчун шоњид ва иштирокчии њуљум ба шањри Бухорои Куњна њолати њамонваќтаи майдони назди дарвозаи Ќаршии шањри Бу- хорои Куњнаро, ки майдони асосии љангї ба њисоб мерафт, чунин тасвир кардааст: «Дар бозорчаи назди дарвозаи Ќаршї ба амали- ёти љангї нигоњ накарда, савдо дар ављ буд. Ман мушоњида на- кардам, ки ягон дуконе мањкам бошад ё худ савдо накунад... Та- моми мањсулоти заруриро ба савдо гузоштаанд. Махсусан, фаро- вонии харбузаю ангур ба чашм мерасид. Тамоми чойхонањо аз њисоби мардуми мањаллї ва аскарони сурх серодам буданд. Онњо 252 дар катњо нишаста чойи кабуд менўшиданд ва чилим мекаши- данд». (Ниг.: Бойгонии Њизби Коммунистии Тољикистон. Фонди 31.Рўйхати 1. Њуљљати 147. - Вараќањои 30-31). Санањои муњим: 1920, 29-уми август – оѓози њуљуми аскарони сурх ба шањри Бухорои Куњна. 1920, 1-уми сентябр – аз тарафи аскарони сурх тарконида шу- дани девори ќалъаи Бухорои Куњна. 1920, 2-юми сентябр – забт шудани Арк ва ишѓоли шањри Бу- хорои Куњна аз тарафи аскарони сурх. 1920, сентябр – Кумитаи инќилобии умумибухорої тавассу- ти як манифест ташкилёбии Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро- ро эълон кард. 1920, 8-уми октябр – Анљумани якуми муассисони умумибу- хороии намояндагони халќ оид ба ташкилёбии Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро ќарори таърихї ќабул кард. 1920, 4-уми сентябр – дар шањри Бухорои Куњна њолати фавќулода эълон карда шуд ва Комиссияи фавќулода (Бухчека) ташкил ёфт. Савол ва супоришњо: 1) Забти шањри Бухорои Куњна дар асоси кадом дастур сурат гирифт? 2) Барои забти шањри Бухорои Куњна ама- лиёти љангї асосан дар кадом самт мегузашт? 3) Барои заб- ти шањри Бухорои Куњна аз тарафи аскарони сурх чї гуна ќуввањо истифода шуданд? 4) Забти шањри Бухорои Куњна аз тарафи аскарони сурх кай анљом ёфт? 5) Дар шањри Бу- хорои Куњна баъди забти ќисмњои аскарони сурх чї гуна њолат њукмфармо буд? 6) Бухоро кай Љумњурии Халќии Шўравї эълон гардид? 7) Аввалин тадбирњои њукумати нави Бухоро кадомњоянд? 8) §§ 49 ва 51-ро такрор кунед. 253 БОБИ 16 БАРПО ГАРДИДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР БУХОРОИ ШАРЌЇ § 53. ВАЗЪИ БУХОРОИ ШАРЌЇ Тавре ки ќаблан зикр карда шуд, аз ќуввањои амирии Бухо- рои Марказї (Ѓарбї) танњо беки Чорљўй бо ќисме аз дастањояш асир гирифта шуд. Бекњо – њокимони боќимондаи ин сарзамин бо сарбозони содиќи худ ба њар сў, аксар ба сўйи Бухорои Шарќї фирор карданд. Худи амир Олимхон њам аз Бухорои Куњна роњи сўйи Ѓиждувонро пеш гирифта, рўзи 2-юми сентябри соли 1920 ба сўйи Бухорои Шарќї фирор кард ва нињоят дар дењаи Душан- бе ќарор гирифт. Яке аз сабабњои мањз дар дењаи Душанбе ќарор гирифтани амир Олимхон он аст, ки шањраки Њисор, агарчи њамчун маркази бекнишин нисбатан бузургтар ва ободтар буд, вале он солњо ба- рои зиндагии тобистона мусоид набуд. Зеро атрофи ин шањракро ботлоќзор ва ќамишзорњо ињота карда буданд, ки сабаби дар фас- ли тобистон хеле зиёд гардидани хомўшаку њар гуна њашарот мешуданд. Бинобар њамин беки Њисор, амалдорону давлатман- дони ин шањрак фасли тобистонро аввал бештар дар шањраки Ќаротоѓ мегузарониданд, вале шањраки Ќаротоѓњам дар натиљаи заминљунбии 21-уми октябри соли 1907 хеле хароб гардида буд. Баъди он маќоми дењаи Душанбе њамчун манзили барои зист мувофиќ дар фасли тобистон бештару бењтар шуда буд. Баробари дар Душанбе ќарор гирифтани амир, маќоми сиёсии ин дења то- рафт афзудан гирифт. Фармондењи фронти Туркистон М.В.Фрунзе 4-уми сентябри соли 1920 дар назди аскарони сурхи гурўњи бухороию самарќандї вазифаи нав гузошта буд, ки мувофиќи он, дар тамоми сарза- мини Бухорои Шарќї барњам додани тартиботи амирї ва бар- по намудани Њукумати Шўравї дар назар дошта мешуд, аммо М.В.Фрунзе худ ин наќшаро амалї кардан натавонист. Мувофиќи ќарори Шўрои њарбии инќилобии Федератсияи Русия ў 10-уми сентябр аз кишвари Туркистон бозхонда шуд. Ќисмњои аскарони сурх амири гурезаро дунболагирї мена- муданд. Онњо 11-уми сентябр бе љанг Дарбанд ва бо як муњорибаи хурд Бойсунро низ забт намуданд. Вале сарварони нави ќисмњои 254 дар Бухоро будаи аскарони сурх вазъиятро баррасї намуда, на- будани захира ва ќисмњои эњтиётї, наздик будани тирамоњу зи- мистон, набудани роњи мувофиќ барои кашондани тўпњои љангї, хастагии аскарону аспњо ва ѓайраро ба назар гирифта, ба пеш њаракат кардани ќисмњоро лозим надонистанд. Дар Дарбанду Бойсун мавќеъ гирифта истодани онњо ѓайримумкин буд. Бино- бар ин 12-уми сентябри њамон сол онњо ба сўйи Ѓузор аќиб гаш- танд ва худи њамон рўз роњи Ќарширо пеш гирифтанд. Бо њамин њаракати ќисмњои аскарони сурх аз ќафои амири гуреза як муд- дат ќатъ гардид. Дар ин муддат њар ду тараф ба муќобили якди- гар омодагї медиданд. Аз Дарбанду Бойсун ба ќафо – ба Ќаршї баргаштани ќисмњои аскарони сурх амир Олимхон ва тарафдорони ўро рўњбаланд на- муд. Онњо бо роњњои гуногун, яъне чи аз њисоби сарбозони аз Бу- хорои Марказї (Ѓарбї) ба ин сў омада ва чи аз њисоби мардум љамъ кардани ќувваи нав, инчунин, љалб намудани гурезагон – аксулинќилобиёни кишвари Туркистон ќувваи азиме омода кар- данд. Амир дар ин мулк њукумати муваќќатии худро ташкил дод, ки вазифаи асосии он омода кардани амалиёти љангї барои аз аскарони сурх баргардонда гирифтани Бухорои Марказї (Ѓарбї) ба њисоб мерафт, вале ба ў лозим омад, ки бањри ба даст оварда- ни ин маќсадаш асосан ба иќтидори худ такя намояд. Аз ин рў, дар Бухорои Шарќї вай аз як тараф сафи сарбозони худро пайва- ста зиёд намуд, аз тарафи дигар, бањри пўшонидани харољоти рў ба афзоиш ба дўши мардуми зердасташ андозњои бисёр бор кард. Умуман, баъди ба Бухорои Шарќї гурехта омадани амир Олим- хон дар ин мулк на танњо тартиботи пештараи амирї нигоњ дошта шуд, балки режими барои халќ боз њам вазнинтаре ба вуљуд омад. Шўриши Усмон. Амир Олимхон њангоми аз Бухорои Куњна гурехтан бањри халосии љони худ бо хазинаи пурбораш хайрбод гуфт ва њар чизе, ки бо худ гирифта буд, онро њам дар роњ, мах- сусан, њангоми гузаштан аз дарёи Зарафшон талаф дод. Бинобар ин ў худро дар Бухорои Шарќї бечора мењисобид, вале бо чунин ањвол ќаноат накарда, ба гардани њокимон ва заминдорони ин диёр андозњои зиёде бор кард. Њокимон ва феодалон дар навбати худ андози ба амир супоридаашонро аз мардуми бечора ба мик- дори дучанд ва њатто аз он њам зиёд меситониданд. Чунон ки маъ- лум мешавад, охири соли 1920 танњо аз бекигарии Ќаротегин ба- рои амир 800 асп ва 300 бухча «туњфањо»-и ќиматбањо фиристода- 255 анд. Чунин ањвол, албатта, ба дигар бекигарињои Бухорои Шарќї низ хос буд. Љойи тааљљуб нест, ки аз тарафи њокимони ин гўша барои кайфияти амир, дар ќатори туњфањои гуногун, инчунин, духтарон њам пешкаш карда мешуданд. Аммо сиёсати дар Бухорои Шарќї пешгирифтаи амир, махсу- сан, тадбирњо оид ба сафарбарии њарбии ў боз њам фољиабортар менамуд, зеро чун њарваќта ба чунин рўйхат боз бечорагон, ки имкони пора додан надоштанд, дохил карда мешуданд. Њамин сиёсат дар водии Ќаротегин сабаби cap задани шўриши калонта- рин бо сарварии Усмон гардид. Моњи декабри соли 1920 беки Ќаротегин Абдулњафиз њангоми гузаронидани маъракаи сафарбаркунии њарбї хост, ки аз дењќонони «гарданшах»-е, чун Усмон, халос шавад. Бо њамин маќсад Усмонро бо Мулло Тош, инчунин дигар њамфикронаш ба сифати навкар ба Душанбе, ба хидмати амир фиристод, вале онњо дар роњ аз Файзобод ба ќафо, ба Ќаротегин гурехтанд. Њокими Ќаротегин аз хољагињои онњое, ки намояндагонашон аз хидма- ти навкарии амир гурехтанд (аз љумла аз хољагии Усмон ва Мул- ло Тош), талаб кард, ки андоз – хирољи 7-соларо пешакї супо- ранд. Чунин тадбири њоким ба саршавии шўриш бањона гардид, зеро мањз баъди ин воќеа Усмон вазъияти баамаломадаро ба эъ- тибор гирифта, роњи ягонаи халосиро дар шўриш дида, њатто ба дўсти худ – Одина, ки дар Њоит мезист, барои кумак бо мактуб мурољиат кард. Одина низ љавобан ба ин мактуб дењќонони Њоит ва Ќалъаи Лабиобро њамроњи худ гирифта, ба кумаки Усмон, ба дењаи Янѓолик, ки маркази шўриш буд, шитофт. Шўришгарон, ки аз 2500 нафар пиёда ва 650 тан савора ибо- рат буданд, аз дењаи Янѓолик ба маркази бекигарии Ќаротегин – шањраки Ѓарм њаракат карданд. Онњо ба дењаи Навдї омада, як- чанд рўз он љо истоданд. Намояндагони њоким барои музокира ва имзои сулњ ба ин љо омаданд, вале Усмон он таклифњоро рад на- муда, њаракат ба сўйи Ѓармро давом дод. Ваќте ки шўришгарон ба Ѓарм наздик омаданд, бек аз муќобилат даст кашида, ба Усмон ваъда дод, ки гуноњи њамаи шахсони аз хидмати навкарї гурехта- ро афв мекунад, онњоро аз андоз озод менамояд, ба худи Усмон унвони «бий» медињад ва ѓайра Усмон ба ин ваъдањои њоким бо- вар накард. Беки Ќаротегин Абдулњафиз аз тарс гурехтанї шуд, вале дастгир ва њабс карда шуд. Шањраки Ѓарм бе љанг ба дасти шўришгарон гузашт. Онњо њамаи мањбусонро озод карданд, та- 256 моми њуљљатњои дар ихтиёри њоким буда, аз љумла васиќањоро сўзонданд. Ба муносибати ѓалаба 7 рўз шодиву хурсандї эълон карданд. Њамин тавр, дар маркази Ќаротегин – шањраки Ѓарм њокимият пурра ба ихтиёри шўришгарон гузашт, ки он дар таъ- рих бо номњои «њокимияти халќї» ва «њокимияти халќии Усмон» маълум аст. Дар он њокимият Усмон – раис, Одина ва Мулло Тош – муовинони ў гардиданд, вале онњо бо гирифтани њокимият ором гардида, дигар аз чї cap кардани корро намедонистанд. Би- нобар ин шўришгарон маљбур шуданд, ки ќисме аз амалдорони њокими собиќро аз њабс озод намуда, ба амалњои гуногун таъйин кунанд. Яъне бо ном «њокимияти коалитсионї» барпо намуданд. Масалан, аз амалдорони собиќ Давлатбекбий – сарвари таъми- нот, Мулло Абдурањим судур – ќозї, Мулло Мирзо Умед – муфтї таъйин гардиданд. Дар «њукумати халќии Усмон» ягонагї вуљуд надошт. Амал- дорони собиќ ба њукумати нав содиќ набуданд. Баръакс, онњо камтаљрибагии Усмонро ба назар гирифта, ўро бо фиреб, гўё «ба- рои пешвозгирии ихтиёриёни ќисми поёни Ќаротегин» фиристо- данд. Њангоми дар Ѓарм набудани Усмон, Давлатбекбий Одина- ро ба хонаи худ, гўё ба зиёфат даъват намуда, ба ќатл расонд ва њокимро бо дигар тарафдоронаш аз њабс озод намуд. Бо шунидани ин фољиа тарафдорони Одина, ки аз Њоит ва Ќалъаи Лабиоб ома- да буданд, ба дењањои худ баргаштанд. Бо њамин «њукумати халќии Усмон» баъди 10–15 рўзи мављудияташ амалан барњам хўрд. Усмон аз фољиаи Ѓарм баъди ду рўз огоњ гардида, ба Ѓарм баргашт. Дар наздикии Ѓарм ў аз тарафдорони беки собиќ ши- каст хўрд. Баъди ин њамроњи Усмон њамагї 12 шўришгар монд, вале ў аз маќсади худ даст накашид. Вай барои гирифтани Ѓарм боз ќувва љамъ кард. Миќдори ќуввањо ин дафъа ба 150 нафар ра- сид. Баъди 20 рўзи фољиаи Ѓарм Усмон бори дигар ба он њуљум кард, вале шикаст хўрд ва дастгир гардид. Дар муддати як моњ таќрибан 50 нафар иштирокчии шўриш њабс карда шуданд. Сарварони он – Усмон, Мулло Тош ва дигаронро ќатл карда, љасадњояшонро ба дарёи Сурхоб партофтанд. Дўстон ва авло- ди Усмон љасади ўро аз дарё бароварда, пинњонї гўрониданд. Аз ин кор яке аз сипоњиёни бонуфузи мањаллї – Муњаммад Саидбий огоњ гардида, бо маќсади ибрати дигарон, ба гардани онњое, ки љасади Усмонро гўрониданд, 1500 танга љарима бор карда, молу 257 мулкашонро мусодира намуд. Њамин тавр, шўриши Усмон шикаст хўрд. Он њарчанд дар сарзамини Ќаротегин нисбат ба шўриши Ќаландаршоњ аз љињати ташкилї ва фаъол будани мардум ќадаме ба пеш буд, вале бетаљрибагии сарварони «њокимияти халќї» имкон надод, ки муваффаќиятњои бадастовардаро мустањкам намоянд, мардуми атрофро њарчи зудтар ба тартиботи нав љалб карда дар тамоми водї назорати ќатъї љорї намоянд. Сарчашма: С.Айнї аз рўйи ривояти Њољї Абдусаттор ном яке аз саркар- дагони Бухоро, ки њангоми гурехтани амир Олимхон ўро њамроњї кардааст, дар бораи бунёди салтанати нави ў ин тавр навишта- аст: «Амир дар ваќти фирори худ чанд ароба ашёи пурќимат ва зару сим бо худ гирифта бошад њам, аз бими таъќиб њамаро дар роњ андохт. Чунончи, дар ваќти ворид шуданаш ба Њисор гўё ки бечиз буд. Бинобар ин, њокимон ва сарватдорони он сарзаминро ба мусодира кашида, филљумла асбоби њашамати худро ороста кард... Амир дар ин љо низ бо туњмати љадидї чанд нафарро ба ќатл расонид». (Ниг.: С.Айнї. Куллиёт. Љилди 10. - С. 186–187). Санањои муњим: 1920, 4-уми сентябр – аз тарафи М.В. Фрунзе дар назди аска- рони сурхи гурўњи бухороию самарќандї гузоштани масъалаи дар Бухорои Шарќї барњам додани тартиботи амирї. 1920, 10-уми сентябр – аз кишвари Туркистон бозхонд шуда- ни М.В. Фрунзе. 1920, охири декабр – 1921, аввали январ – шўриши Усмон. Савол ва супоришњо: 1) Амир Олимхон ба Бухорои Шарќї кай омад? 2) Барои чї баъди забти Бойсун пешравии ќисмњои аскарони сурх ба дарун- тари Бухорои Шарќї ќатъ гардид? 3) Амир Олимхон дар Бухо- рои Шарќї бо чї корњо машѓул шуд? 4) Сабаби ба вуљуд омада- ни шўриши Усмон чист? 5) Шўриши Усмон кай ва дар куљо ба амал омада, бо кадом натиља анљом ёфт? 6) Чаро њокимияти таш- килкардаи Усмонро «њокимияти халќї» мегўянд? 7) §§ 51 ва 52-ро такрор кунед. 258 §§ 54-55. БАРПО ГАРДИДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР БУХОРОИ ШАРЌЇ Ташкили отряди эъзомии њарбии Њисор. Баъди дар сарзами- ни Бухорои Марказї (Ѓарбї) барпо карда шудани тартиботи шўравї, сарзамини собиќ аморат ба ду тартиботи ба њам муќобил таќсим шуд. Яъне дар ќисми Марказї (Ѓарбї) тартиботи шўравї ва дар ќисми Шарќї тартиботи амирї њукмфармої мекарданд. Њукумати шўравии Бухоро дар сарзамини Бухорои Шарќї низ барпо кардани тартиботи шўравиро вазифаи авалиндараљаи худ мешуморид. Ин њукумат бо маќсади пойдор кардани тартибо- ти нав дар Бухорои Марказї (Ѓарбї) ва сарнагун намудани тар- тиботи амирї дар Бухорои Шарќї ќуввањои инќилобии худро ташкил карданї шуд. Чунин иќдом аз тарафи сарварони фронти Туркистон дастгирї дид. 5-уми сентябри соли 1920 сарвари фронт ба ихтиёри нозири корњои њарбии љумњурии Бухоро ду полки са- вора, баталёни пиёда ва батареяи тўпчиёнро бо маќсаде супорид, ки минбаъд бо роњи ба хизмати њарбї љалб намудани ихтиёри- ён шумораи умумии ќўшунњои худро то ба миќдори зарурии бри- гада (армия) расонанд. Вале тадбирњои њукумати шўравии Бу- хоро оид ба ташкили ќуввањои инќилобї-њарбии худ натиљањои дилхоњ надоданд, зеро аз љумлаи бухороиён ихтиёриён, ки ба сафи ќўшунњои нав дохил шаванд, ќариб ки набуданд. Бинобар ин 6-уми октябри соли 1920 нозири њарбии љумњурии Бухоро ба маълумоти сарварони фронти Туркистон расонид, ки барои таш- кил додани армия (яъне бригада) ихтиёриён нокифояанд. Сарварони њукумати нави Бухоро вазъиятро ба назар ги- рифта, барои кумаки њарбї ба Турккомиссия мурољиат кар- данд. В.В.Куйбишев, ки намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Љумњурии Бухоро буд, моњи октябри соли 1920 аз сарварони фронти Туркистон талаб кард, ки чорањои њарчи зудтар дар Бу- хорои Шарќї низ сарнагун намудани тартиботи амириро анде- шанд. Барои ин ташкил кардани эъзомияи њарбї зарур шумори- да шуд. Бо сабаби мураккабии вазъи иќтисодии Давлати Шўравї таъминоти иќтисодии ин эъзомияро ба уњдаи љумњурии Бухоро гузоштанд. 7-уми ноябри соли 1920 Турккомиссия Шўрои њарбии инќилобии фронти Туркистонро вазифадор намуд, ки аз њисоби ќисмњои аскарони сурх Отряди эъзомии њарбии Њисорро ташкил 259 дињанд. Вазифаи асосии отряд аз он иборат буд, ки бо амалиё- ти љангї дар сарзамини Бухорои Шарќї тартиботи амириро та- моман барњам дода, дар ин љо њокимияти шўравиро барќарор на- мояд. Тадбирњои амалї барои ташкил намудани Отряди эъзомии њарбии Њисор моњи ноябри соли 1920 дар Ќаршї оѓоз гардид ва то миёнаи моњи декабри њамон сол давом кард. Дар ин муддат ќисмњои зарурии аскарони сурх, ки барои ин отряд муайян шуда буданд, асосан, омада расиданд. Ќисмњои боќимондаи аскаро- ни сурх, ки аз тарафи сарварони фронти Туркистон барои отря- ди номбурда људо гардида буданд, дар рафти амалиёти љангї ба он њамроњ шуданд. Амир Олимхон низ барои муќобилат бар зидди ќисмњои аскарони сурх омодагї медид. Вай дар баробари ќуввањои љамънамудааш аз њукумати Афѓонистон ва Англия умеди им- дод дошт. Бинобар ин амир ба њукумати Англия борњо мурољиат кард, вале дар амал ѓайр аз ваъдањои зиёд, расман чизе гирифта натавонист. Оѓози амалиёти љангї. Отряди эъзомии њарбии Њисор 17-уми декабри соли 1920 амалиёти љангии худро бо сарварии Марсов аз Ќаршї cap кард. Он дар аввал ба сўйи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарќї њисоб мешуд,њаракат кард. 20-уми декабр дар аѓбаи Оќкўтал аввалин задухўрди ќисмњои аскарони сурхи отряд бо аскарони амир ба амал омад. Дар ин муњориба бригадаи сею- ми Дивизияи якуми савораи туркистонї иштирок намуд. Ин бри- гада махсусан дар дараи кўњии Бузѓолахона ба муќобилати сах- ти аскарони амир дучор гардид. Љанг агарчи кўтоњмуддат буд, ќурбонињои зиёд овард. Аз љумла сарвари отряд Марсов дар њамин муњориба њалок гардид ва ба љойи ў командири полки 16-уми савора Роганов иваз таъйин кард. Муњориба бо ѓалабаи ќисмњои аскарони сурх анљом ёфт ва онњо Бойсунро ишѓол карда, дар он љо лагери худро љойгир намуданд. Баробари забти Бойсун ќисмњои аскарони сурх дар њолати боз њам вазнинтар монданд, зеро 24-уми декабр дар њавзаи Ше- робод, Шањрисабз, Китоб, Яккабоѓ ва Чироѓчї ба муќобили тар- тиботи шўравї шўриши халќї cap шуд, ки дар он, мувофиќи баъ- зе маълумот, то 15 њазор нафар ањолї иштирок кардаанд. Аз ин пештар чунин шўриш дар Каркї ба амал омада буд. Бинобар ин аскароне, ки бояд ба кумаки аскарони сурхи дар Бойсунбуда ме- 260 шитофтанд, бо саркўб кардани он шўриш банд буданд. Њокими Бойсун аз фурсат истифода карда, маркази собиќи њукуматдории худро аз нав муњосира намуд, ки он 12 рўз давом кард. Ба кумаки аскарони сурхи ба муњосира афтода аз Самарќанд имдод фирис- тода шуд. Ин ќувваи тозанафас дар роњ шўришњои Шањрисабз, Китоб, Яккабоѓ ва Чироѓчиро саркўб карда, аввали январи соли 1921 ба Бойсун расид ва муњосираро рахна намуд. Баъди дар Бой- сун муттањид карда шудани тамоми ќисмњои Отряди эъзомии њарбии Њисор сарвари он В.М.Ионов таъйин гардид. Амалиёти минбаъдаи љангї дар водии Њисор мегузашт. Вазъи мураккаби Бухорои Шарќиро ба назар гирифта, дар ќатори Отряди эъзомии њарбии Њисор боз эъзомияи мустаќили сиёсии Љумњурии Бухоро ва Кумитаи Марказии Њизби Коммуни- стии Бухоро оид ба корњои Бухорои Шарќї ташкил карда шуд. Сарварии он ба уњдаи Саъдулло Турсунхољаев гузошта шуд. Ва- зифаи асосии эъзомияи нав – дар мањалњои људогонаи аз тарафи Отряди эъзомии њарбии Њисор ишѓолгардида ташкил намудани кумитањои инќилобї ва барои иљрои вазифањо ба онњо расони- дани кумак ва ѓайра ба њисоб мерафт. Ба комиссияи сиёсї њуќуќи органњои олиро дода буданд. Он фаъолияти органњои њокимияти мањаллиро ташкил ва назорат мекард. Амалиёти љангї дар водии Њисор. 14-уми феврали соли 1921 аскарони Отряди эъзомии њарбии Њисор аз Бойсун баромада, худи њамон рўз ба дараи Бандихона расиданд. Ба водии Сурхон роњи асосї аз њамин дара мегузашт. Ќисмњои ба амир содиќ дар Дењнав љойгир буданд.15-уми феврал дар Дењнав љанги шадидта- рин ба амал омад ва он бо ѓалабаи ќисмњои аскарони сурх анљом ёфт. Ин ѓалаба њаракати минбаъдаи отрядро ба водии Њисор осон намуд. Дар натиља, 15-уми феврал аз тарафи онњо бе душворї Юрчї, Сариосиё ва Сариљўй ишѓол карда шуд. Баъди он ќисмњои аскарони сурхи отряд боз ба Дењнав баргаштанд, зеро дар ин самт ќўшунњои амирї дар ноњияњои Њисору Ќаротоѓ мавќеъ гирифта буданд. Амир Олимхон бо маќсади гирифтани пеши роњи аскарони сурх ба ин самт ќуввањои илова, аз љумла отряди аксулинќилобиёни Фарѓонаро бо сарварии Кўри Шермат, ки баъди шикаст дар Фарѓона ба ин мулк омада буданд ва отряди дуњазорнафараи лаќайњоро бо сарварии Иброњимбек фиристод. Дар байни онњо ќўшунњои беки Њисор низ буданд. 261 19-уми феврали соли 1921 аскарони сурх баъди омодагии серўза аз Дењнав баромада, ба сўйи Регар (шањри Турсунзодаи имрўза) њаракат карданд ва дар ќисми аввали рўз ин мулкро њам ишѓол намуданд. Ќисмњои амирї, ки дар Регар буданд, чандон муќобилат нишон надода, 28 нафарро талаф дода, як ќисмашон ба сўйи Њисор ва ќисми дигар ба кўњњои Боботоѓ аќиб гаштанд. 20-уми феврал дар наздикии Њисор љанги сесоатаи сахттарини байни аскарони сурх ва аскарони амир ба амал омад. Ин љанг њам ба фоидаи аскарони сурх анљом ёфт. Талафоти аскарони амирї хеле зиёд буд. Аскарони сурх худи њамон рўз Њисор ва Ќаротоѓро ба даст дароварданд. Амир Олимхон 20-уми феврал баробари шунидани хабари маѓлубияти аскарони худ дар наздикии Њисор бо наздикони худ ва 300 шутури пурбор ба сўйи Кўлоб, гўё барои зиёрати маќбараи Мир Алии Њамадонї равон шуд. Ў њангоми гурехтан аз содиќони худ Иброњимбек ва Давлатмандбийро (ки њар ду њам бо рутбаи девонбегї сарфароз гардиданд) вазифадор намуд, ки пеши роњи душманро гиранд, вале гурехтани амир аскарони дар Душанбе будаашро хотирпарешон намуд. Онњо аз муќобилати минбаъда даст кашида, ба њар сў парешон шуданд. Ин имкон дод, ки брига- даи якуми савора бо сарварии Я.А.Мелкумов 21-уми феврал, со- ати 10-и пагоњї Душанберо бе муќобилат забт намоянд. Рўзи ди- гар, яъне 22-юми феврал ба Душанбе эъзомияи сиёсї бо сарварии С. Турсунхољаев ва штаби Отряди эъзомии њарбии Њисор ворид шуданд. Муќобилати аскарони амирї баъди аз даст рафтани Душан- бе њам идома ёфт. Онњо баъди шикасти назди Њисор ба муќобили аскарони сурх ба муњорибаи муттањидаи љиддї љуръат накарда, ба мањалњои гуногуни Бухорои Шарќї пароканда шуда, мубори- заро идома доданд. Амалиёти отряд дар водии Вахш, Кўлоб, Ќаротегин ва Дарвоз. Аскарони сурх баъди ишѓоли Душанбе ба ду самт: яке ба самти водии Вахш ва дигаре ба самти Кўлоб њаракат карданд. Ќисмњое, ки ба самти водии Вахш њаракат карданд, пагоњии 22-юми феврал аз Њисор баромада, аз болои дењањои Лаќай, Дањанакиик, Обики- ик гузашта, аз наздикии Ќизилќалъа дарёи Вахшро убур намуда, 24-уми феврал Ќўрѓонтеппа, 6-уми март Ќубодиён ва 9-уми март Саройкамар (шањраки Панљи имрўза)-ро забт намуданд. Дар ин самт дастањои амирї ба аскарони сурх муќобилати сахт нишон 262 дода натавонистанд. Аз ин сабаб дар муддати хеле кўтоњ, яъне аз 24-уми феврал то 9-уми март дар тамоми водии Вахш тартиботи Шўравї барпо карда шуд. Минбаъд ин ќисмњо амалиёти худро ба сўйи Кўлоб давом дода Фархор, Сайёд, Чўбекро забт намуда, ба Кўлоб расиданд. Ќисми дигари аскарони сурх, ки ба самти Кўлоб њаракат ме- карданд, даќиќтараш, барои дастгир кардани амири гуреза раво- на шуда буданд, 23-юми феврал Кофарнињон (шањраки Вањдати имрўза) ва 24-уми феврал Файзободро ба даст дароварданд. Ин мањалњо барои њаракат ба сўйи Кўлоб ва Ќаротегин нуќтањои муњимтарин ба њисоб мерафтанд. Амир њангоми гурехтан аз ин мањалњо гузашта, ба воситаи Пули Сангин (љойи неругоњи барќи Нораки имрўза) дарёи Вахшро убур карда, ба сўйи Кўлоб фирор намуд. Амир Олимхон аз паси худ тамоми пулњо, аз он љумла Пули Сангинро низ вайрон кард. Чунин вазъият њаракати ќисмњои аска- рони сурхро душвор гардонид. Барои барќарор намудани Пули Сангин 9-уми март аз Душанбе мутахассисон фиристода шуданд. Барќарор кардани пул дар њолати мураккаби љангї, њангоми ти- рандозии тарафайн амалї мегардид. Аз Файзобод ќисмњои аскарони сурх боз ба ду самт: самти Ќаротегин ва самти Кўлоб таќсим шуданд. Ќисмњое, ки бояд ба сўйи Кўлоб њаракат мекарданд, дар назди Пули Сангин камин гирифта, њар лањза ба њуљум мегузаштанд ва мунтазири аз нав барќарор кардани пул буданд. Ќисмњое, ки ба самти Ќаротегин њаракат мекарданд, 13-уми март дар роњи Файзобод – Обигарм муќобилати отряди Нурулло тўќсаборо бартараф карда, 16-уми март Обигармро забт намуданд. 18-уми марти соли 1921 ќисмњои аскарони сурх баъди каме истироњат аз Обигарм ба сўйи Ѓарм њаракат карданд. Роњ хеле пурбарф ва аз дарањои танги кўњї мегузашт. Аскарони сурх бо чунин душворињо то ба дењаи Муљахарф расиданд. Дар наз- дикии Ѓарм муњорибаи хеле сахт ба амал омад. Ба муќобили ќисмњои аскарони сурх отряди Кўри Шермат ва ќўрбошињои ў Нурматмингбошї, Аскарполвон ва ќўшунњои Фузайл Махсум мељангиданд. Ин муњориба низ ба фоидаи аскарони сурх анљом ёфт. Кўри Шермат бо дастањои боќимондааш ба сўйи водии Олой гурехта, аз он љо ба Фарѓона гузашт. Аскарони сурх 22-юми март бе муќобилати љиддї вориди Ѓарм шуданд. Охири моњи март 263 маркази бекии Дарвоз – Ќалъаи Хумб њам аз тарафи аскарони сурх ишѓол гардид. To 9-уми апрел ќисмњои аскарони сурх бо сар- дории Я.А.Мелкумов тамоми сарзамини бекигарии Ќаротегин ва Дарвозро тасарруф намуданд. 12-уми марти соли 1921, баробари барќарор карда шудани Пули Сангин, ќисмњои аскарони сурх амалиёт ба сўйи Кўлобро давом доданд. Ваќти аз дарёи Вахш гузаштани ќисмњои аскарони сурх, аскарони амирї, ки дар он тарафи дарё камин гирифта бу- данд, аз љангњои љиддии минбаъда даст кашида, ба њар сў паро- канда шуданд. Ин имкон дод, ки аскарони сурх рўзи дигар, яъне 15-уми март, соати 14:30 даќиќа Кўлобро бе љанг ишѓол намоянд, вале амир Олимхон дигар дар Кўлоб набуд. Вай рўзи чоршанбеи 4-уми марти соли 1921 аз гузаргоњи Дарќади назди Чўбек дарёи Панљро гузашта, ба хоки Афѓонистон дохил шуд. 20-уми март ќисмњои аскарони сурх Балљувонро низ ба даст дароварданд. Ин нуќтаи охирине буд, ки њангоми дар Бухорои Шарќї барњам дода шудани тартиботи амирї, амирпарастон ба ќисмњои аскарони сурх муќобилати нисбатан сахт нишон доданд. Њамин тавр, моњњои феврал ва апрели соли 1921 дар натиљаи амалиёти љангии аскарони сурхи Отряди эъзомии њарбии Њисор дар тамоми сарзамини Бухорои Шарќї тартиботи амирї барњам дода шуд. Ташкил карда шудани кумитањои инќилобї. Дар сарзамини Бухорои Шарќї њам мисли Бухорои Марказї (Ѓарбї) дар мањалњо баробари барњам дода шудани тартиботи амирї бо ташаббу- си аскарони сурх ва аъзои эъзомияи сиёсї кумитањои инќилобї (ревкомњо) ташкил карда, њокимиятро ба ихтиёри онњо супори- данд. Ташкили ин гуна кумитањо дар асоси низомнома оид ба кумитањои инќилобии мањаллї, ки 22-юми сентябри соли 1920 аз тарафи Кумитаи Инќилобии Умумибухорої тасдиќ гардида буд, сурат мегирифт. Мувофиќи он низомнома, чунин кумитањо бояд аз 5 нафар аъзои аз тарафи Кумитаи Инќилобии Умумибухорої таъйингардида ташкил меёфт. Ба он њайат якнафарї намояндаи нозири њарбї низ шомил мешуд. Кумитањои инќилобї зина ба зина, вобаста ба таќсимоти маъмурї ташкил карда мешуд. Љумњурии Бухоро аз љињати маъмурї ба 4 округ – Зарафшон, Бухорои Шарќї, Ќашќадарё ва Омударё таќсим шуд. Округњо дар навбати худ аз вилоятњо ибо- рат буданд. Аз љумла округи Бухорои Шарќї ба вилоятњои Ду- 264 шанбе, Бойсун, Кўлоб, Сариосиё, Шеробод, Ќўрѓонтеппа ва Ѓарм таќсим мешуд. Вилоятњо аз туманњо, туманњо аз кентњо, кентњо аз дењањои гуногун иборат буданд. Чунончи, ба њайати вилояти Ду- шанбе туманњои Ёвон, Янгибозор ва Файзобод дохил мешуданд. Сарвари дења, ки ўро мувофиќи анъана арбоб, амин ё худ оќсаќол мегуфтанд ва он акнун интихобї буд, дар навбати худ ба зинаи аз њама поёнии кумитањои инќилобї – кумитаи кентї итоат мекард. Умуман, кумитањои инќилобї дар шароити Бухорои Шарќї њам, ба мисли тамоми ќаламрави љумњурии Бухоро ва Давла- ти Шўравї, асоси њокимияти нав, яъне Њокимияти Шўравї ба њисоб мерафт. Аз ин рў амалї гардидани тадбирњои андеши- даи њокимияти марказии љумњурї ба фаъолияту кордонии аъзои кумитањо сахт вобастагї дошт. Сарчашма: 26-уми декабри соди 1920 Зиновйев, ки њамон ваќт баъди аз кишвари Туркистон рафтани М.В.Фрунзе сарварии фронти Тур- кистонро ба уњда дошт, дар шањри Бухорои Куњна, дар маљлиси фаъолони Њизби коммунистии Бухоро суханронї намуда, иќрор кард, ки «њоло тамоми ноњияи Шерободро шўриш фаро гириф- тааст. Мардум, ки ќисман бо камонњои сохти англисї ва семи- лаи русї мусаллањ буданд, ба таври оммавї ба гарнизонњои мо њуљум мекунанд. Онњоро бо пулемёт ќир намудем». Мувофиќи маълумоти сарвари гурўњ, миќдори ќурбониён, аз љумлаи бухо- роиён бењисоб будааст. Муќобили мардуми шўришбардошта «аз тўпњо оташ кушоданд ва дар натиља ѓарами мурдањо ба вуљуд омадааст». (Ниг.:Бойгонии њизбии Пажўњишгоњи масъалањои љамъиятию сиёсии Њизби халќї-демократии Ўзбекистон, Ф.14. Рўйхати 1. Њуљљати 4. Вараќи 12). С. Айнї аз рўйи наќли Њољї Абдусаттор, ки њангоми гу- рехтани амир Олимхон ўро то ба Афѓонистон њамроњї намуда- аст, вазъи водии Њисорро то омадани ќисмњои аскарони сурх чу- нин тасвир мекунад: «Аскарони амирї ѓазоталабон ва босмачиё- ни Фарѓона, ки ба нияти имдод дар рикоби амир омада буданд, ањолии Њисорро торољ карда, ба љон расониданд. Бинобар ин ак- сари ањолї ба кўњњои баланд фирор карда, шањр ва ќишлоќњоро холї гузоштанд». (Ниг.: Айнї С. Куллиёт. Љилди 10. С. 187). 265 Санањои муњим: 1918, 9-уми ноябр–Турккомиссия шўрои њарбии инќилобии Туркфронтро вазифадор намуд, ки аз њисоби ќисмњои аскарони сурх Отряди эъзомии њарбии Њисорро ташкил дињад. 1920, ноябр-миёнаи декабр – ташкил карда шудани Отряди эъзомии њарбии Њисор. 1920, 17-уми декабр – аз Ќаршї ба амалиёти љангї баромада- ни Отряди эъзомии њарбии Њисор. 1920, 20-юми декабр – аввалин задухўрди ќисмњои отряд бо сарбозони амирї дар аѓбаи Оќкўтал. 1920, 24-уми декабр – шўриши зиддишўравї дар њавзаи Ше- робод, Шањрисабз, Китоб, Яккабоѓ ва Чироѓчї. 1921, 15-уми феврал – Дењнав, 16-уми феврал – Сариосиё, 19-уми феврал – Регар (ш. Турсунзодаи имрўза), 20-уми феврал – Њисор ва Ќаротоѓ, 21-уми феврал – Душанбе, 23-юми феврал – Кофарнињон (ш. Вањдати имрўза), 24-уми феврал – Файзобод ва Ќўрѓонтеппа, 6-уми март –Ќубодиён, 9-уми март – Саройка- мар (шањраки Панљи имрўза), 15-уми март – Кўлоб, 16-уми март – Обигарм, 20-уми март – Балљувон, 23-юми март – Ѓарм ва охи- ри моњи март –Ќалъаи Хумб аз тарафи Отряди эъзомии њарбии Њисор ишѓол карда шуд. 1921, 4-уми март – амир Олимхон аз гузаргоњи Дарќади назди Чўбек дарёи Панљро гузашта, ба хоки Афѓонистон фирор кард. Савол ва супоришњо: 1) Отряди эъзомии њарбии Њисор аз њисоби кадом ќисмњо, бо кадом маќсад ва кай ташкил карда шуд? 2) Отряд амалиёти љангии худро кай ва аз куљо оѓоз кард? 3) Аввалин љанги бай- ни ќисмњои Отряд ва аскарони амир кай ва дар куљо ба амал омад? 4) Эъзомияи мустаќили сиёсї бо кадом маќсад ташкил карда шуд? 5) Дар бораи амалиёти љангии отряд дар водии Вахш, Ќаротегину Дарвоз ва Кўлоб чї медонед? 6) Кумитањои инќилобї чї гуна ташкил карда мешуданд? 7) §§ 51, 52 ва 53-ро такрор кунед. 266 САВОЛЊОИ ТЕСТЇ 1. Дар Осиёи Миёна дар арафаи њуљуми ќўшунњои рус чанд адад ва кадомњо њамчун давлати мустаќил вуљуд доштанд? A) 4 адад, аморати Бухоро, хонињои Ќўќанд, Тошканд ва Хева; B) 3 адад, аморати Бухоро, хонињои Ќўќанд ва Хева; C) 2 адад, аморати Бухоро ва хонии Ќўќанд; D) 1 адад, аморати Бухоро. 2. Дар арафаи њуљуми ќўшунњои рус муносибати байни давлатњои мустаќили Осиёи Миёна чї тавр буд? A) Бо њам душман буданд; B) Бо њам иттифоќ буданд; C) Нисбат ба якдигар бе тараф буданд; D) Ба њайати давлати ягона буданд. 3. Роњи обии байни Русия ва Осиёи Миёна кай ва аз куљо ку- шода шуд? A) Соли 1846, аз бањри Арал; B) Соли 1850, аз бањри Арал; C) Соли 1853, аз бањри Арал; D) Соли 1865, аз бањри Арал. 4. Натиљаи њайати сафорати њукумати рус бо сарварии пол- ковник Н.П. Игнатев ба Бухоро чї тавр буд? A) Натиљаи хуб надод. B) Амири Бухоро онро ќабул накард. C) Амири Бухоро талабањои вазнин гузошт. D) Амири Бухоро хуш ќабул кард ва ба тољирони рус имтиёзњо ваъда дод. 5. “Њуљуми хевагї” кай ба амал омадааст ва бо чї анљом ёфт? A) Солњои 1839 – 1840, бо шикаст ќўшунњои рус; B) Солњои 1850 – 1856, бо ѓалабаи ќўшунњои рус; C) Солњои 1858 – 1860, бо сулњ; D) Солњои 1861 – 1865, бе натиља. 6. Ќўшунњои самти оренбургї ва сибирии рус, ки барои забти Осиёи Миёна њаракат мекарданд, кай ва дар куљо муттањид шу- данд? 267 A) Соли 1865, дар Тошканд; B) Соли 1864, дар дар Чимкент; C) Соли 1863, дар Оќмачит; D) Соли 1861, дар соњили бањри Арал. 7. Аз тарафи ќўшунњои рус шањри Тошканд кай ва дар натиљаи њуљуми чандум забт карда шуд? A) Соли 1864, дар натиљаи њуљуми сеюм; B) Соли 1865, дар натиљаи њуљуми дуюм; C) Соли 1865, дар натиљаи њуљуми сеюм; D) Соли 1865, дар натиљаи њуљуми якум. 8. Муњорибаи нахустини байни Русия ва Бухоро кай, дар куљо ва бо чї анљом ёфт? A) Соли 1866 дар Хуљанд, ба ѓалабаи русњо; B) Соли 1866 дар Нов, бо ѓалабаи бухориён; C) Соли 1866 дар Ўротеппа, бо ѓалабаи русњо; D) Соли 1866 дар Љиззах, бо ѓалабаи бухориён. 9. Аз тарафи ќўшунњои рус шањри Хуљанд кай забт карда шуд ва талафоти хуљандиён чанд нафар буд? A) Соли 1866, 2,5 њаз нафар; B) Соли 1866, 5,6 њаз нафар; C) Соли 1866, 6,3 њаз нафар; D) Соли 1866, 7,3 њаз нафар. 10. Генерал–губернатори Туркистон кай таъсис ёфт ва авва- лин генерал – губернатори он кї буд? A) Соли 1866, К.П. Кауфман; B) Соли 1867, К.П. Кауфман; C) Соли 1867, М.Г. Черняев; D) Соли 1867, Д.М. Романовский. 11. Дар кишвари Туркистон њокимияти мањаллї – оќсаќолони дењањо ва авулњоро аз њисоби кињо интихоб менамуданд? A) Аз њисоби афсарони рус; B) Аз њисоби тољирони рус; C) Аз њисоби бойњои мањаллї; D) Аз њисоби муллою мударисњо. 268 12. Муњорибаи Чўпонато кай ва бо ѓалабаи кї анљом ёфт? A) Соли 1865, бо ѓалабаи бухорињо; B) Соли 1866, бо ѓалабаи ќўќандињо; C) Соли 1867, бо ѓалабаи хевагињо; D) Соли 1868, бо ѓалабаи русњо. 13. Муњорибаи Зирабулоќ кай ва бо ѓалабаи кї анљом ёфт? A) Соли 1868, бо ѓалабаи русњо; B) Соли 1868, бо ѓалабаи бухороињо; C) Соли 1868, бо ѓалабаи ќўќандињо; D) Соли 1868, бо ѓалабаи хевагињо. 14. Таќдири шартномаи 23-юми июни соли 1868 байни Русия ва Бухоро чї шуд? A) Онро амири Бухоро ќабул накард; B) Онро подшоњи рус тасдиќ накард; C) Бо ташаббуси Бухоро бекор карда шуд; D) Њар ду тараф аз он даст кашиданд. 15. Эъзомияи Искандаркўл кай ва бо кадом маќсад ташкил карда шуд? A) Соли 1868, бо маќсади сохтани роњи оњан; B) Соли 1869, бо маќсади ба даст даровардани кони ангишт; C) Соли 1870, бо маќсади тобеъ намудани болооби Зараф- шон; D) Соли 1871, бо маќсади кандани туннел. 16. Шартномаи 28-уми сентябри соли 1873 дар байни Русия ва Бухоро то кай амал кард? A) То инќилоби якуми рус, солњои 1905-1907; B) То сарнагун шудани њукумати подшоњї дар Русия; C) То оѓози Љанги якуми љањон; D) То Инќилоби октябри соли 1917. 17. Њуљуми аввали ќўшунњои амири Бухоро ба Бухорои Шарќї кай буд? A) Охири соли 1866 ва аввали соли 1867; B) Охири соли 1867 ва аввали соли 1868; C) Охири соли 1868 ва аввали соли 1869; D) Охири соли 1869 ва аввали соли 1870. 269 18. Њуљуми дуюми ќўшунњои амири Бухоро ба Бухорои Шарќї кай ва натиљааш чї тавр буд? A) Соли 1869, водињои Њисор ва Вахш ба аморати Бухоро њамроњ карда шуданд; B) Соли 1870, водии Њисор, Кўлобу Балљувон ва водии Вахш ба Бухоро њамроњ карда шуданд; C) Соли 1871, водињои Њисор ва Сурхандарё ба аморати Бу- хоро њамроњ карда шуданд; D) Соли 1872, водињои Њисор ва Ќаротегин ба аморати Бухо- ро њамроњ карда шуданд. 19. Дарвоз ба аморати Бухоро кай њамроњ карда шуд? A) Соли 1875; B) Соли 1876; C) Соли 1878; D) Соли 1879. 20. Хонии Ќўќанд кай барњам дода шуд? A) Соли 1869; B) Соли 1870; C) Соли 1872; D) Соли 1876. 21. Хонии Хева кай тобеи Русияи подшоњї гардид? A) Соли 1873; B) Соли 1875; C) Соли 1878; D) Соли 1880. 22. Марзњои нуфузии байни Русияю Англия аз дарёи Ому то њудуди давлати Эрон кай муайан гардид? A) Соли 1884; B) Соли 1887; C) Соли 1890; D) Соли 1895. 23. Ба сўйи Помир эъзомияи якуми русњо бо сарварии полков- ник М.Е. Ионов кай таъсис дода шуд? A) Соли 1885; B) Соли 1890; C) Соли 1891; D) Соли 1895. 24. Сарњади нуфузи байни Русия ва Англия дар Бадахшон кай муайян гардид? A) Соли 1885; B) Соли 1888; C) Соли 1891; D) Соли 1895. 25. “Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон” аз тарафи подшоњи рус кай тасдиќ гардид? A) Соли 1886; B)Соли 1888; C) Соли 1890; D) Соли 1895. 26. Сарзамини имрўзаи Тољикистони Шимолї ва Бадахшон (Помир)-и Шарќї ба њайати кадом вилоятњои кишвари Туркистон буданд? A) Ба њайати вилоятњои Самарќанд ва Сирдарё; B) Ба њайати вилоятњои Самарќанд ва Фарѓона; 270 C) Ба њайати вилоятњои Самарќанд ва Ќўќанд; D) Ба њайати вилоятњои Самарќанд ва Бухоро. 27. Ба кишвари Туркистон муњољир намудани дењќонони рус кадом сол оѓоз гардид? A) Соли 1866; B) Соли 1867; C) Соли 1868; D) Соли 1869. 28. Хатти гумрукии Русия бо Афѓонистон кай муайян карда шуд? A) Солњои 1891 – 1892; B) Солњои 1892 – 1893; C) Солњои 1893 – 1894; D) Солњои 1894 – 1895. 29. Таркиби маъмурии аморати Бухоро дар аввали асри XX чї тавр буд? A) Аз 28 бекї ва 9 туман иборат буд; B) Аз 30 бекї ва 8 туман иборат буд; C) Аз 35 бекї ва 5 туман иборат буд; D) Аз 40 бекї ва 10 туман иборат буд. 30. Сохтмони роњи оњан дар Осиёи Миёна кай ва бо кадом маќсад оѓоз гардид? A) Соли 1880, бо маќсади њарбї; B) Соли 1880, бо маќсади тиљорат; C) Соли 1880, бо маќсади инкишофи сайёњї; D) Соли 1880, бо маќсади кашонидани пахта. 31. Дар кишвари Туркистон таќдири заминњои амлокї чї шуд? A) Ба муњољирони рус таќсим карда доданд; B) Ба дењќонон бепул таќсим карда доданд; C) Ба бойњои мањаллї фурўхтанд; D) Моликияти давлати рус гардид. 32. Кишти пахтаи амрикої дар Осиёи Миёна кадом сол натиљаи хуб дод? A) Соли 1862; B) Соли 1872; C) Соли 1880; D) Соли 1882. 33. Шумораи заводњои пахтатозакунї дар Осиёи Миёна соли 1880 чанд адад буд ва соли 1914 ба чанд адад расид? A) 5 адад буд, ба 578 адад расид; B) 4 адад буд, ба 278 адад расид; C) 2 адад буд, ба 300 адад расид; D) 1 адад буд, ба 378 адад расид. 271 34. Кассањои ќарздињии уездї дар кишвари Туркистон аз ка- дом сол ва бо кадом маќсад таъсис дода шуданд? A) Аз соли 1876, бо маќсади дастгирии истењсолкунандагони хурд; B) Аз соли 1880, бо маќсади дастгирии тољирони хурд; C) Аз соли 1885, бо маќсади дастгирии заминдорони калон; D) Аз соли 1890, бо маќсади дастгирии ширкатњои калон; 35. Аввалин ташкилоти бонкї дар Осиёи Миёна кай ба вуљуд омад ва он кадом буд? A) Соли 1870, шуъбаи бухороии бонки Русию Осиёгї; B) Соли 1875, шуъбаи тошкандии бонки Давлатии Русия; C) Соли 1880, шуъбаи ќўќандии бонки тиљоратии Русия; D) Соли 1885, шуъбаи тошкандии бонки Азовию Донии Ру- сия. 36. Аввалин иттињодияи монополистї дар Осиёи Миёна кай ба вуљуд омад ва он кадом буд? A) Соли 1910, рафоќати Вадяевњо; B) Соли 1911, рафоќати Потеляхов; C) Соли 1912, рафоќати Вадяевњо; D) Соли 1913, рафоќати Потеляхов. 37. Шаклњои пешнињодгардидаи ташкилотњои хурди ќарз- дињиро муайян кунед? A) Колхозњо, совхозњо ва межхозњо. B) Рафоќатњо, ширкатњо ва межхозњо. C) Соњибкорон, ассотсиатсияњо ва ширкатњо. D) Рафоќатњои ќарздињї, рафоќатњои ќарздињию амонатї ва кассањои љаъияти ќарздињию амонатї. 38. Шўриши Восеъ кай ва дар куљо ба амал омад? A) Соли 1888, дар Њисор; B) Соли 1888, дар Файзобод; C) Соли 1888, дар Кўлоб; D) Соли 1888, дар Балљувон. 39. ”Исёни вабо” кай ва дар куљо ба амал омадааст? A) Соли 1892, дар Тошканд; B) Соли 1892, дар Бухоро; C) Соли 1892, дар Самарќанд; D) Соли 1892, дар Ќўќанд. 40. Соли 1906 аз мардуми мањаллии кишвари Туркистон ба 272 Думаи Давлатии Русия чанд нафар интихоб шуда буданд? A) 15 нафар; B) 10 нафар; C) 9 нафар; D) 6 нафар. 41. Фољиаи байни суннимазњабон ва шиамазњабон дар Бухоро кай ба амал омадааст? A) Соли 1910; B) Соли 1915; C) Соли 1917; D) Соли 1920. 42. Љанги якуми љањон кай сар шуд ва дар он чанд давлатњои љањон иштирок намудаанд? A) Соли 1914, 28 давлатњои љањон; B) Соли 1914, 38 давлатњои љањон; C) Соли 1914,48 давлатњои љањон; D) Соли 1914, 58 давлатњои љањон. 43. Љанги якуми љањон кадом солњоро дар бар мегирад? A) Солњои 1914 – 1920; B) Солњои 1914 – 1919; C) Солњои 1914 – 1918; D) Солњои 1914 – 1917. 44. Шўриши соли 1916 аввал дар куљо оѓоз гардид? A) Дар Тошканд; B) Дар Самарќанд; C) Дар Бухоро; D) Дар Хучанд; 45. Нахустин мактаби русии мањаллї дар Осиёи Миёна кай ва дар куљо кушода шуд? A) Соли 1884, дар Тошканд; B) Соли 1890, дар Самарќанд; C) Соли 1894, дар Бухоро; D) Соли 1896, дар Хуљанд. 46. Нахустин мактаби усули нав- љадидии форсии тољикї дар Осиёи Миёна кай, дар куљо ва бо ташаббуси кї таъсис ёфт? A) Соли 1898, дар Тошканд, бо ташаббуси М. Бењбудї; B) Соли 1901, дар Самарќанд, бо ташаббуси А. Шакурї; C) Соли 1905, дар Бухоро бо ташаббуси С. Айнї; D) Соли 1910, дар Хуљанд, бо ташаббуси Т.Асирї. 47. Рўзномаи “Бухорои Шариф” кай нашр гардид? A) 11 марти соли 1910; B) 11 марти соли 1911; C) 11 марти соли 1912; D) 11 марти соли 1913. 48. Љанги аввалини Англияю Афѓонистон кай ба амал омад? A) Солњои 1828–1832; B) Солњои 1838–1842; C) Солњои 1848–1852; D) Солњои 1858–1862. 273 49. Муттањидшавии сарзамини Афѓонистон асосан кай ба ит- мом расид? A) Соли 1850; B) Соли 1853; C) Соли 1860; D) Соли 1863. 50. Љанги дуюми Англияю Афѓонистон кай ба амал омад? A) Солњои 1878–1880; B) Солњои 1881–1883; C) Солњои 1884–1885; D) Солњои 1885–1886. 51. Афѓонистон кай давлати мустаќил гардид? A) 28 феврали соли 1918; B) 28 феврали соли 1919; C) 28 феврали соли 1920; D) 28 феврали соли 1921. 52. Дар Русия њукумати подшоњї кай барњам хўрд? A) 27 феврали соли 1916; B) 7 ноябри соли 1916; C) 27 феврали соли 1917; D) 7 ноябри соли 1917. 53. Кумитаи Туркистонии Њукумати Муваќќатї кай таъсис ёфт? A) 27 феврали соли 1917; B) 7 марти соли 1917; C) 27 марти соли 1917; D) 7 апрели соли 1917. 54. Аз тарафи амири Бухоро лоињаи ислоњот кай эълон карда шуд? A) 7 апрели соли 1917; B) 7 апрели соли 1918; C) 7 апрели соли 1919; D) 7 апрели соли 1920. 55. Дар Русия Њокимияти Шўравї кай таъсис ёфт? A) 7 октябри соли 1917; B)7 ноябри соли 1917; C) 7 декабри соли 1917; D) 17 декабри соли 1917. 56. Дар Хуљанд кай њокимият ба ихтиёри Шўроњо гузашт? A) 1 ноябри соли 1917; B) 11 ноябри соли 1917; C) 17 ноябри соли 1917; D) 27 ноябри соли 1917. 57. «Мухторияти Ќўќанд» кай вуљуд дошт? A) Солњои 1915-1916; B) Солњои 1916-1917; C) Солњои 1917-1918; D) Солњои 1918-1919. 58. Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистии Туркистон кай таъсис ёфт? A) 30 феврали соли 1918; B) 30 апрели соли 1918; C) 30 апрели соли 1919; D) 30 апрели соли 1920. 274 59. Дар Бадахшони Кўњї Њокимияти Шўравї кай барпо карда шуд? A) Бањори соли 1918; B) Тирамоњи соли 1918; C) Бањори соли 1919; D) Тирамоњи соли 1919. 60. Таљовузи Колесов кай ба амал омад? A) Моњи марти соли 1915; B) Моњи марти соли 1916; C) Моњи марти соли 1917; D) Моњи марти соли 1918. 61. Шањри Бухорои Куњна аз тарафи аскарони сурх кай забт гардид? A) 7 ноябри соли 1919; B) 2 августи соли 1920; C) 2 сентябри соли 1920; D) 7 ноябри соли 1920. 62. Љумњурии Халќии шўравии Бухоро кай таъсис ёфт? A) Сентябри соли 1919; B) Сентябри соли 1920; C) Сентябри соли 1921; D) Сентябри соли 1922. 63. Шўриши Усмон кай ва дар куљо ба амал омад? A) Солњои 1918-1919, дар Њисор; B) Солњои 1919-1920, дар Кўлоб; C) Солњои 1920-1921, дар Ќаротегин; D) Солњои 1921-1922, дар водии Вахш. 64. Отряди эъзомии Њарбии Њисор бо кадом маќсад таъсис дода шуд? A) Бо маќсади мустањкам намудани сарњад; B) Бо маќсади кумак ба аскарони сурх; C) Бо маќсади муњофизати љумњурии Бухоро; D) Бо маќсади барпо намудани Њокимияти шўравї дар Бухо- рои Шарќї. 65. Душанбе аз тарафи ќисмњои аскарони сурх кай забт гар- дид? A) 21 феврали соли 1921; B) 21феврали соли 1922; C) 21 феврали соли 1923; D) 7 ноябри соли 1923. 66. Дар Бухорои Шарќї тартиботи Шўравї кай барпо карда шуд? 275 A) Феврал – апрели соли 1920; B) Феврал – апрели соли 1920; C) Август – октябри соли 1921; D) Сентябр – декабр соли 1921. 67. Ањмади Дониш кї буд? A) Инќилобчї; B) Вазир; C) Маорифпарвар; D) Сардори шўриш. 68. То соли 1916 сарварони њаракати љадидии Бухоро кињо бу- данд? A) Бењбудї ва Шакурї; B) Асирї ва Фитрат; C) Айнї ва Бењбудї; D) Айнї ва Мунзим. 69. Њаракати маорифпарварї дар Осиёи Миёна кай ба вуљуд омад? A) Дар нимаи дуюми асри XIX B) Дар нимаи якуми асри XIX C) Дар аввали асри XX D) Дар охири асри XIX ва аввали XX 70. Њаракати љадидї дар Осиёи Миёна кай ташаккул ёфт? A) Дар нимаи якуми асри XIX; B) Дар нимаи дуюми асри XIX; C) Дар охири асри XIX ва аввали XX; D) Дар аввали асри XX. 276 МУНДАРИЉА Муќаддима ……………………………………......................……..... 3 ФАСЛИ I. ВАЗЪИ ТОЉИКОНИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА ИБТИДОИ АСРИ XX БОБИ 1. ОСИЁИ МАРКАЗЇ ДАР АРАФАИ ЊУЉУМИ РУСИЯ ...................................................................................... 6 §1. Вазъи мулкњои Осиёи Марказї ………………….....…...... 6 §2. Сабабњои љанги Русия бо давлатњои Осиёи Марказї ...... 9 БОБИ 2. ЉАНГИ РУСИЯ БО ХОНИИ ЌЎЌАНД ВА АМОРАТИ БУХОРО ............................................................. 14 §3. Оѓози љанг ……………………………………………........... 14 §4 – 5. Амалиёти љангї дар солњои 1864 – 1866 ……….......... 17 §6. Таъсисёбии генерал – губернатории Туркистон ............. 24 §7 – 8. Шикаст хўрдани аморати Бухоро дар муњориба бо Русия …………………………………………………............. 27 БОБИ 3. БА АМОРАТИ БУХОРО ЊАМРОЊ КАРДА ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРЌЇ ............................... 37 §9. Њуљуми аввали ќўшунњои амири Бухоро ……................. 37 §10. Тобеи аморати Бухоро шудани Бухорои Шарќї …...... 40 БОБИ 4. АНЉОМИ ИСТИЛЛОИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ АЗ ТАРАФИ РУСИЯ ........................................ 45 §11-12.Шўриши солњои 1873-1876 ва барњам дода шудани хонии Ќўќанд ………………..................................................... 45 §13. Забти хонии Хева ва мулкњои туркманнишин….............49 §14. «Масъалаи Помир».......................................................... 54 §15. Оќибатњои Осиёи Марказиро забт кардани Русия ........ 58 БОБИ 5. ВАЗЪИ ОСИЁИ МАРКАЗЇ БАЪДИ ИСТИЛЛОИ РУСИЯ .................................................................................... 62 §16. Вазъи кишвари Туркистон дар замони мустамликавї ...62 §17. Вазъи сиёсии аморати Бухоро …………..…..............….. 68 277 БОБИ 6. СИЁСАТИ ИЌТИСОДИИ РУСИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ ................................................................73 §18. Сохтмони роњњои оњан …………………..…...............….. 73 §19. Вазъи кишоварзї ...…………………………….................. 76 §20. Пайдоиши саноат …................…………………………… 83 §21-22. Сиёсати молиявї. Бонкњо …...............……………….. 86 БОБИ 7. ......................................................................................... 98 §23. Таркиби иљтимоии халќњои Осиёи Марказї …............. 98 БОБИ 8. ЊАРАКАТЊОИ ИЉТИМОЇ, МАЗЊАБЇ ВА МИЛЛИЮ ОЗОДИХОЊЇ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ ...... 104 §24.Љунбишњои мардумї дар солњои 70-80-уми асри Х1Х.Шўриши Восеъ ……………................….............. 104 §25.Муборизањои зиддимустамликавї дар кишвари Туркистон ……………………..…………...........................… 110 §26. Инќилоби якуми рус ва таъсири он ба Осиёи Марказї .………………………................……………. 114 §27.Фољиаи суннимазњабон ва шиамазњабон дар Бухоро …..........................................………………….……... 118 §28. Шўриши миллию озодихоњии соли 1916 …….............. 122 БОБИ 9. АФКОРИ ЉАМЪИЯТИЮ СИЁСЇ ВА МАДАНИИ ХАЛЌИ ТОЉИК .................................................. 127 §29. Ташаккули афкори љамъиятию сиёсї ва мадании халќи тољик дар нимаи дуюми асри XIX ............................. 127 §30. Ањмади Дониш – ислоњотхоњ ва маорифпарвар ...………………………………….................... 131 §31. Њаракати љадидия ..............……………………………… 135 §32. Мактабњои усули нав ва рўзномаи «Бухорои Шариф» …............………………………………… 141 §33. Таърихнигорї ва њаёти адабию мусиќї .........……....... 150 ФАСЛИ II. ВАЗЪИ ТОЉИКОНИ АФЃОНИСТОН ДАР НИ- МАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА ИБТИДОИ АСРИ XX БОБИ 10. АФЃОНИСТОН ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ... 159 §34. Муттањидшавии Афѓонистон …….......……......…….... 159 278 §35. Кўшишњо бањри пойдор намудани ягонагии Афѓонистон …...........…….……………………….. 164 §36. Афѓонистон дар замони њукмронии Абдурањмонхон ………………………...............................… 169 БОБИ 11. АФЃОНИСТОН ДАР АВВАЛИ АСРИ XX ............ 175 §37 – 38. Тадбирњои Њабибуллохон бањри рушди иќтисод ва тиљорати мамлакат ……….........……………..... 175 §39 – 40. Њаракати машрутахоњї ва эълони истиќлоли давлати Афѓонистон ………………….................................. 181 ФАСЛИ III. БАРПО КАРДА ШУДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗЇ БОБИ 12. БАРЊАМ ХЎРДАНИ ЊОКИМИЯТИ ПОДШОЊИИ РУСИЯ ДАР ГЕНЕРАЛ – ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН ...................................... 189 §41. Ѓалабаи Инќилоби феврал дар Русия ва барњам дода шудани тартиботи подшоњї дар кишвари Туркистон ……………………………......................189 §42. Њаракати љамъиятию сиёсї дар кишвари Туркистон……………………............................…………….. 195 БОБИ 13. ТАЪСИРИ ЃАЛАБАИ ИНЌИЛОБИ ФЕВРАЛИ РУСИЯ БА АМОРАТИ БУХОРО ..................................... 200 §43. Инќилоби феврали Русия ва аморати Бухоро… §44. Ислоњоти амир Олимхон…………….............…………. 200 БОБИ 14. ЃАЛАБАИ ИНЌИЛОБИ ОКТЯБР ДАР РУСИЯ ВА БАРПО КАРДА ШУДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР ТОЉИКИСТОНИ ШИМОЛЇ ВА БАДАХШОН ..... 211 §45 – 46.Барпо карда шудани Њокимияти Шўравї дар уезди Хуљанд ва болооби Зарафшон ….…….............… 211 §47. Мухторияти Ќўќанд ...……………………...............…… 221 §48. Барпо карда шудани Њокимияти Шўравї дар Бадахшон ….............……………………………………… 226 БОБИ 15. САРНАГУН КАРДА ШУДАНИ ТАРТИБОТИ АМИРЇ ДАР БУХОРОИ МАРКАЗЇ ВА ТАШКИЛ ЁФТА- НИ ЉУМЊУРИИ ХАЛЌИИ ШЎРАВИИ БУХОРО ......... 123 279 §49. Шиддат гирифтани зиддияти байни аморати Бухоро ва Давлати Шўравї ………………………............… 230 §50. Ташкилёбии њизбњои сиёсї …………….............…….... 236 §51. Оѓози барпо шудани Њокимияти Шўравї дар ноњияњои Бухорои Марказї …………............. 241 § 52. Забти Бухорои Куњна ва ташкилёбии Љумњурии Халќии Шўравии Бухоро ………………............. 247 БОБИ 16. БАРПО ГАРДИДАНИ ЊОКИМИЯТИ ШЎРАВЇ ДАР БУХОРОИ ШАРЌЇ .................................. 253 § 53. Вазъи Бухорои Шарќї ....………………….............….... 253 § 54 – 55. Барпо гардидани Њокимияти Шўравї дар Бухорои Шарќї …………...........................…………..... 258 САВОЛЊОИ ТЕСТЇ .................................................................. 266 280 НАМОЗ ЊОТАМОВ ТАЪРИХИ ХАЛЌИ ТОЉИК Китоби дарсї барои синфи 9 Муњаррир Ќиёмиддин Сатторї Муњаррири техникї Робия Абдуллоева Мусањњењ Сирољиддин Хуљамќулов Тарроњ ва сањифабанд Сураљ Алигаваров Ба матбаа 00.00.00 супорида шуд. Ба чоп 00.00.00 иљозат дода шуд. Чопи офсетї. Андозаи 60х90 1/16. Љузъи чопї 17,5. Адади нашр 00000 нусха. Супориш № 00 Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон. 734024, ш. Душанбе, кўчаи А. Дониш, 50. Тел: 222-14-66, E-mail: najmiddin64@mail.ru